ОСИЁИ МАРКАЗӢ МИНТАҚАИ ТАШАББУСКОР ВА СОЗАНДА ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ САЙЁРА

(Дар ҳошияи иштироки ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод дар шаҳри Ашхободи Туркманистон аз 12 декабри соли 2025)

Новобаста аз ҳалли баъзе ҷангу низоъҳо дар минтақаҳои алоҳидаи олам, дар маҷмӯъ вазъи имрӯзаи ҷаҳон то ҳол мураккабу ҳассос боқӣ мондааст. Алалхусус, вусъатёбии ихтилофҳои геосиёсӣ, мухолифату низоъҳо, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар равандҳои хатарнок мебошанд, ки ба сулҳу оромӣ хавфу хатарҳоро эҷод менамоянд. Дар баробари ин, оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба раванди рушди устувори глобалӣ маҳдудиятҳо ворид менамояд.Дар чунин шароити пурҳассоси ҷаҳон, аҳаммияти сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ қадру манзалати гарон ва арзиши бештар пайдо кардааст. Аз ин лиҳоз, имрӯз тамоюлҳои эътимод, эҳтиром ва ҳамбастагӣ ба асоси сиёсати давлатҳои Осиёи Марказӣ табдил гашта, минтақа ба макони сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек роҳандозӣ гаштааст. Аз ҷумла, 12 декабри соли ҷорӣ баргузор гаштани Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод дар доираи “Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод, 2025” аз ҷониби Ҷумҳурии Туркманистон боз як ташаббуси созандаи минтақа дар пойдории сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкории судманд дар ҷаҳони муосир мебошад. Ҳамоиши мазкур барои пешбурди ғояҳои сулҳу боварӣ ва роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами глобалӣ тавассути музокирот хизмат хоҳад кард.
Дар кори Форуми байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Пешвои миллат зимни суханронии хеш қайд карданд, ки “Сулҳ ва эътимод дар пешбурди муносибатҳои байналмилалӣ, коҳиш додани таҳдиду хатарҳо, муҳайёсозии шароити муносиб барои ҳамкорӣ ва рушди устувор дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳимтарин мебозанд”. Сарвари кишвар, инчунин, иброз доштанд, ки “Сулҳу эътимод имкон медиҳанд, ки мушкилоти печидаи ҷаҳони имрӯза дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак ҳалли худро пайдо намоянд.”
Воқеан, сулҳу эътимод асоси пешрафт ва некӯаҳволии мардум ба шумор меравад. Ҳамзамон, сулҳу эътимод асоси рушди ҳар як давлату миллат ва бахту саодати мардум мебошад. Ҳамкорие, ки дар заминаи сулҳу эътимод ва ҳамбастагии судманд сурат мегирад, барои татбиқи бузургтарин нақшаҳо дар ҷаҳон имконият фароҳам меорад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки тамоми саъю кӯшиши худро ба хотири ҳифзи тинҷиву оромӣ, рушду ҳамкорӣ барои ҳамзистии осоишта ва ҳамдигарфаҳмӣ равона намояд. Таҳкими ин андешаву арзишҳо дар ҷаҳони имрӯза аҳамияти аввалиндараҷа доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми кӯшишу ташаббусҳои худро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ дар ҷаҳон пайваста равона менамояд. Моҳияти сиёсати хориҷии Тоҷикистонро имрӯз сафарбар намудани саъю талош барои ҳалли масоили сайёра, аз қабили мухолифатҳо, ҷангу низоъҳо ва ҳамчунин мушкилоти обу иқлим ташкил медиҳад
Кишвари мо, ҷонибдори тавсеаи минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амнияти ҷаҳонӣ дар заминаи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” мебошад. Тоҷикистон, дар доираи ин раванд ва ҳамроҳ бо ниҳодҳои байналмилалӣ ва давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҷиҳати мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ саҳми худро мегузорад.