Аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ дар ДИС ДДТТ

На изображении может находиться: 3 человекаСанаи 11.12.2020 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ чорабинии онлайн-мусоҳиба, ки марҳилаи ниҳоии баҳодиҳии омодабошии ду ихтисоси донишкада “Иқтисодиёти ҷаҳон” ва “Молия ва қарз дар фаолияти иқтисодии брунмарзӣ” ба аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ буд, ба анҷом расид. Дар рафти онлайн-мусоҳиба коршиносони оҷонсии байналмилалии аккредитатсионӣ AQAS (ш.Кёлн, Олмон) доктор Карл Волмут ва доктор Андреас Кнор, бо намояндагони маъмурият, омӯзгорон, донишҷӯён ва хатмкардагони ихтисосҳои аккредитатсияшаванда суҳбат намуда, ба сатҳи омода будани ихтисосҳо ба аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ баҳои баланд доданд!
Боиси қайд аст, ки ҷараёни омодасозии ихтисосҳои номбурда ба аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи ДИС ДДТТ “Самтҳои стратегии баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рақобатпазирии МТОК” ба роҳ монда шуда, дар амалисозии ин ҳадаф, тӯли соли сипаришуда гуруҳи кории лоиҳа, шарикони дохиливу хориҷӣ, профессорону омӯзгорон, донишҷӯёну хатмкардагони Донишкада сидқан заҳмат кашиданд! Маҳз фаъолияти дастаҷамона ва сарсупурдаи онҳо буд, ки чунин як чорабинии бесобиқа бомуваффақият баргузор карда шуда, омодагии ихтисосҳои ҳадафнок ба аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ мавриди баррасии дафтари оҷонсии аккредитатсионӣ гардид.На изображении может находиться: 5 человек, люди сидят и в помещении
Бисёр аз дастовардҳои мо – ДИС ДДТТ хурсандем! Вақти дароз барои ҷамъбасти баҳодиҳии омодагии ихтисосҳои Иқтисодиёти ҷаҳон, Молия ва қарз барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмиллалӣ сарф карда шуд. Корҳои зиёд, кори сарҷамъонаи коллективи донишкада, рӯзҳои дароз, шабҳои корӣ барои ноил гаштан ба ин натиҷаи бисёр хуб! Бо истифода аз маврид, ба кулли саҳмгузорони чорабинии мазкур арзи сипос менамоем, аз ҷумла ба директори ДИС ДДТТ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, ҷонишини директор оид ба робитаҳои байналмиллалӣ Аминов Иномҷон, ҷонишини директор оид ба илм Мирпочоев Далерҷон, ҷонишини директор оид ба тарбия Ҷонназарова Дилшода, Салимов Икромҷон, Шӯҳрат Қобилов, Шӯҳрат Машокиров, Ситора Бахронова, ҳайати кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон – мудири кафедра Муҳидинова Шоира, Атоходжаева Манижа, Комарова Анастасия, Азизова Шоира, Калонова Азиза, Исмоилова Мутоиба, Абдураҳмонова Муқаддам, донишҷӯёни мо Мамаҷонов Хусрав, Очилов Маъруф, Ачилова Рухшона, Ҷобиров Алишер, Фирӯз Охунов, Тоҷибоев Фирӯз.

На изображении может находиться: 2 человека

На изображении может находиться: 4 человека, очки для зренияНа изображении может находиться: 5 человек, люди сидят и в помещении

ДИС ДДТТ сипосгузор аст.

Бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон онлайн-конференсияи байналмилалии илмӣ-методии “Самтҳои стратегии баланд бардоштани рақобатпазирии мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ: таҷрибаи Аврупо ва масоили истифодаи он” ташкил ва гузаронида шуд. Конференсияи мазкур дар доираи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гардида истодааст, баргузор шуд.  Дар кори конференсия шарикони донишкада – Донишгоҳи менеҷменти Варна (Булғория), Донишгоҳи Миколас Ромерис (Литва), Донишгоҳи иқтисодиёт, ҳуқуқ ва кооператсияи Белгород (Федератсияи Русия), Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург (Федератсияи Русия), Агентии таъмини сифат ва аккредитатсияи AQAS (Олмон) ширкат варзиданд. Мақсади баргузор намудани конференсияи байналмилалии илмӣ-методии мазкур ин омӯзиши муаммоҳо ва коркарди тавсияву пешниҳодот оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рақобатпазирии мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ бо назардошти принсипҳои раванди таҳсили Болонӣ мебошад. Ба кори конференсия директори ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Олимӣ Рауф Латифзода ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки натиҷаҳои конфронс барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ДИС ДДТТ ва омӯзиши таҷрибаи аврупоии ташкил ва амалигардонии раванди таълим тибқи принсипҳои Болонӣ такони бузург хоҳад дод. Дар рафти конференсия масоили мубрами ташкили раванди таълим, гузаронидани аккредитатсияи байналмилалӣ ва таъсири он ба сифати таҳсилот, байналмилалӣ гардонидани раванди таълим, муқаррар намудани натиҷаҳои таҳсилоти фанҳои таълимӣ ва роҳҳои баҳогузории сатҳи донишандӯзии донишҷӯён, ташкил ва ҷорӣ намудани раванди таҳсилот вобаста ба салоҳият ва натиҷаҳои таҳсилот муҳокима шуда, роҳҳои ҳалли он ва таҷрибаҳои донишкадаву донишгоҳҳои шарик таҳлилу таҳқиқ шуданд. Умуман, дар қисмати пленарии конференсия баромади координатори Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” –и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Афғонов С., ректори Донишгоҳи менеҷменти Варна, мудири кафедраи низоми иттилоотӣ ва технологияҳои Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург дотсент Коршунов И.Л. ва дигар устодону олимони донишкадаҳову донишгоҳҳои шарики ДИС ДДТТ бо маърӯзаҳои худ баромад карданд.

 

РАЗОЛАТ БЕМОРИИ ХОСИ ОДАМОНИ НОЧИЗ АСТ

Иқрор мешавам, ки дер боз чунин филми ҳуҷҷатиро, ки дар он солҳои фоҷеабор ватани манро ба ҷанги бародаркӯше, ки наздики панҷ сол идома ёфт ва боиси марги беш аз 150 ҳазор бародарону хоҳарон гардид, надидаам.

Вусъат додани робитаҳои ҳамкорӣ байни ду донишгоҳҳо

Дар доираи лоиҳаи Самтҳои стратегии баландбардории сифати таҳсилот ва рақобатпазирии МТОК, чорабинии “Баҳодиҳӣ ба сатҳи омодагии ихтисосҳои таҳсилаш бо забони англиси ба аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ” пешбинӣ карда шудааст. Барои ба даст овардани мақсадҳои ин қисмати лоиҳа, зарурияти ташрифи шарики хориҷӣ ташкилоти ғайритиҷоратии мустақил Агентии таъмини сифат тавассути аккредитатсияи барномаҳои омӯзишӣ AQAS ш. Кёлн, Олмон аз тарафи намояндагони ДИС ДДТТ пеш омад.
Бо ин мақсад санаҳои 10-13-уми феврали соли 2019 барои таъмини иҷроиши чорабинии асосии қисмати 3-и лоиҳа гузаронидани чорабинии омодагии ихтисосҳои таҳсил бо забони англисӣ ба аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мухторов С. ба дафтари AQAS ба ш.Кёлни Олмон сафари хизматӣ дошт.
Рӯзи аввал бо AQAS ва кормандони он шинос шуда, барномаи сафари хизматӣ баррасӣ карда шуд. Аз тарафи кормандони AQAS Ронни Хейнтсе ва Патрик Хейнсер презентатсия оид ба пешкаш кардани кӯмаки техникӣ барои гузаронидани чорабинии омодагии ихтисосҳои таҳсил бо забони англисӣ ба аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ омода шуд.
Мухторов С. мақсадҳо ва натиҷаҳои интизории ДИС ДДТТ ба Ронни Хейнтсе ва Патрик Хейнсер дар доираи лоиҳаи мазкур, аз он ҷумла барои Баҳодиҳӣ ба сатҳи омодагии ихтисосҳои таҳсилашон бо забони англисӣ ба аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ дида баромада шуд.
Санаи 11.02.2020 намояндагони AQAS фарқи тартиби гузариши аккредитатсияи байналмилалии барномави бо Баҳодиҳӣ-ро гуфта гузаштанд.
Шарти тартиби омодасозии Ҳисоботи удбаҳодиҳӣ (SER) аз рӯи стандартҳо ва талаботҳои AQAS шинос шуда, дастури омодасозии Ҳисоботи худбаҳодиҳӣ пешниҳод карда шуд. Дар якҷоягӣ бо Ронни Хейнтсе ва Патрик Хейнсер 7 стандартҳои AQAS дида баромада шуда, ба саволҳои мавҷуд буда, ҷавобҳо дода шуданд. Тартиботи интихоби аъзоёни экспертӣ фаҳмонида шуд. Оид ба ташикили ташрифи аъзоёни экспертӣ ба ДИС ДДТТ барои гузаронидани омодагии ихтисосҳои таҳсил бо забони англисӣ ба аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ, санаҳои пешниҳоди Ҳисоботи худбаҳодиҳӣ ва ташрифи экспертҳо муҳокима карда шудаанд.
Санаи 12.02.2020 ҳамроҳи сардори агентии AQAS хонума Дорис Херман вохӯри шуда гузашт ва оид ба ҳамкории ДИС ДДТТ ба агентии AQAS ва дар ояндаи наздик барои аккредитатсияи барномавӣ гузаронидани ихтсосҳои Иқтисодиёти чаҳон ва Молия ва қарз муҳокима карда шуд.
Санаи 13.02.2020 бо мақсади омодагӣ дидан барои қабули аъзоёни экспертӣ, намонядагони AQAS вохӯрӣ бо Донишгоҳи Бонн Рейн Зиег ташкил карданд. Вохӯри дар ш. Бонн шуда гузашт. Ҳамроҳи мудири шӯъбаи таъмини сифати таҳсилот Катя Клут ва Кателин Салега оид ба мавзӯъҳои Гузаронидани баҳодиҳии дохилӣ, таъмини сифати таҳсилот ва ивази таҷрибаҳои пешқадам сӯҳбат доштем. Дар охир оид ба вусъат додани робитаҳои ҳамкорӣ байни ду донишгоҳҳо, имкониятҳои шарикӣ дар доираи лоиҳаҳо муҳокима карда шудаанд.

Семинар-тренингҳо дар доираи Лоиҳаи грантии Самтҳои баландбардории сифати таҳсилот ва рақобатпазирии МТОК аз тарафи донишгоҳҳои шарикӣ Донишгоҳи Менеҷменти Варна ва Донишгоҳи Давлатии Иқтисоди Санкт-Петербург

Дар давоми моҳи майи соли 2019 сафари омӯзишии Мирпочоев Д.А. ба Донишгоҳи молияи назди Федератсияи Русия санаҳои 28 апрел – 4 май соли 2019 буд. Санаи 29 апрел дар департаменти андоз ва танзими гумрукии Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия бо мудири департамент проф. Гончаренко Любов Ивановна ва проф. Пинская Миляуша Рашитовна вохӯрӣ баргузор шуд.

Дар ин вохӯрӣ чунин масоил, яъне таҳияи контракт бо Донишгоҳ оиди самтҳои ҳамкорӣ бо ДИС ДДТТ; муқаррар кардани ҷанбаҳои асосии гузаронидани семинар-тренинг доир ба фанҳои сиклии “Молия”, “Андоз ва андозбандӣ” ва “Қарз”; ташкили сафари хизматии устодони вобасташудаи Департамент оиди гузаронидани семинар-тренингҳо дар ДИС ДДТТ; ташкили сафари таҷрибаомӯзии намояндагони гурӯҳи кории лоиҳа аз ДИС ДДТТ дида баромада шуданд.

Санаи 30 апрели 2019 бо дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия Нурмухамедова Хуршеда Шербоевна баргузор гашт. Дар ин вохӯрӣ чунин масъалаҳо, яъне муқаррар кардани ҷанбаҳои асосии гузаронидани семинар-тренинг доир ба фанҳои сиклии “Баҳисобгирии бухгалтерӣ” ва “Аудит”; ташкили сафари хизматии дотсент Нурмухамедова Х. оиди гузаронидани семинар-тренинг дар ДИС ДДТТ; ташкили сафари таҷрибаомӯзии намояндагони гурӯҳи кории лоиҳа аз ДИС ДДТТ дида баромада шуданд.

Аз рӯи ихтисосҳои кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон аз санаи 13-18 майи соли 2019 чорабини аз тарафи экспертони Донишгоҳи Миколас Ромерис профессор Жанета Симанивичиене (кафедраи иқтисодиёт) ва PhD Инга Зилинскиене (кафедраи математика ва иннотватсия) гузаронида шуд. Экспертони хориҷа асосан бо экспертони пешбари лоиҳа барои омодасозии барномаҳои таълимии ихтисосҳои лоиҳа кор бурданд.

Семинар-тренинги Инга Зилинскиене ва Жанета Симавичиене

   Ташкили маърӯзаи проф. Жанета Симавичиене доир ба мавзӯи “Донишгоҳи Миколас Ромерис: Таҷрибаи интегратсия ба фазои таҳсилоти Аврупоӣ”. Дар ин маърӯза ҳайати устодони кафедраҳои тахассусии донишкада, намояндагони Раёсати донишкада иштирок карданд. Кор бо гурӯҳи корӣ аз шумори устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон доир ба масъалаи Асосҳои тартиб додани барномаҳои таълимӣ (силлабусҳо) аз фанҳои Иқтисодиёти ҷаҳон, Бизнеси байналмилалӣ, Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, Сайёҳии байналмилалӣ гузаронида шуд. Таҳияи интиқодии нақшаҳои таълимии ихтисоси Иқтисодиёти ҷаҳон ба гуруҳи корӣ ва ҳайати устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон бо ҳамроҳии проф. Жанета Симавичиене баргузор гардид.

Маърӯзаи профессор Жанета Симавичиене

   Ташкили маърӯзаи проф. Жанета Симавичиене доир ба мавзӯи Принсипҳои тартиб додани стандартҳои таълимӣ ва нақшаҳои таълим аз рӯи ихтисоси Иқтисодиёти ҷаҳон бо назардошти талаботҳои фазои таҳсилотии Аврупоӣ гузаронида шуд. Таҳияи интиқодии нақшаҳои таълимии ихтисоси Бизнес маъмуриятчигӣ ва Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди берунӣ ба гурӯҳи корӣ ва ҳайати устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон бо ҳамроҳии проф. Жанета Симавичиенеба ихтиёр гузошта шуд. Маърӯзаи Инга Зилиенскиене ва проф. Жанета Симавичиене доир ба мавзӯи Интегратсияи таҳсилот бо технологияҳои муосири иттилоотӣ (дар мисоли Донишгоҳи Микола Ромерис) баргузор гардид. Таҳлили интиқодии низоми баҳогузорӣ дар раванди таълим бо назардошти таҷрибаи Донишгоҳи Миколас Ромерис бо проф. Жанета Симавичиене ва Инга Зилинскиенегузаронида шуд.

