Факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ ҳамчун ҷузъи таркибии ДИС ДДТТ фаъолияти худро аз 01 сентябри соли 2010 оғоз намуд. Мувофиқи фармони раёсати ДДТТ ба вазифаи декани факултет н.и.и., дотсент Алиҷонов Ҷ.А., ба вазифаи ҷонишини декан оид ба таълим ва назорати сифати таҳсилот муаллими калон Қаюмов А.А., ҷонишини декан оид ба тарбия н.и.и., муаллими калон Раҳматов Б.Б., ҷонишини декан оид ба илм н.и.ф., Ишонова Д. таъин гардида буданд. Аз моҳи октябри соли 2015 то моҳи феврали соли 2017 вазифаи сарварии факултетро н.и.и., дотсент Хоҷаева Раъно Ҳошимовна иҷро карданд.
Аз моҳи феврал вазифаи декани факултет ба зиммаи н.и.и., дотсент Баҳодуров Ҳ.И. гузошта шудааст.
Ҷонишини декан оид ба тарбия ва рушди ҷавононро Нишонзода Р. амалӣ менамояд.
Дар сохтори таркибии факултет чор кафедра амал мекунанд, ки аз онҳо ду кафедра умумидонишгоҳӣ ба ҳисоб рафта, ду кафедраи дигар тахассусӣ ба ҳисоб мераванд.
Кафедраи молия ва қарз бо роҳбарии н.и.и., дотсент Исмоилова Д.М. фаъолияти таълимӣ, таълимӣ – методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар риштаи «Молия ва қарз», «Андоз ва андозбандӣ» ва «Фаъолияти бонкӣ» равона кардааст.
Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит бо роҳбарии н.и.и., дотсент Шарипова М.Н. фаъолияти таълимӣ, таълимӣ – методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар риштаи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит» равона кардааст.
Кафедраи назарияи иқтисодӣ бо роҳбарии д.и.и. Азимов А.Ҷ. фаъолияти таълимӣ, таълимӣ – методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои иқтисодиёт, идоракунӣ, маркетинг, идоракунии кадрҳо ва ғайра равона кардааст.
Кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо роҳбарии н.и.ф., дотсент Бобоев С.С. фаъолияти таълимӣ, таълимӣ – методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро барои такомули омўзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва педагогикаю психология дар шуъбаи ғоибона равона сохтаанд.
Дар факултет дар соли хониши 2016-17 ҳамагӣ 35 гурўҳҳои академӣ дар шуъбаи рўзона ва 17 гурўҳҳои академӣ дар шуъбаи ғоибона таҳсил намуда истодаанд.
Донишҷўёни зерин дар давоми 6 соли фаъолияти факултет соҳиби идрорпулии раиси вилоят гаштанд: Самадова Р., Ўрунова Ҳ., Абдуллоева Х., Усмонова Р., Куртаметова С. Каримова Н., Ваҳҳобова Н., –ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, Фаёзова Ф.,- ихтисоси кори бонкӣ, Абдувалӣ Абдуҳабибзода, – ихтисоси андоз ва андозбандӣ, Маҷидова З., Ўлмасов Ш., Ҷўраева М.,Мирхолиқова Н., Қаюмова З., Ишанова М. Сатторова Д., Ғаниева Н., Тошов А., ихтисоси молия ва қарз.
Донишҷўён Қодирова М, ва Самадова Р. дар олимпиадаи донишҷўёни мактабҳои олӣ сазовори ҷойҳои аввал шудаанд.
Дар соли хониши 2015-16 хатмкунандагон Қаюмова Зевар Зафаровна, ихтисоси молия ва қарз, Абдуллоева Хушнуда Сатторовна, Ўрунова Ҳанифа Фарҳодҷоновна, Холиқова Рухшона Бахтиёровна, ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит ва Ҳайдарова Фарзона Икромҷоновна, ихтисоси кори бонкӣ сазовори дипломи аъло гардиданд ва тавсияномаи комиссияи аттестатсиониро оиди дар оянда давом додани таҳсилро дар магистратураро соҳиб шуданд.