Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат

Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар Донишкада мунтазам амал карда, доир ба фаъолияти худ ҷаласаҳо баргузор мекунад. Вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатро н.и.и. дотсент Маҷидов Абдунасим ба уҳда дорад. Ба аъзогии Шўрои собиқадорони Донишкада устодони пуртаҷрибаи донишкада, собиқадорони меҳнат шомил ҳастанд. Аз ҷониби Шўрои собиқадорон чандин маротиба бо донишҷўён вохўриҳо ташкил карда шуданд. Дар ин вохўриҳо собиқадорони донишкада Қоситов О., Ҳодибоев А., Усмонов И., Мирбобоев М., Умаров З., Авазматов Н. оид ба таҷрибаи омўзгории худ, моҳияти Иҷлосияи тақдирсоз, расидан ба қадри сулҳу осоиштагӣ, дониш омўхтан бо донишҷўён суҳбатҳо гузарониданд. Иштирокчиёни ҷанги Афғонистон профессор Ғозибеков С.А., Ҷўраев Ҷ. ва барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон Хонкелдиев М., Шамсиддинов А. ба донишҷўён оид ба қадри оромию осудагӣ расидан, ватандўсту хештаншинос будан, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, илм омўхтан маслиҳату суҳбатҳои муфид баргузор менамоянд. Ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнат фаъолияти худро бо кумитаи иттифоқи касабаи донишкада амалӣ намуда, ба аёдати устодону кормандони куҳансол ва нафақахўр рафта, ба онҳо ёрии моддӣ мерасонанд. Ба муностибати фаъолияти пурсамари меҳнатии собиқадорон мунтазам конфронсҳои илмӣ-амалии донишкада баргузор мегарданд, ки дар он аз таҷрибаи илмӣ, методӣ ва таълимии устодони собиқадор ба донишҷўён маълумот дода мешавад.

Роҳбарияти ДИС ДДТТ барои дастгирии моддии собиқадорон, барқарор намудани саломатии онҳо ҳар сол ба осоишгоҳҳои вилояти Суғд роҳхат ҷудо мекунад.