Маълумот дар бораи ихтисосҳои факултети Молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ

Фаъолияти факултет баҳри тайёр намудани мутахассисон дар риштаи иқтисодиёт аз рўи ихтисосҳои «Молия ва қарз», «Фаъолияти бонкӣ», «Андоз ва андозбандӣ» ва «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит» равона карда шудааст.

Аз рўи ихтисоси 25010407 – молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии беруна – мутахассисони соҳаи иқтисодиёт ва идоракунии молиявӣ тайёр карда мешаванд ва онҳо метавонанд дар ташкилотҳои байналхалқӣ, мақомотҳои назорати молияи давлатӣ, ташкилотҳои қарзии хурду калон, мақомоти андоз фаъолият баранд.

Аз рўи ихтисоси 25010402 – кори бонкӣ – мутахассисони соҳаи иқтисодиёт ва идоракунии ташкилотҳои қарзӣ тайёр карда мешаванд ва онҳо метавонанд дар тамоми намуди ташкилотҳои қарзӣ, аз он ҷумла бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва фондҳои сармоягузорӣ фаъолият баранд.

Аз рўи ихтисоси 25010403 – андоз ва андозбандӣ – мутахассисони соҳаи иқтисодиёт, мақомоти андоз ва мақомоти назорати молияи давлатӣ тайёр карда мешаванд ва онҳо метавонанд дар мақомоти назорати молияи давлатӣ, мақомоти андоз, корхонаҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ фаъолият баранд.

Аз рўи ихтисоси 25010800 баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит – мутахассисони соҳаи иқтисодиёт ва баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит тайёр карда мешаванд ва онҳо метавонанд дар ҳамаи ҷабҳаҳои иқтисодиёт мисли соҳаи савдо ва хўроки омма, низоми бонкӣ, назорати андоз, соҳаи хизматрасонӣ, матлубот, тандурустӣ, маориф, корхонаҳои муштарак ҳамҷун сармуҳосиб, муҳосиб, хазинадор фаъолият баранд.