Рушди ҳамкорӣ бо Донишгоҳи аграрӣ ва хоҷагии ҷангали Янлин (ҶМЧ)

ДИС ДДТТ пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодааст фаъолияти худро дар партави ҳидоятҳои оқилона ва сиёсати хирадмандонаю дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монад. Аз ин лиҳоз, дар радифи эълон карда шудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат», ДИС ДДТТ бо мақсади саҳмгузор ва тақвиятбахш будан ба ҷараёни саноатикунонии кишвари азизамон бо як қатор донишгоҳҳои шарикӣ хориҷӣ ҳамкориҳоро вусъат бахшида истодааст.

Яке аз чунин, шарикони ДИС ДДТТ ин Донишгоҳи аграрӣ ва хоҷагии ҷангали Янлин (ҶМЧ) мебошад, ки сол аз сол ҳамкории мутақобилан муфид бо донишгоҳи мазкур густариш ёфта истодааст. Аз ҷумла, санаи 29-ми майи соли равон аз 2 нафар намоянда, ҷаноби Ҷин Ли, профессори факултаи муҳандисӣ ва ҷаноби Чи Тао, Котиби ҳизби коммунистӣ дар факултаи муҳандисӣ ба ДИС ДДТТ сафар корӣ анҷом доданд.
Дар оғози сафари корӣ директори ДИС ДДТТ Ҷалилзода А.А., меҳмононро пазируфта, ҷонибҳо аз ҳамкориҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сипас меҳмонон бо ҳайъати омӯзгорону профессорони ДИС ДДТТ вохӯрӣ намуда, ҷиҳати бо дастгирии донишгоҳи шарики болозикр бунёди лабороторияи Интернет чизҳо ва лабораторияи Тиҷорати электронӣ ба мувофиқа расида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бо Донишгоҳи аграрӣ ва хоҷагии ҷангали Янлин то ба имрӯз хеле хуб ба роҳ монда шуда, лоиҳаҳои муштарак коркард карда шуда истодаанд ва то ба имрӯз аллакай наздики 20 нафар омӯзгорону ҳайъати маъмурӣ аз ҳарду ҷониб мубодилаҳои коромӯзиро анҷом додаанд. Минбаъд низ чунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд давом хоҳад ёфт.

Дарси кушод дар мавзуи “Бозори меҳнат ва хусусиятҳои он”

Санаи 23-юми май дарси кушоди лексионии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисод Абдунасим Маҷидов аз фанни макроиқтисод дар мавзуи “Бозори меҳнат ва хусусиятҳои он” барои донишҷӯёни курси 1 гурӯҳи 25010407тб ихтисоси молия ва қарз баргузор гардид.
Ҳайъати кафедраи назарияи иқтисод, намояндаи шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим ва дигарон ширкат варзида, ба дарси намунавии устод Маҷидов А. баҳои баланд доданд.

IMG_0087
IMG_0086
IMG_0090
IMG_0085
IMG_0091
previous arrow
next arrow

Дарси банақшагирии бизнес дар технопарк

Донишҷӯён аз кишварҳои гуногун ба мисли Финландия, Италия, Испания, аз дарси банақшагирии бизнес дар технопарк дидан карда, бо донишҷӯёни мо дарси муштараки амалӣ гузарониданд. Онҳо ба чор даста тақсим шуда, лоиҳаи шахсии худро эҷод карданд. Онҳо номҳои даста, фаъолиятҳо, сегментатсияи муштариён, таҳлили рақибонро муайян карданд ва барои ширкати худ логотип ва шиор эҷод карданд. Вақт чунон зуд гузашт, ки донишҷўёни хориҷӣ мехостанд, ки ин бозиро бозӣ кунанд ва дар охири дарс бимонанд, ҳамаи дастаҳо лоиҳаҳои худро муаррифӣ карданд ва аз натиҷа қаноатманд шуданд. Ташкили лоиҳаи даставӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳама писанд омад, дар маҷмӯъ онҳо дарси хеле пурмаҳсул ва ҷолиб гузарониданд, ки донишҷӯёни мо муддати дароз дар хотир хоҳанд дошт.

IMG_9279
IMG_9280
IMG_9281
IMG_9282
IMG_9283
IMG_9284
IMG_9285
IMG_9286
IMG_9287
IMG_9288
IMG_9289
IMG_9290
IMG_9291
IMG_9293
IMG_9295
previous arrow
next arrow

Экспресс-курси «Чӣ тавр соҳибкор шудан мумкин аст?»

Санаи 13 май Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ экспресс-курси «Чӣ тавр соҳибкор шудан мумкин аст?» дар мавзуи «Чӣ тавр тиҷорати онлайнро аз сифр эҷод кардан мумкин аст?» баргузор намуд.
Холматов Дилшод, сардори шуъбаи Муассисаи давлатии «Бизнес-инкубатори Тоҷикистон» дар вилояти Суғд ҳамчун тренер оид ба бизнес ва мушовири «Экспресскурс» фаъолият дошт.
Дар ин курс ҳамаи иштирокчиён ба саволҳои зерин посух гирифтанд:
Чӣ тавр бизнесро аз сифр оғоз кардан мумкин аст?;
Бизнес-нақшаро чӣ гуна бояд навишт?
Тиҷорати электронӣ чист?;
Чӣ гуна бояд онлайн фурӯшад ва ғайра.
Бояд зикр намуд, ки Лоиҳа аз ҷониби Муассисаи давлатии «Бизнес-инкубатори Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди СММ, дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои «Ҳалли рақамӣ барои барқароршавӣ ва мутобиқшавӣ» ва «Тавонмандсозии тавонмандии ҷавонон тавассути рушди маҳорат ва пешбурди инноватсия дар Тоҷикистон» амалӣ карда шуд.

IMG_8806
IMG_8809
IMG_8815
IMG_8816
IMG_8817
IMG_8818
IMG_8820
IMG_8821
IMG_8861
previous arrow
next arrow

Дарси кушод аз фанни микроиқтисод

Санаи 27 апрел дарси кушод аз фанни микроиқтисод бо донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии берунӣ” аз тарафи олими ҷавон, устоди кафедраи назарияи иқтисод Фарҳодҷон Хуршедович Раҳмонов дар мавзуи “Хусусиятҳои фаъолияти фирма дар шароити монополия” дар сатҳи олӣ, баргузор гардид. Дар дарси намунавӣ: сармутахассиси шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот Н.Абдуллозода, профессор А.Азимов, мудири кафедраи назарияи иқтисод н.и.и., Ғ.Бобоев ва ҳайъати омӯзгорону профессорони кафедра иштирок намуданд.
Дар раванди дарси кушод Фарҳодҷон Раҳмонов ба донишҷӯён раванди масъалаҳои муҳими фаъолияти фирма дар шароити монополия, dumping, ҳадди аксаркунии даромади монополист дар шароити дарозмуддат ва кӯтоҳмуддатро мавриди баррасӣ қарор дода, донишҷӯён низ ба дарс фаъол буданд ва ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми дарси намунавӣ ҳайати комиссия ба маҳорати баланди омӯзгории устоди кафедра Фарҳодҷон Хуршедович Раҳмонов ва тарзи дарсазхудкунии донишҷӯён баҳои баланд дода шуд.

IMG_8022
IMG_8018
IMG_8012
IMG_8014
IMG_8006
IMG_8019
IMG_8013
IMG_8009
IMG_8010
previous arrow
next arrow

Семинарӣ илмӣ-назариявии муштарак

Санаи 31 марти соли 2022, кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд якҷоя бо кафедраи фалсафа ва таърихи Донишгоҳи Сибири кооператсияи матлуботи (ДСИБКМ) Федератсияи Россия семинарӣ илмӣ-назариявиро барпо намуд. Дар семинари мазкур, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи фалсафа ва таърихи ДСИБКМ Андрей Анатолевич Иванов дар мавзуи “Модели шахс дар фарҳанги Замони Нав” маърӯза карда, оид ба ташаккули шахс ва омилҳои асосии таъсири ҷомеа ба он дар Замони Нав ба иштирокчиён гуфта гузашт. Пас аз баромади профессор Иванов А. А., чанд суолу ҷавоб аз тарафи устодону донишҷӯён пешкаш карда шуд, ки ба онҳо аз тарафи профессор посухҳои мушаххас дода шуданд.

