Кафедраи “Молия ва қарз”

Мудири кафедра – н.и.и., дотсент Тӯхтаев Тӯхтабой Муқимович

Кафедраи молия ва қарз чун ҷузъи таркибии факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии ДИС ДДТТ фаъолияти худро аз 1-уми сентябри соли 2010 оғоз намуд.

Ҳоло кафедра таҳти роҳбарии н.и.и., дотсент Тӯхтаев Тӯхтабой Муқимович фаъолияти таълимӣ, таълимӣ – методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар риштаи «Молия ва қарз», «Андоз ва андозбандӣ» ва «Фаъолияти бонкӣ» равона карда истодааст.

 Корҳои таълимӣ ва методикии кафедра оид ба тайёр ва муаррифии адабиёти таълимӣ дар соли 2014

Ҳотамова Б.Х. “Сесад саволҳо ва ҷавобҳо дар бораи гардиши пул, қарз ва бонк” (бо забони тоҷикӣ);

Тӯхтаев Т.М. “Менеҷменти молиявӣ: назария ва амалия” (китоби дарсӣ ба забони тоҷикӣ);

Тӯрақулова Л.Т. “Молияи корхонаҳо” (маҷмааи таълимӣ-методикӣ бо забони тоҷикӣ);

Коситова У.О. “Менеҷменти бонкӣ” (маҷмааи таълимӣ-методикӣ бо забони тоҷикӣ);

Абдуҳамидова Г.М. «Низоми асъор ва назорати асъор» (маҷмааи таълимӣ-методикӣ бо забони тоҷикӣ);

Ҳотамова Б.Х., Ахмедов К.А.,  «Ҷамъоварии масъалаҳо аз фанни «Ташкили Фаъолияти Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ»»;

Ҳафизова Р.А., Абдурашидова М.А., “Фаъолияти бонкӣ” (китоби таълимӣ бо забони тоҷикӣ);

Ҳафизова Р.А., Тавсияҳои методӣ барои иҷроиши корҳои курсӣ аз фанҳои “Фаъолияти бонкӣ”, «Ҳисобот ва фаъолияти оператсионӣ дар бонкҳо»;

Исмоилова Д.М., Дастурамали методӣ оид ба гузаштан аз таҷрибаи пеш аз дипломӣ барои ҳамаи ихтисосҳои кафедра;

Ҳафизова Р.А. Тавсияҳои методӣ оид ба навиштани кори дипломӣ барои хатмкунандагони ихтисосҳои “Молия ва қарз”, “Фаъолияти бонк”;

Мӯминова Н.Р. Дастури методӣ барои иҷроиши корҳои курсӣ аз фанни “Молия, гардиши пул ва қарз”.

Мӯминова Н.Р., Юсупова Ғ.Ғ. Молия. – Дастури таълимӣ-методӣ барои дарсҳои амалӣ, КМРО ва КМД.

Раҳматов Б.Б., Бобоев Ф.М., Юсупов Ғ.Ғ., Анварӣ Р.Ҳ. Андоз ва андозбандӣ. – Комплекси таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисодӣ.

Раҳматов Б.Б., Бобоев Ф.М., Юсупов Ғ.Ғ., Анварӣ Р.Ҳ. Андоз ва андозбандӣ. – Дастури таълимӣ-методӣ барои дарсҳои амалӣ, КМРО ва КМД.

Бояд қайд кард, ки баҳри беҳбуд ва такмил додани раванди таълиму тарбияи донишҷӯён, ҳамаи шароитҳои зарурӣ дар кафедра муҳайё гардидаанд.

Омӯзгорони кафедра ба нақшагирӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ диққати зиёд медиҳанд.

Мақсади асосии корҳои тадқиқотии кафедра омӯхтани мушкилоти рушди молиявии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Корҳои тадқиқотии кафедра ба афзоиши дониши назариявии омӯзгорон, аз ҷумла такомули ҳайати омӯзгорони дараҷаи илмӣ дошта ва баланд бардоштани сифати лексияҳо ва дарсҳои амалӣ мусоидат мекунанд. Натиҷаҳои корҳои тадқиқотии устодони кафедра барои навиштан ва тайёр кардани дастурамалҳои таълимӣ, тавсияҳои методӣ, омода намудани мақолаҳо барои конфронсҳои илмӣ ва амалӣ, ҳамчунин барои гузаронидани семинарҳои илмӣ ва назариявӣ истифода карда мешаванд.

Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Молиячии ҷавон» ба таври доимӣ амал мекунад. Донишҷӯёни аъзои маҳфил ҳисоботи илмии худро аз рӯи масъалаҳо дар соҳаҳои зерини тадқиқот пешниҳод мекунанд: низоми молиявӣ, низоми бонкӣ, низоми андоз.

Дар кафедра 25 гурӯҳҳои таълимии рӯзона мавҷуданд. Омӯзгорони кафедра дар як вақт сарпарасти аксари гурӯҳҳои академии сатми ихтисос мебошанд. Мутахассисон ва омӯзгорони кафедра ба кори таълимии донишҷӯён диққати ҷиддӣ медиҳанд. Корҳои таълимӣ дар муқаррароти ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи таълим дар мактабҳои олӣ асос ёфта, ба ҷанбаҳои зерин таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мегардад: идеологӣ, миллӣ, ватандӯстӣ, иқтисодӣ, эстетикӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра.