РУШДИ УСТОВОРИ МАМЛАКАТ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Мусаллам аст, ки санаи 10 июни соли равон дар ҷаласаи Шўрои миллии рушд масъалаи ҷараёни татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор ва муайян намудани афзалиятҳои минбаъдаи рушди кишвар бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои миллии рушд баргузор гардид.
Дар робита ба суханронии пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, бояд қайд кард, ки дар давоми ҳашт соли татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти тақвияти низоми идоракунии давлатӣ, рушди неруи инсонӣ, таъмини сифати рушди иқтисоди миллӣ ва суботи молиявӣ як қатор ислоҳоти зарурӣ гузаронида шуда, он бомаром идома дорад.
Тоҷикистон кишвари дорои рушди устувор ва рақобатпазир буда, аҳолии он аз сатҳу сифати арзандаи зиндагӣ бо имкониятҳои баробар барои татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиромгузорӣ ба шаъну шарафи инсон баҳра мебаранд.
Таърих гувоҳ аст, ки нигаҳдории ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, амалӣ намудани принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва самаранокии иқтисодӣ, беҳсозии некўаҳволии мардум бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст.
Рисолат ва моҳияти пешрафти минбаъдаи мамлакат – ин бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аз лиҳози иқтисодию сиёсӣ босубот мебошад. Дар давоми 30-соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуд. Ин муваффақиятҳо аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равшану возеҳ буда, асосан, ба туфайли иродаи қавии сиёсии роҳбарияти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерўи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Саъю кўшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳар як мақсади гузошташуда беназир аст. Масалан, барои расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ лоиҳаҳои хурду калони инвеститсионӣ амалӣ шуда истодаанд. Махсусан, шумораи нерўгоҳҳои барқии обии хурд зиёд гардида, барои бо нерўи барқ таъмин намудани аҳолии маҳалҳо хизмат мерасонанд. Сохтмони НБО-и «Роғун», ки мувофиқи лоиҳа нерўгоҳи калон ба ҳисоб меравад, босуръат давом ёфта истодааст. Инчунин, барои таъмини пурраи озуқаворӣ дар соҳаи кишоварзӣ ислоҳоти иқтисодӣ гузаронида шуда истодааст. Дар тамоми ҷаҳон исбот шудааст, ки моликияти коллективӣ ба замин ғайрифоиданок мебошад. Бинобар ин, ба шахсони алоҳида додани замин боиси соҳиби аслӣ гардидани он мешавад. Мувофиқи дастуру супориши Сарвари мамлакат аз заминҳои обӣ бояд дар як сол то се маротиба ҳосил гирифта шавад. Кушодани заминҳои нав, кишти такрорӣ, тағйирдиҳии шакли моликият, таъминкунӣ бо тухмиҳои баландсифат ин ҳама чораҳое мебошанд, ки ба истифодаи оқилонаи замин нигаронида шудаанд.
Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 120 кишвари дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро барқарор намудааст. Дар ин давра якчанд корҳои зиёд барои ҳамгироии кишвар бо созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ аз қабили Иттиҳоди кишварҳои мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсия (ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС), Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Бонки ҷаҳонӣ, Бунёди байналмилалии Асъор, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохтор ва дигарҳо ба анҷом расонида шуд.
Яке аз марҳилаҳои муосир баҳри пешбурди иқтисодиёт ин иқтисоди рақамӣ мебошад, ки Тоҷикистон низ ба ин марҳилаҳо фарогир шуда истодааст. Дар шароити имрўза Тоҷикистон рушди иқтисодиёти рақамиро бо татбиқи технологияҳои ахборӣ идора намуда, роҳҳои таъмини бехатарии онро низ коркард намудааст. Иқтисоди рақамӣ бо сабаби қобилияти ҷамъоварӣ, истифода ва таҳлили миқдори зиёди иттилоотии аз тарафи компютер дастрасшаванда, яъне маълумоти рақамӣ бо суръати бениҳоят баланд идома дорад.
Ҷомеаи меҳнатӣ ва кулли устодони донишкада ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва вазифаҳои муҳиму арзишмандро, ки Ҳукумати мамлакат пешбинӣ менамояд, ба хотири беш аз пеш беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ояндасози меҳан, таъмини пешрафти илм, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи илму истеҳсолот, вусъати тафаккури илмию иттилоотӣ, баланд бардоштани савияи илмии ҷавонони соҳибмаърифат тадбирҳои судманд андешида, барои шукуфоӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми назаррас мегузоранд ва ҷашни муқаддаси 35 – солагии Истиқлоли давлатиамонро бо руҳияи созанда пешвоз мегиранд.

Р. АНВАРӢ,
ассисенти кафедраи молия ва қарзи
ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *