Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами рақамикунонӣ дар бонкдории муосир”

      Санаи 4-уми ноябри соли 2025 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, мувофиқи нақша – чорабинии Раёсати илм ва инноватсия, факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ бо ташаббуси кафедраи молия ва қарз конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами рақамикунонӣ дар бонкдории муосир” баргузор гардид. Дар оғози конференсия бо сухани ифтитоҳӣ директори ДИС ДДТТ, н.и.и., дотсент Ҷалилзода А.А. баромад намуда, меҳмононро хайрамақдам намуд. Қайд гардид, ки дигаргуншавии рақамии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир як самти асосии рушд ва пешрафти хизматрасониҳои молиявӣ гаштааст. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар ташкилотҳои қарзӣ малакаҳои нав ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро талаб менамояд. Ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти худро тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ такмил медиҳанд, то ин ки муваффақ ва рақобатпазир бошанд. Воқеан, дар амалияи имрӯзаи фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ, раванди баландсуръати рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ яке аз афзалиятҳои рақобатӣ мебошад.


     Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия оид ба масъалаҳои “Рақамикунонии хизматрасониҳои низоми бонкӣ: таҳлили вазъи рақамикунонӣ дар минтақаи Суғд” сарбозраси шуъбаи назорати бонкии Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд Наҷмидинов Ф.М., “Рушд ва муаммоҳои рақамикунонӣ дар ташкилотҳои молиявию –қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сардори шуъбаи ҳуқуқи ҶСК “Бонки Эсхата” Ғафуров К.А., “Синергияи технологияҳо ва табодули инфрасохтори рақамӣ” директори компанияи “Техком” Рахматов И.А. ва “Механизмҳои қарздиҳии дарозмуддат дар таҷрибаи байналмилалӣ: таҳлили амалиёти “Твист” ва табдилдиҳии воситаҳои қарзӣ” н.и.и, дотсенти кафедраи кори бонкии МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров” Азизбоев Р.А. баромад намуданд.


     Дар фарҷоми ҷаласаи ифтитоҳии конференсия хулоса карда шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ рақамикунонии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ барои бунёди низоми рақобатпазири хизматрасонӣ шароити заруриро таъмин намуда, арзиши адои хизматрасониҳоро коҳиш дода, суръати иҷрои амалиётҳоро баланд ва фоидаи бонкро ба сатҳи баланд мерасонад. Аз лиҳози гуфтаҳои боло мутахассисон бояд дарк кунанд, ки дар ҳолати рақамикунонии босуръат низоми бонкӣ чӣ гуна таҳаввул кардааст ва дар дурнамо чӣ гуна таҳаввул хоҳад кард. Сониян, тамоюли таҳияи технологияҳои комилан бехатар ва коркарди пойгоҳи интернетии барои мубориза бо киберҷинояткорон ва фаъолияти онҳо мубрамияти калон касб намудааст. Олимон ва коршиносони соҳа итминони комил доранд, ки ояндаи рушди иқтисоди миллӣ ва ҷаҳонӣ аз низоми бонкдории рақамӣ вобаста мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *