Ихтисосҳо факултаи иқтисодиёт

Маълумот дар бораи ихтисосҳои факултети иқтисодиёт ва технолгияҳои инноватсионӣ

Фаъолияти факултет барои тайёр намудани мутахассисон дар риштаи иқтисодиёт аз рӯи ихтисосҳои «Иқтисодиёт ва идоракуни дар корхона», «Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии бурунмарзӣ», «Иқтисодиёти ҷаҳон», «Бизнес- маъмуриятчигӣ»,  “ Технология ва низоми иттиоолотӣ”,   “Информатикаи иқтисодӣ» равона карда шудааст.

Аз рӯи ихтисоси 25010700 – «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхона» мутахассисони соҳаи иқтисодиёт ва идоракунӣ тайёр мешаванд ва онҳо метавонанд дар корхонаҳои давлатӣ, инчунин дар ширкатҳо ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, сохторҳои молиявӣ, шўъбаҳои иқтисодӣ ва банақшагирии мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар сохторҳои иқтисодии ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ, савдо хўроки умумӣ созмонҳои байналхалқӣ фаъолият баранд.

Аз рӯи ихтисоси 25010407 «Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии бурунмарзӣ»  ҳамчун иқтисодчӣ, иқтисодчӣ дар соҳаи молия, иқтисодчӣ дар фаъолияти шартномабандӣ,  мутахассиси соҳаи дилерӣ, мутахассиси соҳаи брокерӣ, мутахассис оиди кортҳои пластикӣ тайёр шуда ба сифати роҳбарон ва мутахассисони бонкҳо, ширкатҳои суғуртавӣ, фонди нафақа ва дигар муассисаҳои молиявӣ, менеҷерони молиявӣ ва таҳлилгарони ташкилотҳои тамоми моликият фаъолият мебаранд.

Аз рӯи ихтисоси 25010300 «Иқтисодиёти ҷаҳон» иқтисодчӣ тайёр шуда мутахассисони ин ихтисос дар ширкатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва бонкҳо, корхонаҳои ватанӣ, ташкилотҳои соҳаи хизматрасонии шаклҳои гуногуни моликият, инчунин мақомоти маҳаллӣ, ки муносибатҳои иқтисодии хориҷии кишварро танзим мекунанд фаъолият мебаранд.

Аз рӯи ихтисоси 26020100 «Бизнес– маъмуриятчигӣ» мутахассиси соҳаи маркетинг, молия ва баҳисобгирӣ, иқтисодчӣ, агенти савдо, менеҷери соҳаи савдо, маркетолог, бизнес-таҳлилгар, роҳбари корхонаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ тайёр карда мешаванд ва дар корхонаҳои хурду миёна, ширкатҳою ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият  фаъолият мебаранд: дар саноат, сохтмон, нақлиёт, кишоварзӣ, дар мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ,  маориф,  варзиш, туризм ва илм.

Аз рӯи ихтисоси 25011200 Информатикаи иқтисодӣ– мутахассиси соҳаи информатикаи иқтисодӣ ё иқтисоддон-информатик дар корхонаи дилхоҳ, ки ба соҳаи фаъолияти воситаҳои барномасозӣ, таъминоти барномасозӣ ва истифодаи онҳо барои самаранок амали гардонии лоиҳаҳои барномавӣ гуногун тааллуқ дорад фаъолият бурда метавонад.

Аз рӯи ихтисоси 40010202 Технология ва низоми иттиоолотӣ–  ҳамчун муҳандис, барномасоз, мутахассиси таъминоти барномавӣ, администратори системавӣ, таҳлилгари системавӣ, танзимгари шабакавӣ дар соҳаи иқтисодиёт  ва  барои таъмин намудани фаъолияти шуъбаҳои иқтисодӣ, маъмурӣ ва идоракунии корхонаҳо, ки аз рўи стандартҳои офиси электронӣ таҷҳизонида шудааст фаъолият мебаранд.