Семинари Инга Зилинскиене оид ба мавзӯи Истифодаи барномаи SPSS

   Аз рӯи ихтисосҳои кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон чунин чорабиниҳо гузаронида шуд: Инга Зилинскиене ҳамроҳи Мухторов Саидқосим ду ихтисосро Технология ва низоми иттилооти дар иқтисодиёт ва Информатикаи иқтисодӣ таҳлил карда баромада, барои онҳо лоиҳаи нави нақшаи таълимиро таҳия намуданд. Дар рафти таҳлил ду ихтисосҳо наздик ҳисобида шуда, яке аз ихтисосҳоро ба ихтисоси Бизнес системаҳои информатсионӣ (Business information systems), ки ин гуна ихтисос дар донишгоҳҳои Аврупо мавҷуд ҳаст, такоммул дода шуд, тамоми фанҳои он аз нав дида баромада шуд. Ихтисоси Информатикаи иқтисодӣ аз тарафи эксперт Инга Зилинскиене ихтисос хуб дониста шуда, нақшаи таълимии он низ такоммул дода шуд. Корҳои анҷом ёфта, яъне лоиҳаи ду ихтисоси такоммул дода шуда, дар вохӯрӣ ба аъзои кафедраи Математика ва технологияҳои информатсонӣ баррасӣ шуда, вориди он фикру ақидаҳои омӯзгорон гирифта шуд. Инга Зилинскиене ба саволҳои аъзои кафедра оид ба лоиҳаи нақшаи таълимии нав ҷавоб гардониданд. Инга Зилинскиене дар дарси Технологияи информатсионӣ, ки Мухторов Саидқосим бо забони англисӣ мегузарад, иштирок карда, фикри худро оиди дарс изҳор намуд.

Ассистенти кафедраи  Иқтисодиёти ҷаҳон ДИС ДДТТ Кўчқоров И., доктори PhD Инга Зилискиене ва профессор Жанета Симавичиене (Донишгохи Миколас Ромерис)

    Ғайр аз ин экспертони Жанета Симавичиене ва Инга Зилинскиене барои гурӯҳҳои кории лоиҳа дар мавзӯъҳои Раванди таълим дар Донишгоҳи Миколас Ромерис, Тарзи баҳогузори ва санҷиши дониши донишҷӯён, Истифодаи ТИК дар раванди таълим ва бо дархости шунавандагон дар мавзӯи Истифодаи барномаи SPSS барои таҳлилҳои иқтисодӣ семинарҳо гузаронида шуданд. Ҳамаи иштирокчиёни семинар бо сертификат сазовор гаштанд.

Иштирокчиёни семинар-тренингҳо бо экспертони хориҷӣ аз Донишгоҳи Миколас Ромерис

Санаҳои 20-24 Майи соли 2014 экпертони хориҷи профессор Горбашко Елена Анатолевна, д.и.и. Василева Елена Василевна ва н.и.и. Ковалева Анна Сергеевна аз Донишгоҳи давлатии иқтисодӣ Санкт-Петербург барои гузаронидани аудит ва аттестатсияи омӯзгорони кафедраҳои дар лоиҳа иштирок дошта ба ДИС ДДТТ ташриф оварданд.

Маърӯзаи д.и.и. Горбашко Е.А. доир ба мавзӯи Обеспечение качества образования в условиях европейской и евразийской интеграции

   Ҳар се экспертони хориҷа дар дарсҳои н.и.и. Атахӯҷаева М.А., муаллимони калон Баҳодурхоҷаев О. ва Мухторов Саидқосим иштирок доштанд. Коршиносон аз сатҳи дониши донишҷӯён алалхусус аз донистани забони англисӣ қаноатманд шуданд.

Маърӯзаи д.и.и. Васильева Е.А. доир ба мавзӯи Структура учебного плана СПбГЭУ: уроки для ИЭТ ТГУК