Ташаббуси навбатии кишвари мо доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки бо мураккабу вазнин гаштани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, раванди поймол гаштани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба вуҷуд омадааст, ки пойдевори назму низом ва сулҳу субот дар ҷаҳон ба шумор мераванд. Бо назардошти ин раванд ва бомуваффақона татбиқ намудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ, 2024” дар Тоҷикистон , Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод намуданд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милал имконияти эълон намудани “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ”- ро мавриди баррасӣ қарор диҳад ва аз ҳамаи давлатҳои аъзо даъват намуданд, ки ба ин ташаббус ҳамроҳ шаванд. Бо ироаи пешниҳоди мазкур, Роҳбари давлат аҳамияти умумиҷаҳонии маърифати ҳуқуқиро ҳамчун пояи асосии адолат, мудирияти муассир ва сулҳи пойдор таъкид намуданд. Дар ин радиф, 12 декабри соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлосияи 80-уми худ лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқи, 2027”, ки бо ибтикори Тоҷикистон пешниҳод гардид, қабул намуд. Қабули санади мазкур ин рӯйдоди муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати ташвиқу огоҳ намудани давлатҳо оид ба риояи ҳуқуқ, адолат ва масъулиятпазирӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин қатънома нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди омӯзиши ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва роҳбарии дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббуси навбатиашон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазирфта шуд, эътироф менамояд.
Дар баробари ин, Тоҷикистон тадбирҳои худро ҷиҳати ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо пеш мебарад. Дар ин росто, якчанд ташаббусҳои кишвари мо дар ҳалли масоили обу иқлим бо қатъномаи СММ қабул шудаанд. Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза эълон гардидани соли 2003», Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» мебошанд. Ҳамзамон, бо ибтикори Тоҷикистон дар асоси қатъномаи МУ СММ соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардида, дар назди Созмони Милал Бунёди эътимоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шудааст. Илова бар ин, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса моҳи августи соли 2024 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қатънома оид ба эълон кардани солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ” якдилона қабул гардид.
Бояд қайд кард, ки 12 декабри соли равон Ассамблеяи муҳити зисти СММ (ЮНЕА) зимни анҷоми иҷлосияи ҳафтуми худ дар қароргоҳи ЮНЕП шаҳри Найробии Ҷумҳурии Кения қатъномаро дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» қабул намуд. Қатъномаи мазкур, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Қатънома аз ҳамаи давлатҳои аъзо ва шарикони рушд даъват ба амал меорад, ки талошҳои худро дар самтҳои андешидани чораҳои фаврӣ оид ба ҳифзи пирряхҳо, ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани устуворӣ ва ҷалби маблағҳои молиявӣ тақвият бахшанд. Қатъномаи мазкур нахустин ва то ҳол ягона қатънома дар таърихи Ассамблеяи муҳити зисти СММ мебошад, ки муаллифи он кишвари Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамин тариқ, ҳамаи ташаббусҳои кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун майдонҳои байналмилалии “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм”, “Раванди оби Душанбе” ва “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо” пазируфта шудаанд, ки на танҳо обру ва нуфузи кишвари мо, балки минтақаи Осиёи Марказиро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд бардошт. Воқеан, кишварҳои минтақа давоми солҳои охир ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо ташаббусу иқдомҳои худро пешниҳод намуданд, ки ба ҳифзи сулҳу субот ва таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд. Зеро, дар ин лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва мурракиби ҷомеаи ҷаҳонӣ мо шоҳиди намунаҳои олии ҳамраъйӣ ва ҳамгироии давлатҳои “панҷгона” гардидаем, ки заминаи онро фазои боварӣ, ҳамсоягии нек ва дӯстӣ ташкил медиҳад. Дар ин радиф, мо боварӣ дорем, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ кӯшишҳои худро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон боз ҳам густариш дода, саҳми худро дар таҳкими субот ва рушди боустовори ҷаҳон ва минтақа мегузоранд.

Ф. ҲОШИМОВ ,
устоди кафедраи ҷомеашиносии
ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *