Мудири курсҳои тайёрӣ – Шораҷабова Шаҳноза Зафаровна
Маълумотнома оид ба фаъолияти шуъбаи курсҳои тайёрии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ.
Шуъбаи курсҳои тайёрии ДИС ДДТТ дар асоси иҷозатномаи Вазорати маорифи ҶТ ташкил шуда, мувофиқи Низомнома, ки дар Шурои олимони донишкада аз санаи 5 январи соли 2010 тасдиқ гардидааст, фаъолият мебарад.
Барномаи таҳсилот дар курсҳои тайёрӣ дар асоси барномаи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ба роҳ монда шуда, шунавандагонро асосан ба ихтисосҳои кластерҳои 2 ва 4 тайёр менамояд.
Вазифаи асосии шуъба иборат аз таҳия ва омода намудани маълумотномаҳо оид ба фаъолияти шуъбаи курсҳои тайёрӣ, ихтисосҳои донишгоҳ, тарзи таҳсил барои ҷалби бештари шунавандагон мебошад. Инчунин додани эълонҳо тариқи ширкати телевизион ва радиошунавоӣ, вохўриҳо бо хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи вилояти Суғд, қабули ҳуҷҷатҳои шунавандагон мебошанд.
Аз оғози ташкили шуъбаи курсҳои тайёрӣ вазифаи мудири шуъбаро н.и.ҳ., дотсент Тоҷибоев Ш.А. ба ўҳда доштанд.
Аз моҳи сентябри соли 2015 то ин ҷониб вазифаи мудири шуъбаи курсҳои тайёрӣ ба зимаи Тошматова Ш.А. вогузошта шудааст.
Аз соли 2021 Набиҷонова Маҳфуза Раҳмадҷоновна мудири марказ ва Мақсудова Шоҳзодахон Яҳёхӯҷаевна дар вазифаи танзимгар-методист фаъолият доштанд.
Аз соли 2023 Шораҷабова Шаҳноза Зафаровна мудири марказ ва Мақсудова Шоҳзодахон Яҳёхӯҷаевна дар вазифаи танзимгар-методист фаъолият доранд.
Шуъбаи курсҳои тайёрӣ аз роҳбарияти шуъба – мудири шўъба, танзимгар – методист ва ҳайати омўзгорон иборат аст.
Ҳар сол дар шуъбаи курсҳои тайёрӣ, гурўҳҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ташкил меёбанд, ки дар он бештар аз 100-120 нафар шунавандагон таҳсил менамоянд.
Дар соли хониши гузашта шумораи шунавандагони курсҳои тайёрӣ ба 121 нафар расида буд, ки аз он 53 нафарашонро духтарон ва 68 нафарашонро писарон ташкил медоданд.
Ҳар сол зиёда аз 90 %-и онҳо ба донишкадаҳо тавассути ММТ дохил мешаванд, ки бештари онҳо пурра ихтисосҳои ДИС ДДТТ-ро итихоб менамоянд.
Мақсади асосии шуъба барои таҳсил ба мактабҳои олии кишвар бештар ҷалб намудани хатмкунандагони лаёқатманд мебошад, ки онҳо баъд аз хатм барои рушду равнақи иқтисодиёти Ватанамон бештар саҳмгузор шуда тавонанд.