МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИРТИБОТИ МУТАҚОБИЛАИ ҶАҲОНӢ

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ 1-уми сентябри соли 2009 бо фармони ноиб-ректори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДИС ДДТТ) таъсис дода шудааст, ки мақсади асосии он рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва таъминоти ташкилӣ, техникӣ ва иттилоотию методии муассисаи таҳсилоти олӣ, такмил додани  ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ, мукаммал гардонидани  раванди таълим ва баланд бардоштани  сифати  тайёркунии кадрҳо дар асоси истифодаи  таҷрибаи байналхалқӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар низоми кредитии таълим мебошад.

Мақсади асосии шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ин рушди муносибатҳои байналхалқӣ дар соҳаи маориф ва алоқаи зичи дуҷонибаи ДИС ДДТТ бо донишгоҳҳои мамолики дунё мебошад.  Вазифаи асосии сохтор иборат аз таҷрибаҳои байналхалқӣ барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷўён ва тайёр кардани мутахассисони муосир мебошад.

Имрӯз Донишкада бо 21 давлатҳои мамолики ҷаҳон ва зиёда аз 50 донишгоҳҳо робитаҳои хуб дорад.

Муфассалтар дар сомонаи мо