Кафедраи забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд”, моҳи сентябри соли 2010 дар асоси қарори Шурои Олимони Донишкада таъсис дода шудааст.
Солҳои 2010-2016 мудири кафедраи мазкурро номзади илмҳои филолӣ, дотсент Фузайлов Равшан Қосимҷонович роҳбари намудааст. Сипас солҳои 2016-2020 мудирии кафедраи мазкурро номзади илмҳои филолӣ, дотсент Камолов Фарухҷон Абдуқодирович ба зимма дошт.
Аз моҳи сентябри соли 2020 то ба ҳол вазифаи мудири кафедраи забонҳои хориҷиро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Исмоилова Мутриба Охунҷоновна ба уҳда дорад.

Ҳайати омӯзгорон ва кормандони кафедраи забонҳои хориҷиро айни ҳол 21 – нафар ташкил медиҳад, ки аз инҳо 9 – нафар омӯзгорони дорои унвон ва дараҷаи илмидошта, 3 – нафар муаллими калон, 6 – нафар аcсистент ва 2 – нафар кормандони техникиро ташкил медиҳад.
Боиси ифтихори кафедра аст, ки солҳои охир тибқи созишномаи тарафайни байни Донишгоҳҳои педагогии Шеняни Ҷумҳурии Хитой, Осиеки Хорватия, Испания, Филландия ва Ӯзбекистон оид ба амалигардонии барномаи мубодилаи дутарафа ба давлатҳои хориҷа сафари омӯзишӣ қарор дода, дониш ва малакаҳои худро баланд бардоштаанд.
Фанҳои марбутаи кафедра бо технологияҳои инноватсионӣ гузаронида мешавад, ки айни замон дар назди кафедра се адад утоқи лингафонӣ мавҷуд аст ва омӯзгорон дарсҳои худро бо сифати баланд дар ин синфхонаҳо мегузаронанд.
Ҳоло дар назди кафедраи забонҳои хориҷии ихтисосҳои зерин:
1. | 1-020306 | Забонҳои хориҷӣ (забонҳои англисӣ ва русӣ) |
2. | 1-020307 | Забонҳои хориҷӣ (забонҳои англисӣ). Ихтисоси иловагӣ (забон ва адабиёти тоҷик) |
3. | 1-230102-02 | Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ) |
4. | 1-230102-05 | Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (робитаҳои иқтисодии беруна) |
5. | 1-230102 | Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (забонҳои русӣ ва англисӣ) |
Устоди кафедра Камолов Ф.А. дарси забони англисиро дар синфхонаи лигафонӣ гузаронида истодааст.
Муҳимтарин китобҳо, комплексҳову дастурҳои таълимӣ-методӣ ва монографияҳои илмии кафедраи забонҳои хориҷӣ ҳамчун дастовардҳо
- Исмаилова М.О., Буховадинов С., Буховадинова Т., “Робитаҳои адабиёти халқиятҳои форсу тоҷик ва англисзабон” Хуҷанд, 2025.
- Исмаилова М.О., Буховадинов С., Буховадинова Т., Сиддиқова Г. “Адабиёти муосирим тоҷик ва англис (муколамаи байнифарҳангӣ)” Хуҷанд, 2025.
- Азизова З.Ш., Калонова М.Я., “Услубшиносии забони англисӣ” Хуҷанд, 202
- Марофиева М.М. “Фонетикаи забони хитоӣ” Хуҷанд, 202
- Исмаилова М.О., Камолов Ф.А., Мақсудова С., Раҷабова Н.Р. “Business English” Хуҷанд, 2021.
- Бегматова С. «Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикӣ-англисӣ-русӣ». Хуҷанд, 2016.
- Майнусов Д.Ф. “Антропонимҳои “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ” Хуҷанд, 2016.
- Камолов Ф.А. “Чиҳил ҳадис”-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва арзиши адабии он” (Бахшида ба соли бузургдошти Мавлоно А.Ҷомӣ). Хуҷанд, 2014.
- Фузайлов Р. Қ., Аҳророва Г., Усмонова Ш. Х., Қаюмов А. А. “Луғати иқтисодии англисӣ-русӣ-тоҷикӣ (барои иқтисодчиён)”. Хуҷанд, 2014.
- Фузайлов Р.Қ., Камолов Ф.А. “Худомўзии забони англисӣ. (Давраи дуюм). Хуҷанд, 2013.
- Камолов Ф., Давлатова Ч., Исмоилова М. “Худомўзии забони англисӣ. Давраи аввал”. Хуҷанд, 2012.
- Мақсудова С. “Грамматикаи забони англисӣ дар таблитсаҳо”. Хуҷанд, “Ношир”, 2010.