МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ХАТАРАНГЕЗИ ИТТИЛООТӢ ТАЛАБОТИ ҶОМЕАИ ИМРЎЗА АСТ!

Тибқи тадқиқотҳои сотсиологии ҷомеашиносон имрӯз зиёда аз 80 фоизи аҳолии ҷаҳон ба воситаҳои ахбори омма (ВАО) таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа таҳлилу тарғиб менамоянд. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма аз макон, замон ва хусусиятҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ вобастагии зич дорад. ВАО ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва институтҳои иҷтимоӣ, аз қабили сиёсат, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, дин таъсири амиқи худро мегузоранд ва олоти муҳими амалигардонии равандҳои сиёсӣ мебошанд. Тавассути нашрияи даврии чопӣ, радио, телевизион, видео, аудио, кинохроника, оҷонсии иттилоотӣ, сомонаҳои интернетӣ ахборот барои омма паҳн мешавад, ки ин амал асосан аз ҷониби рузноманигорон иҷро мегардад. Умуман, ВАО вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад: иттилоотӣ, таълиму тарбиявӣ, танқид ва назорат, тарзи иҷрои хоҳишҳои иҷтимоӣ, сафарбаркунӣ, яъне ташвиқ ба амали муайяни сиёсӣ ва имкони бузурги таъсир ба ақлу эҳсоси одамон ва рафрори сиёсиро дорад. Бояд қайд намуд, ки аз оғози асри XXI ҷаҳони муосирро таззодҳои гуногуне фаро гирифтанд, ки ба ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ таъсири худро гузоштаанд. Таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир ба шумор рафта, рӯз то рӯз аҳамияти бештарро ба худ ҷалб менамояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намудааст, ки технологияҳои иттилоотию хизматрасонӣ бештар ба як василаи сиёсӣ табдил ёфта истодааст. Хуллас, ВАО ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва институтҳои иҷтимоӣ, аз қабили сиёсат, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, дин таъсири амиқи худро мегузоранд ва олоти муҳими амалигардонии равандҳои сиёсӣ мебошанд. Баробари ин, бояд қайд кард,ки дар бисёр мавридҳо расонаҳои ғайридавлатии кишвар ва баъзе кишварҳои хориҷӣ ин ё он масъаларо яктарафа инъикос намуда, зимни таҳлили мавзӯъҳо ба сохтакорӣ ва ҳангоматалабӣ роҳ медиҳанд, ки ин амал мухолифи асноди байналмилалӣ оид ба матбуот мебошад. Мутаассифона, баъзе маҷаллаю рӯзномаҳо, ки асосан бо маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ чоп мешаванд, маводеро рӯйи чоп меоранд, ки хонандаро ба гумроҳӣ мебарад. Инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳое ба назар мерасанд, ки дар назари аввал ба манфиати миллат ва давлат буда, дар асл дунболи фитнаангезӣ мебошанд. Агар ба таҳлилҳои омори назар афканем дар ҷаҳон 4,5 миллиард истифодабарони шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд буда 55, 3% -он ҳарӯза ба сомонаи интернети ба шабакаҳои fасеbook ва odnoclassniki ворид мешавад. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводи зиёди иттилооти дорои хусусияти ва таблиғкунандаи тероризму экстеремизм низ паҳн мешаванд. Хабарҳои бардуруӯғ, танқид ва иттилои беасосро пахш месозанд, ки мардумро ба таҳлуқа меандозанд. Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Бояд қайд кард, ки насли имрӯз дар ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонишуда зиндагӣ мекунанд, ки ҳар лаҳза метавонад хатари ҷиддиро ба бор оварданаш аз эҳтимол дур нест. Чунин сурат гирифтани кор шаҳодат медиҳад, ки имрўз проблемаи терроризм дар сомонаҳои Интернет ба як мавзўи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Мутаассифона, имруз дар расонаҳои иҷтимоӣ хабарҳои бардуруғу иғвоангез хеле зиёданд. Таҳдид ва хавфу хатарҳое, ки дар ин самт пайдо гардидаанд, дар сатҳи байнидавлатӣ коркарди қарорҳо ва гурӯҳҳои зудамали муштаракро тақозо менамоянд. Аз ин лиҳоз, бояд фазои хатарзои иттилоотиро бо маводҳои ҷолиб, ки воқеъияти кишвари моро ба ҷаҳониён инъикос карда тавонад, тавассути ВАО ва дигар шабакаҳои иҷтимоиро пурра намудан зарур аст. Дар ин баробар ҳар таҳдидҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, дарҳол мебояд онро аз фазои иттилоотӣ дур кард.

Дар фарҷоми аендешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки мубориза бар зидди хатарангези иттилоотӣ талаботи ҷомеаи имрўза аст ва яке аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем. Пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва хатарзои иттилооть кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар муассисаю ташкилотҳо ва оила мо на танҳо чеҳраи манфури дасисабозиҳо, инчунин оқибати хатарэҷодкунандаии иттилоотиро ба аҳли ҷомеа фаҳмонем ва бо ҳамин тарз қарзи хешро дар назди Ватани азизамон адо намоем!

М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ

БАҲРИ РЕШАКАН НАМУДАНИ ҒОЯҲОИ ИФРОТГАРОИИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

Таҳлилу мушоҳидаҳо собит менамояд, ки хориҷиён аз кишварҳои абарқудрат барои ноором кардани вазъи кишварҳои ҷаҳон, бахусус минтақаи Осиёи Марказӣ аз ягон роҳу усул то ҳол даст накашидаанд.Аз ин ҳолат фаъолияти гуруҳу созмонҳои террористию экстремистӣ густариш меёбанд. Баробари ин, дар ҷомеаи муосир нафарони бадхоҳони миллат ва хоинони ватанфурӯш мавҷуданд, ки барои соҳиб шудан ба пули ҳароми хоҷаҳои хориҷӣ омодаанд, ки ба иҷрои ҳама гуна кирдорҳои пасту номатлубро раво мебинанд . Дар иртибот ба ин, мо борҳо мисолҳо оварда будем. Ин навбат боз нисбат ба фаъолияти муғризонаи шогирдону пайравони наҳзатӣ ибрози андеша намуда, қайд менамоем,ки аз оғози соли равон то имруз Муҳаммадиқболи Садриддин бо лақаби “Иқболбӣ да сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет”, барномаи “Минбари муҳоҷир” 34 маротиба ва дигар афроди ҳасадхур Беҳруз Тағойзода, узви фаъоли “Гурӯҳи 24” ҳар моҳ ду маротиба дар барномаи ифротии “Садои мардум” баромад намуд. Зимни баромадҳояшон асосан сиёсати пешгирифтаи кишвари соҳибистиқлоламонро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор доданд. Ин тудаи бадхоҳони миллат, умуман ҳаммаслакону думравони наҳзатӣ чунин афроди тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслакону пайравонаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд.

Хулоса, таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори ин тудаи бадхоҳ андеша кунем. Мо бояд пеш аз ҳама ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки бадхоҳону хиёнаткорони миллат дар барномаҳои ифротиашон нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯянд. Имрўз ҳар фарди мардумони кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, баромадҳои М.Садриддин ва Б.Тағойзодаи хиёнаткору бадрафтори ҳасадхури миллатро маҳкум намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон фаъолияти хешро равона карда, баробари ин баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат муборизаи беамон барем.

Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Рушди ҳамкорӣ бо Донишгоҳи аграрӣ ва хоҷагии ҷангали Янлин (ҶМЧ)

ДИС ДДТТ пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодааст фаъолияти худро дар партави ҳидоятҳои оқилона ва сиёсати хирадмандонаю дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монад. Аз ин лиҳоз, дар радифи эълон карда шудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат», ДИС ДДТТ бо мақсади саҳмгузор ва тақвиятбахш будан ба ҷараёни саноатикунонии кишвари азизамон бо як қатор донишгоҳҳои шарикӣ хориҷӣ ҳамкориҳоро вусъат бахшида истодааст.

Яке аз чунин, шарикони ДИС ДДТТ ин Донишгоҳи аграрӣ ва хоҷагии ҷангали Янлин (ҶМЧ) мебошад, ки сол аз сол ҳамкории мутақобилан муфид бо донишгоҳи мазкур густариш ёфта истодааст. Аз ҷумла, санаи 29-ми майи соли равон аз 2 нафар намоянда, ҷаноби Ҷин Ли, профессори факултаи муҳандисӣ ва ҷаноби Чи Тао, Котиби ҳизби коммунистӣ дар факултаи муҳандисӣ ба ДИС ДДТТ сафар корӣ анҷом доданд.
Дар оғози сафари корӣ директори ДИС ДДТТ Ҷалилзода А.А., меҳмононро пазируфта, ҷонибҳо аз ҳамкориҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сипас меҳмонон бо ҳайъати омӯзгорону профессорони ДИС ДДТТ вохӯрӣ намуда, ҷиҳати бо дастгирии донишгоҳи шарики болозикр бунёди лабороторияи Интернет чизҳо ва лабораторияи Тиҷорати электронӣ ба мувофиқа расида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бо Донишгоҳи аграрӣ ва хоҷагии ҷангали Янлин то ба имрӯз хеле хуб ба роҳ монда шуда, лоиҳаҳои муштарак коркард карда шуда истодаанд ва то ба имрӯз аллакай наздики 20 нафар омӯзгорону ҳайъати маъмурӣ аз ҳарду ҷониб мубодилаҳои коромӯзиро анҷом додаанд. Минбаъд низ чунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд давом хоҳад ёфт.