Табрикоти директори ДИС ДДТТ Ҷалилзода А.А. ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун аз номи ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон Шуморо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, рӯзгори тинҷу осуда, дастархони пурфайзу бобаракат, хотирҷамъию саодати зиндагӣ ва ба Ватани азизамон -Тоҷикистони биҳиштосо пешрафту ободкориҳо таманно менамоем.
Мардуми шарафманди кишварамон, дар рӯзи мубораки Иди Қурбон суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла амалҳои хайру саховат ва бахшандагиро боз ҳам вусъат мебахшанд. Боиси қайд аст, ки Иди Қурбон дар баробари дигар ҷашну маросими таърихӣ, миллӣ ва динии мардуми тамаддунофари мо, маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ шукӯҳи тоза касб намуда, арзишҳои қаблии худро эҳё намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба унсурҳои неки инсондӯстонаи Иди Қурбон, ки давоми асрҳо ҳамчун анъана то замони мо расидааст, барҳақ таъкид намудаанд: Дар баробари дурӣ ҷустан аз аъмоли носавобу номатлуб ва талқини амалҳои хайру савоб, аз аҳволи наздикон бохабар будан, махсусан, аёдати беморону ниёзмандон, кӯмак ба ятимону маъюбон, ба дидори падару модарон шитофтан, дили инсонеро ба даст овардан, ятимеро навозиш кардан ва ба муҳтоҷе дасти кӯмак дароз кардан аз фазилатҳои неки инсонӣ ва таомули писандидаи мардуми мо дар ин рӯз мебошад.
Воқеан, имрӯз сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар барои ҳар як фарди ҷомеа имконият фароҳам овардааст, ки ба хотири рӯз ба рӯз беҳтар сохтани зиндагии хеш ва рушду ободии Ватани азизамон бо заҳмати бунёдкорона машғул шуда, дар пешрафт ва таъмини осудагии он саҳми муносиби худро гузоранд. Мардуми кишвари соҳибистиқлоламон таҳти сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳлона кору фаъолият намуда, барои бо дастовардҳои шоиста пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош меварзанд. Бо чунин таманниёти нек бори дигар Шуморо ба муносибати фарорасии Иди Қурбон самимона табрик намуда, бароятон саодати рӯзгор, бахту иқболи баланд ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои беназир таманно менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *