ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ МОДЕЛИ НАВИ ТАФАККУРИ СИЁСӢ

«Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон

Таҷрибаи давлатсозӣ ва ҷомеасозии муосир собит менамояд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз сарчашмаҳои асосии бунёдкориву созандагии ҳар давлат маҳсуб ёфта, дар таърихи навини тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад. Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он маншаъ мегирад. Он барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар унсурҳои давлатдориамон нақши муассир дорад.
Рушду нумуъ ва тараққиёти миллат маҳз дар устувории сулҳу ваҳдат аст. Агар дар мамлакате пояҳои сулҳу ваҳдат мустаҳкам набошанд, он кишвар зарра-зарра аз даруни худ нобуд мешавад. На танҳо аъзои як оила бояд бо ҳамдигар иттифоқ бошанд, балки аз кӯдакони як сарзамин сар карда то пири кор – ҳама нисбати ҳам эҳтиром қоил бошанду ҳамдигарро дӯст доранд, дар лаҳзаҳои танги ҳаёт дасти ҳамдигарро бигиранду якдигарро танҳо нагузоранд. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва дигар давлатҳои муқтадири дунё меомӯзанд.
Яке аз вазифаи муҳими илми иҷтимоъ асосноккунии заминаҳои таърихӣ, назариявӣ ва методологии падидаҳои нави иҷтимоӣ мебошад. Дар низоми илмҳои муосир фалсафаи иҷтимоӣ ҳамчун донишҳои илмӣ дар бораи қонуниятҳо ва тамоюлҳои умумии алоқамандии воқеиятҳои иҷтимоӣ, мавҷудияту инкишофи ҷомеа ва умуман равандҳои доимо тағйирёбандаи ҳастии иҷтимоӣ шинохта шудааст. Барои амалигардонии ин мақсад илми фалсафаи иҷтимоӣ аз қонун, мафҳум ва категорияҳои худ истифода мебарад. Ҷамъият, табиат, ҳастии ҷамъиятӣ, шуури ҷамъиятӣ, шуури муқаррарӣ, мафкураи ҷамъиятӣ, психологияи ҷамъиятӣ аз ҷумлаи категорияҳои бунёдии илми фалсафа эътироф гаштаанд. Баробари ин, азбаски фалсафаи иҷтимоӣ ҷомеаро ҳамчун низоми доимо тағйирёбанда ва худинкишофёбанда меомӯзад, дар ин раванд тамоюл ва падидаҳои нав арзи вуҷуд менамоянд, ки корбаст намудани дастгоҳҳои мазмунан нави ҷараёни маърифатро тақозо менамояд.
Зарурияти чунин муносибат аз он бармеояд, ки бо дастгоҳи маърифатие, ки солҳои пешин зери таъсири муносибатҳои яктарафа ташаккул ёфтанд, имконияти воридшавиро ба умқи ҳодисаҳои иҷтимоии муосир намедиҳанд. Дуруст аст, ки баъзе кӯшишҳо барои чунин бознигарӣ ба чашм мерасанд, аммо, дар бисёр тадқиқотҳо андешаҳо аз номбар намудани ин ё он тамоюлот ва ё содир шудани ягон амали террористиву экстремистӣ дур намеравад. Ба андешаи мо, яке аз сабабҳои чунин ҳолат аз он иборат аст, ки илмҳои ҷомеашиносӣ ҳанӯз ҳам аз доираи қолабҳои кӯҳнаи таҳқиқотҳои иҷтимоӣ баромада натавонистаанд.
Ҷомеаҳои муосир, ки тағйирёбиҳои куллиро аз сар мегузаронад аз ин қонунмандӣ холӣ нестанд. Аз ҷумла, дар шароити тағйирёбиҳои глобалии иҷтимоӣ доираи маърифати тамоюлҳои ҷадиди иҷтимоӣ васеъ гашта, падидаҳое ба миён омаданд, ки онҳо мафҳум ва категорияҳои маърифати иҷтимоиро бою ғанӣ гардониданд. Дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон мафҳумҳои “истиқлолият”, “ваҳдат”, “ваҳдати миллӣ”, “ризоияти миллӣ”, “оштии миллӣ” ҳамчун дастгоҳи категориалии маърифати иҷтимоӣ ташаккул ёфтанд. Тавре муҳаққиқон М. Абдураҳмон ва Х. Идиев зикр намудаанд: “Корбурди ин мафҳумҳо ва тибқи муҳтавои онҳо ба роҳ мондани амалияи ҷамъиятї ба Тоҷикистон имконият дод, дар як муддати нисбатан кутоҳ на танҳо худро аз вартаи фалокатбори муноқишаи дохилї раҳонад, балки ба як қатор мувафаққиятҳо низ ноил гардад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалї Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ваҳдату ҳамбастагї ба сифати кафили пешрафти ҷомеа бояд пайгирона аз ҷониби ҷомеашиносон ҳамчун мафкураи давлатї, сармашқи фаъолияти кулли ниҳодҳои расмию ѓайрирасмии ҷомеа эътироф ва тадқиқ карда шавад.
Муаллифони мазкур ҳамчунин зикр намудаанд, ки агар ба истиқрори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон аз лиҳози зина ба зина ташаккул ёфтанашон назар андозе мебинем, ки онҳо пайваста аз ду раванди ба ҳам алоқаманд иборат будаанд. Яке аз онҳо ин раванди асосноккунии назариявии имконияти ҳалли мусолиҳатомези низои сиёсии ба амаломада ва дигаре ҷустуҷўи роҳҳои татбиқи амалии тарҳҳои дар ин самт пешниҳодшаванда буд. Ҳарчанд ҷанбаи дуюми раванди мазкур, яъне ҷустуҷўи роҳҳои татбиқи амалии раванди истиқрори сулҳ дар илми ҷомеашиносии номуфассал омўхта шуда бошад ҳам, вале вижагиҳои ҷанбаи аввали ин раванд то ҳол барои бисёриҳо норавшан боқї мондааст. Ҳадаф аз ёдовар шудани ин нукта аз он иборат аст, ки истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду ҳалқаи ногустании таърихи навини Тоҷикистон буда, яке дигареро тақвият мебахшад ва онҳо зинаҳои муайяни рушди ҷомеаи тоҷиконро инъикос менамояд. Дар силсилаи арзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ба даст омадани ваҳдати миллӣ чун арзиши воло мақоми хоса дорад, зеро маҳз тавассути он мо тавонистем ҷомеаи хешро аз вартаи хараҷу мараҷ, бенизомиҳо ва аз ҷанги ҳалокатбори шаҳрвандӣ таҳмилӣ халос намуда истиқлолияти давлатии хешро таҳким бахшем.
Таҷрибаи начандон тулонӣ нишон медиҳад, ки чархи гардуни таърих моро ҳарчӣ аз рӯзҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри ХХ дур мебарад, мо қадру қиммати ваҳдати миллиро бештар эҳсос менамоем. Чунин дарки падидаи мазкур аз як тараф ба таъмини сулҳу ризоият ва рушди муназзаму устувори ҷамъият вобаста бошад, аз тарафи дигар ба вазъи ноустувор ва даҳшатбори низоми ҷаҳони муосир марбут аст.
Дар ин шароит зарурияти роҳандозии сайъу талоши ваҳдатгароии ҷомеаи мо дар даврони кунунии инкишофаш на камтар аз солҳои пешин аст, баракс суратафзо гаштани шиддати муқовимату рақобати давлатҳову ҷомеаҳо барои дастёбї ба захираҳои инкишоф, аз ҷумла захираҳои энергетикию ашёи хоми кишварҳои тараққиёбанда, ошкоро бештар ба чашм баррасии мавзуи мазкурро аз дирӯза дида мубрамтар гардонидааст. Таҷрибаи кунуни нишон медиҳад, ки кишварҳои абарқудрат дар зери ниқоби ҳифзи манфиатҳои миллии худ ва дифоъ аз ҳуқуқи башар на танҳо аз қудрати фишороварию таҳримҳо, ҳатто аксари маворид аз нерўи ҳарбии худ низ сўйистифода менамоянд.
Фазои сиёсии ҷаҳонӣ имрӯза, ки зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва рақобатҳои шадиди мафкуравӣ (эҳёи ҷанги сард дар шакли нав – “ҷанги иттиллоотӣ”) баҳри амалигардонии манфиатҳои геополитикӣ давлатҳо қарор дорад, ба ҳаёти сиёсии ҷомеаҳо зиддиятҳо ва тамоюлҳои сифатан навро ворид намуда, мазмуну мундариҷаи шуур ва тафаккури сиёсиро дигаргун сохта истодаанд. Азбаски тафаккури сиёсӣ инъикоскунандаи воқеъияти сиёсӣ мебошад, бинобар ин вай тағйиротҳои ба амал омадаистодаро дар худ рефлексия намуда, ба маданияти сиёсӣ, ки шакли зуҳурёбии шуури сиёсӣ мебошад, мазмуну мундариҷаи нав мебахшад.
Тамоюлоти наве, ки дар тафаккури сиёсӣ ба назар мерасанд, асосан хусусияти позитивӣ доранд, аммо раванди ҷаҳонишавӣ тибқи назарияи ҷомеашиноси фаронсавӣ Б. Бодӣ дар шароити “анҷоми ҳудудҳо” дар ҳаёти сиёсии ҷомеаҳо тамоюлҳое низ ба бор оварда истодааст, ки онҳо ҷараёни ташаккули тафаккури сиёсиро коҳиш дода, ба он унсурҳои барои шуури сиёсии ҷомеаи мо бегонаи характери ифроти доштаро ворид менамоянд, ки онҳо дар раванди бунёди давлати миллӣ душвориҳо ба миён оварда истодаанд. Ифротигаройии динӣ, терроризм ва экстремизм, майли давлатҳои абарқудрат баҳри яккаҳукмронӣ ва дигарҳо аз ҷумлаи хатарҳо мебошанд. Аз ин рӯ, дар шароити истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон муайян намудани сабабу оқибатҳои равандҳои хатарзо дар шуур ва маданияти сиёсии фардҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои ҷомеа яке аз масъалаҳои меҳварии илм, минҷумла фалсафаи иҷтимоӣ мебошад.
Таҳқиқи мушикофонаи назария ва амалияи муаммои мазкур имконияти пешгирӣ намудан равандҳои ғайри мақбули рушди иҷтимоӣ, ояндабинӣ ва ҷилавгириро аз равандҳои номатлуби тараққиёт, ки ҷомеаро сӯи ҷароҳатҳои иҷтимоӣ, ҳодисаҳои харобиовар, низоъҳо ва тақобули иҷтимоӣ мебарад, шароит фароҳам меорад. Аммо, бояд дар назар дошт, ки дарки назария маърифати иҷтимоӣ кори саҳл нест, зеро ин ҷараён ҳамеша ба фаъолияти бошууронаю бешууронаи инсон вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз, бояд ба инобат гирифт, ки дар зиддиятҳои иҷтимоӣ ҳамеша майлу рағбат, талабот, манфиат ва хоҳиши одамон ҳузур дошта ба ҳам бармехӯранд.
Тоҷикистон дар байни давлатҳои пасошӯравӣ ягона давлатест, ки дар давоми зиёда аз 30-соли соҳибистиқлолӣ ваҳдати миллиро байни қавму қабилаҳо ва миллат ба даст овард ва тавонист рӯй ба бунёдкориву созандагӣ оварда дар ҷаҳон худро ҳамчун миллати фарҳангофару тамаддунсоз муаррифӣ намуд. Агар дар масири таҷрибаи ваҳдатсозию сулҳофарини тоҷикон ба авзои сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя, Исроилу Фаластин назар афканем, метавонем таъкид намоем, ки маҳз ташаккул наёфтани ваҳдати миллӣ, эҳсоси баланди ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии милли боиси сар задани ҷангу ҷидолҳо гаштанд ва афсӯс, ки ин раванд идома ёфта, тартиботи ҷаҳониро таккон бахшида истодааст.
Саволе ба миён меояд: барои чӣ мо миллати тоҷик арзишмандии ваҳдати миллиро тезтар эҳсос намудем? Ҷавобҳои бисёранд. Аз ҷумла, дар ҳама қазоватҳо таъкид мегардад, ки тарафҳои мутақобилаи раванди сулҳи тоҷикон эҳсос намуданд, ки давлат ва миллати тоҷик дар он солҳои пурмудҳиш лаби ҷарии фаноёбӣ қарор дошт ва ин андеша ҳақ асту ҷои баҳс ҳам нест.
