Бахши варзиш

Тарбияи ҷисмонӣ ва бурдани ҳаёти солим яке аз самтҳои асосии фаъолияти Донишкада маҳсуб гардида, дар ин ҷо ба саломатии устодону донишҷўён аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Дар донишкада ҳар сол мусобиқаҳои варзишӣ байни устодону донишҷўён аз рӯи намудҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол, тенниси рўи миз, шоҳмот, шашка ташкил ва гузаронида мешаванд. Дар ин мусобиқаҳо устодону донишҷўён иштироки фаъолона доранд. Донишҷўён дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Байни устодону кормандони донишкада бахшида ба Иди Наврўзи Аҷам, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Моҳи ҷавонон, Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Парчами миллӣ ва дигар ҷашнҳо чорабиниҳои варзишӣ гузаронида шуда, аз рўи натиҷаи ба дастомада устодон ва донишҷӯён бо мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд. Дар донишкада майдончаи варзишӣ ва толори фитнес барои устодону донишҷўён мунтазам амал мекунад, ки баҳри бурдани тарзи ҳаёти солим хеле муҳим аст. Инчунин устодону донишҷӯёни ДИС ДДТТ дар машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ мунтазам иштирок мекунанд.

Ҳадафи асосӣ аз баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни кормандон ва устодон, инчунин баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон мебошад.