БАДХОҲОН БЕВИҶДОНУ ПАСТТИНАТИ ЛАЪНАТИАНД!

     Таърих гувоҳ аст,ки раҳбарияту ҳамаслакон ва пайравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..”, ки дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, баъд аз исбот шудани амалҳои номатлуби содирнамудаашон, оқибат лаънатӣ шуда, бештарашон дар кишварҳои Аврупо ватангадою талбанда шуда, зиндагии нобасомон доранд.То ҳол ба худ хулосаи инсонӣ набароварда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаҳои ифротиашон баромадҳои носолими бадахлоқона менамоянд, ки аз беимонию бевиҷдонӣ ва пастфитрату пасттинати онҳо гувоҳӣ медиҳад. Равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳ гардидааст. Чунончи, яке аз паравони фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, дар давоми соли ҷорӣ ҳафтае ду маротиба тариқи сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби шогирдону думравонаш баромад менамояд. Умуман, рафтору гуфтори афроди роҳгумзадагон бо даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепояааш дар бораи масъулият, одоб, аҳлоқ, дину диёнат ва дигар насиҳатҳои аҳмақона бори дигар ба мардум, бахусус ҷавонон собит намудааст. Бештари ҳаммаслакону ва пайравони наҳзат аз таълимоти дини мубини Ислом дур буда, муқобили он амал менамоянд ва корашон кофтукоби айби касон, ғайбат ва ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ мебошад.      Дар иртибот ба ин, дар Қуръони карим таъкид шудааст: Эй мӯъминон, аз гумони бисёр дурӣ ҷӯед, ҳароина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед! Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст! (сураи Ҳуҷурот, ояти 12). Вале, бадхоҳони миллат баръакс кинаю адоват ва ғайбат эҷод мекунад ва мехоҳад авзои кишвари соҳибистиқлоламонро ноором созад.

    Хулоса, хоинону бадхоҳони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои 90-уми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.Дар интиҳои андешаи хеш гуфтанием, ки мо баромадҳои пайравони наҳзат,алалхусус Маммадиқболи Садриддин ва шогирдону думравашро инкору шадидан маҳкум намуда, таъкидан хотиррасон менамоем, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш мароми халқи тоҷик тоҷик аст! Имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд. Дар кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад.

      Ҳадафи андешаронии мо дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тољикистон бояд рисолати уҳдадории хешро пеша карда, пеш аз ҳама имрўз љавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳои иғвопеша нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.

Р.АНВАРӢ ,
устоди ДИС ДДТТ

БАДХОҲОНИ ИФРОТИИ ИҒВОАНГЕЗ!

     Мусаллам аст, ки дар замони муосир баробари рушди илму техника ва фарогирии мардум ба барномаҳои телевизионӣ, инчунин, барномаҳои дигари интернетиву онлайни ва мустақим низ фарох истифода мешаванд, ки якеро аз як ҷониб бо шавқ тамошо кунем, аз дигаре мебояд парҳез намоем. Доир ба масоли мазкур андешаронӣ намуда, бояд қайд кард, ки барои фарқ гузоштани он тафаккури интиқодӣ зарур аст, ки на ҳар як кас онро соҳиб аст. Воқеан, дар замони муосир, ки як маром рӯ ба таҳаввулоти аст, воситаҳои ахбори омма ҳамчун минбари тавоно дар тағйирдиҳии афкори мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ метавонанд, нақши калидӣ дошта бошанд. Дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҷомеа воситаҳои ахбори умум мақом ва ҷойгоҳи муҳим дошта, ин аҳамият ба таври рӯзафзун зиёд ва рисолати расонаҳои хабарӣ ва рӯзноманигорон дучанд гардида истодааст.Воқеан, воситаҳои ахбори омма, минбари тавоно ва фарогирии ҷомеа маҳсуб мегарданд, афкори ҷомеаро ташаккул медиҳанд, ҳар як суханашон бояд нишонрас ва оммафаҳм бошад. Ҳар сухану хабар ва маводу навори пахшкунанда санҷидашуда, асоснок ва боварикарданист. Аммо, имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани аҳдофи худ аз ин ҳолати қулай истифода бурда, дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ маскан гирифта, ба таври густурда онро истифода мекунанд. Хулоса, бо рушди фаъоли «Интернет» таъсири иттилоот ба ҷомеаи ҷаҳон хеле нишонрас гардида, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ дар тафаккури ҷомеа таъсири манфӣ гузоштанаш ба назар мерасад.

   Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаҳои ифротгароён ташкил гардида, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамоянд Ба гузаштаи на чандон дури назар андӯзем, дарҳол сурату сирати аслии ин бадхоҳони ифротии иғвоангез маълумамон мешавад. Чунончи аз табори чунин хиёнатпешагони ифротии иғвоангез Муҳаммадиқболи Садриддин, пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ“, дар сомонаи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, шогирдаш Абдухалил Восиев дар барномаи “Дурахши ҳақ“ва дигар гуруҳак Ҳусейн Ашўров дар барномаи “Ҳақ ва ботил” ва ҳаммалакаш Беҳруз Тағойзода,барномаи ифротии “Садои мардум”,ки аъзои фаъоли “Гуруҳи 24” мебошанд, бо навбат рўзе бар муқобили Тоҷикистон ва ё нафаре аз кишвар туҳмату буҳтон наяфкананд ором намегиранд. Ин бадандешон бо ҳар роҳу восита ҳамчун лошахўрони иҷтимоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ камин гирифта, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет парса мезананду гӯё «ҳақиқат»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанду миллатро аз «нестӣ» мераҳонида бошанд ва бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд. Яъне, ду-се фирориву хоине, ки дар дунёи маҷозии интернет миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Аз ин лиҳоз, аз ҳар як инсони ватандор, муҳоҷиру мусофир даъват ба амал меорем, ки аз тамошо ва ҳамроҳ шудан ба ин гурӯҳҳои мамнӯъшудаи ифротгаро дар шабакаи иҷтимоии фейсбук, ютюб ва амсоли инҳо худдорӣ намоянд ва ҳаёти худро зери хатар нагузорад. Ҷавонон бояд шабакаҳои иҷтимоиро фақат ҷиҳатҳои мусбиашро истифода баранд, барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, барои истифодаи китобхонаҳои электронӣ, ҳамчун шабакаи иттилоотӣ ва ғайраҳо истифода баранд.

М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – МУШКИЛОТИ АСР ВА ТАҲДИДҲОИ НАВ

Имрӯз яке аз амалҳои номатлуби бениҳоят хатарнок ин терроризм ва экстремизм, мебошад, ки ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф шудааст. Бе ягон шубҳа бояд қайд кард, ки манфиатҳои сиёсии кишварҳои абарқудрат аксаран зери шиори ҳифзу эҳёи дин тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъ дар кишварҳои гуногун гаштаанд. Пушида нест, ки дар ҷаҳони муосир доираҳои муайяне мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои боэътимоди байналмилалӣ айни ҳол дар ҷаҳон тақрибан 500 ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ амал мекунанд, ки дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Имрӯзҳо вобаста аз вазъи кунуни Сурия ва Афғонистон, алалхусус аъзоёни ташкилоти терористӣ бо ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ ва ё “Давлати исломӣ”), Ал-Қоида ва дигар равияњои ифротї дар кишварҳои зикршуда маскан гирифта, ошкорро фаъолият доранд. Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳои террористии зикршуда ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Баробари ин, созмон бо номи “Таҳрир аш-Шом” (аз соли 2018 дар феҳристи созмонҳои террористӣ дар Амрико аст) босуръат шаҳрҳои Сурияро яке паси дигар ишғол менамоянд.Ҷанги дохилӣ дар Сурия нисбатан ба эътидол омада бошад ҳам, ҳоло суриҳо ба хотири ба қудрат расидани як гурӯҳи шибҳинизомӣ, ки решаҳояш ба “Ал-Қоида” ва “Давлати исломӣ” рабт дорад,ки ба ҳолати ногувор оварданаш аз эҳтимол дур нест. Ҳамаи ин воқеияту руйдодҳо аз он таъкид менамояд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хаттари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Бинобар ин нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди гуруњњои террористиву экстремистї, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.
Дар интиҳои андешаи худ бояд қайд кард, ки дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар фарди ватанпарвару миллатдӯст, алалхусус, ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст,ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад. Сулҳ, озодӣ, ваҳдат, якдилӣ, ободие, ки имрӯз Тоҷикистони маҳбуб дорад, чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, арзишҳои беҳтаринеро, ки сабабгори ҳаёти хурраму осуда ва саодатмандона аст, ҳамвора идома бахшанд.

Д.ҶОННАЗАРОВА,
устоди ДИС ДДТТ

ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба суханҳои иғвоангезонаи М.Садриддин дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” (аз 22.12.2024)

       Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳоротҳои хеш борҳо нисбати Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайравони фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли…”мебошад, бо далелҳои раднашаванда вобаста ба баромадҳои ифротиаш бо мисолҳои амиқ андешаронӣ намуда, онро шадидан махкум намуда будем.
Дар изҳороти навбатиамон тасмим гирифтем, ки оид ба баромади навбатии М.Садриддин, ки ҳоло дар яке аз кишварҳои Аврупо ватангадо шуда, умр ба сар мебарад, ибрози андеша менамоем. Афроди зикршуда ин навбат, санаи 22 декабри соли равон, дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” боз ҷилвасозӣ намуда, мисли баромадҳои қаблиаш бо ҷалби шогирдаш Абдухалил Восиев ва думравонаш, аз ҷумла Тағоев Муҳаммад ва афроде бо номи Муҳаммадамину Нурмуҳаммад (лақабаш Нурик, Алмаз), ки дар Амрико иқомат дорад, ба суханпардозиву найрангбозӣ, дурӯғпаҳнкунӣ, иғвоангезиро пеша намуд. Мавсуф дар барномаи ифротии зикршуда, дар бораи гирдиҳамоии Гурҷистон, интихоботи президентии Молдова, муносибати байни Русияву Арманистон ва қазияҳои Тунис, Сурия ғайривоқеӣ ба таври худ маънидод намуд. Баробари ин, оид ба фаъолияти мақомоти қудратии кишварамон ва нисбати роҳбарияти олии Федератсияи Русия ва Президенти тозаинтихоби Амрико Д.Трамп андешаи носолимашро баён дошт, ки он ба ягон қолиб, аз ҷиҳати сиёсӣ рост намеояд! Аввалаш, ки нисбат ба давлатҳои зикршуда набояд сухан кард! Чунки он сиёсати дохилии ҳар як кишвар аст, набояд дахолат кард! Ба андешаи мо нисбати президентҳо, умуман шахсиятҳои шинохтаи сатҳи байналмилалї, ҳар афрод бояд бо эҳтиёт сухан гўяд!

      Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони кишвари мо, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад, вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи М.Садриддин ва шогирдону думравонаш, умуман баромадҳои хоину бадхоҳони миллат, ки бештарашон дар хориҷи кишвар қарор доранд, маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, бахусус ба мӯҳоҷирони меҳнатӣ, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи душманони миллат ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад. Боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва бадхоҳони миллат нахоҳанд шуд. Намегузорем, ки пои нохалафи ифротӣ марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд!

БАДХОҲОН БА ҶУЗ ТЎҲМАТУ ҒАЙБАТ ДИГАР КОРЕ НАДОРАНД!

