ШУЪБАИ ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР ДИС ДДТТ

Шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим аз 1-уми сентябри соли 2010 таҳти фармоиши №03/53 дар базаи шуъбаи таълим таъсис ёфтааст.

Ҳадафи фаъолияти шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим – ин ташкили мақсадноки ҷараёни таълим дар донишкада бо муайян кардани самтҳо, зинаҳои асосӣ ва муаммоҳои таълим, ки барои ноил шудан ба сатҳи баланди сифати таълим нигаронида шудаанд.

Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим аз инҳо иборат аст:

  • ташкил ва танзими корҳои ҷузъие, ки барои таъмини раванди мунтазами ҷараёни таҳсил дар донишкада ҳамаҷониба мусоидат мекунанд;
  • такмил додан ва дар амал татбиқ намудани усулҳои нави таълим вобаста ба таҷрибаҳои муассисаҳои таълимии амалкунандаи ҷумҳуриявӣ ва дар арсаи байналхалқӣ;
  • такмил ва густариши раванди таълим;
  • мусоидат барои фароҳам овардани шароити мусоид ба донишҷўён ва омўзгорон дар истифодаи технологияҳои замони муосир, бештар гардонидани шавқу ҳавас дар азхудкунии маводҳои таълимӣ, ташаккул ва ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаи баланд бардоштани сатҳи сифати таълим бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар кишвар ва хориҷи он;
  • мусоидат ба дарёфти усулҳои навин барои ҳарчӣ бештар ва ҳамаҷониба ҷалб намудани донишҷўён нисбати азхудкунии фанҳои таълимӣ ва баланд бардоштани шавқмандӣ нисбати тахассусмандӣ;
  • мусоидат намудан дар тартиб додани барномањои таълимӣ, кории таълимӣ (силлабус) ва роҳнамоӣ ба факултету кафедраҳо дар кори банақшагирии соатҳои таълимӣ, омодасозии тақсимоти сарбории омўзгорон ва нақшаҳои инфиродии кори омӯзгор;
  • ташкили чорабиниҳои мухталиф оид ба бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассусмандии омӯзгорон баробари ҷараёни таълим (берун ё баъд аз машғулиятҳои таълимӣ). Баҳодиҳӣ ба сифати тестҳо ва саволномаҳои омоданамудаи омӯзгорон.

Ҳайати кормандон

Мудири шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим

Қаюмов Ашурбой Абдуқодирович

Е-mail: kayumov_68@mail.ru 

Сармутахассиси шуъбаи ҷараёни таълим
Маҳмудов Равшан Бобоҷонович
Е-mail: ravshanmahmudov@mail.ru

Мутахассиси шуъбаи ҷараёни таълим
Сайфуллоева Манзура Набиҷоновна
Е-mail: manzura_67@mail.ru

Оператори шабакаи электронии идораи таълим
Рӯзиева Фирӯза Ғафуровна