   Дигар натиҷаҳои чорабинии Аудити берунаи кафедраҳои лоиҳа чунин чорабиниҳо гузаронида шуд: тақдими д.и.и. Горбашко Е.А. доир ба мавзӯи «Обеспечение качества образования в условиях европейской и евразийской интеграции»; ташрифи дарси устод Баҳодурхӯҷаев О. ва Мухторов С. аз тарафи экспертони хориҷӣ ва муҳокимаи он дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон; ташрифи дарси н.и.и Атахӯҷаева М.А. барои гузаронидани аудити берунаи сифати тадрис аз фанни бизнеси байналмилалӣ;   презентатсияи д.и.и. Горбашко Е.А. доир ба мавзӯи «Качество образования в СПбГЭУ»; муҳокимаи муаммоҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ДИС ДДТТ бо гурӯҳи корӣ; тақдими д.и.и. Васильева Е.А. доир ба мавзӯи «Структура учебного плана СПбГЭУ: уроки для ИЭТ ТГУК»; тақдими н.и.и. Ковалева А.С. доир ба мавзӯи «Матрица оценки ППС, административно-вспомогательного персонала (АВП), студентов, работодателей»; тақдими н.и.и. Ковалева А.С. доир ба мавзӯи «Разработка и реализация основных профессиональных образовательных программ: российский и международный опыт»;  муҳокимаи нақшаи таълим аз ихтисосҳои Иқтисодиёти ҷаҳон, Бизнес-маъмуриятчигӣ , Молия ва қарз дар ФИБ бо экспертони хориҷӣ; муҳокимаи силлабусҳо аз фанҳои Иқтисодиёти ҷаҳон, Бизнеси байналмилалӣ, Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо ҳайати устодони кафедра; муҳокимаи барномаҳои истеҳсолии таҷрибаомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои Иқтисодиёти ҷаҳон, Молия ва қарз дар ФИБ; машваратҳои инфиродии устодони фанҳои Иқтисодиёти ҷаҳон, Географияи Тоҷикистон ва асосҳои демографӣ, Бизнес банақшагирӣ, Бизнеси байналмилалӣ ва Сайёҳии байналмилалӣ.

Маърӯзаи н.и.и. Ковалева А.С. доир ба мавзӯи Матрица оценки ППС, административно-вспомогательного персонала (АВП), студентов, работодателей

   Василева Елена Василевна, ки таҷрибаи калон дар коркарди лоиҳаҳои Аврупои, аз он ҷумла Эрасмус+ дорад, ҳамроҳи Аминов Иномҷон ва Мухторов Саидқосим оид ба самтҳои ҳамкории ду донишгоҳ сӯҳбат доштанд.

Экспертони хориҷӣ Ковалева А.Н. ва Василева Е.В. бо профессорони донишкада Комарова Г.Б ва Аминов И.

   Дар сӯҳбат мавзӯъҳо ва мазмунҳои лоиҳаҳои грантӣ дида баромада ба чунин хулоса омаданд: дар доираи лоиҳаи баландбардоштани иқтидор; барои коркарди рамкаи миллии квалификатсияи ихтисоси Бизнеси байналмилалӣ; коркарди барномаи магистрии Туризми байналмилалӣ; дар доираи лоиҳаи мубодилавӣ ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯёну омӯзгорон дар ширкатҳою корхонаҳои Аврупо; дар доираи Jean Monnette лоиҳаи маъмуриятчигии барномаҳои таълимӣ.

Иштирокчиёни семинар-тренингҳо бо экспертони хориҷӣ аз Донишгоҳи Давлатии Иқтисоди Санкт-Петербург

Самтҳои стратегии баландбардории сифати таълим ва рақобатпазирии МТОК

Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ (ДИС ДДТТ) дар оғози амалигардонии лоиҳаи “Самтҳои стратегии баландбардории сифати таълим ва рақобатпазирии МТОК” дар доираи барномаи грантҳои озмунии лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мазмун ва мақсади асосии лоиҳа такомул додани сифати таълим бо роҳи мутобиқгардонии раванди таълим ба Низоми Болони ва ҷавобгў будани барномаҳои таълимӣ ба талаботҳои шароити муосири иқтисодӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, гурўҳи кории лоиҳасозии ДИС ДДТТ барои дар амал татбиқ намудани супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баландбардории сифати таҳсилоти олӣ, омода намудани мутахассисони дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобатпазир ва инчунин тезонидани равандҳои байналмилалигардонии таҳсилоти олӣ, лоиҳаи “Самтҳои стратегии баландбардории сифати таълим ва рақобатпазирии МТОК”-ро коркард намуд. Лоиҳа аз тарафи коршиносони байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ ва комиссияи аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, баҳои баланд гирифта, барои маблағгузорӣ тасдиқ шудааст.

