ҲОЛАТИ МУОСИРИ МАЪМУРИКУНОНИИ АНДОЗ ДАР ҲОШИЯИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи ҷараёни татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор ва муайян намудани афзалиятҳои минбаъдаи рушди кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавре дар ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, дар давоми ҳашт соли татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти тақвияти низоми идоракунии давлатӣ, рушди неруи инсонӣ, таъмини сифати рушди иқтисоди миллӣ ва суботи молиявӣ як қатор ислоҳоти зарурӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин, мукаммал гардонидани маъмурикунонии андоз, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди инноватсионии бахши воқеии иқтисодиёт ва саноатикунонии бусуръати кишвар аз ҷумлаи иқдомоти давраи зикршуда мебошанд.
Дигаргуниҳои бунёдӣ дар иқтисодиёт бидуни такмилдиҳию бозсозии мақомоти идоракунии давлатӣ, ки баҳри таъмини неъматҳои ҷамъиятии шаҳрвандон роҳандозӣ гаштааст, ғайриимкон мебошад. Айни замон иқтисодиёт наметавонад аз дигаргунсозии рақамӣ барканор монад, зеро тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон бе технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тасаввурнопазир аст. Маъмурикунонии андозро, ки ҳамчунин дар пурсозии ҳарсолаи буҷети давлатӣ саҳми босазо мегузорад, наметавон аз ин амр истисно намуд.Татбиқи ҳадафҳои сиёсати андоз дар маҷмуъ ба як қатор соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, аз қабили тиҷорат, бахши хусусӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, шуғли аҳолӣ ва рушддиҳии онҳо таъсир мерасонад.
Тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав «маъмурикунонии андоз – маҷмуи чораҳои аз ҷониби мақомоти андоз бо риояи талаботи Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалишавандае, ки ба таъмини татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои андозӣ, боҷи давлатӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет равона гардидаанд».
Таҳлилҳо собит месозанд, ки айни ҳол аз ҷониби мутахассисони КВД «Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз» 80 модули хизматрасонӣ ба андозсупорандагон таҳия ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки чунин барномаҳои компютерӣ барои пешрафти фаъолияти мақомоти андоз шароитҳои боз ҳам мусоидтар фароҳам меорад. Дар маҷмуъ мақомоти андоз номгўи хизматрасониҳои электронӣ ба андозсупорагон пешниҳод намуда истодааст, ки бартариҳои хос доранд: пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ, азназаргузаронии ҳисобварақа, тартиб додани санади муқоисавӣ, таҳияи ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо дар шакли электронӣ, пешниҳоди эъломияҳои андоз аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, азназаргузаронӣ ва гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ, азназаргузаронии нишондодҳои мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ дар шакли электронӣ, саволу ҷавоб оид ба қонунгузории андоз, ҳисобкунаки андоз, Кодекси андоз дар барномаи “android” (барои телефонҳои мобилӣ), дастрас намудани маълумотнома оиди надоштани қарзи андозҳо, дастрас намудани маълумотномаи оиди дар қайди мақомоти андоз дар низоми содакардашуда фаъолият доштан, онлайн номнавис (сабт) намудани қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар Кумитаи андоз, пешниҳоди машварат дар низоми вақти мустақим (онлайн), пешниҳоди маълумоти фаврӣ оид ба РМА ва РСБ, кол-сентр, почтаи электронӣ ва ғайра.
Тамоюли зеринро ҷамъбаст намуда, ба чунин хулоса омадан мувофиқи мақсад аст, ки муҳимияти таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар доимо дар мадди назари Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

БОБОЕВ Ф.М.,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *