Лоихаҳо

Донишкада дар солҳои 2010-2016 дар доираи ERASMUS MUNDUS TARGET I ва TARGET II, ТEMPUS лоиҳаи FLEPP шомил шудааст. Аз ҷумла дар солҳои охир 20 нафар омӯзгорон ва 40 донишҷӯён аз имкониятҳои мавҷуд буда, истифода бурда, дар донишгоҳҳои хориҷӣ кишвар буданд. Инчунин, аз хориҷи кишвар дар донишкадаи мо дар давраҳои муайян омӯзгорон Шерон Сетон, Ванесса Беари, Теренс Дрю, Марсел Минутуло, Ребекка Виллер аз ИМА, бо мӯҳлатҳои аз 1 то 3 сол, аз Ҷумҳурии халқии Хитой, Чин Ян Сяоюӣ ба донишҷӯёни гуруҳҳои англисӣ аз фанҳои иқтисодӣ ва забонҳои хориҷи дарс гуфтаанд. Инчунин, зиёда аз 30 нафар олимон аз хориҷи кишвар дар конфронсҳои байналмилалии аз тарафи донишкада ташкил карда шуда, бо маърӯзаҳои пурмазмун иштирок карданд.

Инчунин Донишкада дар барномаи грантии Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳтар кардани шарту шароити донишкада ва тайёр намудани касбҳои коргарӣ, кор карда истодааст.

Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ хонума Патрисиа Риверс Картер ва намояндаи Бонки рушди Осиё ҷаноби Чин Чанг Си Си Ю ба донишҷӯёни мо дар масъалаҳои иқтисодӣ лексияҳо хонда, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Донишкада дар ҳаракати умумиҷаҳонии донишҷӯён дар соҳибкории озод ИНАКТУС панҷ маротиба чемпионӣ Ҷумҳурӣ гашта, соҳиби роҳхат ба мусобиқаҳои байналмилалӣ гашта, дар Куала-Лумпур – Малайзия, Канкун – Мексик, Ню-Йорк – ИМА, Пекин – Хитой ва Торонто – Канада байрақи Ҷумҳурии Тоҷиқистонро баланд бардошта, соҳиби медалҳо гаштаанд.

Фиристодани донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар кормандон ба хориҷи кишвар бо мақсади таҷрибаомӯзӣ, сафарҳои илмӣ, коромӯзӣ ва такмили ихтисос