Дар доираи лоиҳаи мазкур ДИС ДДТТ бо як қатор донишгоҳҳои хориҷи кишвар: аз ҷумла Донишгоҳи менеҷменти Варна (Булғория), Донишгоҳи Миколас Ромерис (Литва), Донишгоҳи давлатии иқтисоди Санкт-Петербург (Федератсияи Россия), Донишгоҳи молияи назди ҳукумати Федератсияи Россия, Донишгоҳи кооператсия, иқтисод ва ҳуқуқи Белгород (Федератсияи Россия) барои расонидани кўмаки техникӣ ва машварат ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.

         Айни замон моҳи чаҳоруми татбиқи лоиҳа идома дорад. То имрўз як қатор чорабиниҳо ба монанди: таъмири синфхонаҳо, ивази мизу курсиҳои нишаст барои зиёда аз 300 нафар донишҷўён ва устодон, сафари менеҷери лоиҳа Инъомҷон Аминов ба Донишгоҳи давлатии иқтисоди Санкт-Петербург ва ба имзо расидани шартнома оид ба хизматрасонии машваратӣ, сафари таълимии коршиноси пешбар Саидқосим Мухторов ба Донишгоҳи менеҷменти Варна ба анҷом расиданд.

Дар муддати ташриф коршиноси пешбар аз наздик бо донишгоҳ ва раванди таълим шинос шуд, барои ҳамаи иштирокчиёни лоиҳа муаррифӣ гузаронид, ки дар он ҳамаи вазифа ва ўҳдадориҳои донишгоҳи ҳамкорро баррасӣ намуд. Ҳамроҳи ҳамоҳансози лоиҳа ва муҳосиб аз Варна оид ба шартномаи хизматрасонӣ, масъалаҳои вобаста ба молия муҳокима карда шуданд.

Дар ДИС ДДТТ чорабинии “Аудити берунаи стандартҳои давлатӣ ва барномаҳои таълимӣ” баргузор гардид. Барои гузаронидани ин чорабинӣ ректори Донишгоҳи менеҷменти Варна, профессор Тодор Радев ва профессори Донишгоҳи Миколас Ромерис Вайва Зузевичите даъват шуданд.

Рўзи аввал дар ҳайати гурўҳи кории лоиҳа 20 нафар бо коршиносони хориҷа муаррифии лоиҳаи “Самтҳои стратегии баландбардории сифати таълим ва рақобатпазирии МТОК” аз тарафи коршиносони пешбари лоиҳа дотсент Мирпочоев Д.А. ва Мухторов С.С. гузаронида шуд.

Профессор Вайва Зузевичити дар мавзўи “Таъсисёбии фазои таҳсилоти олии Аврупо ва қонунгузориҳои он” баромад намуд. Профессор Вайва бошад дар семинар методҳои интерактивиро истифода бурда, бо гурўҳи кории лоиҳа машқҳои амалӣ гузаронид.

Ҳамчунин як қатор семинар-тренингҳо оид ба коркарди стандарҳои таълимӣ, сифати таълим, раванди гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ, байналмилалигардонии раванди таълим ва бо методҳои интерактивӣ гузаронидани дарсҳо гузаронида шуданд.

Профессорон Тодор Радев ва Вайва бо стандартҳои давлатӣ ва барномаҳои таъдилимии ихтисосҳои “Иқтисодиёти ҷаҳон”, “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти беруна”, “Бизнес-маъмуриятичигӣ”, “Технология ва низоми иттилооти дар иқтисодиёт” ва “Информатикаи иқтисодӣ” шинос шуда, ҷавобгўии онҳоро ба талаботҳои Низоми Болонӣ баҳогузорӣ карданд. Дар мисоли ихтисоси “Бизнес маъмуриятчигӣ”-и Донишгоҳи менеҷменти Варна, аз фанни “Идораи кадрӣ” тақсимоти соатҳо, намуди дарсҳо, шакли силлабус ва тарзҳои муосири гузаронидани дарсҳо мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Натиҷаи 5 рўзаи ташрифи профессори Донишгоҳи Миколас Ромериси Литва хонума Вайва Зузевичити ва ректори Донишгоҳи менечменти Варна профессор Тодор Радев бо имзо шудани шартномаи ҳамкории байнидонишкадавӣ бо Донишгоҳи менеҷменти Варна ва Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба анҷом расид.

 Нуъмон Раҷабзода