Шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим

Шуъбаи мониторинг ва идоракунии сифати таълим қисми ҷудонашавандаи ҷараёни таълим дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, бо фармони № 03/53, аз 01.09.2010 таъсис дода шудааст.

Ҳоло дар шуъба н.и.и., дотсент Ҷалолов  Нодирҷон  Маҳмудович вазифаи мудири шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълимро ба уҳда дошта, н.и.ф., дотсент Қаюмов Ашӯрбой Абдуқодирович ва д.ф. (PhD), муаллими калон Нишонзода Риcқибой ба сифати нозирони шуъбаи кору фаъолият доранд.

                                                          

Сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони муосир ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ равона карда шудааст. Ин аст, ки таваҷҷуҳи давлату ҳукумат, ба хусус, Пешвои миллат дар ин самт ҳамасола вусъат пайдо намуда, масъалаи мазкурро дар ҳар суханрониҳои худ таъкид менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҳикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона (28.12. 2024) иброз намудаанд: “Дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба ин масъалаҳо бояд тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд”.

Шуъбаи мониторинг ва идоракунии сифати таълим барои фаъолияти минбаъда самтҳои афзалиятноки зеринро дар назди худ мегузорад:

Фаъолияти шуъбаи мониторинг ва идоракунии сифати таълими Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДИС ДДТТ) дар шаҳри Хуҷанд дар соли таҳсили 2024-2025 тибқи нақшаи кории шуъба, бо назардошти талаботҳои Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бо қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.11.2022 №13/58 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда шудааст. Асос барои фаъолияти шуъба дастуру супоришҳо ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Фаъолияти шуъба аз масъалаҳои зерин иборат буда, иҷрои он ҳамасола таъмин мегардад:

– татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва донишандӯзии донишҷӯён;

– назорати ваъзи омодагии устодон ба соли таҳсили тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»;

– иштирок дар аттестатсияи дохилӣ тибқи нақшаи аттестатсияи устодони Донишкада;

– тибқи талаботи Барномаи идоракунии сифати таҳсилот, гузаронидани корҳои хаттӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, аз ҷумла, сифати таълими фанҳои риёзӣ, технологияҳои иттилоотӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (англисӣ, русӣ);

– дар ҳар се моҳ пешниҳод намудани ҳисобот ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– иштирок дар чорабиниҳои сатҳи гуногун оид ба баланд бардоштан ва таъмини самаранокии назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;

– гузаронидани мониторинги сатҳи сифати таҳсилот дар гурўҳҳо вобаста ба ихтисосҳои амалкунанда аз фанҳои умумитаълимӣ ва тахассусӣ;

– гузаронидани пурсиш байни донишҷўён доир ба комёбиҳо ва камбудиҳо дар ҷараёни таълим, илм ва тарбия;

– амалӣ намудани хизматрасониҳои машваратӣ оид ба сифати таҳсилот тариқи ташкили семинар–тренинг бо иштироки устодон, доир ба  гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва КМРО;

– иштирок дар машғулиятҳои омӯзгорон ва таҳлили комплексии натиҷаҳои санҷиш ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот дар ҷаласаҳои Шурои таълимӣ-методии Донишкада;

– назорат ва баҳодиҳии сифати гузаронидани машғулиятҳо аз ҷониби омӯзгорон тариқи камераҳои назоратӣ ва баррасии онҳо дар ҷаласаҳои кафедра ва Шурои олимон;

– назорат ва баҳодиҳӣ ба фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ доир ба ташкил ва сифати гузаронидани таҷрибаомўзии таълимӣ, истеҳсолӣ, пешаздипломӣ (назарсанҷии барномаҳои таҷрибаомӯзӣ), корҳои курсӣ;

– назорат ва баҳодиҳӣ ба фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ доир ба сифати рисолаҳои хатми бакалавр ва магистрӣ;

– назорати гузаронидани дарсиҳамоӣ ва ташкили дарсҳои намунавӣ аз тарафи омӯзгорони кафедраҳо;

– мониторинг ва назорати рафти машғулиятҳои иловагӣ бо донишҷўёни сустхон, вазъи ташкил ва қабули сабақгардонӣ аз ҷониби устодони кафедраҳо;

– вазъи истифодаи синфхонаҳои компютерӣ, тахтаҳои электронӣ, проекторҳо, утоқҳои лингофонӣ, интернет, китобхонаи муқаррарӣ ва китобхонаи электронӣ;

– таҳлили маълумотҳои натиҷаи санҷишҳои сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ва баррасии онҳо дар ҷаласаҳои Шурои олимон ва Шурои таълимӣ-методии Донишкада.

Дар баробари ин, шуъбаи мониторинг ва идоракунии сифати таълим ҷиҳати татбиқи амалии марҳилаҳои Барномаи идоракунии сифат дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро дар асоси ҳадафҳои зерин муайян намудааст:

  1. Дар заминаи ҳадафҳои асосии Донишкада ба роҳ мондани фаъолияти ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон;
  2. Ташкили фаъолияти сохторҳо аз рӯи  моделҳо:

– модели таълим;

– модели тарбия;

– модели илм.

  1. Доимо дар мадди назар доштани натиҷаҳои ниҳоӣ, худбаҳодиҳии дохилӣ ва баррасии онҳо дар ҷаласаҳои кафедраҳо;
  2. Бо назардошти манфиатҳои фармоишгар ва кордиҳанда  бастани шартномаҳо, ширкат дар бизнес – лоиҳаҳои  муштарак ва ғайра.
  3. Коркарди стандартҳои байналхалқӣ,  тибқи талаботҳои  Аврупоии раванди Болония ё ISO – 2000;
  4. Таҷдиди барномаҳои таълимӣ тибқи дигаргуниҳо дар бозори меҳнат.
  5. Амалӣ намудани нақшаи «Омӯзгорон захираи асосии рушди ҷараёни таълим» (ҳавасмандгардонии меҳнати шоён, гузаронидани озмунҳо, семинар-тренингҳо, конфронсҳои илмию амалӣ, семинарҳои амалӣ  ва ғайра);