ИХТИСОСҲОИ ФАКУЛТЕТИ ТИҶОРАТ, ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ ВА ҲУҚУҚ

Дар асоси иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ АУ № 0001160 аз 8-уми ноябри соли 2012 ба факултет ихтисосҳои зерин вобаста карда шудаанд:

  • 26010101- идораи мақомоти маҳаллӣ;
  • 26020200 – менеҷмент;
  • 25011004 – тиҷорат дар бозори берунӣ;
  • 26020309 – маркетинг дар бозори байналмилалии молу хадамот;
  • 25010900 – молшиносӣ ва муоинаи мол;
  • 96010100 – хадамоти гумрукӣ;
  • 24010300 – ҳуқуқи иқтисодӣ;
  • 24010104 – ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ;
  • 27010116 – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот(саноати сабук) фаъолияташро ба роҳ мондааст.

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва сохтори таркибии он факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ тайёр намудани мутахассисон дар асоси ҳаматарафа омӯзонидани:

    • донишҳои касбии иқтисодиву ҳуқуқӣ;
    • сатҳи баланди муошират дар фаъолияти меҳнатӣ;
    • технологияҳои инноватсионии муосир;
    • на кам аз 3-4 забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ИХТИСОСҲОИ ФАКУЛТЕТИ ТИҶОРАТ,ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ ВА ҲУҚУҚ

Ихтисоси 1-24.01.03.02– Танзими ҳуқуқии молия ва қарз
Хатмкунандагон аз рўи тахассуси «Танзими ҳуқуқии молия ва қарз» ба сифати ҳуқуқшинос дар бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ, шўъбаҳои иқтисодӣ ва молияи корхонаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ (суд, прокуратура, адвокатура, идораҳои нотариалӣ, шуъбаҳои корҳои дохила), юститсия, дар шуъбаҳои ҳуқуқии корхонаву муассисаҳо ва мақомоти дигари давлатӣ фаъолият бурда метавонанд.

Ихтисоси 1-24.01.03– Ҳуқуқи иқтисодӣ
Хатмкунандагон аз рўи тахассуси «Ҳуқуқи иқтисодӣ» ба сифати ҳуқуқшинос дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти судӣ, маслиҳатгоҳи ҳуқуқӣ, дар нотариус, адвокатура, мақомоту шуъбаҳои САҲШ, ба сифати ҳуқуқшинос дар мақомоту идораҳои давлатӣ, шуъбаҳои коргузорӣ ва ҳуқуқии корхонаву муассисаҳо фаъолият бурда метавонанд.

Ихтисоси 1-24.01.01.04– Ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ
Хатмкунандагон аз рўи тахассуси «Ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ» ба сифати ҳуқуқшинос дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти судӣ, маслиҳатгоҳи ҳуқуқӣ, дар нотариус, адвокатура, мақомоту шуъбаҳои САҲШ, ба сифати ҳуқуқшинос дар ташкилотҳои байналхалқӣ, мақомоту шуъбаҳои ҳуқуқии корхонаҳо ва муассисаҳо фаъолият бурда метавонанд.

Ихтисоси 25011004 «Тиҷорат дар бозори байналхалқии молу хадамот»
Хатмкунандагон аз рўи тахассуси «Тоҷир» ба сифати роҳбар ва ташкилотчии фаъолияти тиҷоратии муассисаҳои истеҳсолию савдоии шаклҳои гуногуни моликият, мутахассиси пешбарандаи соҳаи тиҷорат, вакил оид ба фурўши молҳо, мутахассис оиди омўзиши бозори мол ва вазъи савдо, мутахассиси мақомоти маъмурӣ оид ба масъалаҳои савдо фаъолият бурда метавонанд.

Ихтисоси 260203 «Маркетинг дар бозори байналхалқии молу хадамот»
Баъд аз хатми донишгоҳ мутахассисони соҳаи маркетинг метавонанд дар вазифаҳои идоракунанда, аз ҷумла президент ва муовини президенти ширкатҳо, сардори бахши тиҷоратӣ, роҳбари хадамоти маркетингӣ, эксперти фаъолияти маркетингӣ кор кунанд, фаъолияти соҳибкориро пеш баранд.

Ихтисоси 27010116«Иқтисодиёт ва идоракунии истехсолот» (саноати сабук)
Баъд аз хатми донишкада ва соҳиб гаштани диплом оиди ин ихтисос, хатмкунандагон барои ташкилотчигӣ, ташкили истеҳсолот, нақшавӣ-иктисодӣ, лоиҳакашӣ-инвеститсионӣ, ҳавасмандкунӣ, баҳисобгирии назорат, илмӣ-тадқиқотӣ ва фаъолияти педагогӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо тайёр мешаванд.

Ихтисоси 1-250109 -Молшиносӣ ва муоинаи молҳо
Хатмкунандагон аз рӯи тахассуси “Молшиносӣ ва муоинаи молҳо” ба сифати молшинос дар ширкатҳои тиҷоратӣ, молшинос дар анбору мағозаҳои соҳаи савдо, мутахассиси ҷамъиятҳои матлубот ва марказҳои савдо, эксперти лабараториҳои таҳқиқотӣ, мутахассиси мақомоти гумрук, инспектор оид ба сифати мол ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон ва ғайраҳо фаъолият бурда метавонанд.

Ихтисоси 1-27010116 – “Иқтисодиёт ва идоракунии истехсолот(саноати сабук)
Хатмкунандагон аз рӯи тахассуси “Иқтисодиёт ва идоракунии истехсолот” (саноати сабук) ба сифати мутахассис оид ба корҳои ташкилӣ, мутахассиси шуъбаи ташкили истеҳсолот, мутахассиси шуъбаи нақшавӣ-иктисодӣ, мутахассиси шуъбаи лоиҳакашӣ-инвеститсионӣ дар корхонаҳои истеҳсолии саноати сабук ва дигар корхонаи тиҷорати фаъолият бурда метавонанд.

Ихтисоси 1-960101 – “Таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ”
Хатмкунандагон аз рӯи тахассуси “Хадамоти гумрукӣ ба сифати декларант, барасмиятдарор, нозири мақомоти гумрук, менеҷер оид ба фаъолияти гумрукӣ, мутахассиси фаъолияти бурунмарзӣ, боркашони гумрукӣ ва ғайра фаъолият бурда метавонанд.