Китобхонаи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ воқеан, яке аз ганҷинаҳои дониш ва хирад, хазинаи бебаҳои шаҳру вилоятамон буда, ба шуъбаи илм ва инноватсияи донишкада маҳсуб меёбад. Дар хазинаи китобхонаи донишкада 90787 адад китоб мавҷуд аст, аз ҷумла китобҳои тахассусӣ, илмӣ – методӣ, дастурҳои методӣ 77247, китобҳои бадеӣ 13540 ададро ташкил медиҳанд.
Барои устодону донишҷӯён толори хониш ва шуъбаи муштарӣ амал мекунад. Донишҷӯён мувофиқи талабот бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд.
Кори китобхона намунавӣ ба роҳ монда шуда, кормандон мувофиқи талабот фаъолият мебаранд. Имрӯз аҳли кормандони китобхона тамоми қувваи худро баҳри он сарф мекунанд, ки хонандагони сершумор бо ҳисси баланду шавқу завқ, бо муҳаббат ва самимият ба китоб рӯ оваранд ва сатҳи донишу маънавиёташонро боз ҳам баланд бардоранд.
Бо дастгирии раёсати донишкада ҳар сол ба китобхона китобҳои илмӣ, таълимӣ, дастурҳои методӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни ватанию хориҷӣ зиёда аз 42 номгӯ харидорӣ мешаванд. Сол аз сол хазинаи китобхонаи донишкада бо адабиёти пурарзиши илмию таълимӣ, ки дарбаргирандаи илмҳои гуногуни соҳаҳои иқтисоду тиҷорат мебошад, пурра гардида истодааст.
Ҳар сол давоми соли хониш донишҷӯён ва устодоне, ки ба китобхонӣ моил мегарданд, соҳиби дафтарчаи хонанда мешаванд.
Соли хониши 2020-2021 ҳамагӣ теъдоди аъзоёни китобхона 1700 ададро ташкил медиҳад.
Дар китобхонаи муқаррарии ДИСДДТТ 1 толор ва 3 – ҳуҷраи хазинавӣ мавҷуд аст.
Дар ҳайати ин махзани дониш мудир Усмонова М.М ду китобдори дараҷаи 1 Мирзоева Лю, Юнусова Ф., китобдорони дараҷаи 2 Арабова Р., Қаюмова М фаъолият мебаранд.
Дар китобхона китобҳое, ки нашрашон бо забони тоҷикӣ аст, гардиши бисёр доранд ва барои талаботи донишҷӯёну устодонро қонеъ гардонидан маъмурияти Донишкада тасмим гирифтааст, ки чунин китобҳоро ҳарчи зудтар дастрас намоянд.
Дар китобхонаи донишкада оид ба тарбияи донишҷӯён як қатор чорабиниҳои илмӣ, адабӣ ва ватандӯстӣ гузаронида мешаванд.
Ҳамасола моҳи сентябр дар китобхона бахшида ба Рӯзи китоб чорабинҳо гузаронида мешаванд. Имсол таҳти унвони “Китоб-ҳастии миллат” чорабинӣ гузаронида шуд, ки дар он кормандони китобхона ва устодону донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ баромад карданд.
Ҷамомад ва конфронсҳое, ки дар китобхона гузаронида мешаванд бо иштироки муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Д.Мирпочоев, мудири шуъбаи илм ва инноватсия Ф.Камолов, кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва дигарон баргузор мегарданд.
Барои баланд бардоштани завқи китобхонии донишҷӯён ва омода намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва “Илм фурӯғи маърифат” бо дастгирии раёсати донишкада китобҳои тозанашри бадеӣ харидорӣ шуда истодаанд.
Дар толори китобхона 114 ҷои нишаст дар ду биноӣ таълимӣ мавҷуд аст, донишкада барои истифодаи китобҳои дарсӣ, илмӣ, бадеӣ шароити хуб ва мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар толори китобхона гӯшае барои “Асарҳои Пешвои миллат”, “ Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, “5500- солагии Саразми бостонӣ”, ва гӯшаи дастовардҳои илмии донишкада тартиб дода шудаанд.
Ҳайати кормандон
Мудири китобхона: Усмонова Мухбира Мунировна
№ | Ному насаб | Вазифа |
1 | Қаюмова Мавзуна Лакимовна | китобдори категорияи 1 |
2 | Арабова Райхона Ғайратҷоновна | китобдори категорияи 1 |
3 | Ғафорова Мӯниса Самеевна | китобдори категорияи 2 |
4 | Мирзоева Латофат Абдуҳамидовна | китобдори категорияи 2 |
5 | Қосимов Амонҷон Илҳомҷонович | китобдори категорияи 1 китобхонаи электронӣ |
6 | Самадов Абдусамад Абдусамиевич | китобдори категорияи 2 китобхонаи электронӣ |