Табрикоти директори ДИС ДДТТ Ҷалилзода А.А. ба муносибати 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун аҳли ҷомеаи меҳнатӣ, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкадаро ба ифтихори 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, саодати рӯзгор, осмони соф ва ҳама хушбахтию хушрӯзиҳоро таманно менамоям.
Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд:
“Ваҳдати миллӣ сутуне, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем”.
Маҳз ба туфайли сиёсати созанда ва бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар устодону донишҷӯён ва аҳли ҷомеаи донишкадаро ба ҷашни фархундаи Рӯзи Ваҳдати милии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорем, ки дар кишвари азизамон сулҳу субот, оромӣ ва Ваҳдати миллӣ абадан пойдор монда, ҳар як сокини бонангу номус бо азму иродаи созанда дар пешрафту шукуфоии он саҳми арзандаи хешро гузорад.

Табрикоти директори ДИС ДДТТ Ҷалилзода А.А. ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун аз номи ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон Шуморо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, рӯзгори тинҷу осуда, дастархони пурфайзу бобаракат, хотирҷамъию саодати зиндагӣ ва ба Ватани азизамон -Тоҷикистони биҳиштосо пешрафту ободкориҳо таманно менамоем.
Мардуми шарафманди кишварамон, дар рӯзи мубораки Иди Қурбон суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла амалҳои хайру саховат ва бахшандагиро боз ҳам вусъат мебахшанд. Боиси қайд аст, ки Иди Қурбон дар баробари дигар ҷашну маросими таърихӣ, миллӣ ва динии мардуми тамаддунофари мо, маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ шукӯҳи тоза касб намуда, арзишҳои қаблии худро эҳё намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба унсурҳои неки инсондӯстонаи Иди Қурбон, ки давоми асрҳо ҳамчун анъана то замони мо расидааст, барҳақ таъкид намудаанд: Дар баробари дурӣ ҷустан аз аъмоли носавобу номатлуб ва талқини амалҳои хайру савоб, аз аҳволи наздикон бохабар будан, махсусан, аёдати беморону ниёзмандон, кӯмак ба ятимону маъюбон, ба дидори падару модарон шитофтан, дили инсонеро ба даст овардан, ятимеро навозиш кардан ва ба муҳтоҷе дасти кӯмак дароз кардан аз фазилатҳои неки инсонӣ ва таомули писандидаи мардуми мо дар ин рӯз мебошад.
Воқеан, имрӯз сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар барои ҳар як фарди ҷомеа имконият фароҳам овардааст, ки ба хотири рӯз ба рӯз беҳтар сохтани зиндагии хеш ва рушду ободии Ватани азизамон бо заҳмати бунёдкорона машғул шуда, дар пешрафт ва таъмини осудагии он саҳми муносиби худро гузоранд. Мардуми кишвари соҳибистиқлоламон таҳти сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳлона кору фаъолият намуда, барои бо дастовардҳои шоиста пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош меварзанд. Бо чунин таманниёти нек бори дигар Шуморо ба муносибати фарорасии Иди Қурбон самимона табрик намуда, бароятон саодати рӯзгор, бахту иқболи баланд ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои беназир таманно менамоем.

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Имрӯз мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, ба оромию амнияти сайёра ва пойдории ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиду хатарҳо эҷод намуданаш ба мушоҳида мерасад. Пушида нест, ки ҷаҳони пуртазод, сиёсатбозиҳои абарқудратҳо, мавқеъгириҳои машкук, манфиатхоҳиҳои бешуурона, таҳмили ғояҳои ифротӣ, гусатриши терроризму эктремизм, нақшбозиҳо ва мақсадҳои ғаразноки қувваҳои беруна ва дигар ҳаводиси тақдиршикани замон хатари асосӣ бар ваҳдати миллии мо буда, далеле аз номуайянии вазъи ҷаҳон ба шумор мераванд. Таъсири манфии ин зуҳуроти номатлуб, бахусус пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ баръало зоҳир шуд. Аз шароити номусоид ва ноустувории давлатҳои тозаистиқлол, аз ҷумла, Тоҷикистон истифода бурда, ба кишвар нерӯҳои бунёдгарои исломӣ ва ифротгароӣ роҳ ёфта, ба таблиғу ташвиқ ва амалӣ намудани ақидаҳои ифротгароёнаи худ шурӯъ намуданд. Дар сафи пеши ин гурӯҳҳои ифротгароӣ қабл аз ҳама иттиҳоди ҷиноятии экстремистию террористии “Ансоруллоҳ”, Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ, Давлати исломӣ)” “Ҳаракати Исломии Туркистон”, “Ҷабҳат-ун-Нусра”, “Давлат-ул-Ислом”, “Ҷамоати Таблиғ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, бахусус равияи “Салафия”, “Ҳизби Наҳзати Ислом” ва ғайраҳо қарор доранд, ки бо ҳар роњу васила ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ба мардуми мо бегона кӯшиш карда истодаанд. Ғояи асосии ин иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ноором кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлат ва ҷомеа, дигаргун намудани сохти конститутсионии кишвар, маҳв кардани арзишҳои умумибашарӣ ва урфу одатҳои миллӣ буда, баҳри расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ онҳо дар зери ниқоби дини мубини Ислом ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили бо истифодаи зӯроварӣ дигаргун кардани сохти конститутсионии давлатҳо, ноором намудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, кушторҳо, ғоратгарӣ, таҷовуз ба номус ва ғайраҳо даст мезананд. Хулоса, ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ хусусияту дараҷаи баланди ба ҷамъият хавфнокиро доро мебошанд, зеро ба амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, инчунин ба сулҳу амнияти инсоният таҷовуз мекунанд. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, гаронии зиёдеро ба буҷети кишварҳо ҷаҳон ворид месозад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки доғи рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз чандин конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баландро ба мақсади мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намудааст ва ҳамеша дар саргаҳи муборизони ин вабои номатлуби замон қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ин масъаларо бо маънои томаш дуруст дарк намуда, имрӯз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси олам ҳамчун як кишвари фаъол ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ, ба монанди норасоии оби ошомиданӣ ва мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби аср, аз ҷумла терроризм ва экстремизим шинохта шудааст. Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонуну стратегияҳо, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ва “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025”қабул намуда, инчунин дар ин самт як қатор ҳуҷҷатҳои нави дигарро низ қабул ва мавриди амал қарор дода истодааст.
Аз гуфтаҳои боло хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Новобаста аз мавқеи сиёсӣ ва эътиқоди динӣ бояд, ки барои пойдор нигоҳ доштани ин фазои амну осоиш бетараф набошад ва баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии ин сарзамини офтобӣ шабонарӯзӣ заҳмат бикашад. Зеро, ин марзу бум аз мост ва танҳо мо метавонем бештар аз ҳама онро ба мисли ҷон дӯст дорем ва ба наслҳои минбаъда чунин як давлати босуботро ба ёдгор гузорем. Ин фазои сулҳу оромиро, ки бар ивази талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, бояд чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем ва нагузорем ҳеҷ омиле онро халалдор созад.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

РУШДИ УСТОВОРИ МАМЛАКАТ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Мусаллам аст, ки санаи 10 июни соли равон дар ҷаласаи Шўрои миллии рушд масъалаи ҷараёни татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор ва муайян намудани афзалиятҳои минбаъдаи рушди кишвар бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои миллии рушд баргузор гардид.
Дар робита ба суханронии пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, бояд қайд кард, ки дар давоми ҳашт соли татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти тақвияти низоми идоракунии давлатӣ, рушди неруи инсонӣ, таъмини сифати рушди иқтисоди миллӣ ва суботи молиявӣ як қатор ислоҳоти зарурӣ гузаронида шуда, он бомаром идома дорад.
Тоҷикистон кишвари дорои рушди устувор ва рақобатпазир буда, аҳолии он аз сатҳу сифати арзандаи зиндагӣ бо имкониятҳои баробар барои татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиромгузорӣ ба шаъну шарафи инсон баҳра мебаранд.
Таърих гувоҳ аст, ки нигаҳдории ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, амалӣ намудани принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва самаранокии иқтисодӣ, беҳсозии некўаҳволии мардум бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст.
Рисолат ва моҳияти пешрафти минбаъдаи мамлакат – ин бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аз лиҳози иқтисодию сиёсӣ босубот мебошад. Дар давоми 30-соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуд. Ин муваффақиятҳо аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равшану возеҳ буда, асосан, ба туфайли иродаи қавии сиёсии роҳбарияти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерўи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Саъю кўшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳар як мақсади гузошташуда беназир аст. Масалан, барои расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ лоиҳаҳои хурду калони инвеститсионӣ амалӣ шуда истодаанд. Махсусан, шумораи нерўгоҳҳои барқии обии хурд зиёд гардида, барои бо нерўи барқ таъмин намудани аҳолии маҳалҳо хизмат мерасонанд. Сохтмони НБО-и «Роғун», ки мувофиқи лоиҳа нерўгоҳи калон ба ҳисоб меравад, босуръат давом ёфта истодааст. Инчунин, барои таъмини пурраи озуқаворӣ дар соҳаи кишоварзӣ ислоҳоти иқтисодӣ гузаронида шуда истодааст. Дар тамоми ҷаҳон исбот шудааст, ки моликияти коллективӣ ба замин ғайрифоиданок мебошад. Бинобар ин, ба шахсони алоҳида додани замин боиси соҳиби аслӣ гардидани он мешавад. Мувофиқи дастуру супориши Сарвари мамлакат аз заминҳои обӣ бояд дар як сол то се маротиба ҳосил гирифта шавад. Кушодани заминҳои нав, кишти такрорӣ, тағйирдиҳии шакли моликият, таъминкунӣ бо тухмиҳои баландсифат ин ҳама чораҳое мебошанд, ки ба истифодаи оқилонаи замин нигаронида шудаанд.
Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 120 кишвари дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро барқарор намудааст. Дар ин давра якчанд корҳои зиёд барои ҳамгироии кишвар бо созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ аз қабили Иттиҳоди кишварҳои мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсия (ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС), Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Бонки ҷаҳонӣ, Бунёди байналмилалии Асъор, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохтор ва дигарҳо ба анҷом расонида шуд.
Яке аз марҳилаҳои муосир баҳри пешбурди иқтисодиёт ин иқтисоди рақамӣ мебошад, ки Тоҷикистон низ ба ин марҳилаҳо фарогир шуда истодааст. Дар шароити имрўза Тоҷикистон рушди иқтисодиёти рақамиро бо татбиқи технологияҳои ахборӣ идора намуда, роҳҳои таъмини бехатарии онро низ коркард намудааст. Иқтисоди рақамӣ бо сабаби қобилияти ҷамъоварӣ, истифода ва таҳлили миқдори зиёди иттилоотии аз тарафи компютер дастрасшаванда, яъне маълумоти рақамӣ бо суръати бениҳоят баланд идома дорад.
Ҷомеаи меҳнатӣ ва кулли устодони донишкада ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва вазифаҳои муҳиму арзишмандро, ки Ҳукумати мамлакат пешбинӣ менамояд, ба хотири беш аз пеш беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ояндасози меҳан, таъмини пешрафти илм, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи илму истеҳсолот, вусъати тафаккури илмию иттилоотӣ, баланд бардоштани савияи илмии ҷавонони соҳибмаърифат тадбирҳои судманд андешида, барои шукуфоӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми назаррас мегузоранд ва ҷашни муқаддаси 35 – солагии Истиқлоли давлатиамонро бо руҳияи созанда пешвоз мегиранд.

Р. АНВАРӢ,
ассисенти кафедраи молия ва қарзи
ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ПЕШОҲАНГИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

Санаи 10-уми июни соли 2024 таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои миллии рушд баргузор гардид. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҷараёни татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор ва муайян намудани афзалиятҳои минбаъдаи рушди кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба ҷаласаи мазкур андешаи хешро иброз дошта, бояд қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон суханронӣ намуда, иттилоъ доданд, ки давоми ҳашт соли татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якчанд ислоҳоти зарурӣ гузаронида шуд. Ин ислоҳот тақвияти низоми идоракунии давлатӣ, рушди неруи инсонӣ, таъмини сифати рушди иқтисоди миллӣ ва суботи молиявиро дар бар гирифта, ҳоло Тоҷикистон дар марҳалаи дуюми татбиқи стратегия қарор дорад. Қайд гардид, ки мукаммал гардонидани маъмурикунонии андоз, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди инноватсионии бахши воқеии иқтисодиёт ва саноатикунонии бусуръати кишвар аз ҷумлаи иқдомоти давраи зикршуда мебошанд. Ҳамзамон бо ин, дар оғози марҳалаи дуюми татбиқи стратегия, бо дарназардошти тамоюлҳои муосири иқтисоди ҷаҳонӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат муайян гардиданд. Дар ин давра, сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, шиддат ёфтани бархӯрдҳои геосиёсӣ, муноқишаи байни давлатҳо, таҳриму низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим мо ба ҳадафҳои давраи миёнамуҳлат ноил гардидем. Ин кор ба мо дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ муяссар гардид. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии Ҳукумати кишвар сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоизи соли 2015 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш ёфта, Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки Умумиҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид. Хуллас, дастовардҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисоди тезрушдёбанда арзёбӣ намуданд. Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон – пешоҳанги татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор аст!
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни суханрониашон ҷиҳати густариши ҳамкорӣ барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар ба вазорату идораҳо ва масъулини мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳои дахлдор доданд.
Ҷомеаи меҳнатӣ ва кулли устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва вазифаҳои муҳиму арзишмандро, ки Ҳукумати мамлакат пешбинӣ менамояд, ба хотири беш аз пеш беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ояндасози меҳан, таъмини пешрафти илм, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи илму истеҳсолот, вусъати тафаккури илмию иттилоотӣ, баланд бардоштани савияи илмии ҷавонони соҳибмаърифат тадбирҳои судманд андешида, барои шукуфоӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми назаррас мегузоранд ва ҷашни муқаддаси 35 – солагии Истиқлоли давлатиамонро бо руҳияи созанда пешвоз мегиранд.

М.МАҲМУДОВ ,
устоди ДИС ДДТТ

ҲОЛАТИ МУОСИРИ МАЪМУРИКУНОНИИ АНДОЗ ДАР ҲОШИЯИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи ҷараёни татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор ва муайян намудани афзалиятҳои минбаъдаи рушди кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавре дар ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, дар давоми ҳашт соли татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти тақвияти низоми идоракунии давлатӣ, рушди неруи инсонӣ, таъмини сифати рушди иқтисоди миллӣ ва суботи молиявӣ як қатор ислоҳоти зарурӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин, мукаммал гардонидани маъмурикунонии андоз, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди инноватсионии бахши воқеии иқтисодиёт ва саноатикунонии бусуръати кишвар аз ҷумлаи иқдомоти давраи зикршуда мебошанд.
Дигаргуниҳои бунёдӣ дар иқтисодиёт бидуни такмилдиҳию бозсозии мақомоти идоракунии давлатӣ, ки баҳри таъмини неъматҳои ҷамъиятии шаҳрвандон роҳандозӣ гаштааст, ғайриимкон мебошад. Айни замон иқтисодиёт наметавонад аз дигаргунсозии рақамӣ барканор монад, зеро тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон бе технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тасаввурнопазир аст. Маъмурикунонии андозро, ки ҳамчунин дар пурсозии ҳарсолаи буҷети давлатӣ саҳми босазо мегузорад, наметавон аз ин амр истисно намуд.Татбиқи ҳадафҳои сиёсати андоз дар маҷмуъ ба як қатор соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, аз қабили тиҷорат, бахши хусусӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, шуғли аҳолӣ ва рушддиҳии онҳо таъсир мерасонад.
Тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав «маъмурикунонии андоз – маҷмуи чораҳои аз ҷониби мақомоти андоз бо риояи талаботи Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалишавандае, ки ба таъмини татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои андозӣ, боҷи давлатӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет равона гардидаанд».
Таҳлилҳо собит месозанд, ки айни ҳол аз ҷониби мутахассисони КВД «Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз» 80 модули хизматрасонӣ ба андозсупорандагон таҳия ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки чунин барномаҳои компютерӣ барои пешрафти фаъолияти мақомоти андоз шароитҳои боз ҳам мусоидтар фароҳам меорад. Дар маҷмуъ мақомоти андоз номгўи хизматрасониҳои электронӣ ба андозсупорагон пешниҳод намуда истодааст, ки бартариҳои хос доранд: пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ, азназаргузаронии ҳисобварақа, тартиб додани санади муқоисавӣ, таҳияи ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо дар шакли электронӣ, пешниҳоди эъломияҳои андоз аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, азназаргузаронӣ ва гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ, азназаргузаронии нишондодҳои мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ дар шакли электронӣ, саволу ҷавоб оид ба қонунгузории андоз, ҳисобкунаки андоз, Кодекси андоз дар барномаи “android” (барои телефонҳои мобилӣ), дастрас намудани маълумотнома оиди надоштани қарзи андозҳо, дастрас намудани маълумотномаи оиди дар қайди мақомоти андоз дар низоми содакардашуда фаъолият доштан, онлайн номнавис (сабт) намудани қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар Кумитаи андоз, пешниҳоди машварат дар низоми вақти мустақим (онлайн), пешниҳоди маълумоти фаврӣ оид ба РМА ва РСБ, кол-сентр, почтаи электронӣ ва ғайра.
Тамоюли зеринро ҷамъбаст намуда, ба чунин хулоса омадан мувофиқи мақсад аст, ки муҳимияти таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар доимо дар мадди назари Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

БОБОЕВ Ф.М.,
устоди ДИС ДДТТ

ҶАЛАСАИ ШУРОИ МИЛЛИИ РУШД – ЗАМИНАИ ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

Тибқи расонаҳои васоити ахбори омма ба ҳамагон маълум аст, санаи 10 июни соли 2024 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонм муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар робита ба ин, андешаҳои хешро иброз намуда бояд қайд кард, ки мақсади баргузории чорабинӣ натиҷагирӣ аз рафти татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, муайян кардани афзалиятҳои минбаъдаи рушд ва ҷалби таваҷҷуҳи шарикони рушд ҷиҳати зиёд намудани маблағҳо барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар мебошад.
Пешвои муаззами миллат, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимн суханронии хеш таъкид доштанд, ки сарфи назар аз шиддати вазъи ҷаҳони имрӯза ва таъсири бевоситаи омилҳои манфии берунӣ ба иқтисоди миллӣ дар ҳашт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,4 фоизро ташкил дода, созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисоди тезрушдёбанда арзёбӣ намуданд.
Президенти кишвар иброз доштанд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 2,6 баробар ва ба ҳар нафар аҳолӣ 2,3 баробар, даромадҳои пулии аҳолӣ 4,4 баробар, музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар, андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар ва шумораи соҳибкорон 1,6 баробар афзоиш ёфта, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Дар идомаи суханронӣ Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, тибқи арзёбиҳо дар маҷмуъ 70 фоизи ин ҳадафҳо ва баъзе нишондиҳандаҳои онҳоро беш аз 90 фоиз иҷро намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шарикони рушд даъват намуданд, ки дар шароити хеле ҳассосу зудтағйирёбандаи иқтисоди глобалӣ барои татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор саҳми худро баҳри амалӣ гардонидани афзалиятҳои минбаъдаи рушди Тоҷикистон бештар намоянд. Инчунин, таъкид карданд, ки афзалиятҳои асосии рушди кишвар дар давраи дарозмуҳлат масъалаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, шуғл, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани кишвар, мубориза алайҳи зуҳуроти коррупсионӣ, идоракунии самаранок, ҳифзи экология ва идоракунии равандҳои демографиро фаро мегиранд.
Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин робита метавон гуфт, ки љаласаи Шурои миллии рушд – заминаи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор арзёбӣ гардида, ҷиҳати рушди тамоми инфрасохтори мамлакат мусоидат менамояд.

АБДУРАҲМОНОВА М. З.,
устоди ДИС ДДТТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ МОДЕЛИ НАВИ ТАФАККУРИ СИЁСӢ

«Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон

Таҷрибаи давлатсозӣ ва ҷомеасозии муосир собит менамояд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз сарчашмаҳои асосии бунёдкориву созандагии ҳар давлат маҳсуб ёфта, дар таърихи навини тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад. Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он маншаъ мегирад. Он барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар унсурҳои давлатдориамон нақши муассир дорад.
Рушду нумуъ ва тараққиёти миллат маҳз дар устувории сулҳу ваҳдат аст. Агар дар мамлакате пояҳои сулҳу ваҳдат мустаҳкам набошанд, он кишвар зарра-зарра аз даруни худ нобуд мешавад. На танҳо аъзои як оила бояд бо ҳамдигар иттифоқ бошанд, балки аз кӯдакони як сарзамин сар карда то пири кор – ҳама нисбати ҳам эҳтиром қоил бошанду ҳамдигарро дӯст доранд, дар лаҳзаҳои танги ҳаёт дасти ҳамдигарро бигиранду якдигарро танҳо нагузоранд. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дигар давлатҳои муқтадири дунё меомӯзанд.
Яке аз вазифаи муҳими илми иҷтимоъ асосноккунии заминаҳои таърихӣ, назариявӣ ва методологии падидаҳои нави иҷтимоӣ мебошад. Дар низоми илмҳои муосир фалсафаи иҷтимоӣ ҳамчун донишҳои илмӣ дар бораи қонуниятҳо ва тамоюлҳои умумии алоқамандии воқеиятҳои иҷтимоӣ, мавҷудияту инкишофи ҷомеа ва умуман равандҳои доимо тағйирёбандаи ҳастии иҷтимоӣ шинохта шудааст. Барои амалигардонии ин мақсад илми фалсафаи иҷтимоӣ аз қонун, мафҳум ва категорияҳои худ истифода мебарад. Ҷамъият, табиат, ҳастии ҷамъиятӣ, шуури ҷамъиятӣ, шуури муқаррарӣ, мафкураи ҷамъиятӣ, психологияи ҷамъиятӣ аз ҷумлаи категорияҳои бунёдии илми фалсафа эътироф гаштаанд. Баробари ин, азбаски фалсафаи иҷтимоӣ ҷомеаро ҳамчун низоми доимо тағйирёбанда ва худинкишофёбанда меомӯзад, дар ин раванд тамоюл ва падидаҳои нав арзи вуҷуд менамоянд, ки корбаст намудани дастгоҳҳои мазмунан нави ҷараёни маърифатро тақозо менамояд.
Зарурияти чунин муносибат аз он бармеояд, ки бо дастгоҳи маърифатие, ки солҳои пешин зери таъсири муносибатҳои яктарафа ташаккул ёфтанд, имконияти воридшавиро ба умқи ҳодисаҳои иҷтимоии муосир намедиҳанд. Дуруст аст, ки баъзе кӯшишҳо барои чунин бознигарӣ ба чашм мерасанд, аммо, дар бисёр тадқиқотҳо андешаҳо аз номбар намудани ин ё он тамоюлот ва ё содир шудани ягон амали террористиву экстремистӣ дур намеравад. Ба андешаи мо, яке аз сабабҳои чунин ҳолат аз он иборат аст, ки илмҳои ҷомеашиносӣ ҳанӯз ҳам аз доираи қолабҳои кӯҳнаи таҳқиқотҳои иҷтимоӣ баромада натавонистаанд.
Ҷомеаҳои муосир, ки тағйирёбиҳои куллиро аз сар мегузаронад аз ин қонунмандӣ холӣ нестанд. Аз ҷумла, дар шароити тағйирёбиҳои глобалии иҷтимоӣ доираи маърифати тамоюлҳои ҷадиди иҷтимоӣ васеъ гашта, падидаҳое ба миён омаданд, ки онҳо мафҳум ва категорияҳои маърифати иҷтимоиро бою ғанӣ гардониданд. Дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон мафҳумҳои “истиқлолият”, “ваҳдат”, “ваҳдати миллӣ”, “ризоияти миллӣ”, “оштии миллӣ” ҳамчун дастгоҳи категориалии маърифати иҷтимоӣ ташаккул ёфтанд. Тавре муҳаққиқон М. Абдураҳмон ва Х. Идиев зикр намудаанд: “Корбурди ин мафҳумҳо ва тибқи муҳтавои онҳо ба роҳ мондани амалияи ҷамъиятї ба Тоҷикистон имконият дод, дар як муддати нисбатан кутоҳ на танҳо худро аз вартаи фалокатбори муноқишаи дохилї раҳонад, балки ба як қатор мувафаққиятҳо низ ноил гардад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалї Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ваҳдату ҳамбастагї ба сифати кафили пешрафти ҷомеа бояд пайгирона аз ҷониби ҷомеашиносон ҳамчун мафкураи давлатї, сармашқи фаъолияти кулли ниҳодҳои расмию ѓайрирасмии ҷомеа эътироф ва тадқиқ карда шавад.
Муаллифони мазкур ҳамчунин зикр намудаанд, ки агар ба истиқрори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон аз лиҳози зина ба зина ташаккул ёфтанашон назар андозе мебинем, ки онҳо пайваста аз ду раванди ба ҳам алоқаманд иборат будаанд. Яке аз онҳо ин раванди асосноккунии назариявии имконияти ҳалли мусолиҳатомези низои сиёсии ба амаломада ва дигаре ҷустуҷўи роҳҳои татбиқи амалии тарҳҳои дар ин самт пешниҳодшаванда буд. Ҳарчанд ҷанбаи дуюми раванди мазкур, яъне ҷустуҷўи роҳҳои татбиқи амалии раванди истиқрори сулҳ дар илми ҷомеашиносии номуфассал омўхта шуда бошад ҳам, вале вижагиҳои ҷанбаи аввали ин раванд то ҳол барои бисёриҳо норавшан боқї мондааст. Ҳадаф аз ёдовар шудани ин нукта аз он иборат аст, ки истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду ҳалқаи ногустании таърихи навини Тоҷикистон буда, яке дигареро тақвият мебахшад ва онҳо зинаҳои муайяни рушди ҷомеаи тоҷиконро инъикос менамояд. Дар силсилаи арзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ба даст омадани ваҳдати миллӣ чун арзиши воло мақоми хоса дорад, зеро маҳз тавассути он мо тавонистем ҷомеаи хешро аз вартаи хараҷу мараҷ, бенизомиҳо ва аз ҷанги ҳалокатбори шаҳрвандӣ таҳмилӣ халос намуда истиқлолияти давлатии хешро таҳким бахшем.
Таҷрибаи начандон тулонӣ нишон медиҳад, ки чархи гардуни таърих моро ҳарчӣ аз рӯзҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри ХХ дур мебарад, мо қадру қиммати ваҳдати миллиро бештар эҳсос менамоем. Чунин дарки падидаи мазкур аз як тараф ба таъмини сулҳу ризоият ва рушди муназзаму устувори ҷамъият вобаста бошад, аз тарафи дигар ба вазъи ноустувор ва даҳшатбори низоми ҷаҳони муосир марбут аст.
Дар ин шароит зарурияти роҳандозии сайъу талоши ваҳдатгароии ҷомеаи мо дар даврони кунунии инкишофаш на камтар аз солҳои пешин аст, баракс суратафзо гаштани шиддати муқовимату рақобати давлатҳову ҷомеаҳо барои дастёбї ба захираҳои инкишоф, аз ҷумла захираҳои энергетикию ашёи хоми кишварҳои тараққиёбанда, ошкоро бештар ба чашм баррасии мавзуи мазкурро аз дирӯза дида мубрамтар гардонидааст. Таҷрибаи кунуни нишон медиҳад, ки кишварҳои абарқудрат дар зери ниқоби ҳифзи манфиатҳои миллии худ ва дифоъ аз ҳуқуқи башар на танҳо аз қудрати фишороварию таҳримҳо, ҳатто аксари маворид аз нерўи ҳарбии худ низ сўйистифода менамоянд.