      Мо тавассути расонаҳои хабарӣ, амиқтараш тариқи шакбакаҳои иҷтимоӣ огаҳ ҳастем, ки вақтҳои охир бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ камин гирифта, дар барномаи ифротиашон баромад намудаашон ба назар мерасад. Сараввал мо суханҳои сафсатаи бадхоҳони миллатро шадидан махкум намуда, пиромуни ин масоил ибрози андеша менамоем.
Бояд қайд кард, ки бадхоҳон, аз ҷумла яке аз пайравони фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, лақабаш “Иқболбӣ” аст, дар давоми соли равон ҳафтае ду маротиба бо ҷалби шогирдону думравонаш дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет”, барномаи “Минбари муҳоҷир ”баромад намуда, кӯшиш карда истодааст, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки М.Садриддину шогирду думраваш, бахусус Абдухалил Восиев ва Муҳаммад Тағоев яке аз гуруҳи бадхоҳони миллатанд, ки имрӯз аз шукуфоии Тоҷикистони дар таҳлука афтодаанд. Бо ибораи дигар ба либоси М.Садриддин ва шогирдону думраваш кайк даромадаасту онҳоро ором гузошта наметавонад. Ба ҷуз тўҳмату ғайбат дигар коре надоранд. Ин гуруҳаки бадхоҳони миллат ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанду надоранд ва барои манфиати шахсӣ мақсад доранд, ки вазъияти кишварро тағйир диҳанд. Мақсади дигари ин гуруҳаки хиёнаткор дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад.
Дар урфият мегӯянд, офтобро бо доман пӯшида намешавад ва ҳамагон медонанд, ки М.Садриддин ва умуман, пайравону аъзоёни паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли”,дар асл ТТЭ ҲНИ аст,
зери роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, кистанд ва чӣ ният доранд. Хулоса, мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои хоинони зикршуда комилан бовар намекунанд. Таъкидан боз такрор ба такрор гуфтанием, ки ин гуруҳи бадхоҳони миллат ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад! Зеро таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Ба М.Садриддину шогирдону думравонаш ва умуман бадҳоҳони миллат таъкидан гуфтанием, ки воқеан номи нек ҳама вақт вирди забон буда, аммо мисли М.Садриддини бешараф дар зеҳни мардум ва хотираи ватан ҳамчун хоину душман ва лагандбардори хоҷагони хориҷӣ нақш баста, нафрати мардум ва оҳи мазлумон доимо болои сари онҳост.

       Дар интиҳои андешаи хеш гуфтанием, ки мардуми сарбалани кишвар кайҳост, ки найрангҳои М.Садриддин ва шогирдону думраван,аз ҷумла паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”-ро дарк карда, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст. Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.

Р.Анварӣ,
устоди ДИС ДДТТ

РОҲГУМЗАДАГОНИ ФИРОРӢ АҚИДАҲОИ ИФРОТИРО ТАРҒИБУ ТАШВИҚ МЕНАМОЯНД!

      Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баробари дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди фарҳанг, болоравии нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба назар мерасанд ва баробари ин аз тарафи дигар ба амнияти миллӣ ва байналхалқӣ, хавфу хатарҳои навро эҷод кардаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар баробари дигар намудҳои амният, амнияти иттилоотӣ низ ба системаи коммуникатсияи сиёсӣ дохил шуда, дар муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Дар чунин шароит фазои иттилоотии кишварҳо зери хатар қарор мегиранд. Афзоиши паҳншавии маълумоти бардурӯғ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин вусъат ёфтани ҷанги иттилоотӣ байни кишварҳои абарқудрат дар ин раванд аз эҳтимол дур нест.Ташвишовар ин аст, ки гурӯҳҳои экстремистӣ на танҳо бо минтақа, давлат, гурӯҳҳои иҷтимоии алоҳида шеваҳои хоси муносибатро ба роҳ мемонанд, балки иқтидори технологӣ имкон додааст, ки бо ҳар фард бо усулҳои хос кор баранд. Масалан, яке аз пайравони фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”, Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки дар сомонаи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”ва дигар узви фаъоли “Гуруҳи 24”, Ҳусейн Ашуров дар барномаи “Ҳақ ва ботил”, Тағойзода Беҳрӯз дар барномаи ифротии “Садои мардум” дар шабакаи интернетӣ бо навбат баромад намуда, танҳо ақидаҳои ифротӣ тарғибу ташвиқ менамоянд. Бо ин василаи пахшу нашр кардани маводи ғаразнок миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кардан мехоҳад ва худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунад. Тавассути ин навъи технологияи сиёсӣ, афроди роҳгумзади ифротӣ мехоҳад мисли пештара дар муҳити иҷтимоии тоҷикон таъсири манфӣ гузоранд. Ин аст, ки аз хориҷи кишвар мушкилоти мавҷударо аз ҳуҷумҳои иттилооотӣ ва мафкуравӣ мепардозад ва риёкорию чарбзабониро ба ҳадди ифроту тафрит мерасонад. Баробари ин, гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ сурат мегиранд, яъне дар онҳо гурӯҳҳо ташкил гардида, афроди алоҳида ба омӯзондани адабиётҳои динӣ ва ҷалби ҷавонон машғуланд. Чунончи дар барномаи интернетии «Имо» шакли нави таълимоти ғайриқонунии динӣ ошкор шудаст, ки дар он 20 гурӯҳ бо номҳои «Саволу ҷавоби исломӣ», «Ислом дини ҳақ» ва монанди инҳо фаъол гардидаанд. Аз ин лиҳоз, тамоюли ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудани насли наврас то ҳол ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таассубу хурофот, радикализми динӣ ва моилсозии ҷавонон ба сафи гурўҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ боқӣ мемонад. Илова бар масоили зикршуда бояд қайд кард, ки бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, бархе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онҳо минбар ё дигар имконияти ибрози матлабро фароҳам меоранд. Ин гуна руйкардҳо, ба андешаи мо, ғайрисозандагӣ буда, гуруҳҳои носолимро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таблиғу ташвиқ менамоянд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст.Бинобар ин, дар вазъияти мураккабу зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ҳушёриву зиракиро аз даст надода, баҳри муборизаи беамон бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар сафи аввал қарор дошта бошанд. Хулоса, бо дарназардошти масоили матраҳгардида, бояд қайд кард, ки авзои имрўзаи љомеаи љаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин равияҳои ифротиро гирем. Имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ монда, баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёна ва дурӯғбофии бадхоҳони миллат муборизаи беамон бурда, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ҳамеша саҳмгузор бошем!

М.АХМЕДОВ ,
устоди ДИС ДДТТ

АЛАЙҲИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИРТИҶОӢ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

     Мусаллам аст, ки имруз ҷаҳони муосир пур аз ихтилофоти гурӯҳӣ буда, рақобат, хусумат ва кинаангезӣ миёни ақидаҳо инсониятро торафт бештар ба мушкилот мувоҷеҳ сохта истодааст. Дар миёни ин ҳама хушунатҳои қавмӣ амалҳои террористӣ, иғвоангезӣ ва ифротгароӣ бештар мавқеъ пайдо намуда, ба як мушкилоти глобалӣ табдил гаштааст. Чунин ба назар мерасад, ки хушунату ифрот ҳамчун зуҳуроти зишт бештар ба ҷавонону наврасон таъсир расонида, тавассути онҳо амалҳои харобкунанда ба роҳ монда мешавад. Феълан як қисмат шаҳрвандони кишвар дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, ки аз даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз намехостанд ва намехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосо рӯ ба беҳбудӣ ораду мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд. Чунончи, ташкилоти паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”, ки дар асл ҳамон душмани давлату миллат- ТТЭ ҲНИ аст ва дигар равияҳои ифротӣ мисол шуда метавонад, ки мақсадашон ноором кардани ватани азизамон мебошад.

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар давоми соли ҷорӣ то имруз як зумра пайравони наҳзат ва “Гуруҳи 24” тавассути шабакаҳои интернетӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон ташвиқу тарғиботашонро ба роҳ монда, ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардуруғи динию дуняви ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои ифротию террористӣ сафарбар намудан кўшиш доранд. Дар иртибот ба ин, мисол меорем, яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли” Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ва дигаре гуруҳаки ифротӣ Ашуров Ҳусейн дар барномаи “Ҳақ ва ботил”, Беҳруз Тағойзода дар барномаи “Садои мардум”, узви фаъоли “Гуруҳи 24” мебошанд, бо навбат тавассути шабкаҳои интернет баромадҳои ифротӣ менамоянд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Аммо, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин худнамоишӣ танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаи афроди зикршударо таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад. Таърих гувоҳ аст, ки Муҳаммадиқболу Хусейн ва Беҳруз дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст. Мардуми боору номуси кишвар аз гузашти ваќт симои разилонаи М.Садриддин, Ашуров Ҳ. ва Б.Тағойзодаро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд.
Хулоса, ҳар як ҷавони солимфикр вобаста ба масоили матраҳгардида, бори дигар хулосабарорӣ намояд ва аз дируза дида имруз бояд дурандешу ботадбир бошад. Дар тарозуи ақли солим суду зиёни ҳар амали бадхоҳони миллатро холисона баркашад. Умуман, авзои имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин равияҳоро гирем.
Дар интиҳои андешаи хеш мо омўзгорон доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб мегузорем ва тамоми кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона менамоем.

Р.АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ.

БАДХОҲОН НОКАСУ ПАЛИДАНД!

   

       Имрўзҳо афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз пайравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли…” мебошад, ки барои амалӣ намудани супоришҳои ғаразноки хоҷагонаш дар давоми соли ҷорӣ тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет.”, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”бо ҷалби шогирдону думраваш, аз ҷумла Восиев Абдухалил ва Муҳаммад Тағоев зимни баромадҳояшон нисбат ба давлату миллати худ суханони таҳқиромез гуфта, шахсони баландпояи кишварро тўҳмат мекунанд, ки ин гуна ашхосро метавон хоин ва ватанфурўш ва нокасу палид ном бурд. Дар асл бигирем, М.Садриддин ва

шогирдону пайравонаш, яъне амиқтараш ин гуруҳи бадхоҳони миллат имрўз бозичаи кишварҳои хориҷӣ гардида, барои ташкил намудани гурўҳҳои муташаккили экстремистӣ машғуланд ва бо ин роҳ мардуми осоишта ва сулҳхоҳи тоҷикро ба ташкил намудани эътирозҳо даъват менамояд. Баромадҳои ифротии роҳбарияту аъзоён ва думравони наҳзатро таҳлил намуда, қайд менамоем, ки ин бадхоҳони миллат дар хориҷи кишвар қарор дошта, танҳо дар бораи камбудии ин ё он соҳа ва давлат ҳарф мезанад, ки ягон асос надорад. Дар робита ба ин, суол ба миён меояд. Оё дар дунё ҳаст давлате, ки муаммову мушкилӣ надошта

бошад? Ба ин суол бе ягон душвори хонадаи закӣ посух медиҳад ва ҳоҷат ба баён нест. Пушида нест,ки пешрафтатарин давлатҳо дар ҷомеаи худ муаммоҳои мухталиф доранд. Тоҷикистон, ки имсол 33-умин солгарди Истиқлолро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифт ва даҳ соли аввали он ба давраи нооромии сиёсӣ рост меояд. Аммо, ба ин нигоҳ накарда, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвари соҳибистиқлоламон дастовардҳои назаррас ба чашм мерасад.
Хулоса, бояд М.Садриддин шогирдону думраваш донанд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанро, ки аз меваҳои шаҳдбори сулҳу субот ва истиқлолу Ваҳдати миллӣ чашидаанд дигар гумроҳ наметавон кард.Мо насли калонсол ба наврасону ҷавонон муттаҳид ва якдилу дастаҷамъ ҳастем, тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, Ватани хешро аз дасисаҳои бадхоҳони миллат эмин нигаҳ дорем. Шиори мо ҳифзу ҳимояи Ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад.

Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – БАРҲАМДИҲАНДАИ АМНУ АМОНӢ.

Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, ин терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошад. Воқеан, ҳам ин вожаҳои даҳшатнок, ноором сохтани ҷомеа, дар дили мардум тарсу ҳарос, куштору қатл ва дигар нобасомиҳоро пеши назар меорад. Нафаре шомили ин гуруҳ мешавад, аллакай аз муҳити инсонгари баромада, танҳо мақсаду ҳадафаш ноором сохтани ватан мебошад. Ин падидаи номатлуб дар замони муосир ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ дониста мешавад ва танҳо бо муттаҳидии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба ин падидаи манфур мубориза бурдан имкон дорад. Хушунатҳои экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад.

Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебаранд. Ҷуғрофияи нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра торафт доман паҳн намуда, имрӯзҳо миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст. Бо ибораи дигар барњамдињандаи амну амонӣ аст! Пурра собит шудааст, ки ҳадафи аслии ҳодисаҳои фоҷиабори Афғонистону Ироқу Сурия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ, пеш аз ҳама, даъватҳои зиддидавлатию зиддиинсонии ташкилотҳои террористию экстремистӣ буда, суботи сиёсӣ, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияту якпорчагии кишварҳоро зери хатар мегузоранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари давлатҳои абарқудрати ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирӣ ва умуман решакан кардани терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосирро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ва сиёсати дохиливу хориҷии худ медонад. Таърих гувоҳ аст,ки имруз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар иртибот ба ин, бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Чунончи, 16 ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расидуи ин ду қонун мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард.Хулоса,Ҷумҳурии Тоҷикистон имруз яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст. Кишвари соҳибистиқлоламон, имруз зери сиёсати сулҳҷӯёнааш ҳамеша амалҳои террористӣ ва экстремистиро маҳкум мекунад.Чи хеле ки дар боло зикр намудем, Тоҷикистон имруз яке аз давлатҳое мебошад, ки дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир пешсаф мебошад. Мардуми бонангу номуси мо ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамояд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мардуми мушкилнописади кишвар, аз ҷумла ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ муборизаи беамон хоҳанд бурд. Ба маврид қайд кардан зарур аст, ки ҷавонони ҳозира аз ин падидаҳои номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ худро дур гирифта, барои ворид нашудан ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ, нангу номуси миллии худро баланд бардошта, барои таъмини амнияти кишвар, пойдории Ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш менамоянд. Хулоса, ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу Ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошанд. Моро лозим аст, то ин ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. Мо бояд имрӯз шукрона аз он кунем, ки дар фазои сулҳу ороми Тоҷикистони азизамон зиндагӣ дорем. Мо ҷавонони кишвар, насли ояндаи миллат, пешбарандаи ҷомеаро зарур аст, ки сулҳу субот, ваҳдату ягонагии кишварамонро монанди гавҳараки чашм аз ҳама таҳдидҳо эҳтиёт намоем.

ФАЁЗОВА М.А.,
муаллими калони кафедраи
назарияи иқтисод

ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромади иғвогаронаи М.Садриддин дар сомонаи ифротӣ-“Ислоҳ.нет” (аз 15.12.2024)

        Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳоротҳои хеш нисбати яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат Муҳаммадиқболи

Садриддин, ки дар давоми соли равон тавассути сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет”, барномаи «Минбари муҳоҷир » ба интишор медиҳанд сараввал онро маҳкум намуда, ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард, ки М.Садриддини бадҳоҳи иғвогар ин навбат, санаи 15 декабри соли равон дар мавзуи «Русия ду роҳ дорад, хориҷ шудан аз Тоҷикистон ё ивази ҳокимият» тарифи сомонаи ифроти-«Ислоҳ.нет» боз тавассути барномаи зикршуда бо даъвоҳои пучу бедалел нисбати роҳбарияти олии кишварамон ва Президенти Федератсияи Русия бо ҷалби шогирдаш Абдухалил Восиев ва пайраваш Муҳаммад Тағоев баромад иғвогариро пеша намуд, ки ин аз буғзу адоват далолат мекунад. Хоинони номбаршуда, доимо ба иғвогарию тўҳмат овора буда, бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд. Ногуфта пайдост, ки ин ходимони зархариди кишварҳои хориҷӣ бо маблағҳои ҳангуфт ва ҷалби нафароне чун М.Садриддин ва думравонаш, мехоҳанд бо нашру баромади матлабҳои гуногун кишвари моро зери танқид қарор диҳанд. Ҳар кас, аз дидани барномаи ифротии зикршуда, бе ягон мушкилӣ эҳсос мекунад, ки М.Садриддин ва пайравонаш худро “адолатпарвар” вонамуд карда, сиёсатӣ пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллат барангезанд. Умуман, рафтору гуфтори ин гумроҳон бори дигар собит мекунад, ки чунин шахсиятҳои ифротгарои беимон, аъмоли он гувоҳ аст, ки хоинон ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи имруза аст. Бинобар ин, мубориза бо ин гуруҳаки бадхоҳ тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро таќозо мекунад ва ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Хулоса, ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест ва дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки роҳбарияту ва хоҷагони хориҷиашон фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон дигар ба макру фиреби як даста хоинҳои ватанфурӯш намефтанд ва онро доимо шадидан маҳкум менамоянд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш хулосабарорӣ намуда, таъкидан гуфтанием, ки осоиштагии мардумро халалдор намуда, мардумро гумроҳ намудан хиёнат ба Ватан аст. Таҷрибаи ҳаёти инсоният борҳо исбот намудааст, ки ҳар як шахс бо меҳнати худ новобаста аз соҳаи фаъолият зиндагии шоиста дошта бошад ва он на танҳо ба манфиати шахси алоҳида, балки ҷомеъа бошад, ки инро мардуми Тоҷикистон эҳсос менамоянд ва барои ободии Ватан ҳиссагузорї намуда истодаанд. Имрӯз дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамояд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд.