ХОТИРОТИ НЕК

(Дар ҳошияи порча аз “Ёддоштҳо”-и С. Ятимов “Зиёие озодихоҳ, сарафроз ва шарафманд”. «Ҷумҳурият», №218 (25333), 13.11.2025)

Пораи нашршуда аз дафтари ёддошти доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саймумин Ятимов зери сарлавҳаи “Зиёие озодихоҳ, сарафроз ва шарафманд” шоистаи сутуданӣ ва бисёр ҳам ҷолиби диққат аст.
Дар раванди мутолааи он, ҳар як инсони худогоҳ ба андеша фурӯ рафта, дар замири худ, пеш аз ҳама, дарк менамояд, ки муаллиф шахсияти соҳиби донишу тафаккури баланд, донандаи хуби анъанаву суннатҳои хеле ҳам аҷиби сокинони Бадахшонзамин ва беш аз ин, тафсиргари беҳамтои давраҳои гуногуни кору фаъолияташон дар Бадахшон будаанд.

Чун шахси меҳанпараст, миллатдӯсту хештаншинос ба ҳар як ҷузъияти одии ҳаёти ин гӯшаи зебои сарзамини тоҷикон – Бадахшон бо таваҷҷуҳи хосса назар андохтааст.
Ҳатто аз як тасвири хонаи “ҷойдорӣ” дар ин ёддошт шахс ба ваҷд меояд. Ба риштаи қалам кашидани урфу одат, суннати мардуми мо аз ҷониби муаллиф шаҳодати он аст, ки худи ӯ инсонест ниҳоят закӣ ва донишманд. Дар баробари иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, тавонистааст зиндагиномаи ҷолиби ин мардуми шарифро ҳамаҷониба омӯзад ва имрӯз дигаронро ошно созад.
Пиёда убур намудани мавзеъҳои саросар сангзор, ҷариҳои бетагу кӯҳпораҳо, беш аз як соат тай кардани роҳ байни деҳаҳои Деҳу Шипад ҳамроҳи дӯсти ҷониаш бобои Душанбе ва сафарҳои якҷояи онҳо нишонаи ин аст, ки Саймумин Ятимов шахси ниҳоят хоксор аст ва дӯстиро бо мардуми одии таҳҷоӣ, аз ҷумла зиёиён, шарафу ифтихор медонад.
Дар намунаи меҳмондорӣ, ҳаёту мамоти зиндагиномаи муаллим Ҳусейнзода, бо тамоми ҷузъиёт зиндагии аҳли зиёро ба қалам додааст. Тасвири устод Ҳусейнзода дар хусуси зиёии асил, шахси донишманд ва, ҳамзамон, ҳунарманди нотакрор буданаш, ончунон дақиқу воқеист, ки дар назари хонанда баръало намоён мегардад. Таъкид мегардад, ки дар хонаи ҳар як фарди бадахшонӣ рубобу даф, ҷевони китоб мавҷуд аст ва далели равшандилии одамони ин диёр, донишманду соҳибзавқ буданашон аст. Собитгари порчаҳои шеъри устод Мирсаид Миршакаранд, ки ёдамон меояд: “Мардуми “Боми ҷаҳон” аксарият бенаво буд, вале доно буд”.
Саҳнаи баҳсу музокираи устод Ҳусейнзода бо гурӯҳи хоинону террористон, ки соли 1994 ба водии Язгулом ҳам сар халонданд, бисёр ҳақиқию мароқангез аст. Воқеияти ҳаёти ҳамонрӯзаро бармало инъикос мекунад. Ҳусейнзодаи зиёии асил, ҷонфидои миллат, меҳанпарасти самимӣ аз дағдағаи он иддаи разилу нобакор наҳаросида, рӯйирост бо онҳо ба муноқиша бармехезад:
“Мо, тоҷикон баъд аз ҳазор сол бори дигар давлати мустақили худро пайдо кардем… Дар оташи ҷанге, ки алангаи онро ба осмон бардоштед, ҳар соат онро доман мезанед, беҳтарин фарзандони миллат – шахсони ғаюр, далер, зиёӣ нобуд шуда истодаанд ! Фардо ин Ватанро кӣ ҳифз мекунад. Кӣ месозад?… ”.
Албатта, таърих гувоҳ аст ва муаллифи муҳтарам дар ин ёддоштҳои худ пораеро аз саргузашту фаъолияти мардуми одии водии Язгуломи Бадахшон овардааст. Ҳаққо, ки “қадри зар заргар бидонад”.
Профессор Саймумин Ятимов шахсан ватандӯст, хештаншинос, фарзанди вафодори Тоҷикистони азиз, пайрави содиқи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Бо сарсупурдагӣ, дар партави тавсияву роҳнамоиҳои хирадмандонаи Сарвари бузурги миллатамон вазифаҳои бар дӯшаш вогузоршударо бо масъулияту садоқат иҷро намуда, инсонҳоеро азизу муътабар донистааст, ки дар ҷойгоҳу макони кору зиндагии худ вазифаашонро мисли худаш иҷро мекарданд.
Таърих гувоҳ аст, ки имрӯз нақши шахс дар пешрафти ҷомеа асосист. Дар таърихи инсоният номи афроди зиёде барои корнамоию фидокориҳояшон бо хатти зарҳалин сабт гардидаанд. Исми Сарвари маҳбуби давлатамон, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сархати ин фарзандони фарзонаи миллат қарор дорад.
Саймумин Ятимов ва аксарияти қаҳрамонҳои “Ёддоштҳо”-и ӯ шахсоне мебошанд, ки дар татбиқи сиёсати ба эҳёи миллату давлати тоҷик равонашудаи ин абармард саҳми шоиста гузоштаанд.

Арамбегим МАҲТОБШОЗОДА,
собиқадори меҳнат, сокини шаҳри Хоруғ

ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи бадхоҳони бегонапарасти ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо, ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд борҳо зимни изҳороти хеш вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи бегонапарастии наҳзат ва гуруҳаки ифротиро сараввал маҳкум намуда, андешаҳоямонро иброз дошта будем. Ин навбат низ, вобаста ба баромадҳои иғвоангезиву фитнаҷӯии бадхоҳони бегонапарасти ифротӣ, аз ҷумла Муҳиддин Кабирю Муҳаммадиқболи Садриддин ва Ҳусейн Ашуров, ки дар давоми моҳи апрели соли равон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуданд, андешаҳоямонро баён менамоем. Дар иртибот ба ин, бояд қайд, ки ин навбат М. Кабирӣ,бо номи паймони худсохтаи наҳзат дар барномаи “Daily Europe”, ки ровӣ Михаил Кацин- рӯзноманигори хориҷӣ, шаҳрванди шаҳри Одессаи Ҷумҳурии Украина мебошад, дар мусоҳиба иштирок намуда, зимни баромад худро “сиёсатшинос” шуморида, нисбат ба муносибати байни давлати Русия ва Арманистон бо таври худ андешаронӣ кард. Ба фикри мо, нисбати давлатҳои зикршуда, умуман давлатҳои ҷаҳон бо мулоҳиза ва андешаи солим бояд сухан кард. Баробари ин, яке аз пайрави фаъоли наҳзат М.Садриддин дар барномаи «Номаҳо аз Ислоҳ.нет» (Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ нет» ) бо намоиши сабти видиеоӣ оид фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳукуқи кишвар ҳарзагӯи кард.

Инчунин Ҳ.Ашӯров, ки узви фаъоли ҳарақати сиёсӣ мамнуъ дар кишвар-Гуруҳи 24 мебошад, дар барномаи “Ҳақ ва ботил”, бо ҷалби пайравонаш, аз ҷумла афроде бо номи Абдулло, Абдураҳмон ва номҳои ғайриоддӣ ба мисоли “Кошонӣ”,”Суханвар” баромад намуд. Зимни баромад оид ба қазияи зиндониёни сиёсӣ, аз ҷумла Иззат Амон ва мавзуъҳои мухталиф, аз қабили даъват кардани ҷавонон ба ҷанги иттилоотӣ андешаи носолимашонро баён сохтанд. Илова бар ин, Ҳ.Ашӯров, барои расонидани кумаки молиявӣ ба “муборизон”- барномаи ифротии зикршуда, талбандагӣ кард.

Хулоса, тӯдаи бегонапарастони ифротӣ, ҳеҷ гоҳ андешаи нуфузи миллатро намекунанд, танҳо онҳо бо ин васила мехоҳанд нафси худро қоневу ҳокимиятро ба даст оранду мардумро ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷаҳояшон созанд. Дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки бадхоҳони зикршуда омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Умуман, хар як хонандаи закӣ аз баромадҳои тудаи бегонапараст дарк менамояд, ки ғояҳои ифротӣ паҳн менамоянд. Агар ин хоинон, алалхусус М.Кабирӣ ва М.Садриддин аз дину мазҳаб огоҳӣ медошт, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеб ё худ ҷоҳилиро роҳандозӣ намекард. Аз ақидаи дини мубини Исломӣ ёдовар шуда, таъкидан тӯдаи бегонапарасти ифротиро хотиррасон менамоем, ки муъмин бародари муъмин, ба бародарат чиро раво дорӣ ба худат раво дор. Вале, аз ин гуфтор тудаи бегонапарасти ифротӣ хеле дур ва бехабаранд ва ё худро ба нодонӣ мезананд! Агар огаҳ мебуданд ҳаргиз нисбати ҳамзабонони худ бадгўӣ, тафриқаҷўӣ, хусумат ва суханони зишт нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон дар барномаю созмонҳои хориҷӣ садо баланд намекарданд.

Дар фарҷоми изҳороти хеш хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки баромадҳои бадхоҳони бегонапарасти ифротӣ, ки асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мегарданд, аз бевиҷдонӣ ва пастфитратӣ ва хиёнатомези онҳо гувоҳӣ медиҳад. Мо, ҳама вақт баромадҳои тудаи бегонапарасти ифротиро маҳкум намуда, нагузорем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!

ГУРӮҲАКИ РОҲГУМЗАДАИ ИФРОТӢ

Пӯшида нест, имрӯз дар ҷомеаи муосир як қатор падидаи номатлуб, аз қабили терроризиму экстремизм (ифротгароӣ)ва ҳаракату равияҳои гуногуни ифротӣ арзи вуҷуд доранду ба пешрафти устувори ҷомеа хатари воқеӣ эҷод мекунанд. Масалан, яке аз” пайравони фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, амиқтараш созмодиҳандаи “Ҳаракати ислоҳотхоҳон”-и ифротӣ, дар канали YouTube – Ислоҳ.тv(Ислоҳнет.), дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, дигаре Ашуров Ҳусейн ровии “Ҳақ ва ботил”, аъзои ҳаракати мамнуъ дар кишвар- Гуруҳи 24 мебошад, ки дар давоми соли ҷорӣ баромадҳои ифротӣ менамоянд. Барномаҳои зикршуда аз туҳмату дашном ва паст задани шаъну шарафи инсонӣ иборат буда, на ба бунёдкорию созандагӣ, балки ба тахрибкорӣ ва бадбинии ниҳодҳои давлатӣ нигаронида шудаанд, ки чунин амалу рафтор ба ҳеҷ як меъёри ахлоқӣ ва динӣ мувофиқат намекунад. М.Садриддин ва Ҳ. Ашуров зимни баромадҳояшон дастовардҳои давлату миллатро нодида гирифта, бо ранги сиёҳ ҷилва медиҳанд, то ин ки дар дили ҷавонон яъсу ноумедӣ ва бадбиниро нисбат ба Ватани азизамон бедор кунанд. Бо таҳлили воқеияти болозикр, бо далели амиқ гуфта метавонем, ки бозињои пасипардаги гурӯҳаки роҳгумзадаи ифротӣ ба њамагон маълум аст. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои худ талош доранд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслакашон ҳеҷ дарси ибрат намешавад.

Зимни фарҷоми андешаи хеш гуфтанием, ки ба афроди зикршуда, умуман ба гуруҳаки ифротӣ дар хотир дошта бошанд, барои мардуми тоҷик оромиву суботи кишвар, манфиатҳои давлату миллат арзишҳои ивазнашавандаанд. Туҳмату буҳтонҳои ғаразноки ин бадхоҳони ифротӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ҳисси ватандӯстӣ ва иродаи қавии мардуми фарҳангсолори тоҷикро шикаста наметавонад. Хулоса, ҷавонони даврони соҳибистиқлол такя бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар, ки ҷиҳати алайҳи терроризму ифротгароӣ мавқеи оштинопазир доранд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат хоҳанд намуд. Ҳамзамон, ҳамеша мо бояд дар хотир дошта бошем, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимӣ мебошад. Бо татбиқи ҳарчӣ бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.

Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ

МАРДЕ ШОИСТА ВА ЗИЁИЕ ИСТИСНОӢ, Ё ДОСТОНИ ҒАМУ ШОДӢ

Солҳои навадум барои муҳтаво ва мундариҷаи тафаккури миллии тоҷикон имтиҳони бузург буд.
Вазъи буҳронии саросарии давлат, ки дар он як миллат аксариятро ташкил медиҳад, мавзуи таҳқиқоти академӣ аст. Ба хотири муайян кардани омилҳо, оқибатҳои фоҷиабарангез ва эҳтимоли минбаъд бартараф кардани он.
Дар ин маврид бояд дар назар дошт, ки ҳолати носолими вазъи ҷаҳонбинӣ, маънавиёти миллат касалии силро мемонад: дар аввал ошкор кардани он душвор, аммо чун муайян шуд, табобаташ осон аст. Вақте ин касалӣ рӯй зад, ошкор шуданаш осон, аммо табобати он мушкил мегардад. Гоҳо оқибати кор ба мусибат анҷом меёбад.
Муддати ҳазор соли бедавлатӣ, тоҷикон дар ҳолати ғуломигарии воқеӣ ва маънавӣ қарор доштанд.
Дар ҳафтод соли Ҳокимияти Шуравӣ, номи тоҷик тавассути ҷумҳурии мустақил доштан бо аломатҳои сиёсӣ маъруфият пайдо карда бошад ҳам, ба хотири кӯтоҳии замонӣ имкони ташаккули мафкураи миллиро надошт. Қишри муайяни дорои эҳсоси худшиносии миллӣ дар ақаллият буд.
Бояд донист, ки сохтор ва муҳтавои генетикии одамизод дар аксар вақт, ҳатто садсолаҳо бетағйир мемонад. Эволютсияи ҳақиқии захираи муҳтавоии нейронҳо, устувортарин ҷузъи организми инсонанд. Гарчанде аккамулятсияи дониш ва таҷриба асрҳо ба ин ҷузъиёти майнаи инсон таъсиргузоранд, бояд дониста бошем, ки доираи фарогирии онон вобаста ба муҳити маънавӣ, дин, оин, иқлим, хосияти физиологӣ, дар маҷмуъ, генетикӣ, фазилати ҳамагонӣ надорад. Интихобӣ аст. Ва барои ҳамин дар ақаллият қарор дорад.
Дар ин маврид, сухан дар бораи сифат, мундариҷа, ахиран, муҳтавои ақаллият меравад. Оё он метавонад аксариятро, яъне ҷомеаро соҳибӣ кунад. Ё баръакс, мисли баъзе ба ном зиёиёни муайяни тоҷики солҳои навадум думрави таассубу хурофот гардад.
Ин фоҷиа, «сӯзи дил, ашки равон, оҳи саҳар, нолаи шаб»-ро (Ҳофиз) буҳрони солҳои навадуми асри гузашта рӯйи саҳна баровард. Ворисони Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ Сино, Носири Хусрав, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Тошхӯҷаи Асирӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров дар танҳоӣ монданд. Аз дасти онҳо кори шоиста наомад. Қисмати муайяни олимон, ки солҳо дар бағал санг доштанд, бо аҳли хурофот якҷо, аниқтараш думрав ва балегӯйи онон гаштанд.
Дар байни ин тоифа шахсиятҳои гуногун буданд. Яке сидқан, бо душманигарии яқин ба сохти Ҳокимияти Шуроҳо ба муллоҳои мутаассиб якҷо шуд. Дигарҳо дар ақидаи ниҳоии мансабталошӣ муътақид буданд, ки ифротиҳо бо идеологияи дар назар ҳамашумул ва пуштибонии геополитикӣ метавонанд қудратро ба даст оранд. Бад ин минвол, соҳибмансаб мегарданд. Узви қудрати сиёсӣ хоҳанд шуд. Як қисмати равшанигароён олимони ҳақиқӣ, аммо аз лиҳози сиёсӣ ниҳоят сода ва барои ҳамин ҳам осебпазир буданд.
Онҳо дар андак муддат, чун дуди хона ба порисаи хона расид, хатои худро фаҳмиданд. Пушаймон шуданд. Аммо аз рӯйи нангу номусе, ки хосси ин зумра буд, натавонистанд ваҳшати раҳгумии худро эълом доранд. Ба зиндагии одӣ ва оини пешин баргарданд. Дар ҳоле ки «тозиёни бо онҳо бударо дигар ғами аҳволи гаронборон намонда буд».
Яке аз ҳамин қабил олимон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Раҳими Мусулмониён ба шумор мерафт.
Ман ба тадқиқоти ин олими пухтакор аввали солҳои ҳафтодум, ҳангоми донишҷӯйӣ шинос будам.
Махсусан, монографияи ӯ оид ба санъатҳои бадеӣ дар адабиёти классикӣ ва асари машҳураш «Атоулло Маҳмуди Ҳусайнӣ ва баъзе масъалаҳои тафсири истилоҳоти адабиётшиносӣ дар асрҳои X–XV» (1973), дар байни мо, донишҷӯён аз маъруфияти хос бархӯрдор буд.
Миёнаи солҳои ҳаштодум, замоне ки ман сарпарастии мактабҳои олии мамлакатро аз лиҳози салоҳияти хизматӣ ба дӯш доштам, бо меҳру муҳаббате, ки ба Раҳими Мусулмониён дар дил мепарваридам, ӯро суроғ кардам. Дар кафедраи адабиёти советии тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон эшонро ёфтам.
Худро шиносондам.
Эътиқод ва эҳтироми хешро нисбат ба ин шахсияти бузург иброз намудам.
Баъдан, чанд муддат бо Раҳими Мусулмониён суҳбатҳои сарироҳӣ, аммо сидқӣ доштем.
Ӯ марди тахмин 50 – 55 сола, миёнақад, лоғарандом буд. Каме моил ба хамидагии қомат дошт. Ниҳоят хоксор, одӣ, суҳбаторо ва он чизе, ки эҳсос мекардам, аз худ як навъ содагии бар дилсофӣ ва покии инсонӣ асосёфта нишон медод, ки дар замири ӯ ҷойгоҳи зудбовариро заминагузорӣ намуда буд.
Профессор намегуфт, аммо ман итминон доштам, ки мисли ҳама инсонҳои пок ӯ дигаронро низ бофта аз матои худ гумон мекард. Иштибоҳи ӯро ҳам асос ҳамин буд.
Мусулмониёни сарсупурдаи илм ва адабиёт, ҳама вақт дар банди хаёлот ва таҳқиқоти эҷоди илмӣ мегашт. Чунин хислати олимона, бекина ва беғарази ӯ меҳру муҳаббати маро нисбат ба ин шахсият ва устоди камназир меафзуд. Бо ӯ суҳбат кардан, маънии хондани як китобро дошт.
Ҳангоми табаддулоти давлатии ифротгароҳо (моҳи майи соли 1992), Мусулмониён зери таъсири бархе аз зиёиёни воқеан дурӯя ва ғаразкор, ки боз чандин навъ бозиҳои пасипардагӣ доштанд, бо як содадилӣ гирифтори фитнаи онҳо шуд.
Боре баромади ӯро тариқи телевизон, ки акнун ба дасти ифротгароҳо афтода буд, тамошо ва бодиққат гӯш кардам. Медидам, ки чанде «ҳамкасбон»-и зираки муаллим худро паси шонаҳои ин содадил пинҳон карда, устоди номварро ба сифати «Плешнер» (образи бадеии содадилонаи профессори олмонӣ дар филми «Ҳафтдаҳ лаҳзаи баҳор», ки боиси марги худи ӯ шуда буд) истифода мекунанд.
Чун таҳти фишори Ҷабҳаи халқӣ ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор мегардид, ифротиёни ғосиб бо ҳар роҳу восита аз қаламрави Тоҷикистон ба хориҷа, аниқтараш ба Эрон фирор карданд.
Исломгароҳо аз асли мақсади гурехтан ба Эрон хуб огоҳ буданд.
Зиёиёни тоҷик, аз рӯйи эҳсоси эроният – таърих ва фарҳанги муштарак, умумияти забонӣ ва тамаддунӣ, ки намунаи олии он барои мардуми форсизабон аҳаммияти умуминажодӣ доштани Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар бузургон маҳсуб мегардид, умед баста буданд ва ин кишварро қиблаи худ мешумориданд.
Маҳз бо ҳамин ҳиссиёт як зумра аз зиёиён роҳи Эронро пеш гирифтанд.
Раҳими Мусулмониён аз ҷумлаи ҳамин гумроҳҳо буд.

ГАВҲАРИ ВОЛОИ ВАТАНПАРВАРӢ

Тавре ишора шуд, мақсади аслии Сафорат дар Эрон ҳарчӣ тезтар алоқа барқарор кардан бо ҳамватанон ба шумор мерафт.
Роҳбарияти олии мамлакат дар назди дипломатҳо вазифагузорӣ карда, мехост ҷараёни сулҳро суръат бахшад. Эълон намояд, ки ҳокимияти конститутсионӣ ҳокимияти кулли мардуми тоҷик аст. Аз ҳамватаноне, ки новобаста аз кадом сабабе, аз ҷумла, дар алоқамандӣ бо ҷанги шаҳрвандӣ ба хориҷи мамлакат фирор кардаанд, пуштибонӣ мекунад. Омода аст бо онҳо муколама барқарор намояд, то мушкил миёни тоҷикон бо гуфтушунид ва якдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл гардад.
Мо дар Теҳрон вазъиятро меомӯхтем. Аммо намехостем барои мухолифин ва кишвари иқомат масъала эҷод кунем. Бар ин ақида будем, ки бояд худи раванди воқеаҳо ва шароити зиндагӣ дар хориҷи мамлакат ҳамватанони моро ба хулосаи нек, ба тавофуқ биёрад.
Дари Сафорат барои ҳамватанон боз буд. Амалкарди намояндагӣ дар кулли самтҳо сурат мегирифт.
Бо гузашти се моҳи фаъолият дар Сафорат, профессор Раҳими Мусулмониён, ки акнун дар сафи мухолифин ба ҳисоб мерафт, ногоҳ ба навбатдори намояндагӣ занг зада, хоҳиши вохӯрӣ бо мушовирро кардааст.
Аз ин иттилоъ ман хурсанд шудам. Эҳсоси дӯстӣ ва ҳамватанӣ барои ҳар як нафаре, ки худро тоҷик ва тоҷикистонӣ мешуморад, аз Ватани худ умед дорад, волотарин ҳиссиётест, ки як умр инсонро пайгирӣ мекунад. Барои он ки одам хушбахт бошад, сарфи назар дар кадом нуқтаи олам зиндагӣ мекунад, бояд соҳибватании худро эҳтиром ва аз ин ҳиссиёт ифтихор намояд:

Ватан дар ҳар куҷо омад, ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯйи уқёнус бишнидам садои ту,
Агарчӣ дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.

Ҳамеша бо Ватан будан, ҳамеша бо Ватан масрур, бузургтарин хислати ниёгону ҳамасрони мо буд ва ҳаст.
Тавассути телефон бо Р. Мусулмониён дар алоқа шудам. Ҷойи вохӯрӣ Сафоратро пешниҳод кардам.
Ростӣ, таклифи ман эҳтимолӣ буд. Нафароне, ки худро мухолифи ҳукумат медонистанд, аз Сафорат ва тамос бо кормандони он канора меҷустанд. Албатта, сабабҳояш маълум. Аммо Мусулмониён:
– Ҳар ҷо Шумо салоҳ донед, он ҷо вомехӯрем, – гуфт ҷавонмардона.
Суҳбати мо дар Сафорат, дар ҳуҷраи кории ман қариб ду соат давом кард.
Дар аввал ман пурсидам:
– Домулло, дар Сафорат вохӯрданро ман бо шӯхӣ пешниҳод кардам. Шумо наметарсед, рафиқонатон, ки ҳамагӣ мухолифи ҳукумат ҳастанд, баъд аз ин чӣ гумон мебаранд? Ҳукумати кишвари иқомат, ки ҳар қадами ману Шуморо, тибқи вазифаашон, пайгирӣ мекунанд, чӣ хулоса мебароранд? Ҳолу аҳвол ва иқомати ояндаи Шумо баъд аз ин чӣ мешавад?
Мусулмониён:
– «Ҳар киро ҳисоб пок аст, аз муҳосиба чӣ бок аст?» – гуфта, бо масал посух дод.
– Ба ҳар ҳол муаллим, ба манзалати «мухолиф» будани худатон шубҳа ворид кардед. Шояд дар ягон ҷойи номаълум вохӯрӣ мекардем, – гуфтам ман, санҷиши худро идома дода.
Воқеан, ман набояд фаромӯш мекардам, ки ин «ташриф» эҳтимол супоришӣ ҳам бошад.
Ин сухан ба Мусулмониён қатъиян хуш наомад.
Аз зермаънои сухани ман огоҳ шуд. Барошуфт:
– Шумо маро санҷида истодаед. Бояд бидонед, ки ман маҳз барои он ҷойи вохӯрӣ Сафоратро интихоб кардам, то ба шумо кормандони намояндагӣ фаҳмонам: ман ҳеҷ вақт хоини миллат набудам ва нестам. Лекин дар байни шумо ҳукуматиҳо, ки бовар мекунанд, мансаб медиҳанд, маоши калон таъйин ва ҳатто ба хориҷа равон мекунанд, то давлатро, манфиатҳои миллиро ҳимоя кунед, хоинон кам нестанд.
Инро гуфта, ба ман нигоҳи ҷиддии омӯзишӣ кард.
Ман чизе нагуфтам. Зеро ҳангоми кор дар шуъбаи илми Кумитаи давлатии бехатарии замони Шуравӣ, бо чанде аз дӯстон, устодони донишгоҳ ба ҳамин лаҳн гоҳо суҳбати «унвонҷӯ – оппонент»-ро мегузаронидем. Оқибат, якдигарфаҳмии мо боз ҳам мустаҳкам мешуд. Ҳамин шакли баҳс бо муаллимон Худоназар Асозода ва Абдулҳай Маҳмадаминов, ки аз дӯстони қарини ман шуданд, хос буд.
Чун Мусулмониён дид, ки ман дар ин мавзуъ вориди баҳс шуданӣ нестам, ором шуд. Бо ҳамон ҷиддият суханашро идома дода, гуфт:
– Рӯзе, ки Шуморо дар мансаби мушовир – кордори Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон таъйин карданд, як нафар одами масъул аз ҳамин Сафорат, бо баҳонае мо, мухолифинро дар қаҳвахонае ҷамъ кард.
Ман фаҳмидам, ки ӯ «гуфтании муҳимме» дорад. Мо чанд нафар будем. Оқибат ӯ гирди миз ҳамаи моро наздик, калла ба калла карда, гӯё бо овози паст изҳор дошт:
– Ҳамин субҳ вазири мо фармонеро имзо ва дар Сафорат мушовир – кордор таъйин кард. Донед, ки ӯ полковники КГБ аст. Аз ин пас эҳтиёт бошед. Ба дигар рафиқон ҳам гӯед.
Мусулмониён баъди каме таваққуф идома дод:
– Аз мо, мухолифин касе чизе нагуфт. Ва баъд ҳам нафаре ин мавзуъро муҳокима накард.
Ман ба сухани Мусулмониён гуфтание надоштам. Ин маълумотро намедонистам. Аммо фаҳм, дарк ва таҳлилҳои ман ба чунин изҳорот наздикӣ дошт.
Хомӯширо халалдор карданӣ шуда, Раҳим Мусулмониён бо ҳамон содагии покдилона ва боҷуръатонаи худ суханашро идома дод:
– Ана, акнун донистед, ки ман барои чӣ маҳз дар Сафорат бо Шумо вохӯрӣ таъйин кардам. На дар ҷойи дигар. Дар акси ҳол, шояд гумон мекардед, ки ман хабаркашӣ ва ё бадгӯйӣ карда истодаам. Ҳис кардам, он нафаре, ки ман ӯро ҷосус мешуморам, айни замон дар ҳамин Сафорат аст. Бо Шумо кор карда истодааст. Акнун даъват кунед он шахсро, то ман ин гапро дар рӯяш ҳам гӯям. Лозим бошад, боз шоҳид ҳам меорам. Даъват кунед! Худи ҳозир даъват кунед! – оқибат, барошуфт ва фармон дод муаллим.
Ман хомӯш меистодам.
Кӯшиш мекардам ба меҳмон ягон посух ва вокуниш ҳам нишон надиҳам. Инро дида, ғазаби профессор зиёдтар гашт:
– Чаро хомӯшед?!!! Биёред! Биёред, рӯ ба рӯ кунед, ки мухолифин хоин аст ё корманди давлатӣ?
Ман аз ғазаби муаллим завқ бурда, каме табассум кардам. Ва дидам, ки профессор ором намешавад:
– Муаллим, ман инро медонам. «Моро фурӯхтанд ва мефурӯшанд. Муҳим он аст, ки аксарият содиқ ҳастанд», – гуфта, сухани як муаллифи ҳакимро бе истифодаи ному насабаш иқтибос овардам.
– Ҳа, бале, – каме ором шуда, гуфт оқибат профессор, – «изои муъмин ҳаром» мегӯед. Ин ҳам дуруст. Шуморо муътақид карда бошам, бас аст. Кифоя, – суханашро хулоса кард Мусулмониён.
Ман мавзуи суҳбатро тағйир доданӣ шуда:
– Устод, ин ҷо ҳолу аҳволатон чӣ тавр аст? Гоҳо ёди Ватан, ёру ошноҳо мекунед? – гуфта, хостам маҷрои суҳбатро ба самти аслӣ барам.
Раҳими Мусулмониён ба андеша фурӯ рафт.
Аз эҳсоси зиёд чашмонаш нам гирифт.
Каме таваққуф кард.
Ба худ омад.
Устод ва муҳаққиқи забардасти назми тоҷик ин ғазали Ҳофизро бо овози ҳазин хонд:
Гар аз ин манзили вайрон ба сӯйи хона равам,
Дигар он ҷо, ки равам, оқилу фарзона равам.
З-ин сафар гар ба саломат ба Ватан боз расам,
Назр кардам, ки ҳам аз роҳ ба майхона равам.
То бигӯям, ки чӣ кашфам шуд аз ин сайру сулук,
Ба дари савмаа бо барбату паймона равам.
Ошноёни раҳи ишқ гарам хун бихӯранд,
Нокасам, гар ба шикоят сӯйи бегона равам…
Гар бубинам хами абрӯи чу меҳробаш боз,
Саҷдаи шукр кунам в-аз пайи шукрона равам.

Албатта, аз рӯйи одоб ва тартиби хизматӣ набошад ҳам, ман маълумоти хиёнатро на ба сафир ва на ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ва на ба идораи амнияти Тоҷикистон нагуфтам.
Тамоми умр оини кори мо буд, дар ҷойе, ки фаъолият ба сар мебарем ва аз он нон мехӯрем, камбудро шиносем, бояд андеша ва таҳаммул кунем. Оқибати корро то ҳади имкон бо сабр саришта намоем. Тадбир пеша кунем. Гапи хонаро ба бозор, ба худиву бегона набарем. Чун надидам, ки баръакси ин амал қимати касе афзуда бошад.
Аз ин оин ман зарар надидам.

НАЗДИ МАН ҶАВОНМАРД ОН БУВАД

Ҳамин тариқ, бо профессор Раҳими Мусулмониён вақт ба вақт дар тамос мешудем.
Ӯ дигар аз дому дон, фитнаву шар, зеру забар, ҷангу ҷадал ва гулобу қанди мухолифин батамом канда буд.
Дар Донишгоҳи улуми адабиёти форсӣ ба тадқиқот шуғл меварзид. Бо меҳнати ҳалол рӯзгор мебурд.
Р. Мусулмониёнро ҳар сари вақт ба Сафорат даъват мекардам. Ӯ ҳам, сарфи назар аз масруфият, ба идораи намояндагӣ ташриф меовард.
Мо дар сари як чойник чой соатҳо суҳбат мекардем. Гарчанде байни мо гоҳо баҳсҳо сурат мегирифт. Онҳо бештар мавзуъҳои адабиёти классикиву муосир ва сиёсатро дахл мекарданд. Ман аз ин шахсияти бузург дарси илму адаб ва назокати муошират меомӯхтам.
Ҳамин тариқ, риштаи дӯстиву рафоқати ман бо профессор Раҳими Мусулмониён мустаҳкам гардид. Замоне ки бекортар мебудам, мошин фиристода, ӯро барои сайру гашт ба боғи Ниёварон ва ё ба боғи «Тахти сангин», дар наздикии Сафорат даъват мекардам.
Гоҳо, чун ба ягон самти Эрон танҳо сафар медоштам, устодро ҳамроҳ мегирифтам, ки раҳ «кӯтоҳ шавад» ва сафар хуш гузарад.
Албатта, профессор аз чунин таклиф хушаш меомад.
Тамоми роҳ мо дар ягон мавзуъ суҳбат мекардем. Ман доим суолҳои зиёд доштам. Шунидани ҷавоби онҳо аз забони шахси донишманд, шеърхону шеърдон, нуктафаҳму соҳибмуҳокима ва дидаву дониста ниҳоят ҷолиб буд.
Боре нияти сафари шаҳри Ҳамадонро кардам. Шом бо Раҳими Мусулмониён дар тамос шудам. Таклифи ҳамроҳиро бо хушнудӣ қабул кард.
Дар роҳ ман дар бораи шаҳри Қазвин, ки аз Теҳрон дар масофаи яксаду панҷоҳ километр қарор дошт, нақл кардам. Аз Убайди Зоконӣ ёдовар шудам.
Устодро «Худо дод». Ӯ тез гапи маро бурида, риштаи суханро дар атрофи ин шоири тавонои асри XIII бурд.
Мусулмониён бо як завқи баланд дар бораи адиби тавонои миллати тоҷик нақлҳо мекард.
Аз ҷумла, гуфт, ки агар имкон бошад, мо аввал ба деҳаи Зокони Қазвин рафта, ақаллан, зодгоҳи ин марди рӯинтанро зиёрат кунем, баъд сафарро идома диҳем.
Ман аз профессор пурсидам, аз куҷо маълум аст, ки дар ҳақиқат Зокон макони таваллуди шоир аст. Муаллим гуфт:
– Инро худи шоир дар як байташ тасдиқ кардааст:
Гар кунӣ бо дигарон ҷабру ҷафо,
Бо Убайдуллоҳи Зоконӣ накун!

Сипас суханашро идома дода, хотирнишон кард:
– Чандин шеъру қитъаву достонҳои шоир чунон сароида шудаанд, ки гӯё ҳолу аҳволи маро тасвир мекарда бошад. Масалан, дар як рубоияш мегӯяд:
Нест дар дастам кунун аз хушку тар,
З-он чӣ вақте дар шуморе омадӣ,
Ғайри ман дар хонаам чизе намонд,
Ҳам намондӣ гар ба коре омадӣ.

Аммо чун Убайд бузургмард буд ва аз касе тамаи ноне надошт, дар ҷойи дигар гаштаву баргашта таъкид кардааст:
Эй дил, пас аз ин андуҳи беҳуда махӯр,
З-ин беш ғами будаву нобуда махӯр.
Ҷон медеҳу доди тамаъу ҳирс мадеҳ,
Ғам мехӯру нони миннатолуда махӯр.

Инро гуфту Раҳими Мусулмониён яку якбора сахт маъюс гашт:
– Ман профессор. Дар замони Шуравӣ ҳафтсад сум маош мегирифтам. Бо он се оила, агар шабу рӯз мехӯрданд, зиёдатӣ мекард. Ба фикрам, ношукрӣ аз дасти худамон гузашт, – гуфт.
Ман, ки доим бо муаллим дар «ситеза» будам, шӯхӣ кардам:
– Домулло, Шумо дар бораи Убайди Зоконӣ гап занед, на дар бораи худатон. Набошад ман тарҷумаи ҳоли ин «шаккок»-ро худам ба Шумо нақл мекунам, – гуфтам.
Профессор ба ҳуш омад, табассум кард ва гуфт:
– Воқеан, Убайди Зоконӣ шахсияти ҷасуру далер ва марди фозил, ҳаҷвнигор ва соҳибмуҳокима будааст. Замоне ӯ ба Бағдод сафар мекунад. Дар он ҷо аз танҳоӣ азият мекашад. Аммо намехоҳад пеши касе фазлфурӯшӣ ва сар хам кунад. Чанд мухлиси Убайд ба Салмони Соваҷӣ, шоири тавоно, аммо тамаллуқҷӯйи дарборӣ дар бобати меҳмон шудани Зоконӣ дар ин шаҳр хабар мерасонанд.
Салмони Соваҷӣ аз эҷодиёти Убайд хуб огаҳ буд ва аз ҳаҷву мутоибаҳои ӯ эҳсоси малолӣ карда, дар ҳаққаш қитъа месарояд:
Ҷаҳаннамиву ҳиҷогӯ Убайди Зоконӣ,
Муқаррар аст ба бедавлативу бединӣ.
Агарчӣ нест зи Қазвину рустозодаст,
Валекин мешавад андар ҳадис қазвинӣ.

Ин қитъа ба гӯши Убайд мерасад. Рӯзе шоир ҳангоми сайру гашт дар соҳили дарёи Даҷла Салмони Соваҷиро бо ҷамъи хушомадгӯёнаш мебинад. Наздик меравад. Арзи салом ва бо онҳо мусоҳиба мекунад.
Чун ҳозирин ҷавонмарди хушқадду қомат ва бо фазлу донишро мебинанд, ӯро ба маъракаи худ даъват мекунанд. Салмон аз ӯ мепурсад:
– Бародар бо ин хушсуханӣ аз куҷоӣ?
– Аз Қазвинам, ҳазрат! – ҷавоб медиҳад Убайд.
– Боракалло, боракалло! Аз Қазвин, ки бошӣ, бародар, бигӯй, ки аз эҷодиёти мо магар дар ватани Шумо чизе маълуму машҳур аст?
– Албатта, ҳазрат. Шумо яке аз шоирони шинохтаи он диёр эътироф шудаед. Аммо аз кулли ашъоратон як порчае вирди забони хоссу ом аст, – мегӯяд Убайд.
– Офарин, он порча кадом будааст, меҳмон?
Убайди Зоконӣ бо риояти ифоданокии қироати шеър мегӯяд:
Ман хароботияму бодапараст,
Дар хароботи муғон ошиқу маст.
Мекашандам чу сабу дӯш ба дӯш,
Мебарандам чу қадаҳ даст ба даст.

Ва илова мекунад:
– Ин фақир медонам, ки устод Салмон шахси хирадманду доност. Мардуми Қазвин ба ин боваранд, ки шояд шеъри мазкурро завҷаи эшон сароида бошанд.
Салмони Соваҷӣ ба дурустӣ дарк мекунад, ки ҳамсуҳбати ӯ ҳамон Убайди Зоконист, ки дар лутфу мутоиба ӯро ҳамто нест. Эҳсос менамояд, ки ба эшон қитъаи ӯ расидааст. Ва ин порчаи шеърӣ посух ба ҳамон қитъаи дар ҳаққи Убайд навиштаи ӯст.
Ман аз ин суҳбат хеле ҳаловат бурдам. Чун ба Қазвин расидем, дар суроғи деҳаи Зокон шудем. Мақсад – зиёрати макони тавлиди бузургвор Убайдуллоҳ буд, ки номи он деҳро ба исми худ пайваста, машҳури олам карда.
Мутаассифона, дар шаҳри Қазвин на ягон кас номи ин шоири оламшумулро медонист ва на мавзееро бо номи Зокон.
Профессор Мусулмониён бо тааҷҷуби зиёд ва содагии олимона аз ҳар каси роҳрави Қазвин, агар ӯро босалобат дарёфт мекард, мепурсид. Вақте онҳо ба саволҳои марбут посух дода наметавонистанд, бо ҳаяҷон:
– О, бародар! Наход шумо Убайдуллоҳи Зокониро нашиносед, наход макони зиндагии ӯро, ки ҳамшаҳрии шумост, надонед, – мегуфт.
Гоҳо аз ин шоири номвар порчаҳои шеърӣ мехонд. Гоҳо латифаҳо мегуфт. Аммо ҳайҳот. Гӯё қазвиниҳо қасам хӯрда бошанд, ки сар раваду сир наравад. Дар посухи суол китф дарҳам мекашиданд.
Оқибат, Раҳими Мусулмониён маъюс гашта, омада бо сари хам дар мошин нишаст. Фармон дод:
– Ба сӯйи бинои шаҳрдор ҳай кун!
Касеро пурсидам. Нишони маъмурияти шаҳрро гуфт. Дар он тарафи шаҳр, аз мавзеи истодагии мо дар масофаи тахмин 3-4 км будааст. Мо ба он самт ҳаракат кардем. Муаллим аз ин муколамаи бенатиҷа сахт ошуфта шуда, чанд маротиб худ ба худ: «афсус, бехирадӣ, бедонишӣ, бехабарӣ, ҳазор ҳайф, ҳазорон ҳайф», – гуфта монд.

ҶОН МИСОЛИ ШИША АСТУ ИЛМ
МОНАНДИ ЧАРОҒ

Аммо ман аз чунин вокуниш ҳайрон нашудам. Дар тааҷҷуб ҳам намондам. Ин дам аз пеши назарам як лаҳзаи сафари худам ба шаҳри Исфаҳон гузашт. Мақсади ташриф, вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик буд.
Аз фурудгоҳ як мошини кирояи «Пайкон»-ро гирифта, ба ронандаи он, ки марди тахмин 50 – 55 сола буд, ҳадафро гуфтам.
Ронанда бахши донишгоҳи байналмилалиро намедонистааст. Тибқи харита, кӯшиш кардам хатсайрро фаҳмонам. Чун роҳ тулонӣ афтода буд, дар хусуси аз Исфаҳон будани падари Ҳофизи Шерозӣ, бо ҳамроҳии завҷааш ба Шероз рафтан ва дар он ҷо таваллуд шудани Шамсиддин, ки баъдан бо номи Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ машҳур гаштааст, нақл кардам. Ба умеди он ки шояд сокини шаҳри Исфаҳон чизе илова намояд ба гуфтаи мо, хатсайр кӯтаҳ шавад ва ҳамраҳӣ «маънӣ» пайдо кунад.
Аммо аз ронанда сару садое намебаромад. Пурра машғули кофтукови макони манзури мусофир буд.
Ман хостам абёте ба тафсири халқия, мисли пиёдачақчақ аз Ҳофиз ёдовар шавам, то хотири марди исфаҳониро, ки падари паёмбарони шеъри тоҷикӣ – форсӣ ҳамшаҳрии ӯст, шод гардад:
Ба шеъри Ҳофизи Шероз мехонанду мерақсанд,
Сиёҳчашмони кашмириву туркони самарқандӣ.

Аз ронанда вокунише берун наомад. Шеъри дигареро наздик ба аҳволи мардуми одӣ хондам:
Шоҳидон дар ҷилваю ман шармсори кисаам,
Бори ишқи муфлисӣ ҳайф асту мебояд кашид.

Аммо аз сокини шаҳри Исфаҳон ишорае ба дарки маънӣ шунида нашуд. Ахиран, як байти ғазали машҳурро хондам:
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

Ронанда, гӯё ки ҳамаи инро намешунид. Баръакс, хавотир буд. Оқибат, ба ман гуфт:
– Бе фекрам, ма роҳру гом кардим. Шома бо хате форсӣ баладид? Ун ҷа че навиште шоде? – гуфта, ба як иморати баланд, ки дар болои он ба андозаи якметрӣ ҳарфҳо сабт шуда буд, ишора намуд ва аз ман пурсид.
Навиштаҷот мушкил надошт. Тез онро хондам.
– Ваҳ, воғиан, ма дер ун месир нистим, – гуфт ба ошуфтагӣ ронанда.
– Оғо, биноии Шумо чӣ тавр аст, ки ҳарфҳои бузургро намебинед, аммо иҷозати ронандагӣ доред? – бо хавотирӣ пурсидам ман.
Ронанда дар як кунҷи роҳ мошинро нигоҳ дошт ва оромона ба ман:
– Оғо, моли куҷастӣ? – гуфта пурсид.
– Тоҷикистон, – посух додам ман.
– Бебин, эзизи делам, мотеваҷеҳ шодам, ки Шома таҷек ҳастид. Ашъори Ҳофизру ғироет кардид. Аммо маро гунгу кар дарёфтид. Оре, ҳамин ҷуре. Ман не мишонавам ва не мибинам. Омри мен дар ғеми йек бориде нон гозашт. Аз бачегӣ то ҳол. Ман хатту севод недорам. Аге бе ҷайи ман мебудид, Шома ҳам ҳеминҷӯрӣ мешодид дигэ. Кетобру бе шеками сир мехунанд. Дорост?!!! Шониде бодам, ке кешвари Шома шуроҳо кофармиҷозе, аммо одампервере. Нетиҷаи онру Шома доред нешун мидид. Моро дар дилетун мазаммат наконид. Экнун, шеърхунӣ бас! Ҳар эсми хиёбану эморатру бихунед, ке ман мотаваҷеҳ шавам, то коҷа ҳастим ва коҷа дорем мирим.
Баъдан ин ронанда тафсир намуд, ки барои ҳадди ақал ҷойи кор пайдо кардан, ҳукумат барои мардуми бесавод, давраҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ мекушодаанд. Дар онҳо на савод, чаро ки омӯзонидани он мушкил аст, замону макон ва маблағ мехоҳад, балки тарзу усули ронандагӣ ва аломатҳои роҳро нишон медода будаанду халос.
Бо ин хаёлот ману профессор Мусулмониён ба бинои ҳукумати шаҳри Қазвин расидем.
Он ҷо ба суоли мо посух доданд, ки чунин деҳа бар асари хушк шудани чашмаҳое, ки боиси зист дар он маҳал будааст, тақрибан дусад сол қабл мавҷудияти худро аз ҷабри табиат қатъ кардааст.
Ноилоҷ ба масири худ идома додем.

ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН

Наздикии шом ба шаҳри Ҳамадон расидем. Қарор додем, ки истироҳат кунем ва субҳи рӯзи дигар оромгоҳи Шайхурраис Абуалӣ ибни Синоро зиёрат намуда, баъд корҳои хизматиро анҷом бидиҳем.
Номи шаҳри Ҳамадон барои мардуми Тоҷикистон аз унвон ва мартабаи мубораки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ машҳур буда, аз эҳтироми махсус нисбат ба он ҷаноб бархӯрдор аст. Чун вақти говгум ба чанд меҳмонхонае муроҷиат кардем, эҳтиромона посухи «оғоюн, маъзарати зиёд, ҷой нист»-ро шунидем.
Дар меҳмонхонаи чорум ё панҷум профессор Мусулмониён шӯрид ва гуфт:
– Шумо дигар корти дипломатии худро нишон надиҳед. Ман масъаларо ҳал мекунам.
Розӣ шудам.
Устод пеш даромад. Хост бо як дарси таъриху адабиёт мушкили моро ҳаллу фасл кунад:
– Азизи ҷони бародар, – муроҷиат кард ӯ ба меҳмондор, – мо аз Тоҷикистон, аз диёре ба Ҳамадон, ба ин шаҳри таърихӣ ва ҳамешаҷавон ташриф овардем, ки он ҷо оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонист.
Мардуми кишвари мо пеш аз он ки ба зиёрати Маккаи Мунаввара азми сафар намоянд, аввал марқади ин шахсияти бузургро саҷда мекунанд, то ҳаҷҷашон қабул шавад.
Меҳмондор:
– Арзам хидмататун, шома аз ма чӣ мехаҳид? Маге ҷойи хоб дархост надорид? – гуфта, пурсид.
– Оре, муддао ин аст! – ҳозирҷавобӣ кард, профессор.
– Нист, сад маъзарат михом, ҷойи хоб нист! – гуфт бо эҳтиром, аммо қотеона меҳмондор.
Профессор паст наомад:
– О бародар, мо аз маконе ҳастем, ки оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ он ҷост. Мардуми мо ин шахсияти бузургро Амири Ҳамадон гӯянд. Эшон аз мулки шумо ба Кӯлоби мо чун мусофири раҳгузар ташриф овардаанд. Аммо ҳамватанони мо он касро дар мамлакати худ амир интихоб намуданд. Як мулки зебову сарсабзу хуррамро ба эшон ҳадя карданд. Баъди фавташон мақбараи боҳашамат дар боғи маркази шаҳр барои худи ин бузургвор ва авлодашон бунёд намуданд. Ҳоло ба ин мазор ташриф бурда, шабу рӯз гиряву нола, зориву дуо ба сидқи он ҳазрат арзонӣ медоранд. Ва ин садоқату амали мо нисбат ба эшон наздики шашсад сол аст, идома дорад. Наход шумо ба сафири мамлакати мо ва ба худи ман, ки профессори як донишгоҳи маъруф ҳастам, бар ивази шашсад соли эҳтирому бузургдорӣ, бо пули худамон ба муддати як шаб ҷойи хоб надиҳед.
Меҳмондор, ки ба кори худ саргарму саргардон буд, андак дар ғазаб шуд:
– Оғо, ман ҳамчонин шахсеру, ки шома доред мегед, аслан немишиносамшун ва ба ун коре ҳам недорам. Шома равед, сеҷдаи худро дар он даргоҳетун идома бидид! Аге шома аз мо ҷойи зист талаб дорид, нистш, – гуфт. Ӯ ба ҳар ҳол кӯшиш кард, ки ғазаби худро нисбат ба ин содагии мо зиёд нишон надиҳад.
Ин замон дидам, охунде аз ман ҷавонтар, бо либоси озода, саллаи сиёҳ, риши сиёҳ, ҷомаи сиёҳ бо хонуми ҷавони сар то ба по печидаи сиёҳ ва як писарбачаи хурди зебои сарсиёҳ ба толори бузурги меҳмонхона, ки воқеан, рангаш сиёҳ буд, ворид шуданд. Ман фикр кардам, ки ин охирин имкон аст. Беихтиёр назди он охунд давидам. Маъзарат пурсидам. Ва изҳор доштам:
Додгаро, фалак туро ҷуръакаши пиёла бод,
Душмани дилсиёҳи ту ғарқа ба хун чу лола бод.

Ва арзи хидмат кардам:
– Волоҳазрато, мусаллам аст, ки Шумо шахсияти бофазилати мазҳабӣ ҳастед. Мо ду нафар мусофири тоҷикистонӣ аз маконе ба Ҳамадон ташриф овардем, ки он ҷо зиёратгоҳи Мир Сайид Алӣ, бузургворе ҳаст ва ба қавли эшон ба ҳабдаҳ пушт насаб ба ҳазрати Расул пайванд. Шашсад сол аст, ки ин бузургвори ғариб меҳмони кишвари мост. Аммо мо ба шаҳри эшон меҳмонӣ барои як шаб омадему наметавонем ҷойи хоб пайдо кард.
Охунд, ҷавон ҳам бошад, оқилу зарофатфаҳм будааст. Инро шунида, табассум кард. Бо пешонии худ ба меҳмондор, ки бо пайдо шудани ӯ бо лабҳои пурхандаи чоплусона дандонҳои зарди худро ошкор карда буд, ишораи сабуки омиронаи «ин ҷо биё» кард.
Меҳмондор чорқат шуда, давида назди охунд омад. Охунд сӯйи чоплус қавоқ баркашид ва бидуни он ки чизе гӯяд, ду ангушти дасти росташро нишон дода, баъд онро ба як мубаддал сохт. Яъне ду манзил ҷудо кунед, яккасӣ.
Меҳмондор дуқад шуда, қафонокӣ рафта, қариб дар курсӣ бармехӯрд, базӯр тавозун нигоҳ дошта, дар ҷойи худ рост истод ва бо нигоҳу таъзим охунди ҷавонро то ғайб задан гусел кард.
Баъди рафтани он ҳумоюнқадами фархундапай, бо қошу қавоқ барои мо ду хонаро рӯйи истифода қарор дод.
Профессор табассуми қаноатмандона карду:
– Аз арвоҳи хеши ҳазрати Пайғамбар як охунди зинда зӯртар будааст, – гуфт.

АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЁҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ

Субҳ ману дӯстам ба сӯйи қиблаи илму хирад, донишу маърифат, ақлу фаросат ва қудрати инсонӣ – мақбараи олими забардаст, табиби соҳибқудрат, шоиру мусиқидон, файласуфи зеҳниятшиносу аз олам бохабар, давлатомӯз, қуллаи дарки ҳастӣ, тоҷике, ки ливои нангу номуси инсониро бар зидди ҷаҳолату хурофот, торикиву раҳгумӣ ва тангдастии табиат дар назди оламиён баланд кардааст, яъне Абуалӣ ибни Сино раҳсипор гаштем.
Профессор Раҳими Мусулмониён ҳангоми зиёрати марқади ин бузургвор, асосан, бо ман, аммо гӯё худ ба худ иброз дошт:
– Тавре ки донишманди эронӣ Саид Нафисӣ далел меорад, Абуалӣ ибни Сино дар тули ҳаёти кӯтоҳаш, дар шароити сарсону саргардонӣ, таассубу таъқиб ва тақдири носозгори зиндагӣ 456 китобу рисола навиштааст.
Аз ҷумла, 23 асари худро бо забони модариаш – тоҷикӣ таълиф намудааст. Китобҳои ӯ «Ал-маҷмуъ», «Китоб-уш-шифо», «Рисолаи кимиё», «Мантиқи форсӣ», «Наҷот» ва ғайра аз кашфиёти бемисли замони худ ва чанд асри баъди давраи ин олими беҳамто маҳсуб мегарданд.
Танҳо «Китоб-уш-шифо»-и ӯ ҳалли чандин масъалаҳои печидаи фалсафа, мантиқ, математика, табиат, мусиқӣ ва монанди инҳоро дарбар мегирад.
Номи Абуалӣ ибни Сино бо фаҳм, дарк ва умқи зеҳнияти миллати тоҷик ва тоҷикият тавъам аст. Ӯ ҳувияти миллии мост.
Чандин порчаҳои шеърии Абуалӣ ибни Сино шаҳодат аз он медиҳанд, ки торикӣ, ҷаҳолат ва хурофотпарастии руҳониёни ифротӣ бар зидди мактаб, маориф, илм, хирад ва равшангароӣ решаҳои таърихӣ доранд. Маҳз ҳамин омилҳо сабаби аслии ҷанги шаҳрвандӣ буданд. Ва эҳтимоли қавӣ он аст, ки боз чанд даҳсолаи дигар бадбахтиҳои бузургро бар зидди миллати тоҷик меоваранд:
Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

Ин суханҳоро гуфта, профессори гуреза ва фиребхӯрдаи тоҷик хеле ғамангез ва дардолуд гашт. Ба ҳоли худ ва миллати зери хурофоту ҷаҳолатгаштаи хеш, ки акнун бо ҳамин сабаб бо ёрии аҷнабиён якдигаркушӣ мекунад, ҳазорҳо афсус мехӯрд.
Бо анҷоми зиёрати мақбараи ин абармарди тоҷик, профессор Раҳими Мусулмониён маро ба оромгоҳи хурд ва назарногири шоири машҳури Эрон Орифи Қазвинӣ овард, ки тибқи васияти ӯ, дар ивази бузургворие, ки дар шеъраш нишон додааст, инъоме нахостааст, магар ин ки дар пойдомани манзили ахирати Абуалӣ ибни Сино ӯро ҷой диҳанд.
Ҳукуматдорон ин васиятро сазовор дониста, ҳамчунон кардаанд.
Инак, дар тахтасанги сари гӯри ин шоири тавоно чунин байте навишта шудааст:
Умрам гаҳе ба ҳаҷр, гаҳе дар сафар гузашт,
Таърихи зиндагӣ ҳама бо дарди сар гузашт.

Чун рӯзи дигар ман аз хидмати давлатӣ фориғ шудам, то он дам Мусулмониён дар шаҳр нишони авлоди Мир Сайид Алии Ҳамадониро муайян карда будааст.
Маро ба иншоот ва зиёрати мақбараҳои марбут ба ин хонадон даъват кард.
Роҳбалади мо, марди солманд – доктор Солукӣ яке аз донишмандон ва мардумшиносони доираҳои илмии Ҳамадон будааст. Ӯ бо овардани шаҷара ва далелҳои таърихӣ исбот намуд, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, воқеан, аз қавми араб ва аз авлоди ҳазрати Алӣ мебошад. Ва дар ин шаҳр аз қавми Алавиён будани эшон бо санадҳо таъйид гардидааст.

НЕШИ АҚРАБ НА АЗ РАҲИ КИН АСТ

Ифтихор аз таърихи миллати хеш нишонаи бузургӣ, масъулиятшиносӣ, худогоҳӣ, эҳёгарӣ, шарафмандӣ, шоистасолорӣ ва рисолатшиносӣ аст.
Аммо баъзе аз «зиёиён»-е, ки ба аслияти ватанпарастии худ хиёнат карда, дастобрези мутаассибони ифротгаро ва тарроҳони ҷанги бародаркуш шуда, ба Эрон фирор карда буданд, таърихи миллати хешро дар ҳафтод соли ахир ноҷавонмардона таҳриф мекарданд.
Бо ин аъмол ҳам, мехостанд рӯширинӣ ва чоплусие ба бегонагон кунанд. Меҳрубоние аз онон тамаъ баранд. Табассуму тараҳҳуми аҷнабиёнро сазовор шаванд.
Фаромӯш мекарданд, ки дар асл, ҳамагон дастпарварони Ватани хешанд. Дар ин сарзамин худ, фарзандон ва аҳли авлодашон таваллуд ва бузург шуданд. Бе музд таҳсилоти мактаби миёнаву олӣ гирифтанд. Дар риштаҳои номзадиву докторӣ, бидуни пардохти маблағ таҳсил карданд. Сазовор буданд ё не, ба унвонҳои баланди илмӣ ноил гаштанд. Лоиқ буданд ё не, соҳиби манзилу манзалат шуданд. Фазилатеро, ки падарон васият карданд, сарфи назар намуданд:
Зи ҷӯйе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Нашояд фигандан дар он сангу хок.

Яке аз муовинони Вазири амнияти Тоҷикистон, ки дар сафи ҳайати Комиссияи оштии миллӣ буд, лаҳзаеро нақл мекард, ки собиқ журналисти номдори Иттиҳоди Шуравӣ ва соҳибқалами маъруф дар ғарибӣ, дар сари миз аз пеши яке аз саркардагони иттиҳоди мухолифин, ки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ буд, тез-тез резаҳои нон ва пасмондаҳои хӯроки ӯро ҷамъ намуда, табақчаҳои эшонро пок ва дам ба дам иваз мекард. Худ ғизо тановул наменамуд. Саропо дар хизмати он фурӯмоя қарор дошт.
Ҳамин буд, формулаи фалсафии вазъияти «инқилоби зеҳнӣ»-и «мағзҳои миллат» – зиёиёни миллӣ дар таносуб бо фазои маънавӣ ва ҷисмонии халқи бечораи раҳгумзадаи тоҷик дар оғози даҳаи охирини асри гузашта.
Бо супориши саркардагони худ, ин дастаи ба ном зиёӣ, бидуни эҳсоси хиҷолат, мардуми худро дар муқоиса бо давраи «гул-гулшукуфӣ»-и салтанати амирони манғитияи Бухоро, комилан ақибмонда, торик ва маҳрум аз пешравӣ дар кулли соҳаҳои иҷтимоӣ қаламдод мекарданд.
Бидуни шак, чунин тафсир – манзалати миллати тоҷикро боз ҳам паст кардан, онро дар қиболи аҷнабиён то дараҷаи ниҳоӣ беқурб гардонидан буд. Мақсад аз он, асоснок кардани ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун «ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ», бештар ба даст овардани маблағ, пулу мол ба хотири минбаъд ҳам аланга задани низои саросарӣ ва ба ҳар қимат ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб мегардид.

ДАР ФАРАНГ АЗ БЕХАРӢ МУҲТОҶИ
РОҲИ ОҲАНАНД

Профессор Раҳими Мусулмониён аз чунин муносибат, туҳмат ва дурӯғбофии маҳзи собиқ ҳамсафони худ сахт асабонӣ мешуд. Азоби руҳӣ мекашид. Онро таҳқири бешармона, беадолатона ва кӯрнамакӣ нисбат ба миллат ва давлати хеш медонист.
Рӯзе устод Мусулмониён ба Сафорат назди ман омад. Як даста аз чунин мақолаҳоро, ки дар матбуоти давлатӣ ва хусусии Эрон, беибо, аз ҷониби ин «зиёиён»-и мухолиф нашр мешуд, гирифта овард. Хонд ва тафсир кард. Хоҳиш намуд, ки Сафорат ба онҳо вокуниши расмӣ нишон диҳад.
Мо ин корро салоҳ нашуморидем. Гуфтушуниди байни тоҷикон мерафт. Намехостем он халалдор шавад. Баъдан, худи мухолифон дар байни оммаи мардум обрӯ ва эътибор надоштанд. Онҳо мехостанд, усма бар абрӯи кӯр зананд. Ва домани давлат ба зӯр бигиранд.
Ман ин маъниро ба Раҳими Мусулмониён гуфтам. Ӯ фикри моро маъқул шуморид ва хулоса кард:
– Хуб. Агар ин тавр бошад, ман худам матлабе дар посух барои хонандаи Эрон менависам ва нашр мекунам.
Баъди як ҳафта профессор бо сарсухани пурмуҳтаво ва арзишманд, мақолаи устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Дар Фаранг аз бехарӣ муҳтоҷи роҳи оҳананд»-ро дар яке аз маҷаллаҳои маъруфи Эрон чоп кард. Онро ҷавоб ба навиштаҳои зиёиёни чоплуси фурӯхташуда, ки намак хӯрда, дар намакдон туф карда, дастовардҳои миллати худро дар ҳафтод соли ахир, бошуурона, ғаразмандона, дидаву дониста ночиз мешумориданд, тафсир намуд. Ва лозим донистааст, ки чанд нусхаашро пешкаши кормандони сафорат низ гардонад.
Тибқи навиштаи устод Айнӣ, баъди инқилоби Бухоро ҳам, нафароне пайдо шуда буданд, ки ошкору ниҳон дар бораи «дастовардҳо»-и амирони манғития афсонаҳо менавиштанд.
Садриддин Айнӣ, ки худ аз шоҳидон ва муҳаққиқони ҷавонмарди таърихи Бухорои амирӣ буд ва ба он «хонаи бедоду ситам» ва «маҳкамаи ҷабр» нафрати беандоза дошт, аз ҷумла, дар бораи муҳтаво, сифат, дараҷаи таҳаввулот, рушди фикрӣ ва ҷаҳонбинии табақаҳои иҷтимоии Бухоро менависад:
«Шабе аз шабҳо дари манзили ориятии маро касе тақ-тақ зад. Онро кушодам. Ҳаво мисле, ки аз лаби табақ об мерехта бошанд, беист меборид. Ду нафар аз ҳамқишлоқиёни камбағали қашшоқ бо либосҳои даридаи шип-шилта дами дар истода буданд:
Яке аз онҳо пеш даромада:
– Домулло, дар ин ҳуҷраи мадраса муш мушро тангӣ мекунад. Лекин аз барои Худо, мо илоҷи дигар надорем. Ду дарза ҳезумеро, ки барои рӯзгузаронӣ ба бозор оварда будем, як бало карда, нимҳақ фурӯхтем. Шом шуд. Аз ҳаво сел омад. Бубинед, мо дар обу гил ғӯттидаем. Шаб торик. Харҳоямон роҳ рафта натавонистанд. Дар ин кӯчаҳои Бухорои Шариф лой то миён. Агар иҷозат бошад, ҳамин шабро дар ҳуҷраи Шумо рӯз кунем. Дами субҳ, дигар боиси озори Шумо намешавем, – гуфт.
– Албатта, албатта. Дароед. Ҳозир ман дар дегдон оташ мегиронам. Либосҳоятонро хушк карда мегиред. Андак нафас рост мекунед. Баъд, субҳ ихтиёратон, – гуфтам ман.
Деҳқонон хурсанд шуданд:
– Эҳ, Илоҳӣ, барака ёбед, домулло. Раҳми моро хӯрдед. Худованд ин некиатонро ба Шумо даҳчанд карда гардонад, – гуфтанд.
Дар дегдон оташ гирондам. Оши имшабаи барои рӯзи дигар бозмондаамро гарм карда, пеши деҳқонони бечора мондам. Чун оташ аланга зад, хона гарм шуд, дар сари палав деҳқонон ба гап даромаданд.
Яке аз онҳо, ки Мурод ном дошта, бачаи ҳушёртар буд, нақл кард:
– Домулло, имрӯз як нафари бо хатту савод, рӯзномаеро оварда, дар пеши дӯкони Қурбонбойи далол хонда, ҳамаи моро дар тааҷҷуб мононд.
– Хайр, чӣ гап будааст дар он? – пурсидам ман аз деҳқони ба ҳаяҷономада.
– Эҳ, домулло, напурсед. Дар кадом кунҷи дунё, Фаранг гуфтанӣ макон будааст. Хулоса, дар он ҷоҳо мардумон ниҳоят камбағал, нодор ва дар азоби алим гирифтор ба сар мебурдаанд. Чанд рӯз пеш дар Порис ном шаҳри он кишвар, барқ барин чиз гум шудааст. Он ҷо қатор ном ҷондоре будааст, ки барқ хӯрда, баъд дар пушташ мардумро бор карда, аз маконе ба маконе мебурдааст. Акнун, ки барқ гум шудааст, тамоми мардуми Порис пойи пиёда монда будаанд. Эҳ, бечораҳо-йе, ба дараҷае қашшоқ будаанд, ҳатто хар надоштаанд, ки савор шуда гарданд-е!
Ин суханҳоро гуфта, палавро хӯрда, деҳқонон ба ҳоли мардуми Порис хуб механдиданд».
Устод Айнӣ бо овардани ин нақл воқеияти дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва фикриву маънавии мардуми Бухороро дар муқоиса бо лофу газофи муллоҳову «донишмандоне», ки таърихи воқеии мардуми хешро чоплусона ба фоидаи амирони манғития таҳриф мекарданд, фош месохт.
Бо чунин аксуламал, яъне ошкор кардани дурӯғҳои муллоҳои ифротӣ ва зиёиёни думрави резахӯри саргардони онҳо, ки сабабгори нооромиҳои Ватани аҷдодии хеш гашта буданд, профессор Раҳими Мусулмониён чашми мардуми ноогоҳи Эронро нисбат ба воқеияти таърихӣ, муосир ва шахсиятҳои зери суоли он солу замон мекушод.
Дар бораи ин шахсияти бузург андеша карда, доимо аз дилам мегузашт:
Қаландарони ҳақиқат ба ними ҷав нахаранд,
Қабои атласи он кас, ки аз ҳунар орист.

(Аз китоби С. Ятимов «Ёддоштҳо», ҷилди 2,
Душанбе, «Эко Принт», 2024, саҳ. 346-377)

Рӯзномаи «Ҷумҳурият», №229 (25344) аз 01.12.2025

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ ҶОЙИ ТАБЛИҒИ МАФКУРАИ ТАНГУ ҒАЛИЗ НЕСТ!

Таърих гувоҳ аст, ки мавқеъгирӣ ва тафсирҳои муғризонаи раҳбарияту ҳаммаслакони фирории ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз бо номи “Паймони милли..” (калимаи Тоҷикстонро зарур намешуморем, ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест) бо ибораи дигар паймони худсохтаи наҳзат мебошад, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ намоён шуда, зимни барномаҳои мухталиф нисбати давлату ҳукумат беасос норозигию иғвогарию тўҳмат карда, тухми кинаю адоват мекорад. Баробари ин, дар давоми моҳи апрели соли равон, Кабирӣ дар барномаи Daily Europe, ки ровӣ Михаил Касин (Кацин)- рӯзноманигор, сиёсатшинос, коршинос (эксперт)-и байналмилалӣ буда, шаҳрванди шаҳри Одессаи Ҷумҳурии Украина мебошад, дар мусоҳиба иштирок намуд. Зимни баромадаш Кабирӣ бо худнамоиву “сиёсатшинос” вонамуд карда, риёкорӣ, авомфиребӣ ва ҳуққабозӣ карда, то ҳатто вобаста ба муносибати байни давлати Русия ва Арманистон андешаи носолим баён дошт. Хуллас, ҳадафаш коштани донаи кинаву бадбинӣ аст. Ман ҳамчун узви ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба Кабирӣ ва ҳаммаслакону думравонаш, ки паҳнкунандагони ақидаҳои пасту разилонашон бо хитоб гуфтаниям, ки ҷомеаи Тоҷикистон эҳтиёҷ ба шарҳу эзоҳи ифротии шумоён надорад. Сомонаҳои иҷтимоӣ ҷойи таблиғи мафкураи тангу ғализи шумоён нест. Сомонаҳои иҷтимоӣ ҷойи андешаи солим, пешравии ҷаҳони муосир, донишҳои замони нав, техника ва технологияи муосир, методҳо гуногуни соҳавии санҷидашуда, таҳқиқотҳо ва ихтирооту навовариҳои илмӣ, муаррифии дастовардҳо, пешрафту тараққиёти Ватани азиз, тарғиби интихоби тарзи ҳаёти солим мебошад.

 

Вақт довар аст, ки имрӯз мардуми кишвар симои Кабирӣ ва пайравонашро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, ба худ хулоса баровардаанд. Имрӯз зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлоли Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ дода истодаанд. Аз ҷумла, ҷавонони солимфикру бомаърифати кишвар дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлатӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлоли кишвар талош меварзанд.
Дар интиҳои андешаи хеш баромадҳои иғовогаронаи раҳбарияту пайравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли…” ва дигар созмонҳои ифротиро шадидан маҳкум карда, то ҷон дар тан дорем намегузорем, ки фазои ороми муқаддаси ватанамон ғуборолуд гардад!

Р.АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ

ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ дар шаҳри  Хуҷанд нисбати суханҳои дуруғбофӣ ва иғвоангезонаи М.Кабирӣ дар шабакаи иҷтимоӣ (аз 5-6 апрели  2026 с. )

Мо, кормандони шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи далатии тиҷорати Тоҷикистон  дар ш.Хуҷанд борҳо нисбати собиқ роҳбари ҲНИ Мухиддин Кабирӣ, ки имруз номи ҳизбашро ба “Паймони миллӣ..”(калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардем, ба хонадаи закӣ ҳоҷат ба баён нест) иваз намуда, бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ дар яке аз кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, имрузҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаи ифротиаш баромадҳо менамояд, назарсанҷӣ карда, дурӯ миллатро шадидан маҳкум намуда будем. Чуноне, ки мо зимни изҳороти қаблӣ нисбати фаъолияти ТТЭ ҲНИ сухан карда будем, такроран қайд менамоем, ки роҳбараш М.Кабирӣ дар барномаи ифротиаш бо номи “Паймони милли.. ” баромадҳо менамуд. Имрузҳо Кабирӣ оид ба баҳогузории рушди кишвари соҳибистиқлоламон ва масъалаи муносибати давлатдории мамлакатҳои абарқудрат дар барномаҳои рузноманигорону сиёсатшиносон, мухолифини давлатҳои мухталиф иштирок намуда, зимни мусоҳиба андешаҳои носолими худро иброз менамояд. Масалан, санаҳои 5-6 апрели соли равон Кабирӣ дар барномаи Михаил Касин (Кацин), ки худро сиёсатшинос маъруфӣ менамояд ва шаҳрванди шаҳри Одессаи Украина мебошад, иштирок намуд. Дар рафти мусоҳиба Кабирӣ ба суолҳои Михаил Касин вобаста ба муносибати байни кишвари Русияву Арманистон ва Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон ва оид ба ёрии башардустонаи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон посух дод. Кабири худро “сиёсатшинос”шуморида, нисбат ба муносибати байни Русия ва Арманистон бо таври худ андешаронӣ кард. Ба андешаи мо, нисбати давлатҳои зикршуда, умуман давлатҳои ҷаҳон бо мулоҳиза ва андешаи солим бояд сухан кард. Таъкидан хотирррасон менамоем, ки баҳогузориро он шахсе метавонад, ки дар соҳаҳои гунонгуни хочагии халқ, мақомотҳои давлатӣ солҳои тулонӣ фаъолият бурда, ба дастоварди назаррас ноил гаштааст ва мардуми кишвар нисбати он шахс баҳои мусбии хешро дода бошад. Аз ин гуфтаҳо ҳар хонандаи закӣ ба худ хулосаи зарурӣ мебарорад ва ҳоҷат ба баён нест!

Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад  ба ин тамоюлҳо мо баҳои дурусти худро медиҳем, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлол оид ба давлату давлатдорӣ  баҳоигузории худро доранд.

Дар интиҳои изҳороти хеш  хулосабарорӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки баромадҳои иғвоангезонаи бадхоҳони бегонапараст – раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат, ки асосан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мегарданд, аз бевиҷдонӣ ва хиёнатомези онҳо гувоҳӣ медиҳад. Мо ҳамавақт баромадҳои бадхоҳони иғвогари ифротиро  маҳкум намуда, нагузорем, ки ин бадхоҳони туҳматчӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва дигар кишварҳо сухан гӯянд!

ДУРӮҒПАРДОЗӢ ВА ТУҲМАТУ ҒАЙБАТИ БАДХОҲОН АЁН АСТ!

Мо, борҳо зимни мақолаву изҳороти хеш нисбати бадхоњони роҳгумзада андешаронӣ карда будем.Ин навбат нисбат ба фаъолияти Мухиддин Кабирӣ – раҳбари наҳзат, ки алҳол номи ҳизбашро “Паймони милли..” ном гузоштаст, бо ибораи дигар паймони худсохтаи наҳзат мебошад, имруз бо дастгирии хољагони хориљиаш дар яке кишвари Аврупо паноњ ёфтаасту то њанӯз дидаю дониста ба дурӯғпардозию туҳматзанӣ машғул аст, ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард, ки ҳадафи Кабирӣ ва ҳамммаслакону думравонаш аслан ҷамъ намудани пулу сармоя асту халос ва барои ин гуна афрод инсоният ва меҳан арзише надоранд. Умуман, наҳзатиҳо ва пайравонаш аз табори чунин хиёнатпешагон ба ҳисоб мераванд, ки худро мусичаи бегуноҳ шуморида, агар рўзе нисбати кишвари соҳибистиқлоламон ва ё нафаре аз роҳбарияти олии кишвар туҳмату буҳтон наяфкананд, худро ором намегиранд. Корашон ҳамеша кофтукоби айби касон, дуруғпардозӣ ва туҳмату ғайбат аст. Имруз бадандешони дуруғбоф бо ҳар роҳу восита,алалхусуса тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, аз рӯи ҳамон сенарияи кӯҳна, мехоҳанд ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Баробари ин, нафақат нисбати кишвари соҳибистиқлоламон, инчунин давлатдории мамлакатҳои абарқудрат низ, дар барномаҳои рузноманигорону сиёсатшиносон, мухолифини давлатҳои мухталиф иштирок намуда, зимни мусоҳиба андешаҳои носолими худро иброз менамояд. Чунончи М.Кабирӣ дар барномаи Михаил Касин (Кацин),ки худро сиёсатшинос маъруфи менамояду, шаҳрванди шаҳри Одессаи Украина мебошад, дар давоми моҳи апрел, амиқтараш санаҳои 5 ва 6 апрели соли равон дар мусоҳиба иштирок намуд. Ин навбат Кабирӣ ба суолҳои Касин Михаил дар бораи вохурии навбатӣ ва муносибати байни кишвари Русияву Арманистон ва Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон ва оид ба корвони ёрии башардустонаи Тоҷикистон ба мардуми дусту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон посух дод. Кабири худро боз “сиёсатшинос”намоиш дода, нисбат ба муносибати байни давлатҳои зикршуда, алалхусус муносибати байни Русия ва Арманистон бо таври худ андешаронӣ кард. Ҳар шахс бе мушкилӣ, пай мебарад, ки Кабирӣ хислати тундгапию дуруғбофӣ ва ифроткориро касб кардааст. Ба андешаи мо нисбати давлатхои Русияву Арманистон, умуман давлатҳои ҷаҳон бо мулоҳиза ва андешаи солим бояд сухан кард. Таъкидан қайд менамоем, ки баҳогузорӣ намудани сиёсати дохилию хориҷӣ, умуман дар шароити осебпазирии кишварҳои миллӣ ва шиддат гирифтани хатарҳои муосир ҳифзи субот в амнияти давлат кори саҳл нест! Баҳогузориро он шахсе, метавонад, ки дар соҳаҳои гунонгуни хочагии халқ,мақомотҳои давлатӣ солҳои тулонӣ фаъолият бурда, ба дастоварди назааррас ноил гаштааст ва мардуми кишвар нисбати он шахс баҳои мусбии хешро дода бошад. Матлаби ин гуфтаҳо ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест!
Дар фарҷоми андешаи хеш мо баромадҳои М. Кабирӣ ва думравонаш, умуман наҳзату навнаҳзатиҳоро сахт маломату маҳкум карда, намегузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакањои иљтимої бо дурўѓпардозї ва дасисабозии худ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд.

Ф. ҚУРБОНОВ ,
мудири шуъбаи кор
бо ҷавонони ДИС ДДТТ

БОЗГАШТ БА РОҲИ РОСТ

(Перомуни порча аз «Ёддоштҳо»-и С. Ятимов «Марде шоиста ва зиёие истисноӣ, ё достони ғаму шодӣ»«Ҷумҳурият»,
№229 (25344) аз 01.12.2025

Ёдномаи «Марде шоиста ва зиёие истисноӣ ё достони ғаму шодӣ» ба яке аз чеҳраҳои маъруфу муътабари илму фарҳанги Тоҷикистон – доктори илмҳои филология, профессор Раҳими Мусулмониён бахшида шуда, дар он ҷанбаҳои таърихӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ ва шахсии зиндагии ин олими шинохта бо назари таҳлиливу воқеъбинона баррасӣ мешаванд.
Муаллиф талош мекунад, ки андеша, сифатҳои инфиродӣ ва роҳи пурпечутоби зиндагии ин зиёии соҳибномро дар давраи воқеаҳои пурташаннуҷи солҳои 90-уми асри гузашта боз намояд ва нишон диҳад, ки чӣ гуна тақдири як шахс метавонад таҷассумгари тақдири як миллат гардад.
Муаллиф бо диди таҳлилӣ бар он таъкид мекунад, ки дар давраи буҳронӣ фасоди маънавӣ, ҷаҳолат, гумроҳӣ ва таассуб бисёре аз зиёиёни кишварро фиреб дод ва ба роҳи нодуруст бурд. Бо вуҷуди ин, дар симои профессор Раҳими Мусулмониён ӯ намунаи инсоне поквиҷдон, ватандӯст, ҳақталош ва ростгуфторро мебинад. Ин баҳогузорӣ бо далелҳои таърихӣ, ишора ба манбаъҳои ҳуҷҷатӣ ва иқтибос аз осори бузургони адабу фалсафаи тоҷик, ба мисли Ибни Сино, Садриддин Айнӣ, Убайди Зоконӣ ва Ҳофизи Шерозӣ мустанад гардида, ба матн ранги илмӣ-адабии хос мебахшад.
Маҳсули эҷодии адиб на танҳо хусусияти адабӣ дорад, балки як таҳлили амиқи сиёсӣ низ ҳаст. Муаллиф нақши зиёиёнро дар ҳифзу нигаҳдошти ҳувияти миллӣ, мубориза бо хурофот, муқовимат ба ифротгароӣ ва фоҷиаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ махсус таъкид мекунад. Қисматҳои хотиротӣ, мулоқотҳо, гуфтугӯҳои шахсӣ, сафар ба Ҳамадон, мулоҳизаҳо дар бораи рӯзгори гурезагон, ба матлаб гармӣ, эҳсос ва воқеияти зиндаи таърихӣ мебахшанд.
Ибрате, ки муаллиф аз зиндагиномаи ин марди илм пеш мегузорад, бештар аз саргузашти як шахс аст: он ба андешаи ӯ таҷассуми сарнавишти пурдарди як миллат мебошад. Муаллиф бо ишора ба роҳи иштибоҳи профессор ва бозгашти шуҳратёфтаи ӯ ба ҳақиқат мефаҳмонад, ки наҷоти тафаккури миллӣ аз чанголи мафкураҳои бегона танҳо бо зеҳни бедор, виҷдони соф ва масъулияти шахсии зиёиён имконпазир аст.
Зиёӣ дар ҷомеа танҳо касе нест, ки донишу илм дорад. Ӯ ҳомии арзишҳои маънавӣ, посдори ҳувияти фарҳангӣ ва чароғе барои роҳи ҷомеа ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳар вақте ки зиёӣ ба доми ғаразҳои бегона меафтад, он метавонад на танҳо ба гумроҳии ӯ, балки ба саргардонии як миллат бирасонад. Тавре воқеаҳои солҳои навадум ин гуфтаҳоро собит карданд.
Муаллиф аз ин таҷриба чунин хулоса мебарорад, ки зиёӣ агар иштибоҳ ҳам кунад, бояд ҷуръати эътироф ва тавоноии бозгашт ба роҳи ростро дошта бошад, зеро хиёнат ба тафаккури миллӣ, баробари хиёнат ба давлату мардуми худ аст. Аз ҳамин ҷост, ки роҳи тайкардаи Раҳими Мусулмониён ҳамчун намунаи бедории виҷдон, покии ният ва садоқат ба кишвар муаррифӣ мешавад.
Дар матлаб таъкид мегардад, ки истиқлоли давлатӣ бе истиқлоли фикрӣ комил шуда наметавонад. Ҳифзи ин истиқлол, пеш аз ҳама, ба дӯши табақаи рӯшанфикр – зиёиёни ҳаққониву бедордил гузошта шудааст. Фақат тафаккури миллӣ, худогоҳии фарҳангӣ ва хирадгароии зиёиён метавонад қалъаи маънавии миллатро аз ҷаҳолат, хурофот ва таъсири мафкураҳои бегона эмин нигоҳ дорад.
Ин андешаҳо хонандаро ба он водор мекунанд, ки масъулияти зиёӣ дар ҳар давру замон аз муҳимтарин рисолатҳо ба шумор меравад ва тақдири миллат бевосита аз тафаккури солим ва виҷдони бедори онҳо вобаста аст. Аз ин назар, ин ёди хотираҳо барои насли ҷавон на танҳо як матни омӯзишӣ, балки ҳуҷҷати муҳими шинохти воқеияти таърихӣ, сиёсӣ ва зеҳнии кишвар аст. Ҳамзамон, ёдбуди шахсияти маъруф ва дарси худогоҳию ватанпарастӣ буда, масъулияти ҳар зиёиро дар назди халқ ва давлат бори дигар ба хотир меорад.

Умедҷон ИЗАТОВ,
номзади илмҳои таърих,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

ҚИССАИ ПАҲЛАВОН ДЕВЛОХ ВА САФАРИ «КАҶАЛА»

АЗ ДАФТАРИ ЁДДОШТ

Саймумин ЯТИМОВ

Муваффақияти фаъолияти корманди сохтори амният дар дараҷаи амалӣ кардани мантиқи «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» таъмин мешавад.
Шинохтанҳо ва донистанҳо ҷавҳари фаъолияти касбиро ташкил мекунад.
Яке аз шартҳои асосии расидан ба моҳияти масъала дарки табиати инсонҳост. Он имкон медиҳад, фаҳмид ва пешгӯӣ намуд – кӣ ба чӣ қодир аст. Раванди кор ва ҷараёни фаъолият аксар вақт чунин шакли корро ногузир мегардонад. Ва зарурат пайдо мешавад, ки аз амалияи суханҳои ҳакимонаи «Шунидан кай бувад монанди дидан» ё ин ки «Беҳтар аст, як бор бубинӣ, аз он ки сад бор бишнавӣ» ё зарбулмасали англисии «Bеtter the devil you know than the devil you don’t» («Беҳтар аст, ту рақибро донӣ, аз он ки рақиб туро медонад») истифода кард.
Дар қитъаи масъулияти оперативии ман аз деҳаи Вамд маълумоти гуногун дар бораи гардиши маводи мухаддир тавассути марзи давлатӣ ворид мешуд. Тасдиқи маълумот ниҳоят мушкил буд. Гарчанде шубҳаҳо дар бораи ашхоси гуногун зиёд буданд.
Лозим меомад, ки худам шахсан одамонро шиносам, донам. Аз табиати онон дарк намоям, ки ин тоифа мардум ба содир кардани ҷиноят қодир ҳастанд ё не. Дар ҳолати дигар, ба онҳо таъкид ва таъсири рӯирост мебояд расонд.
Яке аз чунин нафарон Девлохпаҳлавон ном шахс буд.
Чун дар бораи ӯ дар байни мардум ҳар гуна овозаҳо доман мезад, ман қарор қабул кардам, ки бо Девлох шинос шавам.
Хонаи паҳлавон дар сари роҳи калон, дар қисмати ҷанубу ғарбии деҳаи Вамд ҷойгир буд. Кулбаи бедарвозаи хоксорона.
Ман чандин бор, ҳангоме ки аз деҳаи Шидз ба самти ноҳия ва ё баръакс мегузаштам, ба ин манзил бодиққат назар мекардам. Аммо гӯё дар он касе зиндагӣ намекарда бошад, ҷонзодеро намедидам.
Медонистам, ки Девлох на зан дораду на фарзанд. Бо модари танҳояш дар ин манзили камбағалона гӯшанишинӣ мекунад.
Ин дафъа мақсаднок роҳ сӯйи хонаи Девлох гирифтам.
Мардуми Бадахшон ҳамагӣ одӣ ва меҳмоннавозанд. Агар дар хона набошанд ҳам, дарро қулф намекунанд.
Дари даромадро тақ – тақ задан ва баъд вориди хона шудан ҳам барои ин одамон чандон маъмул нест. Шахсони дилкушод ва беғаманд. Ягон касро дар бадиву бадкирдорӣ гумон намебаранд. Ҳамаро мисли худашон қабул мекунанд. Агар гоҳо меҳмон дарояд, шояд аз ҷояшон ҳам нахезанд. Аммо қимати меҳмонро кам наменигаранд. Агар аз назди хонаҳояшон гузар кунӣ ва бинанд:
– Ҳо мардак, биё, терчой мехӯрӣ ё ширчой? – гуфта, ба назди дастурхон даъват мекунанд.
Ин замон ҳатман ширчой гуфтан даркор. Чунки терчой, маънои чойи сиёҳро дорад.
Ширчойи бадахшонӣ болаззаттарин ғизои диёр аст. Агар нон, нони ҷойдорӣ аз гандуми маҳаллӣ пухта шуда бошад, маззаи он ҳаргиз аз даҳон намеравад.
Аз ҳама хубаш он аст, ки дар таклифи мардуми Бадахшон ҷойи тамаллуқу тамаъ нест. Он таоруфотест, ки бо самимият, аз рӯйи сидқу сафову одаму одамгарӣ сурат мегирад. Барои ҳамин ширчойи бадахшонӣ аз баррабирёни чӯпонӣ ҳам лазизтар аст.
Ман дар ҳавлии Девлох касеро мушоҳида накардам.
Ҷойи оташхонаро хабар гирифтам.
Гӯё дар оташдон сад сол касе оташ нагиронда бошад. Аммо чун сарпӯши чакдонро бардоштам, ширгарм менамуд. Яъне ҳамин рӯз дар он нон пухтаанд.
Худи ошпазхона як чорпояи бо хаси аз дуд сиёҳ ва шахшӯл пӯшонидашударо мемонд. Оташкадаҳои он аз сангу гилу рег буданд, ки аҷдодони мо муддати чанд ҳазор сол боз аз онҳо истифода мекунанд. Ин ҷо муъҷизаи дигар вуҷуд надошт.
Ба ҳар ҳол дари хонаро кӯфтам:
– Ту чаят? (Ту кистӣ?) – як овози балое, ки гӯё аз даруни ғори хавфнок мебаромад, садо дод.
Хулоса кардам, одам ҳаст.
Дарро кушода, даромадам.
Дидам, ки дар қисмати болои хона як марди тахминан сиву панҷ – чилсола чорзону нишаста, чизе тановул мекунад.
Намуди зоҳирии ӯ қаҳрамони афсонавиеро мемонд, ки баъд аз шикори шер пӯсти онро зинда ба зинда канда, гӯшташро хомохом мехӯрад ва ҳатто аз устухонҳои он ҳам асар намегузорад.
Он замон дар ноҳияи Рӯшон ва умуман, қариб дар тамоми Бадахшон, ҳама дар хонаҳои барҳавои маҳаллӣ, ки аз даромадгоҳ ва се сурфаи ба ҳарфи «П» монанд сохташуда иборат буданд, зиндагӣ мекарданд. Он ба шароити кӯҳистон ва тарзи зисти мардум мувофиқ буд ва ростӣ ба ман ҳам хуш меомад.
Ман ба худ аниқ кардам – Девлох ҳамин аст.
Соҳибхона сар аз дастурхон, ки ҷойи онро як рӯзномаи зарди куҳна гирифта буд, баланд кард ва рост ба афту андоми ман нигарист.
Ман дар умри худ ин гуна одами девсуратро надида будам: каллаи пок тарошидаи ӯ кадуи калони сурхи дарозрӯяи барои намоишгоҳи кишоварзӣ парваридашударо мемонд. Чашмони суп – сурхаш ба андозаи ду пиёлаи хурд, абрувонаш ду дастаи мӯйи монанди банди абрешимӣ тобдода буданд, ки гӯё дар ин каду бо ширеши махсус часпонида шуда бошанд. Бурутҳои ғафси чандин моҳ қайчинашудааш дар ду тарафи манаҳ овезон. Аз таги манаҳи ӯ дастаи пашми аз қафаси синааш ба берун ҷаста менамуд. Раги бари гарданаш ба найчаи ғафси резиние шабоҳат дошт, ки гӯё онро пуф карда, дар бадани ин ғӯл часпонида бошанд. Панҷаҳои дастонаш шохинеро ба ёд меовард, ки гӯё барои канда ва ҳамвор кардани замини санглох тайёр карда бошанд. Зонуҳои ин одами фавқулода аз бадани азимҷуссааш дар масофаи тақрибан якуним метрӣ фосила гирифта, ду сутуни дуқадро ба хотир меовард.
Девлох сарашро аз болои «дастурхон» бардошт. Аввал ҳамин тавр, одӣ, баъди каме таваҷҷуҳ кардан, каллаи кадушакли мисли бодиринги зард дарозашро сӯйи ман ёзонд. Ман:
– Салом, Девлох! – гуфтам қотеона, бурро ва бо овози баланд.
Ман ба назар гирифтам, ки дар Бадахшон дар муроҷиат фарқияти синну солии на чандон калон қариб ба назар гирифта намешавад.
Лекин бо ин ғӯл ман ҳам хостам, ҳадди ақал, бо ҳамин муносибат худро шиносонам. «Ако» гуфта муроҷиат кардан, манзалати маро боз ҳам камтар нишон медод.
Девлох ба ҷойи он ки ба саломи ман «алейк» диҳад:
– А-ла-ле! Магар аз Ленинобод ҳастӣ?
– Не! – гуфтам ман, ба ҳамон оҳанги салобати ғӯл.
– Набошад аз куҷоӣ? – пурсид паҳлавон бо қаҳр.
– Аз ҷигари Кӯлоб! – гуфтам ман, гӯиё ғӯлро ба ситеза даъват мекарда бошам. Чун медонистам, ки Девлох дар Душанбе яке аз «разборщик»-ҳои асосии муноқишаҳо байни «олуфтаҳо»-и Бадахшону Кӯлоб буд.
Ӯ боз чуқуртар ба авзои ман нигаристу як каме баъд табассум кард.
Ману ғӯл дар ин хонаи нимсарой танҳо будем.
Чун ин сӯву он сӯ нигоҳ кардам, каси дигарро надидам.
Сари «кастрюл»-и нимпачақи аз шиддати дуд сиёҳшудаи болои бухории оҳанӣ рафтам. Он зарф сарпӯша надошт. Дидам, ки дар «кастрюл» тақрибан ним чинии дигар ширчой монда аст. Онсӯтар як косаи «алюмини»-и гӯё нимашро чархи «КАМАЗ» зер карда бошад, ба чашм афтод. Ба он нигаристам. Тоза буд. Бо оби ҷӯш онро чайқа ва боқимондаи «кастрюл»-ро дар он чаппа кардам.
Хӯрокро оварда, дар болои дастурхони девлохӣ мондам.
Дар рӯ ба рӯйи соҳибхона нишастам.
Ними нонро аз пеши ғӯл бо шаст гирифтам.
Воқеан, дар ин соати сеи рӯз ман аз Девлох, ки номаш ба худаш мувофиқ буд, гуруснатар будам. Нонро дар коса реза кардам. Дар як дам мулоим шуд. Ба соҳибхона нигоҳ накарда, кори табақро анҷом додам. Онро об гардонда, дар ҷояш мондам. Омада, дар рӯ ба рӯяш нишастам.
Ин замон Девлох ҳам тановул карда, дар баробари ман мисли пешина ду даст болои зону нишаста буд. Ҳис кардам, ки Девлох ба ҳар як ҳаракати ман бодиққат нигоҳ мекунад.
Баъди андаке таҳаммул:
– Аз ҷигари Кӯлоб гуфтӣ, куҷо аст ҷигараш? – пурсид Девлох.
– Аз Фархор, – гуфтам ман.
– Э, яке боз аз ҳамон қишлоқи Иттифоқ набошӣ? – пурсид Девлох.
– Не, аз Ориён ҳастам, Иттифоқ ҳамсояқишлоқи мост, – гуфтам.
– Набошад, ҳамон падарлаънати ҷӯраи мо – Сафарро мешиносӣ?
– Сафари «Каҷала»-ро? Ҳо, ана ҳамон Сафаре, ки туро зада буд, ҳамонро? – пурсидам ман.
Овозаи аз тарафи Сафари «Каҷала» задани Девлохи бадахшонии дар паҳлавонӣ, воқеан, номдор дар байни «олуфта»-ҳои Кӯлоб овоза шуда буд.
– Э, ошно! «астағфуриллоҳ» гӯй! Имрӯзу пагоҳ ман ба чил қадам мезанам. То имрӯз пушти Девлох заминро надидааст! – гуфт бо овози ғулдурросӣ паҳлавони эътирофшуда.
– Ман нагуфтам, ки Сафари «Каҷала» туро ба пушт задааст. Лекин туро задани ӯ яқин аст. Ҳамроҳони ӯ ҳам инро тасдиқ кардаанд.
Девлох аз ин сухани ман малол нашуд. Баръакс, дандонҳои калон – калони зарди худро намоиш дода, баланд хандид. Ва пурсид:
– Канӣ, ошно, нақл кун, ки ин кайк Девлохпаҳлавонро чӣ гуна задааст. Барои ман муҳим аст, ки ин «яқин»-и гуфтагии ту чӣ қадар ба яқини мо рост меояд.
Чун дидам, ки ҳамсуҳбати ман аз чӣ сабаб бошад, ки бе нӯшидани арақ ҳам хеле сархуш аст ва майли чақ-чақ кардан дорад, мехостам фаҳмам, ки афсонаи задани ин одами девсор аз ҷониби як ҷавони сиёҳчурдаи қаддарози нимҷон, аласмонанди рӯйчутури назарногир чӣ қадар ҳақиқат дорад.
Ман нақли қисса сар кардам:
– Девлох, ту нағз медонӣ, ки солҳои ҳафтодум дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои гӯштигирӣ дар авҷ буд. Дар он, асосан, бачаҳои кӯҳистон, бештар бадахшониҳову кӯлобиҳо, ки воқеан, ба ин навъи варзиш сахт завқ доранд, машғул буданд. Агар ягон тарафе бой медод, тарафи дигар бачагӣ карда, гурӯҳ ташкил мекард. Қасд гирифтанӣ мешуд. Ҳамин тариқ, ҷо – ҷо байни бачаҳои кӯлобиву бадахшонӣ нофаҳмиҳои ҷавонӣ рух медод. Баъдан, бачаҳо боз бо ҳам вохӯрда, ошно ҳам мешуданд.
Ҳамин тариқ, ту бародар, аз пушти як ҳамшаҳрии миёнсустат шуда, чанд бачаи кӯлобиро гӯшмол кардаӣ.
Охирон бор, бо як шаппотӣ пардаи гӯши як сағираи бечораро аз ноҳияи Восеъ даррондаӣ. Ин гап дар байни бачаҳои Кӯлоб овоза шудааст. Чанд кас ҷамъ шуда, қасди ҷонатро кардаанд. Ҷову макони ҷазодиҳии туро ҳам аз рӯйи он ки бо кӣ? Кай? Куҷо меравӣ? Чӣ қадар қувва даркор аст, ки туро ғалтонанд? Муайян кардаанд.
Ин хабар ба гӯши Сафари «Каҷала», ки он замон бо ҷангарагӣ, пуштигирӣ, тарзи либоспӯшӣ, бурутмонӣ, афту андоми худ аз «олуфта»-ҳои Кӯлоб ба ҳисоб мерафтааст, мерасад.
Сафар он вақт дар курси охирони шуъбаи роҳсозии омӯзишгоҳи техникӣ мехондааст.
Сардори дастае, ки туро бояд ҷазо медодаанд, амакзодаи Ҷобири «Буққа», Маҷид «Мускул» будааст.
Чун Сафар фаҳмидааст, ки аз ин «мускул»-ҳо яку якбора панҷ нафар ба ту ҳуҷум карданианд, аз ин беадолатӣ номусаш омада, гуфтааст:
– Э, номардҳо! Наход ба як нафар панҷ кас ҳуҷум кунад. Пагоҳ мо бо ҳамон бачаҳои бадахшонӣ, мисли ҳамешагӣ боз дӯст мешавем, баъд онҳо ба ҳоли мо механданд. Айб мешавад. Номардӣ накунед. Зӯр бошед, Девлохро як ба як даъват кунед.
– Сафар, тез аз пешам гум шав, ки ягон шатта мехӯрӣ! – гуфтааст Маҷид «Мускул», – охир одам бо дев ҷанг карда метавонад? Ту ҳадди ақал як бор ҳам Девлохро дидаӣ ё не, ки «як ба як» мегӯӣ?
– Не, ман Девлохро надидаам. Лекин шунидам, ки паҳлавон аст. Ҳалол гӯштин мегирад. Боз касеро, ки ғалтонад, сари хез ӯро аз замин мебардорад ва ба оғӯш мекашад. Мисли баъзеҳо ҳаёҳую рақсу бозӣ намекунад. Боз шумо ӯро ҳамакаса заданӣ ҳастед. Акаи Абдумаҷид, ҳаргиз ин корро накунед, ки номардӣ мешавад. Ӯро ба ман супоред. Ман ҷазояшро медиҳам, – мегӯяд Сафар.
Маҷид «Мускул» қоҳ-қоҳ механдад ва мегӯяд:
– Сафар, номат ба худат. Ҳамон «каҷала»-гиатро мекунӣ-да! Гапро намефаҳмӣ! Рав, кадом вақте ҳушёр шудӣ, биё, баъд гап мезанем, – гуфта, Сафарро аз хонааш гусел мекунад.
Ҳамагӣ се рӯз мегузарад. Ҳеҷ не, ки овозаи задани Девлох аз ҷониби Маҷид «Мускул» шунида шавад.
Рӯзи чорум, бегоҳӣ Сафари «Каҷала» бо се рафиқи ҳамшаҳриаш ба ошхонаи шаҳрчаи «Ҷавонӣ» барои хӯроки шом медароянд.
Он ошхона, асосан, барои донишҷӯён таъйин шуда буд. Ғизоҳои хуб ва арзон дошт. Дукончаи машруботфурӯшӣ ҳам дар бараш.
Пеш аз даромадан, яке аз ҳамқишлоқиҳои Сафар мегӯяд:
– Ака! Биё ҳамин ошхона надароем. Бегоҳӣ ин ҷо на донишҷӯ, балки арақхӯрҳо ҷамъ мешаванд. Вақтҳои охир бачаҳои помирӣ ҳамин ҷо гирд омада, дам мегиранд. Дароем, ҳама Шуморо мешиносанд, Худо накарда боз ягон гап нашавад.
– Э, натарс! Ман худам ҳамин ҷо бошам, ҳеҷ гап намешавад! Рафтем! Аз қафои ман! – гуфта, ба овози баланд фармон медиҳад Сафари «Каҷала».
Ошхонаи арзон ниҳоят серодам ва серғалоғула будааст.
Сафар фармон медиҳад:
– Ҳо ана, дар он ҷо мешинем. Одамҳо барои мо ҷо холӣ карда истодаанд, – гуфта, як чашмакӣ зада, ба одамони хестаистода ишора мекунад.
Бачаҳо бо роҳбарии Сафар ҳамон ҷо мешинанд. Як кас рафта, барои ҳар се шашлик супориш медиҳад. То он вақт нону шакароб оварда, оҳиста – оҳиста тановул мекунанд.
Ин вақт ногоҳ яке аз рафиқон:
– Акаи Сафар, ман нагуфтам, ин ҷо надароем. Бубин, дар паси, ҳо ана он миз, Девлох бо рафиқонаш нишастааст, – гуфта, ба тарафи мизи кунҷакии аз ҳама боло ишора мекунад.
Сафар қомати худро ёзонда, рост мекунад. Тарафи чап мегардад. Манаҳашро ба қафаси синааш часпонида, пешонии борик ва бинии дарозашро поин фароварда, чашмони гирд – гирдашро ба таги абрувони ғафсаш бурда, пешониашро ҷинҷ карда, аз паси панҷараи мӯйи сари сих – сихаш ба Девлох нигоҳ мекунад.
Девлох, тарзе нақл мекунанд, айнан мисли ҳозира, сараш навъе, ки навакак бо теғ тарошида бошад, дар рӯшании лампаи электрикӣ ялт-ялт карда, бо ҳамин афту башара, бурутҳои ҳарфи «П», бо «футболка»-и сафеди остинкӯтоҳи танг, шими ҷинси озодаи он вақт камёб нишаста буд.
Симои паҳлавонона, гунаҳои барҷаста, бинии теғадори аз дур намудор, пешонии пурчин, чашмони ҳамеша хунбори боғурур ва ин сӯю он сӯ ғолибона нигоҳ мекардагӣ, бо зонуҳое, ки зери тамоми мизи нишастро банд карда буд, тез – тез ба мускулҳои воқеан, ғайриодии мисли ду мушт барҷаста, гоҳ-гоҳе бо виқор нигоҳ карда меистод.
Дар атрофаш панҷ-шаш нафар ҳамшаҳриҳояш, ки ба қадду басти Сафар баробар ва мисли ӯ авбошбашара буданд, нишаста, ҳар кадом аз таги фуки Девлох мисли чӯҷаҳои имдодталаб, ки аз очаашон чизе тамаъ дошта бошанд, дар атрофи кадом мавзуе суҳбати гарм доштанд. Дам ба дам бо ифтихор ба атроф нигоҳ афканда, мисле ки гуфтанӣ буданд:
– Бинед, мо бо паҳлавони нотакрор, мири ҷангандаҳои ину он диёр нишастаем.
Девлох худаш гап намезад. Дам ба дам шашликҳои овардашударо аз нуқтаи охирон дар даҳон мемонд. Аз сими дастаи он якбора мекашид. Дар як сония муҳтавои онро, ки гӯшти пухта ё нопухта буданашон маълум набуд, фурӯ мебурд. Аз болояш ҳар замон дуқултӣ «бокал»-и пивои хафзада менӯшид. Ва ин амалро давом медод. Чун лунҷҳояш пур мешуданд, бо виқори махсус каллаашро ҳар тараф тоб дода, ба шогирдонаш ишоракунон суханҳои онҳоро тасдиқ мекард ва луқмаҳои калонашро фурӯ мебурд.
Сафар ба ин манзара нигариста, ба ҳамроҳонаш:
– Аз шумо кӣ шахсан Девлохро мешиносад ва гуфта метавонад, ки ин ҳамон аст? – мепурсад.
Табаралӣ, яке аз шогирдони Сафар мегӯяд:
– Ака, ин Девлох аст. Ман ӯро нағз мешиносам. Чанд бор дидаам.
– Ин бачаҳалок дар ҷояш намешинад? – мепурсад Сафар.
– Ака, дар ҷояш шиштагист. Қадду қоматаш ҳамин хел. Бубин, дар ҳолати шишт ҳам мисли дев аст. Гӯё рост истода бошад. Номаш ҳам ба худаш мувофиқ – Девлох! – мегӯяд яке аз шогирдони «Каҷала».
Ин тавр муаррифӣ кардани Девлох ба Сафар намефорад. Вай мегӯяд:
– Табар! Дониста бош! Ин дар ҳақиқат дев, лекин «лох» аст («Лох» – русӣ, яъне суст, заиф).
Сафар як қабза пулро аз кисааш бароварда, ҳисоб накарда, ба Тавар медиҳад ва бо ғазаб мегӯяд:
– Мана! Рафта як шиша арақи «Экстра» ва шаш «бокал» пиво биёр!
Тавар дар даҳ дақиқа ин корро анҷом медиҳад. Аммо шашлик дерӣ мекунад. То ин хӯроки болаззатро овардан, Сафар бо рафиқонаш як пиёлагии пур аз ҳамон «шаробе, ки мардафкан бувад зӯраш», дар шиками холӣ бо шакароб менӯшанд.
Ин замон шашликро ҳам меоранд. Сафар, ки акнун худро боз ҳам «бардамтар» эҳсос мекард, таклиф менамояд, ки пеш аз кабоб як пиёлагии пури дигар аз шароби пок бигиранд.
Ин пешниҳод аз ҷониби ҳамнишинони сархуш бо хушнудӣ қабул мегардад. Ҳамчунон мекунанд. Сипас, шашликро паёпай бо пиво мехӯранд. Ҳолашон хеле ва хеле ҳам «хуб» мешавад.
Дар тамоми давраи нишаст Сафар чашмашро аз Девлох дур намекунад.
Чашмонашро тангу кушод карда, ба ӯ менигарад. Хушомадгӯиву хушгӯиҳои атрофиёни Девлох ва бовиқор нишастани паҳлавон, бори худро ба пушти курсӣ партофтан ва дастони мисли хартуми экскаватор калонашро ба ду тараф ёзонидан, тез – тез ба мускулҳои худ нигоҳ кардан ва кӯшиши таваҷҷуҳи дигаронро ба ҷуссаву қудрати фавқулодаи худ ҷалб кардани Девлох, дақиқа ба дақиқа Сафарро ба ғазаби беш аз пеш меорад. Чанд маротиб Сафар аз ҷояш ҷунбида, ба шогирдонаш мегӯяд:
– Ман бояд Девлохро ҷазо диҳам!
Як – ду бори аввал шогирдони Сафар:
– Э, ака, Шумо зӯред, лекин ҳозир вақташ не. Рӯзаш мерасад, – мегӯянд.
Сафар дод зада, мегӯяд:
– Рӯзаш кай мерасад? Ин корро набояд ман ба таъхир гузорам!
Шогирдони Сафар:
– Акаҷон, кадом вақте бошад, майлаш! Фақат имрӯз не. Қувваҳо нобаробаранд, – мегӯянд бо зорӣ.
Сафар бо қаҳру ғазаби бештар:
– Табар, ман ҳозир каллаи туро меканам. Чӣ хел қувваҳо нобаробар? Чӣ хел қувваҳо нобаробар?!!! Баръакс, танҳо як қувваи ман чандин маротиба аз мадори ин дев зиёд аст!!!
Вақте ду – се бор Сафар аз ҷояш хестанӣ мешавад, шогирдонаш ӯро бо як азоб ором мекунанд. Дар ҷояш мешинонанд.
Аз бисёрии мардум ва ғалоғула бо таъсири истифодаи зиёди шаробу кабоб, ягон миз ба мизи дигар диққат намедиҳад. Аз ҷумла одамони Девлох ҳам.
Нохост Сафар рафиқаш, чойхоначии ин ошхонаро бо овози баланд ба наздаш даъват мекунад:
– Тӯйчӣ! Як чойи 15-тина! Дар чойники худам! – гуфта, фармон медиҳад.
Тӯйчӣ аз фарғоначиҳои фархорӣ будааст, ки бо Сафар ҷӯрагии дерина доштааст. Чанд сол баъди чойхоначигӣ дар зодгоҳи Сафар, ба шаҳри Душанбе кӯч баста, дар ин ошхона касби падариашро давом медодааст. Баъд маълум мешавад, ки Тӯйчӣ чойники қадимаи бо акси хӯшаи ангур доштааст ва он аз шикастанҳои зиёд чандин маротиба бо лентаҳои тунукагӣ аз боло ва поён дарбеҳ ё баста шудааст. Ин бандҳо чойникро барои аз ҳам нарехтан нигоҳ медоштаанд. Кадом вақте Сафар меҳмони Тӯйчӣ мешудааст, дар ҳамин чойник чойи понздаҳтина супориш дода, бо дастмолчаи калон дам андохта, баъди хӯрдани оши серравған ва ё шашлик то охир дам гирифта, дам гирифта менӯшидааст. Аммо усули аслӣ, ҳатман пардохт кардани понздаҳ тин, новобаста аз ҳамшаҳригӣ бо исрори Сафар риоя мешудааст. Ин феъли ӯро шогирдони Сафар хуб медонистаанд. Бо шунидани чунин супориш хотирҷамъ шудаанд, ки акнун «акаи Сафар» ба худ омадааст. Ором шудааст. Ва аз пиво ба чой гузаштааст.
То чойро дам кардан, Сафар боз як «бокал» пивои дигарро сари хез менӯшад.
Шогирдҳо хавотир мешаванд. Сафар инро ҳис мекунад.
– Ором! Чойи понздаҳтина ҳама корро ҳал мекунад! – бо овози баланди ҳамашунав мегӯяд Сафар.
Бачаҳо як хандаи базӯракӣ карда, хулосаи шефашонро хушомадгӯёна тасдиқ мекунанд.
Чун Сафар мебинад, ки Тӯйчӣ се маротиба чойникро бо оби гарм чайқа карда, дар он як мушт чойи хушк андохта, чойро дам карда омодагии овардани чойникро мебинад, мегӯяд:
– Шумо шинед! Ман бо ҷӯраам Тӯйчӣ гап дорам! – гуфта, ба зӯр аз ҷояш мехезад. Мекалавад. Қурбон ба ӯ ёрдам карданӣ мешавад, ки Сафар дағалона:
– Шин! Як кас аз ҷояш хезад, каллаашро мегирам! – гуфта, дод мезанад. Табару Қурбон дар ҷояшон хомӯш менишинанд.
Сафар рост пеши Тӯйчӣ меравад. Тӯйчӣ ӯро дида:
– Э, акаи Сафар, худам чойро пешатон мебурдам.
Сафар гӯё гапи чойхоначиро нашунида бошад, понздаҳ тинро тараққос болои мизи ӯ мезанад.
Ором чойники бандзадаро бо чойи нав ҷӯшомада мебардорад. Рост назди мизи Девлох меравад ва бо тамоми қувва дод мезанад:
– Девлох!!!
Ба ин садо диққати тамоми мизоҷони ошхона, ошпазҳо, чойхоначӣ, пешхизматҳо ба Сафар ҷалб мегардад. Дар ҷояшон шах мешаванд. Ҳатто касе радиои дохили ошхонаро, ки кадом мусиқии фароғатиро менавохт, ногаҳон хомӯш мекунад.
Ин замон Сафар чойники пур аз чойи ҷӯшони кабуди понздаҳтинаро башаст қафо бурда, ба андозаи имкони ниҳоии вусъати масофа суръати охирин гирифтани даст, баракӣ, бо тамоми қувва ба тарафи чапи сари харбузашакли кадунамои худи ҳамин саҳар топ – тоза тарошидаи паҳлавон Девлох чунон мезанад, ки чойник пора-пора гашта, дастааш дар дасти Сафар мемонад ва боқимондаи он дар гирду атрофи миз паҳну парешон мешавад.
Девлох аз шиддати зарбаи ногаҳонии комилан сахти чойники яклитраи акси ангурдори порашуда дод зада:
– Ваҳ, ма, узм муд (воҳ, оча, ман мурдам) – гуфта, ошхонаи шаҳраки ҷавононро бо сараш бардошта, сар таги хун дароз кашида, ҳушаш меравад.
Муридон аввал надиданд, ки Сафар куҷо шуд. Як дам баъд ғалоғула, чунон шӯру ғиреви сахт бармехезад, ки гӯё бинои на он қадар калони ошхона ба маркази бетартибиҳои оммавӣ мубаддал гаштааст. Ин вақт аз хобгоҳи донишҷӯён бачаҳои Кӯлоб дод мезананд, ки:
– Шитобед, Сафарро мекушанд!!!
Чун «олуфта»-ҳои Кӯлоб давида меоянд, бачаҳои бадахшонӣ, аллакай, Девлохи бечораро, ки футболкаи сап-сафедаш аз хуни сари кафидааш рангоранг шуда буд, аз зери бағал гирифта мебароварданд. Дар пушти куртаи паҳлавон қисми шаммаи чойи понздаҳтинаи Сафар часпида буд.
«Олуфта»-ҳо тахминан бист нафар буданд. Қариб ҳамаи бачаҳо Девлохро мешинохтанд. Чун аҳволи бади ӯро диданд, касе ба паҳлавон ва дигар бачаҳои бадахшонӣ кордор нашуд. Давида, дохили ошхона даромаданд. Гумон карданд, ки Сафарро куштаанд. Ин сӯю он сӯ нигоҳ карданд. Сафар дастҳояш то ҳол дар рӯяш сахт сипар кардагӣ, бо либосҳои ҷиғда ва дарида дар болои фарши сементии ошхона мехобид. Ӯро тез аз он ҷо кашида бароварданд. Вақте ӯро бардоштанд, то ҳол маст буд. Аммо дастҳояшро гӯё дар рӯяш бо ширеш часпонида бошанд. Ҳеҷ рӯйи хунукашро раҳо намекард. Ба зӯр панҷаҳояшро аз рӯяш ҷудо карданд. Не, рӯйи Сафар ягон осеб надошт. Баданаш сиёҳу кабуд шуда, куртаву шимаш даридагӣ буд, аммо дигар осеби сахт нагирифта, дасту пояш кор мекард. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки чӣ гап шуд, Сафар ягон чизро дар ёд надоштааст.
Аз ин ҳодиса як ҳафта мегузарад.
Асари лату кӯб аз бадани Сафар ҳам меравад.
Гурӯҳи ҳамшаҳриҳо тез-тез Сафарро хабаргирӣ меомаданд. Ӯро қаҳрамон эълон карданд. Аммо Сафар ин рафтори худро дар пеши ҳама асари машрубот ва «ноҷавонмардӣ» меномидааст.
Оқибат виҷдонаш ӯро азоб медиҳад ва тасмим мегирад, ки як ба як бо Девлох вохӯрда, аз ӯ бахшиш пурсад. Аммо бачаҳо намонданд:
– Сағера, Девлох туро кофта истодааст. Ба дасташ афтӣ, пора – пора карда мепартояд. Ҳоло ҳам сари кафида ва рангу рӯйи сӯхтагиашро табобат карда, аз шарм кӯча намебарояд.
Тақрибан як моҳ баъд, Сафар як бегоҳ аз касе мешунавад, ки Девлох бо гурӯҳи бачаҳои бадахшонӣ дар ҳамон ошхонаи «Шаҳраки ҷавонон» дар ҳамон миз нишаста, истироҳат доранд. Ӯ бо ягон кас маслиҳат накарда, дар мошини кироя мешинад ва то ошхона меравад. Мисли ҳар дафъа дасту остин барзада, се тугмаи куртаи қафаси сина кушодагӣ, мӯйи сари сихи моил ба пешонӣ ва ҳеҷ вақт шонанакарда, тани танҳо, башаст дохили ошхона мешавад. Бо қадамҳои устувор рост пеши паҳлавон меравад ва бо овози ба ҳама шунаво:
– Девлох! Бародар! Ман Сафар! Маро бубахш!
Девлох сари худро аз миз боло мекунад. Беихтиёр мисли паҳлавони афсонавие, ки даст дароз карда, аз қаъри дарё моҳӣ гирифта, бо ҳамон дасташ рост дар таги бинии Офтоб бурда, пазонда, дар ҳалқаш партофта мехӯрад, аз ҷо бармехезад. Ба ин Сафари «Каҷала»-и сиёҳи нописанди харобаи ҳақир, ки қуввати бардошти як муштро ҳам надорад, бо ғазаб нигоҳ мекунад. Мебинад, ки ӯ тани танҳо, пеши паҳлавон мардонавор омадааст. Бахшиш мепурсад. Дар фикр мемонад.
Ин вақт шогирдони хунгарми Девлох аз ҷо парида хеста, яке аз китф, яке аз гардани Сафар кашиданӣ мешавад, аммо овози раъдосои Девлох:
– Макед! (Накунед)!!! – ҳамаро бозмедорад.
Девлох як дақиқа шах шуда, ба Сафари «Каҷала» нигоҳ мекунад. Каме дандон мехояд. Баъд бо таги бинӣ:
– Як курсӣ биёред! – гуфта, фармон медиҳад.
Меоранд.
– Ин ҷо монед! – гуфта, бари курсии худро нишон медиҳад. Баъд дасти дарозкардаи Сафарро бо аломати бахшидан мегирад ва фармон медиҳад:
– Бишин! Стаканро пур кунед!
– Ака, ман арақро бас кардам! – мегӯяд Сафар.
– Аз кай? – мепурсад Девлох.
– Аз ҳамон рӯз, – ҷавоб медиҳад Сафар.
– Ту бас кардӣ ё тавба? – мепурсад Девлох.
– Тавба накардаам, – мегӯяд Сафар.
– Ин хел бошад, бигир!
Бо ҳамин Девлох бо Сафар оштӣ мекунанд. Ҷӯра мешаванд. Баъди ин рақобати эҳсосотии бачаҳои кӯҳистон барҳам мехӯрад.
Худи Сафар нақли ин ҳодисаро дар байни ҳамшаҳриён ҳам он қадар хуш надошт.
Девлох бисёр бодиққат маро гӯш кард. Ва дар охир гуфт:
– Тамоми нақл, амалҳои Сафари сархӯри ҷӯраи мо дуруст аст, ғайр аз як ҷояш: вақте Сафар маро ноҷавонмардона зад, ман «вой, оча!» нагуфтам. Инро бачаҳои Кӯлоб бофтаанд, – гуфта, хандид.
Бо дасташ изи ҷойи кафида ва чаққа шудаи бари сарашро нишон дод, ки тахминан се-чор сантиметр буд.
Минбаъд ман бо Девлох шиноси хуб шудам.
Чун овозаҳо буд, ки ӯ аз Афғонистон шираи банг гирифта, истифода мекунад, – ӯро сахт таъкид кардам ва шӯхиомез гуфтам:
– Девлох! Бо чунин гуноҳ ба дастам афтӣ, ман туро аз Сафари «Каҷала» ҳам бадтар мекунам.
– Не ба Худо қасам, ки ин корро бас кардаам. Медонам, аз дасти шумо ҳамшаҳриҳои Сафари «Каҷала» ҳар кор меояд, – гуфта, хандид.
Бо гузашти чанд сол шунидам, ки Девлох баъди аз сар гузаштани модараш, дар солҳои қаҳтӣ муътоди нашъа шуда, дар хонааш танҳо монда, ин дунёро падруд гуфтааст.

(Аз китоби С. Ятимов «Ёддоштҳо», ҷилди 2,
Душанбе, «Эко Принт», 2024, саҳ. 87-106)

Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», №45 (2326) аз 12.11.2025

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

Дар ҷаҳони муосир терроризм ва эктремизм ба яке аз таҳдидҳои ҷиддитарин барои амнияти милливу глобалӣ табдил ёфтааст. Ин падидаи номатлуб на танҳо ба суботи сиёсӣ, балки ба арзишҳои инсондӯстӣ ва ҳуқуқҳои фитрии инсон низ зарари беҳисоб мерасонад.

Чи хеле, ки маълум аст, Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст ва моро имрӯз зарур аст, ки барои амалишавии ин ҳуқуқҳои худ бевосита ӯҳдадориҳои худро ба ҷо оварем ва якҷоя бо зуҳуроти номатлуби ҷомеаи башарӣ терроризму экстремизм барем.

Экстремизм – ин майл ба ақидаву амалҳои тундрав ки ба халалдор кардани сохти конститутсионӣ ва амнияти ҷамъиятӣ равона шудааст. Терроризм бошад, шакли ниҳоии зуҳуроти экстремизм буда, ҳадафаш фишор овардан тавассути зуроварӣ мебошад.

Барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонда шаҳрвандони кишварҳои гуногунро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлату давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Барои муборизаи муассир, пеш аз ҳама бояд сабабҳои пайдоиши ин зуҳуротро донист, ки он дар паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ, ноогоҳи аз моҳияти аслии арзишҳои динӣ ва дунявии ҷавононро ба доми гурӯҳҳои ифротӣ мекашад.

Бекорӣ ва ноумеди метавонанд заминаро барои ҷалби афрод ба ҳаракатҳои экстремистӣ фароҳам орад.
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм танҳои вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ин масъулияти ҳар як узви ҷомеа аз волидайн ва омӯзгорон сар карда, то зиёиёну ходимони дин аст. Танҳо дар ҳамбастагӣ ва бо баланд бардоштани ҳушёрии сиёсӣ метавон сулҳу суботи кишварро ҳифз намуд. Терроризм ватан, миллат ва дин надорад. Он душмани тамоми башарият аст.

Ҳар як шаҳрванд бояд дар муқобили таблиғоти бегона тобовар бошад. Роҳи асосии наҷот аз ифротгарои рӯ овардан ба илму дониш аст.
Бо назардошти стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, ҷомеаи байналмиллалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ такмил медиҳанд ва ҳар як фарди бедордилу худогоҳ ва меҳанпарастро зарур аст, зиракии сиёсиро аз даст надода, нагузоранд, ки теша ба пояҳои давлату давлатдории мо зананд мо бояд пояҳои сулҳу суботи комили кишварро, ки бо ҷони ҳазорон родмардони шуҷоъи ватан ва хишти ҷони хеш сохтаем ва аз душманони нопоки миллат эмин нигоҳ дорем, барои наслҳои ояндаи миллат кишвари ободу пешрафтаро ба мерос гузорем. Аз ин рӯ, бояд тадбирҳои судманде андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯстӯ соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд.

ҒАЙБУЛЛОЕВА М.Л.,
ассистенти кафедраи
ҳуқуқшиносии ДИС ДДТТ