Мувофиқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 3661 аз санаи 09 ноябри соли 2015, дар ДИС ДДТТ қабул ба магистратура аз рӯи 8 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Номгӯи ихтисосҳо дар ҷадвали поён замима мегардад.
Ихтисосҳои магистратура
№ | Номгӯи ихтисосҳо |
1 | 25.01.04 – Молия ва қарз |
2 | 25.01.08 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит |
3 | 25.01.07 – Иқтисодиёт ва идора дар корхона |
4 | 25.01.03 – Иқтисодиёти ҷаҳон |
5 | 40.01.02.02 – Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) |
6 | 96.01.01 – Хадамоти гумрукӣ |
7 | 24.01.03 – Ҳуқуқи иқтисодӣ |
8 | 26.02.02 – Менеҷмент |
Нақшаи таълимии магистратура иборат аст, аз:
– фанҳо аз рўи равияҳои махсусгардонидашудаи тайёр кардани магистрҳо;
– фанҳои махсуси тайёр кардани магистрҳо;
– кори илмию тадқиқотӣ ва илмию омӯзгории магистрант;
– аттестатсияи ҷамъбастии давлатии магистрант.
Шахсоне, ки ба магистратура дохил мешаванд, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
-аризаи шахсӣ ба номи ректор бо нишон додани равияи магистратура ва ихтисоси он;
-дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва замимаи он;
-тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои дохилшавӣ ба магистратура;
-дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пешрафти корҳои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, малакаи кор дар компютер, нусхаи мақолаҳои илмӣ ва ғайра.
Дар соли хониши 2016-2017 дар магистратура аз рӯи 8 ихтисос 163 нафар бо таълим фаро гирифта шуданд. Маълумоти мухтасар оиди теъдоди магистрантон ва тағйирёбии он дар ҷадвалҳои поён оварда мешавад.
Магистрони илм 2015-2017, ихтисоси “Иқтисодёти ҷаҳон” ва “Молия ва қарз”, аз чап ба рост Орипова Нилуфар, Тӯхтабаева Азизахон, мудири шӯъбаи Магистратура н.и.и. Алиҷонов Ҷамшед, Зикрёхоҷаева Шаҳноза, Сабзаев Зафар
Барои маълумоти иловагӣ: https://iet.tj/tj/shubai-magistratura/