Фазои сиёсии ҷаҳонӣ имрӯза, ки зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва рақобатҳои шадиди мафкуравӣ (эҳёи ҷанги сард дар шакли нав – “ҷанги иттиллоотӣ”) баҳри амалигардонии манфиатҳои геополитикӣ давлатҳо қарор дорад, ба ҳаёти сиёсии ҷомеаҳо зиддиятҳо ва тамоюлҳои сифатан навро ворид намуда, мазмуну мундариҷаи шуур ва тафаккури сиёсиро дигаргун сохта истодаанд. Азбаски тафаккури сиёсӣ инъикоскунандаи воқеъияти сиёсӣ мебошад, бинобар ин вай тағйиротҳои ба амал омадаистодаро дар худ рефлексия намуда, ба маданияти сиёсӣ, ки шакли зуҳурёбии шуури сиёсӣ мебошад, мазмуну мундариҷаи нав мебахшад.
Тамоюлоти наве, ки дар тафаккури сиёсӣ ба назар мерасанд, асосан хусусияти позитивӣ доранд, аммо раванди ҷаҳонишавӣ тибқи назарияи ҷомеашиноси фаронсавӣ Б. Бодӣ дар шароити “анҷоми ҳудудҳо” дар ҳаёти сиёсии ҷомеаҳо тамоюлҳое низ ба бор оварда истодааст, ки онҳо ҷараёни ташаккули тафаккури сиёсиро коҳиш дода, ба он унсурҳои барои шуури сиёсии ҷомеаи мо бегонаи характери ифроти доштаро ворид менамоянд, ки онҳо дар раванди бунёди давлати миллӣ душвориҳо ба миён оварда истодаанд. Ифротигаройии динӣ, терроризм ва экстремизм, майли давлатҳои абарқудрат баҳри яккаҳукмронӣ ва дигарҳо аз ҷумлаи хатарҳо мебошанд. Аз ин рӯ, дар шароити истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон муайян намудани сабабу оқибатҳои равандҳои хатарзо дар шуур ва маданияти сиёсии фардҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои ҷомеа яке аз масъалаҳои меҳварии илм, минҷумла фалсафаи иҷтимоӣ мебошад.
Таҳқиқи мушикофонаи назария ва амалияи муаммои мазкур имконияти пешгирӣ намудан равандҳои ғайри мақбули рушди иҷтимоӣ, ояндабинӣ ва ҷилавгириро аз равандҳои номатлуби тараққиёт, ки ҷомеаро сӯи ҷароҳатҳои иҷтимоӣ, ҳодисаҳои харобиовар, низоъҳо ва тақобули иҷтимоӣ мебарад, шароит фароҳам меорад. Аммо, бояд дар назар дошт, ки дарки назария маърифати иҷтимоӣ кори саҳл нест, зеро ин ҷараён ҳамеша ба фаъолияти бошууронаю бешууронаи инсон вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз, бояд ба инобат гирифт, ки дар зиддиятҳои иҷтимоӣ ҳамеша майлу рағбат, талабот, манфиат ва хоҳиши одамон ҳузур дошта ба ҳам бармехӯранд.
Тоҷикистон дар байни давлатҳои пасошӯравӣ ягона давлатест, ки дар давоми зиёда аз 30-соли соҳибистиқлолӣ ваҳдати миллиро байни қавму қабилаҳо ва миллат ба даст овард ва тавонист рӯй ба бунёдкориву созандагӣ оварда дар ҷаҳон худро ҳамчун миллати фарҳангофару тамаддунсоз муаррифӣ намуд. Агар дар масири таҷрибаи ваҳдатсозию сулҳофарини тоҷикон ба авзои сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя, Исроилу Фаластин назар афканем, метавонем таъкид намоем, ки маҳз ташаккул наёфтани ваҳдати миллӣ, эҳсоси баланди ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии милли боиси сар задани ҷангу ҷидолҳо гаштанд ва афсӯс, ки ин раванд идома ёфта, тартиботи ҷаҳониро таккон бахшида истодааст.
Саволе ба миён меояд: барои чӣ мо миллати тоҷик арзишмандии ваҳдати миллиро тезтар эҳсос намудем? Ҷавобҳои бисёранд. Аз ҷумла, дар ҳама қазоватҳо таъкид мегардад, ки тарафҳои мутақобилаи раванди сулҳи тоҷикон эҳсос намуданд, ки давлат ва миллати тоҷик дар он солҳои пурмудҳиш лаби ҷарии фаноёбӣ қарор дошт ва ин андеша ҳақ асту ҷои баҳс ҳам нест.
Вале ғояи ваҳдатгаройии тоҷикон дар таъриху фарҳанг решаҳои чуқур дорад. Ҳикмати вахдатгаройи сулҳу субботи ниёгони мо аз фарҳанги Хусравонӣ, аз Авасто, фалсафаи Зардушт, таълимоти оламшумули ҳикмати машшоияи шарқӣ маншаъ мегирад. Аз ҷумла, дар таълимоти зардуштия арзишҳои эътидол, меҳнати софдилона, меҳру муҳаббати бепоён ба зиндагӣ ва ватани хеш ҳамчун неъмати волои аз ҷониби Худойи олӣ – Аҳуромаздо эҳдо гашта таъкид гаштааст. Чунин ақидаҳоро мо дар ҳикмати иҷтимоии намояндагони таълимоти машшоия Абунасри Форобӣ, Ибни Сино, Насриддин Тусӣ ва дигарон вомехӯрем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри собит намудани ин нукта, дар китоби хеш “Тоҷикон дар ойинаи таърих”(Аз Ориён то Сомониён) ба симои Куруши Кабир рӯй меоранд, ки дар таърихи тамаддуни ориёӣ ҳамчун асосгузори нахустин империя дар таърихи башар номбар мешавад. Ҳамчунин ҳамон иқдоми неки шоҳаншоҳи Ҳахоманишиён Куруши Кабирро ба хотир меорад, ки дар ибтидои қарни VI то милод нахустин ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ “Эъломияи ҳуқуқи инсон”-ро қабул намуда, асирони ҳарбиро озод намуд ва қавму тоифаҳои мухталифи шоҳаншоҳиро ба ваҳдат, сулҳу салоҳ, рафоқату дӯсти даъват намуд. Магар, чунин амал аз ваҳдатгароӣ ва сулҳофарии аҷдодони тоҷикон дарак намедиҳад. Бешак, ҷавоби ин суол мусбат аст. Барои тасдиқи ин дар китоб чунин иқтибос оварда шудааст: “Манам Куруш шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи неруманд… Фармон додам ки ҳамаи мардум дар парастиши худой худ озод бошанд… Фармон додам, ки ҳеҷ як аз хонаи мардум хароб нашавад, ҳеҷ кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ соқит накунад. Ҳама ба якдигар иттифоқ бошанд…
Фалсафаи ваҳдати вуҷуд мавзуи калидии таълимоти ирфонии мутафаккирони тоҷику форс маҳсуб меёбад. Албатта, дар таълимоти онҳо ваҳдати вуҷуд аз лиҳози ваҳдати худову табиат, расидан ба ҳолати фаноёбии инсон дар ҳастии Худо баррасӣ гаштааст. Ба ин вижагиҳои худ нигоҳ накарда, ба андешаи мо маҳз ҳамин ғояҳои ваҳдатароӣ, ки дар замири ниёгони мо нуҳуфта буд, заминаи боэътимоди ба даст даровардани вахдати миллӣ гашт.
Як иштирокдори раванди сулҳи тоҷикон ваҳдатро чунин ба қалам додааст:
Ҳастии ин коинот аз ваҳдат аст,
Зеру болоро субот аз ваҳдат аст.
Асли кул аз ҷузъҳо омад падид,
Кулли беаҷзо ба ҷое кас надид.

Дар мавриди дигар чунин омадааст:
Ин ҷаҳон андарҳаму барҳам будӣ,
Қатраҳо ба ҳам шуда дарё шудӣ.
Зарраҳо бо ҳам шуда саҳро шудӣ,
Эҳёгари миллати тоҷик шудӣ.
Вой ба қавме, ки аз ваҳдат гурехт
Аз худшиносиву худогоҳӣ гурехт.
Яке аз орифони бузурги форсу тоҷик Ҷалолиддин Румӣ дар яке аз ғазалҳояш мегӯяд:
Ҳосили умрам, се сухан беш нест,
Хом будам, пухта шудам, сӯхтам.

Дар ин ҷо ҳадаф аз он иборат аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мо хом будем, пас аз фаноёбии давлати Иттиҳоди Шӯравӣ мо таҷрибаи кофии давлатдориро надоштем, таҷрибаи давлатдории Сомониён бошад аз хотираҳо зудуда гашта буданд. Зубдагони сиёсии он замон барои ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ омода набуданд. Баъди интихоб гаштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз баъзе каловишҳо ба сӯи моделҳои мавҷудаи давлатдорӣ ба хулосае омадем, ки онҳо барои миллати мо бегона буда, манфиатҳои миллии моро ҳифз карда наметавонанд. Дар пайи ҷустуҷӯи модели давлатдории навини тоҷикон, мо рӯ ба таъриху фарҳанги хеш овардем ва аз он ҷо чунин арзишҳоро ба мисли “ваҳдат”, “эътидол”, “сулҳу ризоият” – ро дарёфтем ва баҳри комёб шудан ба ин арзишҳо мубориза бурдем. Аз деҳаи Хосдеҳи Афғонистон то Маскав ин масофае буд, ки мо ҳар як ваҷаби онро ғалтидаву хеста, побарҷову гаваккашон пайроҳаҳои каҷу килеб ва пурмашаққати онро тай намуда ба лаҳзаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ расидем, яъне ба қавли Мавлоно пухта шудем.
Арзишмандтарин неъмати даврони истиқлолият ин буд, ки дар тӯли ин солҳо Тоҷикистоне, ки дар алангаи оташи ҷанги шаҳрвандии таҳмили сӯхта, чун мурғи Ҳумо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаммоҳои душворро паси сар намуда, ба бунёдкорӣ оғоз намудем. Таваҷҷӯҳпазиртарин нукта ин аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон давраи пурихтилоф ва низоъҳои иҷтимоиро паси сар намуда, дар ҷомеа ғояи беназир – Ваҳдати миллӣ ва сулҳу ризоиятро тадбиқ намуд. Ба ибораи дигар дар раванди сулҳу ваҳдати тоҷикон дар аввал хом будем, соддаву зудбовар будем, баъд дар алангаи оташи ҷанги шаҳрвандии таҳмили сӯхтем, вале сарбаландии аз он баромада, тавонистем ватану миллати худро аз нести халос кардем.
Дар ин робита, зикр кардан лозим аст, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон заминаи муҳими оғози ташаккули тафаккури нави сиёсӣ гашт, ки ҷавҳари онро ғояи таҳаммулпазирӣ ташкил дод. Маҳз ҳамин падидаи иҷтимоию маънавӣ ва равонӣ имконият дод, ки қувваҳое, ки дирӯз паси сангар истода, сӯйи якдигар тир мепаронданд, сари як миз нишаста роҳи сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллиро ҷустуҷӯ мекарданд. Муҳаққиқ Саидова С.Н. дар тадқиқоти диссертатсионии худ ҳолати мазкурро лаҳзаи гузариш аз методологияи деструктивизм ба конструктивизми иҷтимоӣ номидааст. Андешаи мазкурро пайгири намуда, таъкид намудан ҷоизаст, ки маҳз ана ҳамин шакли нави тафаккури нави сиёсӣ имконият дод, ки бо роҳи гуфтугӯ ва муколама рушди минбаъдаи миллати тоҷикро дар ҳамбастагию оромї таъмин карда тавонист.
Нодирӣ ва бесобиқагии таҷрибаи сулҳофарини тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кардааст Талошҳои пайгирона ва роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд. Баробари ин, бояд қайд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гуфтушунидҳои бисёрзинагӣ ҳам аъзоёни Ҳукумат ва ҳам роҳбарони мухолифинро бовар кунонида тавонистанд, ки бояд пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шавад, «…вагарна номи мо дар саҳифаҳои таърих ҳамчун роҳбарони ноуҳдабаро ва миллаткуш сабт хоҳад гашт».Ин суханон ва мавқеъгириҳои устуворонаи Роҳбари давлат мазмуну мундариҷаи раванди гуфтушунидро муайян намуд. Аллакай дар вохӯрии аввал доираи он масъалаҳое, ки бояд мавриди қазоват ва ҳалли худро меёфтанд, муайян карда шуданд. Дар ин раванд тарафҳои мутақобила фаҳмиданд, ки ҷанги таҳмилӣ бояд фавран қатъ гардад, чунки ин даргирии бародаркуш миллати тоҷикро метавонад аз байн барад ва ба давлатдории тоҷикон хотима бахшад. Қувваҳое, ки ин ҷангро ба сари миллат таҳмил карданд, маҳз таназзулу нобудии давлатдории тоҷиконро мехостанд. Дар ин росто, таъкид намудан зарур аст, ки чӣ дар ҳайати Ҳукумат ва чӣ мобайни мухолифин кам набуданд онҳое, ки ҳалли муқовимати тоҷиконро бо роҳи мусаллаҳона ҷонибдорӣ менамуданд. Чунин кайфият бештар байни ҷанговарони саҳроӣ ҷой дошт. Аммо хирадмандӣ ва иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат имконият дод, ки ба эътирозҳои атрофиёнаш нигоҳ накарда, ҷасурона сари мақсади худ ҳаракат кунад ва ин саъю кӯшиш барои барқарор намудани ҳокимияти қонунӣ ва сулҳу суботи ҷомеаи тоҷик пойдевори мустаҳкамро таъмин намуд.
Мутафаккири Чини қадим Конфутсий вазъи эътидоли ҷомеаро заминаи рушди он номидааст. Модели сулҳовар, ваҳдатгароии Пешвои тоҷикон ҳамин гуна заминаро ба миён овард. Акнун баъди анқариб 33 соли Истиқлоли давлатӣ боэътимод метавон гуфт, ки модели мазкур давлатдории миллии моро аз садамаи сиёсию иҷтимоӣ эмин нигоҳ дошт, Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, халқҳои сокини кишвар ба зиндагии осоишта расиданд, пояҳои асосии иқтисодию иҷтимоӣ устувор гашт, сохтори давлатӣ шакли комили худро гирифт ва роҳи рушди кишвар аз тарафи худи мардум интихоб ва муайян гашт. Агар аз лиҳози илмӣ ба саъю кӯшиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бартараф кардани ҷанги шаҳрвандӣ баҳо диҳем, бо боварии том метавон гуфт, ки он кас дар илми ҷомеашиносӣ ва низоъшиносӣ асосгузори назария ва консепсияи нави рушди ҷомеа тавассути ба даст овардани ваҳдати миллӣ мебошанд, ки онро бе ягон муболиға ҳамчун қолаби нав эътироф кардан ҷоиз аст.
Таҷрибаи таърихи навини тоҷикон собит намуд, ки дар раванди ба даст овардани сулҳу ризояити иҷтимоиву сиёсӣ нақши субъектҳои сиёсӣ меафзояд. Раванди ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи ҷомеа таҳлили амиқи илмиро бо назардошти воқеияти баамаломада, корбаст намудани методологияи ғайрианъанавӣ, ки механизм, технология ва тарзи идоракунии онро дарбар мегирифт, тақозо менамуд. Дар ин раванд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро нафақат чун сарвари аз санъати идоракунии давлат бохабар, балки ҳамчун соҳиби тафаккури сиёсии ғайрианъанавӣ (креативӣ), сиёсатмадори хирадманд, донандаи фарҳанги мурувват ба муросою мадоро овардани ҷомеа нишон дода тавонистанд. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси ватанпарвар, дилсӯзи миллат, ҷасуру далер, соҳиби иродаи қавию хушбинона дошта ва сиёсатмадори дурбин дар саргаҳи раванди сулҳи тоҷикон истода буданд ва андеша оид ба он, ки он кас меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошанд, муболиғ в мадҳи набуда, дар заминаи худ пояҳои амиқи назариявию методологиро дорад.
Дар бораи Ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи ташаккули фарҳанг ва тафаккури нави сиёсии афрод ва қишрҳои гуногуни ҷомеаи кунунии ҷомеаи тоҷик сухан ронда бояд зикр кард, ки мазмуни асосии онро чунин арзишҳо ба мисли худшиносии миллӣ, дарки манфиатҳои миллӣ, ғурур ва ифтихори миллӣ, зиракии сиёсӣ ташкил медиҳад.
Дар ҷомеаҳои дар ҳолати табдилёбӣ (трансформатсия) қарор дошта, бо сабаби устувории дарки суннатии муҳити иҷтимоиву сиёсӣ одамон бо зудӣ аз қолабҳои пешинаи тӯли солиёни дароз ташаккул ёфта халос шуда наметавонанд. Воқеъият чунин аст, ки одамон зарурияти дигаргун намудани фаҳми сиёсии худро дарк намуда, мехоҳанд муносибати сиёсии хешро ба замона мувофиқ гардонанд, аммо ин раванд дар шуур ва маданияти сиёсии ба зиддиятҳои зиёде рӯ ба рӯ мегарданд. Мӯҳтавои ин раванд ба тағйири арзишфаҳмии сиёсии одамон алоқаманд буда, ба имконияту талаботи ҳар як фард, ки фарҳанги умумию касбиаш зери таъсири омилҳои гуногун қарор дошта, вобаста мебошад. Сатҳи нокифояи донишу таҷрибаи арзишфаҳмии баъзе қишрҳои ҷомеа, сабаби номуайянии мавқеи онҳоро дар низоми сиёсӣ, интихоби арзишҳои сиёсӣ, билохира боиси каловишу гароишҳои онҳо сӯи тамоюлҳову равандҳои радикалии динӣ мегардад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки дар раванди бунёди давлати миллӣ дар муносибатҳои сиёсии нав ташаккул ёфта истода, унсурҳои арзишҳои тафаккури сиёсии ҷомеаи қабли мӯҳлати дуру дароз боқӣ мемонанд. Ин ҳолатро К. Маркс чунин арзёбӣ менамояд: “анъанаҳои наслҳои пешин, чун хоби мудҳишовар мардумро ба таври тӯлони дар шиканҷаи хеш нигоҳ медорад.” Аммо аз нигоҳи мо, муаммо дар он нест, ки арзишҳои пешин дар маданияти сиёсии ҷомеаи нав боқӣ мемонад (дар баъзе мавридҳо онҳо барои нигоҳдории тавозуни муносибатҳои сиёсӣ фоидаовар низ ҳастанд), балки мушкили дар он аст, кӣ тавре таҷрибаи ҷомеасозии муосир нишон медиҳад, меъёрҳои арзишҳои пешин бо унсурҳои нави арзишҳои нави сиёсӣ бархӯрда, боиси коҳишёбии он мегардад. Дар ин ҳолат дар назди илмҳои ҷомеашиносӣ вазифаи басо муҳим, тадқиқ ва дарёфти механизми дарки нави равандҳои сиёсии ҷомеа, дарёфти калиди ба ҳам пайвастани гузаштаю ҳозира ва муайян намудани роҳу усули истифодаи онҳо дар раванди гузариш ба муносибатҳои нави сиёсӣ ба миён меоядАгар мо эътироф намоем, ки маданияти сиёсӣ ин зуҳури муносибати фард ё гурӯҳи иҷтимоӣ ба ин ё он раванди сиёсист, пас интихоби ғояи сиёсӣ ба сатҳи дониш ва таҷрибаи фарди алоҳида вобаста аст. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки дар замони муосири мутағайир ҳар як узви ҷомеа дар интихоби арзишҳо, аз ҷумла арзишҳои сиёсӣ, бояд бошуурона амал намояд. Бо назардошти ҳамин ҳолат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсиро дар ҷомеа таҳлил намуда таъкид намудаанд, ки “сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар як шахс ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳад, ватандӯсту ватанпарвар бошад, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор кунад ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиашро эҳтиёт ва ҳифз намояд”. Вобаста ба чунин арзёбӣ бояд тазаккур дод, ки дар шароити ташаккул ва рушди эҳтимолияти равандҳои ҳаёти иҷтимоӣ маданияти сиёсӣ бояд дар ҳамбастагӣ бо ояндабинии илмӣ мавриди омӯзиш қарор ёбад, зеро ҳангоми арзи вуҷуд намудани равандҳои наву мухталифи ҷомеа, куллан тағйир ёфтани низоми нави байналмиллалӣ аз инсон талаб менамояд, ки ӯ ояндаи хешро ба ин ё он раванди сиёсӣ бошуурона бипайвандад. Ҳар як узви ҷомеа бояд дарк намояд, ки мақсади ниҳоии ҳар муборизаи мафкуравӣ ин ноил шудан ба даст кашидан аз ҳуввияти миллии хеш ва қабули мафкураи дигар мебошад. Ин роҳест инсонро ба парастиши ғояи дигар, таърихи дигар ва фарҳанги дигар равона менамояд. Масалан, барои давлатҳои абарқудрат, ки онҳо дар Тоҷикистон манфиатҳои геополитикии худро доранд муҳим нест, ки дар кишвари мо чи гуна низоми сиёсӣ барқарор мешавад, муҳим он аст, ки тоҷикон аз решаҳои таърихии худ, аз анъанаҳои давлатдории миллӣ дур гашта” худии худ”-ро фаромӯш созанд. Ва дар ин роҳ онҳо ягон чизро, аз ҷумла сарфу харҷи моддӣ, маблағгузориро дареғ намедоранд. Мо бар он ақидаем, ки ин зуҳури моҳияти сиёсати худхоҳонаи абарқудратоҳост, ки мехоҳанд бо дасти ҳизбу гурӯҳҳои иртиҷоии мақсадҳои ғаразнок доранд, ҷомеаи моро ноором гардонанд ва ҷараёни худшиносиву худогоҳии миллати моро халалдор гардонанд.
Дар ин росто, бояд тазаккур дод, ки дар замони муосир арзи вуҷуд намудани радикализм ва экстремизми динӣ яке аз зуҳуротҳоест, ки на фақат ба арзишҳои бунёдии ҷомеа “ҷароҳатҳои иҷтимоӣ” мерасонад, балки вай мафкураи сиёсӣ, равон ва ҷаҳонбинии сиёсии одамон, хоса ҷавононро бо падидаҳои барои миллат бегона заҳролуд мегардонад. Мубалиғони гурӯҳҳои радикалӣ қишрҳои осебпазири ҷомеаро ба ҳизбҳо, ҳаракату созмонҳои хислати экстремистӣ дошта ҷалб намуда, ба руҳу равон, шуур ва тафаккури онҳо таъсири манфӣ расонида, билохира онҳоро ба қувваи деструктивие, ки ҳадафашон аз байн бурдани низоми иҷтимоӣ-сиёсии мавҷуда табдил медиҳанд. Дар ин кори хеш онҳо воситаҳои гуногунро, аз он ҷумла риторикаи диниро истифода мебаранд, ки ғояҳои дар ин раванд баён гаштаистода хислати экстремизми динӣ, сиёсӣ ва терроризми байналхалқиро доранд.
Таҳкимбахшидани истиқлолият ва вусъатдодани Ваҳдати миллӣ девори бузурги пешгирии ҷараёнҳои номатлуб ба мисли терроризм, бунёдгароӣ ва ифротгароӣ мебошад.

М. ИНОМҶОНОВА, ассистенти
кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи
иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

ДАР МУҚОБИЛИ АФРОДИ ТАНГНАЗАРОНИ ИФРОТӢ МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД!

Имрузҳо гуруҳҳои бадхоҳу нотавонбинони давлату миллат, амиқтараш ҳаммаслакону думравони наҳзатӣ, бахусус афроди бешараф Муҳаммадиқболи Садриддин дар давоми соли равон тавассути сомонаи ғайрирасмӣ бо номи “Ислоҳ. нет”, дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” ва як қатор шогирдонаш, аз ҷумла Абдухалил Восиев дар барномаи “Дурахши ҳақ”, Ҳусейн Ашуров дар барномаи “Ҳақ ва ботил” ва дигаре Беҳрузи Тағойзода, узви фаъоли “Гуруҳи 24” дар барномаи “Садои мардум ” бо навбат баромад менамоянд. Зимни баромадҳояшон асосан дастовардҳои кишварамонро нодида гирифта, кушиш намуда истодаанд, ки боз миёни мардуми осоишта низоъ андозанд ва ба фазои сулҳу амонии кишвари соҳибистиқлоламон халал ворид созанд. Ин тудаи бадҳоҳ бо андешаҳои ифротиашон ва намоиши сабтҳои видеоӣ ва аудиоии онҳо танҳо суханони беасос, бедалел туҳматангезу иғвогарона ва ҷузъ ҳарфи хусуматдори нисбат ба раҳбарияти сатҳи гуногун инъикос ёфтааст ва дар он аз ҳақиқат дур чизе дида намешавад.
Хулоса, мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз ин қабили ҳаммаслаку пайравони наҳзат, умуман гуруҳҳу созмонҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарони ифротии ватанфурўш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкори ифротиро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст.

Бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.
Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд кӯшиш намоем, ки кишвари ободгаштаистодаи худро боз ҳам ободтар намоему баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон ҷидду чаҳд созем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлол, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди кишвар аст Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем.
Дар интиҳои андешаи хеш хулосабарорӣ намуда,қайд менамоем, ки дигар ҳеҷ як қувваи носолим ё пастию баландии ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ наметавонад, ки ин арзиши бузург ва дастоварди миллии тоҷиконро халалдор намояд.

Р. АНВАРӢ
ассистенти кафедраи молия
ва қарзи ДИС ДДТТ

БАР ЗИДДИ ҲАМА ГУННА ИДЕОЛОГИЯИ ЗАРАРОВАР МУБОРИЗА БОЯД БУРД!

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар баробари зарфиятҳои мусбати технологияи муосир, ки дар ҷаҳони иттилоотӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ҳамчунин ҷанбаи манфии он низ боиси ташвиш ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Чунончи имрӯзҳо гуруҳҳои зиёди ифротие мавҷуданд, ки тавассути сомонаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба шуури инсонҳо таъсир манфи расонида одамонро ба шуриш ба майдонҳои ҷангҳои муосир ва ҷалб намудан ба гуруҳои ифротӣ талқин мекунанд. Дар гузашта ин амалҳоро агар таассури гурруҳои махсус ва равияву мазҳабҳо анҷом медоданд, ҳоло бошад, ифротиён ин амалҳоро бо истифода аз имкониятҳои васеи технологияҳои иттилоотӣ ва сомонаҳои интернетӣ,амицтараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ менамоянд, зеро тамоми маълумот дар бораи одамон дар саҳифаҳои интернетии худи онҳо дастрас мебошанд. Хуллас, бо кӯмаки интернет–манбаъҳо имрӯз маъракаҳои иттилоотӣ барои дастгирии гурӯҳҳои гуногуни терорристӣ роҳандозӣ гардида, ҷараёни амалиёти террористӣ ба нақша кашида мешавад ва иттилооти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла ҷамъоварӣ карда мешавад. Террористону экстремистон дар интернет воситаҳои пардохти электронии маблағ ва дигар системаҳоро васеъ истифода мебаранд. Воситаи асосӣ барои даъват, муроҷиат ва интиқоли навору дискҳои видеоӣ ва аудиои онҳо низ интернет мебошад. Дар маҳсулоти мазкури интернетӣ иттилоот дар бораи амали террористӣ дар шароити мухталиф, дастурамал барои таҳияи дастгоҳҳои худсохти тарканда ва шумораи зиёди видео дар бораи «қаҳрамониҳои» терррористон гунҷонида мешаванд. Терроризм ва экстремизм дар интернет падидаи динамикӣ ва бисёрҷониба мебошад. Саъю талоши давлатҳо барои мониторинг ва аз байн бурдани сайтҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ на ҳама вақт самарабахш аст. Интернет – манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилотҳои террористию экстремистӣ шакли худро тағйир медиҳанд, кӯшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд.  Таҷриба нишон медиҳад, ки аз байн бурдани сайтҳои террористӣ мушкил аст, чунки онҳо провайдерҳои хориҷиро истифода мебаранд. Дар натиҷа як давлат наметавонад ба бастани сайти ғайриқонунӣ дар давлати дигар муваффақ шавад.Бо вуҷуди ин аз ҷониби Маркази умуми ҷаҳонӣ оид ба мубориза бар зидди идеологияи экстремизм  дар се моҳи соли 2024 танҳо дар мессенджери  “Telegram” 445 гуруҳи экстремистӣ баста шуда, беш аз 16 миллион маводҳои хусусияти экстремистидошта аз он хориҷ карда шуданд ва дар ин самт корҳо алҳол идома дорад.

Бояд қайд кард, ки дар шабакаҳои кушоди иттилоотии имрўза ба воситаи ҷанги иттилоотӣ мубаддал гаштааст, ки аз ҷониби роҳбарону аъзоён гуруҳҳои  террористию экстремистӣ бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад менамоянд. Масалан, дар давоми соли равон бадхоҳони миллат, бахусус ҳаммаслакону думравони наҳзатӣ, аз ҷумла, афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, дигаре Беҳруз Тағойзода, узви фаъои “Гуруҳи 24”мебошад,  дар барномаи ифротӣ бо номи “Садои мардум”баромад менамояд. Ин афроди бадхоҳ зимни баромадашон асосан нисбат ба давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар бо норозигию иғвогарии беасос тўҳмат карда, тухми кинаю адоват кошта истода, мафкураи бархе ҷавононро ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад кашидан кўшиш доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Бинобар ин, фарзандони мо бояд аз хурдсолӣ рў ба дониш оваранд ва дар бораи донишҳои ҳаётан муҳим маълумот дошта бошанд. Донишҳои аввалинро фарзанд аз модар мегирад. Мактаби нахустини инсон-мактаби модар аст. Барои ҳамин, дар навбати аввал зан – модар, умуман волидайн худаш бояд таҳсил карда бошад, то ки дар оила таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монад ва ба хотири ояндаи неки фарзанди худ, ўро аз хурдӣ дар рўҳияи ватандориву ифтихори миллӣ тарбия намояд. Вазифаи ҳамаи мо аз он иборат аст, ки ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем.

Хулоса, бар зидди ҳама гунна идеологияи зараровар на танҳо панду насиҳат, ё худ ибрози нияти нек, балки ҳатман ба воситаи идеологияи пурқудрат ва муқовиматкунанда мубориза бояд бурд. Вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлоли давлатии кишвар талош варзанд.

 

Ф.МАМАДҶОНОВ,

устоди ДИС ДДТТ