Наврӯз – иди ҳуҷастапайи мардуми тоҷик

Санаи 17 марти соли 2022 бо ташаббуси кафедраи ҷомеашиносии факултети молия ва баҳособгирии бухгалтерӣ тахти унвони “Наврӯз- иди ҳуҷастапайи мардуми тоҷик” чорабинӣ бахшида ба иди Наврӯз бо тантана баргузор гардид. Чорабиниро директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. ифтитоҳ намуда, хамагонро бо Иди Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик намуданд. Дар мизи мудаввар муовини директор оид ба таълим дотсент Машокиров Ш.У., муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети молия ва баҳособгирии бухгалтерӣ дотсент Манонова Р., мудири шуъбаи тарбия ва фарҳанг Ашрапова М.К., устодони кафедраи ҷомеашиносӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар мизи мудаввар маърӯзаи н.и.т., дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ Мирбобоева Т.Ҳ. дар мавзуи “Таърихи ҷашни Наврӯз”, маърӯзаи ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ Комилова Ф.А. дар мавзуи “Наврӯз – эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва таблиғгари хунарҳои мардумӣ”, маърӯзаи донишҷӯи курси I, ихтисоси 250103анг. Кенҷаев Хуршед. дар мавзуи “Наврӯз – иди миллии тоҷикон”, маърӯзаи донишҷӯи курси I, ихтисоси 250103анг. Негматов Мирзоюсуф дар мавзуи “Бозиҳои миллӣ дар ҷашни Наврӯз”, маърӯзаи донишҷӯи курси II, ихтисоси 250107т. Ваҳоббова Нурангез дар мавзуи “Наврӯз- иди умумиҷаҳонӣ” шунида шуд.
Дар охир мизи мудаварро муовини директор оид ба таълим дотсент Машокиров Ш.У. ҷамъбаст намудаанд.

IMG_6242
IMG_6235
IMG_6249
IMG_6264
IMG_6260
IMG_6261
IMG_6240
IMG_6254
IMG_6256
previous arrow
next arrow

Ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ

Санаи 10 марти соли равон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, кафедраи ҷомеашиносӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ» бо иштироки муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Мирпочоев Д.А. ва омӯзгорону профессорони кафедра баргузор намуд.
Дар мизи мудаввар д.и.т., профессор Алиева Р.Р. оид ба мавзуи «Ташаккули принсипҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ», муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимов Ф.Ҷ. дар мавзуи «Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти минтақавӣ дар доираи созмонҳои байналхалқии СААД ва СҲШ», донишҷӯёни курсҳои I ихтисоси 25010407р., Абдурозиқзода Манижа дар мавзуи «Русия –шарики стратегии давлати Тоҷикистон», Шамсиева Маҳина дар мавзуи «Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти Байналхалқии ЮНЕСКО» ва Шокиров Ҷовид дар мавзӯи «Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Хитой – асоси мустаҳкамшавии боварӣ ва дӯстиву рафоқат» баромад карданд ва дар муҳокимаҳо иштирок намуданд.
Дар охири мизи мудаввар мудири кафедраи ҷомеашиносӣ дотсент Ҷонназарова Д.Х. қайд намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ омили муҳими сулҳу субот ва рушди боустувори кишвар маҳсуб меёбад.

IMG_5896
IMG_5895
IMG_5890
IMG_5888
IMG_5887
IMG_5886
IMG_5878
IMG_5875
IMG_5874
previous arrow
next arrow

Мавқеи бизнеси хурд ва миёна ҳамчун омили рушди иқтисодиёт

Санаи 24.02.2022 дар толори лексионии рақами 1 –ми факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ бо ташаббуси кафедраи назарияи иқтисод мизи мудаввар дар мавзуи “Мавқеи бизнеси хурд ва миёна ҳамчун омили рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид, ки дар он ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф, дотсент Аҳророва Г.У., декани факултет н.и.и., дотсент Ҳакимзода М.М, мутахассиси шуъбаи хавфи ҶСП “Бонки Арванд” Орифӣ С.М, танзимгари экспертҳои қарзӣ Юсупов А.У. д.и.и., профессори кафедраи назарияи иқтисод Азимов А.Ҷ., Ғаниев А.М- роҳбари корхонаи ҶДММ “Чӯҷаи Заррин”-и ноҳияи Б. Ғафуров иштирок намуданд.

Сарравал мизи мудавварро н.и.ф., дотсент Аҳророва Г.У. ифтитоҳ намуда, доир ба сиёсати дарҳои кушод, аз давлати воридкунанда ба давлати содироткунанда табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуданд.

Сипас декани факултет Ҳакимзода М.М доир ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат доир ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ сухан намуда, қайд карданд, ки рушд додани соҳибкории хурду миёна яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.

Азимов А.Ҷ. д.и.и, профессор доир ба самтҳои асосии ҳамкории илм ва истеҳсолот маърӯзаи пурмӯҳтаво намуда, вазъи имрӯзаи ҳамкории илм ва истеҳсолотро дар иқтисодиёти миллӣ қанеоатбахш арзёбӣ намуданд.

Намояндагони ҶСП “Бонки Арванд” Орифӣ С.М ва Юсупов А.У доир ба таҳлили бахши бонкӣ маърӯза карда, аз ҷумла ҳиссаи Бонки Арвандро дар низоми бонкии кишвар нишон доданд. Ҷоиз ба тазакур аст, ки имрӯз ин институти молиявӣ дар миқёси кишвар яке аз бонкҳои тараққикарда ба ҳисоб рафта ҳиссаи он доир ба сармоя дар ҷои 9-ум, доир ба сандуқи қарзӣ дар ҷои 4-ум ва доир ба дороиҳо бошад дар ҷои 6-ум дар байни 15 бонкҳои тиҷоративу давлатии мамлакат қарор дорад.

Роҳбари корхонаи “Чӯҷаи заррин” соҳибкори муваффақ Ғаниев А.М доир ба масъалаи рушди соҳибкории хурду миёна дар мисоли бизнеси паррандапарварӣ баромад карда, аз бурду бохтҳои ин соҳаи саноат дар Ҷумҳурии ТОҷикистон маълумоти муфассал пешкаш намуд. Аз ҷумла ҷоиз ба қайд аст, ки дар корхонаи паррандапарварии “Чӯҷаи заррин” 80 нафар бо ҷои кории доимӣ таъмин буда, маъоши миёнаи онҳо аз 1200 сомонӣ то 3500 сомониро ташкил менамояд. Бозори асосии фуруӯши маҳсулоти ин корхона асосан Ҷумҳуриҳои Ӯзекистон ва Афғонистон ба ҳисоб рафта, ба ҳисоби миёна дар як моҳ 5000 кг гӯшт ва 3,6 млн дона тухм истеҳсол менамояд.

Мизи мудаввар бо саволу ҷавоби ҳозирин ба кори худ анҷом бахшид.

IMG_4773
IMG_4769
IMG_4777
IMG_4772
previous arrow
next arrow

Мизи мудаввар дар мавзуи “Вазифаҳо ва самтҳои асосии ислоҳоти қонунгузории андоз”

Санаи 22.02.2022 сол дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз тарафи кафедраи молия ва қарз таҳти роҳбарии мудири кафедра н.и.и., дотсент З.И.Раҳматова мизи мудаввар дар мавзуи “Вазифаҳо ва самтҳои асосии ислоҳоти қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки кормандони Раёсати андоз дар вилояти Суғд, омӯзгорони кафедраи молия ва қарз ва донишҷӯёни ихтисоси андоз ва андозбандӣ баргузор гардид. Ба мизи мудаввар мутахассисон: Ёқубҷон Шарипов ва Раҳмонова Заррина аз шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар вилояти Суғд ташриф оварданд.
Мутахассисони раёсат бо намоиши слайдҳо оид ба тағйироту иловаҳо ба Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузашта, ҳамзамон доир ба муаммоҳо ва имкониятҳо, инчунин имтиёзҳое, ки дар Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, маълумот доданд. Мизи мудаввар басо баҳснок, оммафаҳм ва ҷолиби диққат буд.
Кафедраи молия ва қарз барои пайваста намудани раванди таълим бо истеҳсолот ҳамасола кӯшиш ба харҷ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокии андозӣ, молиявӣ ва мустаҳкам намудани савияи дониши омӯзгорону донишҷӯёни донишкада, омода намудани мутахассисони пешбари самтҳои молия, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.

IMG_4732
IMG_4720
IMG_4716
IMG_4723
IMG_4728
IMG_4715
previous arrow
next arrow