Маркази компютерӣ (МК) як қисми сохтори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) мебошад, ки фаъолияти худро дар асоси Оиннома ба роҳ монда, сарвари он тариқи озмун бо фармони директор таъин карда мешавад.
МК омӯзиши технологияҳои иттилоотиро ба роҳ монда, хизматрасонии Интернетро барои устодону донишҷӯён дар сатҳи баланд ба роҳ мемонад.
Вазифаҳои асосии маркази компютерӣ пеш аз ҳама иборатанд аз:
– омӯзиши асосҳои информатика ва технологияҳои иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ барои донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ, кормандони муассисаҳои илмӣ, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, кормандони муассисаҳои давлатию хусусӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
– расонидани хизмат дар бораи технологияҳои иттилоотӣ;
– ҳамкорӣ дар татбиқи барномаҳои тадқиқоти илмӣ ва системаҳои иттилоотӣ;
– дарёфти сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ барои таҳкими пояҳои моддӣ- техникии МК.
МК фаъолияти худро дар асоси шартномаи тарафайн бо шӯъбаҳои ДИС ДДТТ, корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ ба роҳ монда, дорои чунин ҳуқуқҳо мебошад:
– ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати пулакӣ, курсҳои омӯзишӣ барои операторон ва истифодабарандагони компютер.
Кормандон ва донишҷӯёни ДИС ДДТТ бо тарифҳои имтиёзнок барои истифода аз хизматрасониҳои МК таъмин карда мешаванд.
Маркази компютерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолияти хешро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, аз ҷумла корҳои зеринро ба анҷом мерасонад:
- омӯзиш (гузаронидани дарсҳо дар синфхонаҳои компютерӣ);
- таъмини компютерҳои замонавӣ барои кори инфиродӣ;
- таъсиси нақшаҳои барномавӣ;
- Системаҳои иттилоотӣ;
- таъмини дастрасии мукаммал ба шабакаи Интернет;
- таъмини хизматрасонии почтаи электронӣ;
- таҳияи ҳуҷҷатҳои гуногун;
- таҷдиди ҳуҷҷатҳои гуногун;
- бознигарии ҳуҷҷатҳо;
- чопи лазерӣ;
- Сабт дар дискҳои оптикӣ;
Ҳайати кормандон
Мудири шуъбаи технологияҳои иттилоотии шабакавӣ: Ахмедов Мақсудҷон Абдуворисович
№ |
Ному насаб |
Вазифа |
1 | Исмоилов Муродҷон Муйидинович | муҳандис оид ба технологияҳои инноватсионӣ |