ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Имрӯз мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, ба оромию амнияти сайёра ва пойдории ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиду хатарҳо эҷод намуданаш ба мушоҳида мерасад. Пушида нест, ки ҷаҳони пуртазод, сиёсатбозиҳои абарқудратҳо, мавқеъгириҳои машкук, манфиатхоҳиҳои бешуурона, таҳмили ғояҳои ифротӣ, гусатриши терроризму эктремизм, нақшбозиҳо ва мақсадҳои ғаразноки қувваҳои беруна ва дигар ҳаводиси тақдиршикани замон хатари асосӣ бар ваҳдати миллии мо буда, далеле аз номуайянии вазъи ҷаҳон ба шумор мераванд. Таъсири манфии ин зуҳуроти номатлуб, бахусус пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ баръало зоҳир шуд. Аз шароити номусоид ва ноустувории давлатҳои тозаистиқлол, аз ҷумла, Тоҷикистон истифода бурда, ба кишвар нерӯҳои бунёдгарои исломӣ ва ифротгароӣ роҳ ёфта, ба таблиғу ташвиқ ва амалӣ намудани ақидаҳои ифротгароёнаи худ шурӯъ намуданд. Дар сафи пеши ин гурӯҳҳои ифротгароӣ қабл аз ҳама иттиҳоди ҷиноятии экстремистию террористии “Ансоруллоҳ”, Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ, Давлати исломӣ)” “Ҳаракати Исломии Туркистон”, “Ҷабҳат-ун-Нусра”, “Давлат-ул-Ислом”, “Ҷамоати Таблиғ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, бахусус равияи “Салафия”, “Ҳизби Наҳзати Ислом” ва ғайраҳо қарор доранд, ки бо ҳар роњу васила ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ба мардуми мо бегона кӯшиш карда истодаанд. Ғояи асосии ин иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ноором кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлат ва ҷомеа, дигаргун намудани сохти конститутсионии кишвар, маҳв кардани арзишҳои умумибашарӣ ва урфу одатҳои миллӣ буда, баҳри расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ онҳо дар зери ниқоби дини мубини Ислом ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили бо истифодаи зӯроварӣ дигаргун кардани сохти конститутсионии давлатҳо, ноором намудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, кушторҳо, ғоратгарӣ, таҷовуз ба номус ва ғайраҳо даст мезананд. Хулоса, ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ хусусияту дараҷаи баланди ба ҷамъият хавфнокиро доро мебошанд, зеро ба амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, инчунин ба сулҳу амнияти инсоният таҷовуз мекунанд. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, гаронии зиёдеро ба буҷети кишварҳо ҷаҳон ворид месозад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки доғи рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз чандин конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баландро ба мақсади мубориза бар зидди терроризм ташкил ва баргузор намудааст ва ҳамеша дар саргаҳи муборизони ин вабои номатлуби замон қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ин масъаларо бо маънои томаш дуруст дарк намуда, имрӯз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси олам ҳамчун як кишвари фаъол ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ, ба монанди норасоии оби ошомиданӣ ва мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби аср, аз ҷумла терроризм ва экстремизим шинохта шудааст. Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонуну стратегияҳо, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ва “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025”қабул намуда, инчунин дар ин самт як қатор ҳуҷҷатҳои нави дигарро низ қабул ва мавриди амал қарор дода истодааст.
Аз гуфтаҳои боло хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Новобаста аз мавқеи сиёсӣ ва эътиқоди динӣ бояд, ки барои пойдор нигоҳ доштани ин фазои амну осоиш бетараф набошад ва баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии ин сарзамини офтобӣ шабонарӯзӣ заҳмат бикашад. Зеро, ин марзу бум аз мост ва танҳо мо метавонем бештар аз ҳама онро ба мисли ҷон дӯст дорем ва ба наслҳои минбаъда чунин як давлати босуботро ба ёдгор гузорем. Ин фазои сулҳу оромиро, ки бар ивази талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, бояд чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем ва нагузорем ҳеҷ омиле онро халалдор созад.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *