Соли таҳсили 2010-2011 дар ДИС ДДТТ бо қарори Шӯрои олимони ДИС ДДТТ, таҳти №1 аз 7- сентябри соли 2010 Маркази таълими забонҳои хориҷӣ таъсис дода шуд. Дар маркази таълимии мазкур миқдори умумии компютерҳо бо тамоми таҷҳизоташ 20 адад, 1 адад нотбук, 1 адад тахтаи электронӣ, 1 адад проектор, 3 адад дастгоҳи нусхабардорӣ ва дигар маводҳои таълимӣ барои омӯзандагони забонҳои хориҷӣ дастрас мебошанд. Ҳамаи компютерҳо ба шабакаи беноқили Интернет пайвастаанд. Аз рӯзи фаъолият то инҷониб марказ ҳамеша ба пешравиҳо ва дастовардҳои назаррас ноил гашта истодааст.
Майнусова Зарнигор Маҳмудовна 8 декабри 1989 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст. Аз 9 январи соли 2017 дар вазифаи мудири маркази таълими забонҳои хориҷӣ кор мекунад.
Аз моҳи сентябри соли 2010 то имрӯз миқдори умумии хоҳишмандони забономӯз, ки қайд шудаанд, 570 нафарро ташкил медиҳад. Зиёда аз 200 китобҳои хориҷии таълимӣ, ки бевосита аз хориҷа оварда шудаанд, як китобхонаи хурди марказро ташкил медиҳад. Дар рафти дарс омӯзгорон метавонанд ҳамаи лавозимотҳои заруриро самаранок истифода баранд.
Шунавандагон баъди ҷамъбасти соати асосии дарс боз метавонанд, то як соат дарси гузаштаро бо истифода аз интернет мустаҳкам намоянд.
Имрӯз маркази таълимии забонҳои хориҷиро чун як маркази роҳнамо ба барномаҳои хориҷӣ медонанд ва ҳамарӯза даҳҳо нафар аз ин марказ ба саволҳои хеш нисбати иштирок дар барномаҳои хориҷӣ ҷавобҳои мушуххас мегиранд.
То имруз бо кӯмак ва роҳбаландии омӯзгорони пуртаҷрибаи марказ зиёда аз 100 нафар омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада дар барномаҳои хориҷӣ иштирок карда, ба пешравиҳо ноил гардиданд. Дар марказ вохӯрӣ ва мизи мудаввар бо иштироки омӯзгорон аз ИМА – Доменик Старкер, Кори Уенс, олимони ҷавони франсуз – Флоренс, Амрико Ванесса, Девид, Чонс Кук, Ҷеф Кристиано, Ерселия ва дигарон бо донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада гузаронида шуд. Намояндагони хориҷӣ аз фаъолияти чунин як маркази замонавӣ хушҳол шуда, фикрҳои худро ба дафтари махсуси марказ қайд намуданд.
Дар марказ, вохӯрӣ бо намояндагони сафорати ИМА, Аврупо дар барномаҳои байналхалқии UGRAD, KTH, KIMEP, ERASMUS+, DAAD, RTU ва ғайраҳо гузаронида шуда, бисёр донишҷӯён ва омӯзгорон дар барномаҳо иштирок карда, ба саволҳои худ посухи мушаххас гирифтанд. Дар марказ бо роҳбарии омӯзгор Зарипова М. ва Тошматова Д., чанд маротиба семинар – тренинг ва дарсҳои кушод тариқи онлайн гузаронида шуданд.
Донистани забон имрӯз барои ҳар як мутахассис ҳатмӣ буда, барои пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши асосиро мебозад.
Марказ омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, хитоӣ ва тоҷикиро ба роҳ мондааст. Шунавандагони марказ аз рӯи сатҳи дониши доштаашон ба гурӯҳҳо ҷудо карда шуда, ба донишомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Дар марказ ҳамаи шароити ҷавобгӯй ба талаботи забономӯзӣ муҳайё мебошад. Хоҳишмандон новобаста аз синну сол метавонанд забон омӯзанд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддини Саид чанде пеш ба марказ ташриф оварда, аз ҷараёни таълим ва фаъолияти марказ изҳори қаноатмандӣ намуданд.