ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ПЕШОҲАНГИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

Санаи 10-уми июни соли 2024 таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои миллии рушд баргузор гардид. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҷараёни татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор ва муайян намудани афзалиятҳои минбаъдаи рушди кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба ҷаласаи мазкур андешаи хешро иброз дошта, бояд қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон суханронӣ намуда, иттилоъ доданд, ки давоми ҳашт соли татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якчанд ислоҳоти зарурӣ гузаронида шуд. Ин ислоҳот тақвияти низоми идоракунии давлатӣ, рушди неруи инсонӣ, таъмини сифати рушди иқтисоди миллӣ ва суботи молиявиро дар бар гирифта, ҳоло Тоҷикистон дар марҳалаи дуюми татбиқи стратегия қарор дорад. Қайд гардид, ки мукаммал гардонидани маъмурикунонии андоз, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди инноватсионии бахши воқеии иқтисодиёт ва саноатикунонии бусуръати кишвар аз ҷумлаи иқдомоти давраи зикршуда мебошанд. Ҳамзамон бо ин, дар оғози марҳалаи дуюми татбиқи стратегия, бо дарназардошти тамоюлҳои муосири иқтисоди ҷаҳонӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат муайян гардиданд. Дар ин давра, сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, шиддат ёфтани бархӯрдҳои геосиёсӣ, муноқишаи байни давлатҳо, таҳриму низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим мо ба ҳадафҳои давраи миёнамуҳлат ноил гардидем. Ин кор ба мо дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ муяссар гардид. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии Ҳукумати кишвар сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоизи соли 2015 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш ёфта, Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки Умумиҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид. Хуллас, дастовардҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисоди тезрушдёбанда арзёбӣ намуданд. Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон – пешоҳанги татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор аст!
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни суханрониашон ҷиҳати густариши ҳамкорӣ барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар ба вазорату идораҳо ва масъулини мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳои дахлдор доданд.
Ҷомеаи меҳнатӣ ва кулли устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва вазифаҳои муҳиму арзишмандро, ки Ҳукумати мамлакат пешбинӣ менамояд, ба хотири беш аз пеш беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ояндасози меҳан, таъмини пешрафти илм, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи илму истеҳсолот, вусъати тафаккури илмию иттилоотӣ, баланд бардоштани савияи илмии ҷавонони соҳибмаърифат тадбирҳои судманд андешида, барои шукуфоӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми назаррас мегузоранд ва ҷашни муқаддаси 35 – солагии Истиқлоли давлатиамонро бо руҳияи созанда пешвоз мегиранд.

М.МАҲМУДОВ ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *