МАЪМУРИЯТИ ФАКУЛТЕТИ ТИҶОРАТ, ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ ВА ҲУҚУҚ

Дар айни замон, дар факултет, ҳамчун декан номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷалолов Н.М., ҷонишини декан оид ба таълим ва назорати сифати таҳсилот муаллими калон Ҷамолиддинов С.Р., ҷонишини декан оид ба илм номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бобоев С.С., ҷонишини декан оид ба тарбия Ҳоҷиев А.С., методист-танзимгар Холназарова М.Б. ва оператори МЭҲ Расулова М.Р. фаъолият бурда истодаанд.

Ҷалолов Нодирҷон Маҳмудович

 аз 28 августи соли 2018 дар вазифаи декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор мекунад.

14 октябри соли 1979 дар шаҳри Истаравшан дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Соли 2003 – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровро аз рӯи ихтисоси “Ташкилотчии коргузории гумрук” (бо дипломи аъло) хатм кардааст.

Соли 2010 – Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Ҳуқуқшинос” (бо дипломи аъло) хатм кардааст.

Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 2003-2008 Муаллими кафедраи коргузории гумруки факултети ҳуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ш. Хуҷанд
Солҳои 2008-2012 Муаллими калони кафедраи менеҷмент ва соҳибкории факултети молия ва иқтисодиёти бозори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ш. Хуҷанд
Солҳои 2012-2013 Муаллими калони кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ш. Хуҷанд
Солҳои 2013-2018 Мудири кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ш. Хуҷанд
Аз моҳи августи соли 2018 Декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ш. Хуҷанд

Бобоев Сироҷиддин Салоҳович, муовини декан оид ба корҳои илмӣ, н.и.ф., дотсент.

Бобоев Сироҷиддин Салоҳович миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1989 факултаи таърихи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), соли 1995 аспирантураи шӯъбаи рӯзонаи ҳамин донишгоҳ ва соли 1999 факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Бухороро хатм намудааст. Фаъолияти кориашро бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1989 ҳамчун омўзгори фанҳои ҷомеашиносии гурӯҳҳои навтаъсиси тоҷикии Донишгоҳи давлатии Бухоро оѓоз намудааст. Соли 1997 дар Институти забон ва адабиёти Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷойгоҳи назми шифоҳӣ дар арӯсии тоҷикони Бухоро» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, ба дараҷаи илмии номзади илми филология ва соли 2004 ба унвони илмии дотсент сазовор гардидааст.

Солҳои 1999-2004 ҳамчун сармуаллими кафедраи назарияи иктисодии ДДБ кор кардааст. Дар баробари ин аз соли 2000 то соли 2004 дар вазифаи сардори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишкадаи ҳарбикунонидашудаи андози ш. Бухоро фаъолият намудааст. Соли 2004 дар вазифаи дотсенти кафедраи адабиёти классикии факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, соли 2005 дар вазифаи мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, менеҷмент ва фанҳои ҷомеашиносии Шуъбаи хуҷандии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳоло Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон) ва солҳои 2006-2010 дар вазифаи ҷонишини директор оид ба илм дар ҳамин донишкада фаъолият намудааст.

Бобоев С.С. аз соли 2005 инҷониб ба тариқи устоди муштараквазифа дар Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ дар ш. Хуҷанд (ҳоло Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ) фаъолияти пурсамар намудааст. Солҳои 2010-2017 дар вазифаи мудири шуъбаи илм ва магистратура, мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, мудири кафедраи ҷомеашиносӣ ва аз 1 сентябри соли 2018 дар вазифаи муовини декан оид ба корҳои илмӣ дар факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор карда истодааст.

Бобоев С.С. иштирокчии конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ мебошад. Дар барномаи баналмиллалии «ТЕМПУС- ТАСИС» ширкат намуда, дар донишгоҳҳои Фаронса ва Ирландия аз курси такмили ихтисос гузаштааст.

 Муаллифи зиёда аз 45 корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ буда, назаррастарини онҳо монографияи “Ҷойгоҳи назми шифоҳӣ дар арӯсии тоҷикони Бухоро” ва “Таҳаввулоти таърихии андозҳои Осиёи Марказӣ” мебошад. Дорандаи унвони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” мебошад.

Ҷамолиддинов Суҳроб Рустамовичмуовини декан оид ба таълим

Ҷамолидинов Сўҳроб Рустамҷонович миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1999 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияти кориашро соли 1999 ҳамчун омӯзгори фанҳои менеҷмент дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз намудааст.

Солҳои 1999-2002 ҳамчун ассистенти кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2002 то соли 2004 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ бурдааст.

Солҳои 2004 – 2005 вазифаи ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявиро дар факултаи молия ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба зима дошт.

Ҷамолидинов С.Р. аз соли 2006 то соли 2018 ҳамчун муаллими калони кафедраи менеҷменти Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва аз соли 2018 инҷониб ба ҳайси ҷонишини декан оид ба таълим дар факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи донишкадаи мазкур кор карда истодааст.

Ҷамолидинов С.Р. дар ҷодаи илм низ ба натиҷаҳои назаррас муввафақ гардида муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ буда, иштирокчии фаъоли конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ мебошад.

Ҳоҷиев Абдурашид Саидович, муовини декан оид корҳои тарбия, муаллими калон

Ҳоҷиев Абдурашид Саидович миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 2009 факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон)-ро хатм намудааст. Соли 2009 фаъолияти кориашро ҳамчун омўзгор дар кафедраи менеҷмент ва маркетинги Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон оғоз намудааст. Соли 2010 ба ҳайси омўзгори дар кафедраи менеҷменти Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2017 дар вазифаи муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ дар факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор карда истодааст.