Мудири шуъбаи илм ва инноватсия
БОБОҶОНОВА Муаттар Муротҷоновна номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент |
аз моҳи январи соли 2025 дар вазифаи мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” кор мекунад.
*Соли таваллуд: 16 январи соли 1983 *Ҷои таваллуд: шаҳри Хуҷанд
*Миллат: тоҷик *Таҳсилот: олӣ
Соли 2007 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро хатм кардааст.
*Ихтисос: системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди ахбор ва идоракунӣ
*Унвони илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ
*Кадом забонҳои медонад: русӣ, англисӣ (бо луғат)
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст е не: не
*Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 3 фарзанд
*Суроға: н. Б.Ғафуров, ҷ. Ғозиён, кӯчаи О.Неъмат, хонаи 2
*Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2009-2021 | Корманди офиси бакайдгирандаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” |
Аз 01.10.2021 то 29.10.2021 | Ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” |
Солҳои 2021-2025 | Н.и.и., муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” |
Аз 25 январи соли 2025 то ба ҳол | Мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” |
Шуъбаи илм ва инноватсия 1.09.2010 таҳти фармоиши 03/53 ҳамчун сектори илмӣ-тадқиқотӣ таъсис ёфта, солҳои 2010-2020 ҳамчун шуъбаи илм, аспирантура ва докторантура ва аз соли 2021 ҳамчун шуъбаи илм ва инноватсия амал мекунад.
Ҳадафи асосии шуъба дастгирӣ ва мусоидат намудан ба рушди иқтидори илмӣ-тадқиқотӣ ва инноватсионии донишкада мебошад.
Шуъба аз рӯи самтҳои зерин фаъолияташро ба роҳ мондааст:
– муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омўзгорон, докторантҳо аз рўи ихтисос (аспирантон), докторантҳо, магистрҳо, унвонҷўён ва донишҷўёни ДИС ДДТТ;
– ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
– ташкили табъу нашри маҷмўаҳои мақолаҳо ва асарҳои илмии ҳайати профессорону омўзгорон ва таълимгирандагони ДИС ДДТТ;
– ташкили корҳои иктишофӣ, патентӣ, литсензионӣ ва иттилоотӣ-маълумотӣ;
– ташкил ва назорати фаъолияти парки технологӣ, озмоишгоҳҳо бо мақсади дар амал татбиқ кардани корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон ва донишҷӯён;
– гузаронидани озмунҳои “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Навовари беҳтарин”, “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ”, “Мақолаи беҳтарин”, “Бизнес-лоиҳаҳои беҳтарин” ва ғайраҳо;
– ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷроиши қарорҳои Шўрои олимони ДИС ДДТТ ва факултетҳо;
– татбиқи нақша-чорабиниҳои марбут ба консепсияҳо, барномаҳо, ва стратегияҳои давлатӣ, иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикматлубот оид ба масъалаҳои марбут ба корҳои илмӣ дар макотиби олӣ.