ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА РОҲНАМОИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илму маориф, амнияту суботи сиёсӣ ва сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳуриро муайян намуда, барои фаъолияти минбаъдаи ниҳодҳои илмӣ роҳнамо ва барномаи амалӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин санади муҳим ба масъалаҳои иқтисодиёт, маориф, фарҳанг, занон, ҷавонон, рушди илм, татбиқи инноватсия, тақвияти иқтидори кадрӣ ва истифодаи самараноки дастовардҳои илмӣ дар иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси ду маркази бузург- Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро пешниҳод намуда, барои омода намудани консепсияи ин ду маркази муҳим ба масъулин ва олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Пешвои миллат зикр намуданд, ки масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар замони муосир ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати экологӣ ва рушди устувор аҳамияти хосса дошта, бо назардошти тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои обӣ ва таъсири он ба амнияти иҷтимоию иқтисодӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва чораҳои таъхирнопазир талаб менамояд. Аҳамият ва зарурати ин масъаларо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дарк намуда, пешниҳод намуданд, ки Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо” ба Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад. Пешвои миллат зикр намуданд, ки 12 декабри соли равон ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва криосфера аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ ёфта, дар доираи ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун иқдоми муҳим ва саривақтӣ барои ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти обӣ пазируфта шуд. Маҳз ин ташаббус мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсаф дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва криосфера боз ҳам таҳким бахшида, саҳми назарраси ҷумҳуриро дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷаҳонӣ барои коҳиши пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои обӣ ва таъмини рушди устувор собит менамояд.
Дар Паёми хеш Пешвои миллат ба соҳаи илму маориф диққати аввалиндараҷа доданд. Дар баромади худ таъкид намуданд, ки “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”. Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намуданд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. Зеро ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Пешвои миллат дар ҳуҷҷати раҳнамунсоз бо эҳтироми хос ва самимияти бепоён дар бораи нақш ва мақоми занон дар ҷомеа сухан ронда, таъкид доштанд, ки нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Ба ин маънӣ, имрӯз зани тоҷик натанҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаи бунёдгари давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократист. Ҷомеаи имрӯзаи на танҳо Тоҷикистон, балки кулли сайёраро бе зан тасаввур намудан имконнопазир мебошад, зеро бонувон дар тамоми соҳаҳо – илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ саҳмгузор ҳастанд ва аз замонҳои қадим сар карда, то имрӯз баробари мардон дар рушду нумӯи ҳаёти аҳли башар нақши дастони зан – модар дида мешавад. Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Пешвои миллат бо боварӣ ва эътимод ба занон изҳор доштанд, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар саъю кӯшиш намуда, қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллиро риоя намоянд. Ҳамчунин зикр гардид, ки занон дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа бояд қарор гиранд.
Пешвои миллат дар баромади хеш ҷавононро ба таҳаммулпазирӣ, дӯст доштани Ватан, ҳурмати падару модар, ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ доштан даъват намуданд, ки қобили дастгирӣ аст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба дастгирии ҷавонон чандин барномаву тадбирҳои зарурӣ рӯи кор омадаанд. Дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки “ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд. Ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем. Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд”.
Дар маҷмуъ Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамо ва дастури муҳими рушди мамлакат буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, афзалияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро муайян менамояд ва барои таъмини ояндаи устувор ва дурахшони Тоҷикистон роҳ нишон медиҳад. Мо ҳама якҷову ҳадафмандона ин дастури сарнавиштсозро сармашқи кори худ қарор дода, бояд бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем. Бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст, роҳ диҳем.

АҲРОРӢ ГУЛЧЕҲРАХОН ,
н.и.ф.,дотсент, муовини директор
оид ба тарбия ва рушди ҷавонони
ДИС ДДТТдар ш.Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *