Факултаи “Иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ”

Факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ дар ҳайати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2010 таъсис дода шудааст.

Фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дар факулта дар асоси cтандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Чумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Дар сохтори таркибии факултет чор кафедра амал мекунанд, ки аз онҳо ду кафедра умумидонишгоҳӣ ба ҳисоб рафта, ду кафедраи дигар тахассусӣ ба ҳисоб мераванд.

Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон бо роҳбарии н.и.и., дотсент, Мухитдинова Шоирахон Саидюсуфовна фаъолияти таълимӣ, таълимӣ – методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои  муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, кредитӣ ва молиявӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳо равона кардааст.

Кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ бо роҳбарии н.и.и., Қосимова Мавҷуда Ҳалимовна фаъолияти таълимӣ, таълимӣ – методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои  иқтисодиёт ва идоракунии корхона равона кардааст.

Кафедраи математика ва технологияҳои инноватсионӣ  бо роҳбарии н.и.и, дотсент Эгамқулов Махсудҷон Муҳаммадович фаъолияти таълимӣ, таълимӣ – методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои технологияи иттилоотӣ ва иттилоотии иқтисодӣ равона кардааст.

Кафедраи забонҳои хориҷӣ бо роҳбарии н.и.ф., дотсент Исмоилова Мутриба Охунҷоновна фаъолияти таълимӣ, таълимӣ – методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон  барои баланд бардоштани сатҳи дониши забонҳои хориҷии онҳо равона кардааст.

Фаъолияти раёсати факулта дар самти тарбия бо мувофиқа бо шуъбаи тарбия ва рушди ҷавонони Донишкада ба роҳ монда шудааст. Фаъолият дар самти тарбия дар факултаи иқтисодиёт ва технологияи инноватсионӣ ба зиммаи ҷонишини декан оид ба тарбия, Савриев Қаҳрамон Ҷумъабоевич вогузор карда шудааст. Вазифаи шуъбаи тарбияи факулта иборат аз назорат аз болои давомоти донишҷўён ба дарс, тарзи либоспўшӣ ва сиккаву сурат, иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятии вилоятӣ, шаҳрӣ ва донишкадавӣ, иштирок ва гузаронидани вохўриҳо бо кормандони соҳаҳои мухталиф, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ғайраҳо мебошад. Ҳамаи чорабиниҳои дар боло зикршуда аз рўи нақшаи корҳои тарбиявии факулта, ки ҳар сол дар моҳи август пеш аз оғози соли хониш дар шўрои олимони факулта тасдиқ карда мешавад, гузаронида мешаванд. Нақшаи чорабиниҳо дар самти тарбия дар асоси қарору фармонҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тарбия ва рушди ҷавонон ҳамчун: Консепсияи Миллии Тарбия, ки сеюми марти соли 2006 қабул шудааст, тартиб дода шудааст.

Барои аз тарафи донишҷўён риоя кардани низомномаи Мактаби Олӣ роҳнамои донишҷўён тартиб ва чоп карда шудааст, ки таввасути он онҳо бо талаботҳои Мактаби Олӣ шинос шуда онҳоро риоя менамоянд. Барои баланд бардоштани давомоти донишҷўён ба дарс ва баланд бардоштани сифати донишомўзии донишҷўён аз тарафи раёсати факулта ва сарпарастон пай дар пай бо волидайни донишҷўён вохўриҳо гузаронида, бо онҳо дар алоқаи зич буда, оиди пешрафт ва камбудиҳои донишҷўён хабар медиҳанд.