Довталаб

БА ДИҚҚАТИ ДОВТАЛАБОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ!
ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ТИҶОРАТИ  ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД (ДИС ДДТТ)
қабули донишҷўёнро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.

Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» (ДИС ДДТТ) тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №59 аз 12 феврали соли 2010 таъсис дода шуда, соҳиби иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ (силсилаи Т- ИФ №0003026 аз 21 декабри соли 2022, №434), шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии (силсилаи Т-АД №0000242 аз 09-уми июли соли 2021) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Ҳадафи асосии донишкада амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад. Бо ин мақсад дар донишкада тайёр намудани мутахассисон дар асоси ҳаматарафа омўзонидани: а) донишҳои касбии иқтисодиву ҳуқуқӣ; б) сатҳи баланди муошират дар фаъолияти меҳнатӣ; в) технологияҳои инноватсионии муосир ва иқтисодиёти рақамӣ; г) на кам аз 3-4 забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.

ДИС ДДТТ тибқи иҷозатнома дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура (PhD) мутахассисон тайёр менамояд. Тайёр намудани мутахассисон дар се факултет аз рўи 28 ихтисос сурат мегирад (аз ҷумла, аз рўи се ихтисос гурўҳҳои таҳсил бо забони англисӣ ташкил карда шудааст).

  • Шумораи умумии омўзгорон – 210 нафар;
  • Докторони илм ва профессорон – 9 нафар;
  • Номзадони илм ва дотсентон – 93 нафар.

Гурўҳи коршиносони байналмилалӣ аз давлатҳои Аврупо, Амрико ва ИДМ ба сатҳи тайёр намудани мутахассисон дар Донишкада баҳои баланд дода, ба аккредитатсияи байналмилалӣ омода будани донишкадаро эътироф намуданд.

Дар феҳристи макотиби таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, Донишкада бо рамзи 211 ва навиштаҷоти ДИС ДДТТ сабт шудааст.

Қабули донишҷўён барои таҳсил дар ДИС ДДТТ аз рўи кластерҳо ва ихтисосҳои зерин амалӣ мешавад:

ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолиятро дар самтҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ самаранок ба роҳ монда, ба як қатор дастовардҳои намоён ноил гардидааст:

        1. Донишкада ба фазои ягонаи таҳсилот шомил буда, гурўҳҳои таҳсил бо забони англисӣ амал мекунанд.
        2. Таълим дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо тахтаҳои электронии интерактивӣ, толорҳои лексионӣ, утоқҳои лингафонӣ ва лабораторияҳо амалӣ мешавад.
        3. Дар оғози соли таҳсили 2021-2022 Донишкада дорои бинои нави таълимии замонавии иборат аз чор ошёна гардид.
        4. Зиёда аз 800 адад компютерҳои замонавӣ ба шабакаи баландсуръати Интернет пайваст карда шудааст.
        5. Истифодаи ройгони Wi-Fi дар ҳудуди Донишкада муҳайё гардидааст.
        6. Шароит барои омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, чинӣ ва дигар забонҳо фароҳам оварда шудаанд.
        7. Курсҳои омўзишии зерин амал мекунанд:
        • 1С: Муҳосибот;
        • Таҳияи лоиҳа ва бизнес-нақшаҳо;
        • Технологияҳои муосири компютерӣ ва кор бо ҳукумати электронӣ;
        • Андоз ва андозбандӣ;
        • Нархгузорӣ;
        • Мерчандайзер;
        • Моделер-дўзанда;
        • Маданияти соҳибкорӣ ва ғайраҳо.
        1. Дар назди Парки технологии Донишкада “Маркази омўзиши забонҳо”, ки таълимро ба забонҳои англисӣ, русӣ, хитоӣ ба роҳ мондааст, “Маркази сайёҳӣ ва меҳмондорӣ”, “Маркази омўзиши курсҳои буррандагию дўзандагӣ, таълими қаннодӣ”, “Гиёҳҳои дорувории вилояти Суғд” амал мекунанд.
        2. Имконияти таҳсил дар донишгоҳҳои шарики Аврупо, ИМА, Чин ва ИДМ, инчунин дар чаҳорчўбаи барномаҳои байналмилалии ERASMUS +, FULLBRIGHT.
        3. Соли 2023 бахшида ба даҳсолаи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” Донишкада ба:

а) Алянси байналмилалии донишгоҳҳои Авруосиё – Чин оид ба маориф, фарҳанг ва санъат, инчунин ба субалянс оид ба ҳуқуқи байналмилалӣ;

б) Алянси донишгоҳҳои аграрии Роҳи Абрешим шомил гардид.

        1. Соли 2024 Донишкада бо Донишгоҳи омўзгории Шэняни Чин ва Донишгоҳи давлатии Белгороди Федератсияи Россия аз рўи ихтисоси менеҷмент барномаи муштараки низоми 2+2-ро аз рўи ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон (бизнеси байналмиллалӣ) ба роҳ монд.
        2. Созишномаҳои ҳамкорӣ бо зиёда аз 90 донишгоҳҳои Аврупо, ИМА, Осиё ва ИДМ.

    13. Таълими сатҳи байналмилалӣ барои хатмкунандагони Донишкада имкон медиҳад, ки дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон бо дониши касбии худ муваффақ бошанд.

        1. Дастаи “ЭНАКТУС”-и Донишкада борҳо дар мусобиқаи ҷумҳуриявии донишҷўён дар соҳибкории иҷтимоӣ ғолиб омада, ба мусобиқаҳои умумиҷаҳонӣ роҳхат гирифтааст:
        • Соли 2011 мусобиқаи байналмилалӣ дар ш. Куала-Лумпури Малайзия.
        • Соли 2013 соҳиби роҳхат барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Канкуни давлати Мексика ва баромад дар созмони бонуфузтарини ҷаҳон – СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА;
        • Соли 2014 дар мусобиқаи байналмилалии шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин;
        • Соли 2016 барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон ба кишвари Канада;
        • Соли 2017 ба шаҳри Лондони Бритониёи Кабир;
        • Соли 2018 ба штати Сан-Франсискои ИМА;
        • Соли 2021 ба Шарм-ул-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср сафар намудаанд.
        1. Донишҷўёни дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис-тон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб омада, аз пардохти маблағи таълим дар ҳаҷми аз 50 то 100% озод карда шудаанд.
        2. Донишҷўёни Донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷў ва прогресси илмӣ-техникӣ» байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
        3. Донишҷўён барои таҳсили хубу аъло сазовори стипендияҳои Раиси вилояти Суғд, Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот, Раисони шаҳру ноҳияҳо, директори донишкада, грантҳои берунӣ ва дохилӣ гардиданд.
        4. Аббосҷонова Махфиратхон – донишҷӯи курси дуюми ихтисоси молия ва қарз (25010407), гурӯҳи русӣ, факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ дар озмуни “Донишҷўи сол – 2024” байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рўи равияи фанҳои гуманитарӣ ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардид.
        5. Дар майдончаи варзиши замонавӣ бозиҳои волейбол, мини-футбол, баскетбол, теннис ва дигар намудҳои варзиш байни донишҷўён пайваста баргузор мегарданд. Барои устодону донишҷўён ду толори варзиши замонавии “Фитнес” ба истифода дода, дар он 24 тренажер, 4 тенниси рўи миз ва дигар таҷҳизоти варзишӣ гузошта шудаанд.
        6.  Барои довталабон курсҳои тайёрӣ бо ҷалби устодони пуртаҷриба амал мекунад.
        7. Барои бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагон аз ҳама гуна имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баъд аз хатм онҳо дар асоси шартномаҳои тарафайн ва иштирок дар озмунҳо бо ҷои кор таъмин мешаванд.
        8. Биноҳои таълимии Донишкада (ҳамаи синфхонаҳо ва утоқҳои корию ёрирасон) дар давраи сармо ба тариқи марказонидашуда гарм карда мешаванд.
        9. Сифати баланди таълим кафолат дода мешавад.

Ояндаи худро бо мо созед!

Марҳамат ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон!

Барои машварат ба суроғаи донишкада: ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 169.

Тел: (83422) 6-03-21, 4-08-63

факс: (992 3422) 4-33-15

Cомона: www.iet.tj

E-mail: info@iet.tj

муроҷиат намоед.