ДУРҒБОФИ ИҒВОАНГЕЗИ ИФРОТӢ
Мушоҳидаву таҳлилҳои вақтҳои охир собит менамоянд,ки имрӯзҳо созмонҳои террористиву экстремистӣ (ифротгароӣ) ҷиҳати амали намудани ҳадафи ғаразнокашон, дар фазои иттилоотӣ дар Интернет паҳншаванда, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Дар робита ба ин, мисол меорем, ки яке аз пайрави ашаддии наҳзат Муҳаммадиқбли Садриддин мебошад, дар канали YouTube- ISLOH TV , пойгоҳи таҳлилӣ ва динӣ – ISLOH net фаъолияти муғризонаашро ба роҳ монда, дар барномаҳои ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” баромадҳо намуда, кораш танҳо дуруғбофию иғво андохтан аст. Ин дурғбофи иғвоангези ифротӣ бо василаи пахшу нашр кардани маводи ғаразнок миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кардан мехоҳад ва худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунад. Баромадҳои М.Садриддин ва думравонаш, алалхусус афроде бо номи Абдулло, Зохир, гуё дар Сурия иқомат дорад ва як қатор бо номҳои сохта, аз қабили “7+70”, “Ватан 665”ва ғайра, ки санаҳои 01, 04, 08 ва 11 марти соли равон , дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромади ифротӣ намуқданд, таҳлил намуда, қайд менамоем.

Ин гурӯҳаки дурғбофи иғвоангези ифротӣ дар хориҷи кишвар қарордошта, танҳо дар бораи камбудии ин ё он соҳа ва давлат ҳарф мезанад, ки ягон асос надорад. Дар робита ба ин, суол ба миён меояд.Оё дар дунё ҳаст давлате, ки муаммову мушкилӣ надошта бошад? Ба ин суол бе ягон душвори посух медиҳем: Нест, албатта. Пешрафтатарин давлатҳо дар ҷомеаи худ муаммоҳои мухталиф доранд. Илова бар ин, бояд қайд кард, ки имсол кишвари соҳибистиқлоламон 35- солигиашро бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол мегирад ва даҳ соли аввали он ба давраи нооромии сиёсӣ рост меояд. Вале, душвориҳоро кишвари соҳибистиқлоламон дар муҳлати куҳтотарин паси сар карда, имруз дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои назаррас ба чашм мерасад. Бояд таъкидан хотиррасон кард, ки ҳар фарди солимақлу соҳибaтафаккур дар давоми умри худ пайваста баҳри қонеъ гардонидани завқи бадеӣ ва эстетикии худ мекӯшад ва дар ин раванд сайругашти саҳарӣ ё бегоҳӣ барои саломатӣ ва ҳам рӯҳияи нав мақбултар аст. Ҳатто, нафарони пастфитрату муғриз низ аз чунин таълимотҳо бархурдоранд ва дар майнаи пучи бемағз ҳавас ба сайругашт доранд. Аммо, мазҳабфурӯши бешараф- М.Садриддин, хуллас ин гуруҳаки дурғбофи иғвоангези ифротӣ бошад, оғӯши табиати биҳиштосоро ба сарқути мизи хоҷагони дасисабози хориҷӣ иваз намудаанд ва майнаашон олудаи палидию ғашиҳои асту дар он саводи казоӣ барои беҳбудии ҷомеа вуҷуд надорад. Дар асл бигирем, ин қабил бадхоҳони ифротӣ имрўз бозичаи кишварҳои хориҷӣ гардида, барои ташкил намудани гурўҳҳои муташакили ҷиноятӣ, ифротгароӣ машғул ҳастанд ва бо ин роҳ мардуми осоишта ва сулҳхоҳи тоҷикро ба ташкил намудани эътирозҳо даъват намудан кӯшиш доранд. Бояд хотиррасон кард, ки ин тоифа дурғбофи иғвоангези ифротӣ, аз М.Садриддин сар карда, то шогирдону пайравонаш, бо ибораи дигар наҳзату навнаҳзатиҳо дар минбарњо ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро садо баланд карданро надоранд. Ногуфта намонад, ки ин тоифа дурғбофи иғвоангези ифротӣ дар қатори ланаткардагони халқу миллат ҷой доранд.

Дар фарҷоми андешаи хеш такрор ба такрор боз гуфтанием,ки баромадҳои дурғбофи иғвоангези ифротӣ, умуман наҳзату навнаҳзатиҳо бори дигар собит менамояд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Аз ин рў, барои решакан кардани аќидањои ифротї муборизаи беамон бояд барем, ки ин яке аз масъулияти муҳимтарини шаҳрвандиву фарзандии мост!
Р. АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд

































































