Корҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ қисми таркибии раванди таълим ба шумор рафта, барои тайёр кардани мутахассисони ботаҷриба дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муҳим маҳсуб меёбад. Вазифаи мудири шуъбаи тарбия ва фарҳанг ба уҳдаи муаллими калони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ Аминҷонова Саодатҷон Алимамадовна вогузор гардидааст.
Асоси ҳуқуқии корҳои тарбиявиро дар Донишкада Паём, баромад ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ташкил медиҳанд.
Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи тарбия ва фарҳанг
- Омӯзиши баромадҳо ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Омӯзонидани рамзҳои давлатӣ, муқаддасот, қарору қонунҳои давлатӣ ба донишҷӯён.
- Ташкили соатҳои тарбиявӣ оид ба камолоти сиёсиву худшиносии миллӣ, ватандориву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ.
- Тарбияи ҳаёти солим, ташкили чорабиниҳои варзишӣ дар байни устодон ва донишҷӯёни донишкада.
- Тарбияи ҳуқуқии донишҷӯён, ташкили чорабиниҳо алай ҳи мубориза ба муқобили ғояҳои иртиҷоии ҳизбу ҳарактҳои ғайриқонунӣ, пешгирии содиршавии ҷиноят дар байни ҷавонон.
- Тарбияи завқи бадеии донишҷӯён тавассути ташкили дастаҳои ҳунарӣ, маҳфили ҳозирҷавобон, шаби эҷодӣ.
- Тарбияи маънавӣ, забондонӣ, рушди фарҳанги ҷавонон, ташаккули тафаккури зебопарастӣ, омӯзиши осори ниёгон.
- Ташкили сайру саёҳат ба мавзеъҳои таърихии кишвар ва осорхонаҳо.
- Гузаронидани вохӯрӣ, мизи мудаввар, шаби эҷодӣ бо адибон ва шахсони барӯманди кишвар.
- Дар синфхонаҳо ташкил кардани гӯшаҳои гурӯҳ, рамзҳои давлатӣ, лавҳаи Қаҳрамонони Тоҷикистон ва шиору овезаҳо оид ба гуфтори бузургон.
- Пурзӯр намудани кори Шӯрои сарпарастон.
- Муайян намудани сарпарасти беҳтарин ва гурӯҳи беҳтарин дар ҷамъбасти пешрафту давомоти донишҷӯён.
- Назорати раванди тарбия дар хобгоҳ.
- Сарпарастӣ, алоқа бо волидайн ва кӯмак намудан ба донишҷӯёни ятим, маъюб, бепарастормонда.
- Ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯрои занону духтарон, собиқадорони меҳнат, Созмони ҷавонон, кумитаи падару модарон, иттифоқи касаба.
- Ташкили иштироки фаъолонаи устодон ва донишҷӯён дар корҳои ҷамъиятии донишкада, чорабиниҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ.
Баҳри дар амал татбиқ намудани унсурҳои Консепсияи миллии тарбия дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ нақшаи корҳои тарбиявӣ ва номгӯи мавзӯъҳои машғулияти тарбиявӣ барои соли таҳсил таҳия ва тасдиқ мегардад. Ҳамчунин, нақшаи корҳои тарбиявӣ дар факултаҳои иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ; тиҷорат, фаъолияти гумрук ва ҳуқуқ; молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, хобгоҳи донишкада, кумитаи иттифоқи касаба, Шӯрои занон ва духтарони факултаҳо, Созмони ҷавонон, бахши варзиш, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат тасдиқ карда, аз рӯи онҳо корбарӣ мегардад. Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба масоили тарбияи мутахассисон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихор аз муқаддасоти миллӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Шуъбаи тарбия ва фарҳанг як сохтори таркибии донишкада буда, дар асоси Оинномаи Донишкада ва Низомнома амал менамояд. Донишҷўёни ДИС ДДТТ дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дастаи ҳунарии «Садои ҷавонӣ», ки ба он 15 нафар донишҷўёни лаёқатманд аъзо ҳастанд, бахшида ба санаҳои таърихию сиёсӣ чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд.
Дар Донишкада дастаи ҳозирҷавобон фаъолият мекунад, ки соҳиби ҷойи аввал ва ифтихорномаҳо дар байни мактабҳои олии вилоят гардидааст. Аёдати Хонаи пиронсолону маъюбон ва хонаи кўдакон, расонидани кўмаки моддӣ ба онҳо аз ҷониби сарпарастону донишҷўён ҳамасола ба роҳ монда мешаванд. Бахшида ба санаҳои таърихӣ, ба монанди Рўзи таъсисёбии Артиши миллӣ, Иди модар, Наврўзи байналмилалӣ, Рўзи Ғалаба, моҳи ҷавонон, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Иди Истиқлолияти давлатӣ, Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Парчами давлатӣ дар донишкада вохўрӣ, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои адабӣ, конфронсҳо, семинару барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда мешаванд.
Ҳайати кормандон
Мудири шуъба: Аминҷонова Саодатҷон Алимамадовна
№ |
Ному насаб |
Вазифа |
1 | Бузрукова Мадинахон Акрамовна | мутахассис оид ба тарбия |
2 | Ҳодибоева Мафтуна Абғаффоровна | мутахассис оид ба фарҳанг |
3 | Каримов Элбек Илҳомҷонович | мутахассис оид ба фарҳанг |