Шӯъбаи кор бо ҷавонон

Шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишкада дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самти ҷавонон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, дастуру супоришҳои раёсати донишкада нақшаи кор таҳия ва тасдиқ намуда, мутобиқи он амал мекунад. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Қурбонов Файзалӣ Ҷамшедович мебошад. Дар факултаҳои донишкада аъзоҳои Созмони ҷавонон барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, беҳтар намудани пешрафту давомоти донишҷўён, доштани одоби муоширати касбӣ ва ахлоқи намунавӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар ҷаласаҳои Созмони ҷавонони факултаҳо масъалаҳои давомот ва пешрафти донишҷўён, сарулибос, истифода накардани телефонҳои мобилӣ дар бинои таълимӣ, наомадан бо нақлиёти шахсӣ, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, нашъамандӣ ва дигар масоили муҳими ҷомеа муҳокима ва баррасӣ мегарданд. Зери назорати қатъӣ қарор додани давомот, сатҳи таҳсил, тарзи либоспўшии тавсиявӣ дар донишкада, бо телефонҳои мобилӣ ва мошинҳои шахсӣ наомадани донишҷўён вазифаи аввалиндараҷаи ин Созмон ба ҳисоб меравад. Аъзои фаъоли Созмони ҷавонон дар конфронсу семинарҳо ва вохўриҳо ширкат меварзанд.

Дар ДИС ДДТТ мунтазам мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бо донишҷӯёни донишкада баргузор мегарданд.

Шабакаи иҷтимоии “Ҳаёт ва фаъолияти ДИС ДДТТ”