Баҳри таълиму тарбияи босамар дар ДИС ДДТТ саҳми Шурои занон ва духтарон хеле калон мебошад. Вазифаи Шурои занон ва духтарони донишкадаро муаллимаи калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Сидиқова Гулсара Нарзуллоевна ба уҳда дорад. Дар факултаҳо низ Шурои занон ва духтарон бо роҳбарии занони ботаҷриба амал намуда, ба он донишҷӯдухтарони фаъол шомил гардидаанд.
Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, ҳамчунин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020”, “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2022” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ баҳри баланд бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.
Корҳои тарбиявӣ дар байни занон ва духтарон яке аз рукнҳои асосии таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода Шӯрои занон ва духтарон саҳми босазо дорад. Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида ҷаласаи Шӯрои занон ва духтарон моҳе як маротиба гузаронида шуда, дар он одобу ахлоқи духтарон, тарзи либоспӯшӣ, муносибату муошират, одоби оиладорӣ, фаъолнокӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, пешрафту давомот ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ карда мешаванд. Донишҷӯдухтарони донишкада дар чорабиниҳои донишкадавӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва чумҳуриявӣ фаъолона иштирок мекунанд. Дар донишкада баҳри таҳким бахшидан ба фаъолияти Шӯрои занон ва духтарон корҳои тарбиявӣ, аз қабили вохӯрӣ бо занони роҳбар, адибон ва шахсони барӯманд гузаронида мешаванд. Ҳамчунин шабнишиниҳо, мизҳои мудаввар, озмунҳо, конференсияҳо ташкил карда мешаванд. Аз он ҷумла, байни донишҷӯдухтарон озмунҳои “Маликаи сол”, “Канӣ, духтарҳо”, “Зан-олиҳаи ҳусн ва кадбонуи моҳир”, бахшида ба санаҳои таърихӣ ва идҳои миллӣ баргузор мегарданд.
Занон ва духтарони Донишкада дар курсҳои тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо, озмунҳои “Ҳафтаи худидоракунӣ”, “Сад ранги чакан”, “Чакомаи гесӯ”, “Фестивали атласу адрас”, ки дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд баргузор мегардад, фаъолона иштирок менамоянд. Аз рӯи натиҷаи корҳои иҷрогашта, хониши хубу аъло, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ донишҷӯдухтарони донишкада бо мукофот ва ифтихорномаҳо мунтазам қадрдонӣ карда мешаванд.