
Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар баробари зарфиятҳои мусбати технологияи муосир, ки дар ҷаҳони иттилоотӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ҳамчунин ҷанбаи манфии он низ боиси ташвиш ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Чунончи имрӯзҳо гуруҳҳои зиёди ифротие мавҷуданд, ки тавассути сомонаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба шуури инсонҳо таъсир манфи расонида одамонро ба шуриш ба майдонҳои ҷангҳои муосир ва ҷалб намудан ба гуруҳои ифротӣ талқин мекунанд. Дар гузашта ин амалҳоро агар таассури гурруҳои махсус ва равияву мазҳабҳо анҷом медоданд, ҳоло бошад, ифротиён ин амалҳоро бо истифода аз имкониятҳои васеи технологияҳои иттилоотӣ ва сомонаҳои интернетӣ,амицтараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ менамоянд, зеро тамоми маълумот дар бораи одамон дар саҳифаҳои интернетии худи онҳо дастрас мебошанд. Хуллас, бо кӯмаки интернет–манбаъҳо имрӯз маъракаҳои иттилоотӣ барои дастгирии гурӯҳҳои гуногуни терорристӣ роҳандозӣ гардида, ҷараёни амалиёти террористӣ ба нақша кашида мешавад ва иттилооти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла ҷамъоварӣ карда мешавад. Террористону экстремистон дар интернет воситаҳои пардохти электронии маблағ ва дигар системаҳоро васеъ истифода мебаранд. Воситаи асосӣ барои даъват, муроҷиат ва интиқоли навору дискҳои видеоӣ ва аудиои онҳо низ интернет мебошад. Дар маҳсулоти мазкури интернетӣ иттилоот дар бораи амали террористӣ дар шароити мухталиф, дастурамал барои таҳияи дастгоҳҳои худсохти тарканда ва шумораи зиёди видео дар бораи «қаҳрамониҳои» терррористон гунҷонида мешаванд. Терроризм ва экстремизм дар интернет падидаи динамикӣ ва бисёрҷониба мебошад. Саъю талоши давлатҳо барои мониторинг ва аз байн бурдани сайтҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ на ҳама вақт самарабахш аст. Интернет – манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилотҳои террористию экстремистӣ шакли худро тағйир медиҳанд, кӯшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз байн бурдани сайтҳои террористӣ мушкил аст, чунки онҳо провайдерҳои хориҷиро истифода мебаранд. Дар натиҷа як давлат наметавонад ба бастани сайти ғайриқонунӣ дар давлати дигар муваффақ шавад.Бо вуҷуди ин аз ҷониби Маркази умуми ҷаҳонӣ оид ба мубориза бар зидди идеологияи экстремизм дар се моҳи соли 2024 танҳо дар мессенджери “Telegram” 445 гуруҳи экстремистӣ баста шуда, беш аз 16 миллион маводҳои хусусияти экстремистидошта аз он хориҷ карда шуданд ва дар ин самт корҳо алҳол идома дорад.

Бояд қайд кард, ки дар шабакаҳои кушоди иттилоотии имрўза ба воситаи ҷанги иттилоотӣ мубаддал гаштааст, ки аз ҷониби роҳбарону аъзоён гуруҳҳои террористию экстремистӣ бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад менамоянд. Масалан, дар давоми соли равон бадхоҳони миллат, бахусус ҳаммаслакону думравони наҳзатӣ, аз ҷумла, афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, дигаре Беҳруз Тағойзода, узви фаъои “Гуруҳи 24”мебошад, дар барномаи ифротӣ бо номи “Садои мардум”баромад менамояд. Ин афроди бадхоҳ зимни баромадашон асосан нисбат ба давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар бо норозигию иғвогарии беасос тўҳмат карда, тухми кинаю адоват кошта истода, мафкураи бархе ҷавононро ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад кашидан кўшиш доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Бинобар ин, фарзандони мо бояд аз хурдсолӣ рў ба дониш оваранд ва дар бораи донишҳои ҳаётан муҳим маълумот дошта бошанд. Донишҳои аввалинро фарзанд аз модар мегирад. Мактаби нахустини инсон-мактаби модар аст. Барои ҳамин, дар навбати аввал зан – модар, умуман волидайн худаш бояд таҳсил карда бошад, то ки дар оила таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монад ва ба хотири ояндаи неки фарзанди худ, ўро аз хурдӣ дар рўҳияи ватандориву ифтихори миллӣ тарбия намояд. Вазифаи ҳамаи мо аз он иборат аст, ки ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем.
Хулоса, бар зидди ҳама гунна идеологияи зараровар на танҳо панду насиҳат, ё худ ибрози нияти нек, балки ҳатман ба воситаи идеологияи пурқудрат ва муқовиматкунанда мубориза бояд бурд. Вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлоли давлатии кишвар талош варзанд.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