Вале ғояи ваҳдатгаройии тоҷикон дар таъриху фарҳанг решаҳои чуқур дорад. Ҳикмати вахдатгаройи сулҳу субботи ниёгони мо аз фарҳанги Хусравонӣ, аз Авасто, фалсафаи Зардушт, таълимоти оламшумули ҳикмати машшоияи шарқӣ маншаъ мегирад. Аз ҷумла, дар таълимоти зардуштия арзишҳои эътидол, меҳнати софдилона, меҳру муҳаббати бепоён ба зиндагӣ ва ватани хеш ҳамчун неъмати волои аз ҷониби Худойи олӣ – Аҳуромаздо эҳдо гашта таъкид гаштааст. Чунин ақидаҳоро мо дар ҳикмати иҷтимоии намояндагони таълимоти машшоия Абунасри Форобӣ, Ибни Сино, Насриддин Тусӣ ва дигарон вомехӯрем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри собит намудани ин нукта, дар китоби хеш “Тоҷикон дар ойинаи таърих”(Аз Ориён то Сомониён) ба симои Куруши Кабир рӯй меоранд, ки дар таърихи тамаддуни ориёӣ ҳамчун асосгузори нахустин империя дар таърихи башар номбар мешавад. Ҳамчунин ҳамон иқдоми неки шоҳаншоҳи Ҳахоманишиён Куруши Кабирро ба хотир меорад, ки дар ибтидои қарни VI то милод нахустин ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ “Эъломияи ҳуқуқи инсон”-ро қабул намуда, асирони ҳарбиро озод намуд ва қавму тоифаҳои мухталифи шоҳаншоҳиро ба ваҳдат, сулҳу салоҳ, рафоқату дӯсти даъват намуд. Магар, чунин амал аз ваҳдатгароӣ ва сулҳофарии аҷдодони тоҷикон дарак намедиҳад. Бешак, ҷавоби ин суол мусбат аст. Барои тасдиқи ин дар китоб чунин иқтибос оварда шудааст: “Манам Куруш шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи неруманд… Фармон додам ки ҳамаи мардум дар парастиши худой худ озод бошанд… Фармон додам, ки ҳеҷ як аз хонаи мардум хароб нашавад, ҳеҷ кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ соқит накунад. Ҳама ба якдигар иттифоқ бошанд…
Фалсафаи ваҳдати вуҷуд мавзуи калидии таълимоти ирфонии мутафаккирони тоҷику форс маҳсуб меёбад. Албатта, дар таълимоти онҳо ваҳдати вуҷуд аз лиҳози ваҳдати худову табиат, расидан ба ҳолати фаноёбии инсон дар ҳастии Худо баррасӣ гаштааст. Ба ин вижагиҳои худ нигоҳ накарда, ба андешаи мо маҳз ҳамин ғояҳои ваҳдатароӣ, ки дар замири ниёгони мо нуҳуфта буд, заминаи боэътимоди ба даст даровардани вахдати миллӣ гашт.
Як иштирокдори раванди сулҳи тоҷикон ваҳдатро чунин ба қалам додааст:
Ҳастии ин коинот аз ваҳдат аст,
Зеру болоро субот аз ваҳдат аст.
Асли кул аз ҷузъҳо омад падид,
Кулли беаҷзо ба ҷое кас надид.

Дар мавриди дигар чунин омадааст:
Ин ҷаҳон андарҳаму барҳам будӣ,
Қатраҳо ба ҳам шуда дарё шудӣ.
Зарраҳо бо ҳам шуда саҳро шудӣ,
Эҳёгари миллати тоҷик шудӣ.
Вой ба қавме, ки аз ваҳдат гурехт
Аз худшиносиву худогоҳӣ гурехт.
Яке аз орифони бузурги форсу тоҷик Ҷалолиддин Румӣ дар яке аз ғазалҳояш мегӯяд:
Ҳосили умрам, се сухан беш нест,
Хом будам, пухта шудам, сӯхтам.

Дар ин ҷо ҳадаф аз он иборат аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мо хом будем, пас аз фаноёбии давлати Иттиҳоди Шӯравӣ мо таҷрибаи кофии давлатдориро надоштем, таҷрибаи давлатдории Сомониён бошад аз хотираҳо зудуда гашта буданд. Зубдагони сиёсии он замон барои ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ омода набуданд. Баъди интихоб гаштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз баъзе каловишҳо ба сӯи моделҳои мавҷудаи давлатдорӣ ба хулосае омадем, ки онҳо барои миллати мо бегона буда, манфиатҳои миллии моро ҳифз карда наметавонанд. Дар пайи ҷустуҷӯи модели давлатдории навини тоҷикон, мо рӯ ба таъриху фарҳанги хеш овардем ва аз он ҷо чунин арзишҳоро ба мисли “ваҳдат”, “эътидол”, “сулҳу ризоият” – ро дарёфтем ва баҳри комёб шудан ба ин арзишҳо мубориза бурдем. Аз деҳаи Хосдеҳи Афғонистон то Маскав ин масофае буд, ки мо ҳар як ваҷаби онро ғалтидаву хеста, побарҷову гаваккашон пайроҳаҳои каҷу килеб ва пурмашаққати онро тай намуда ба лаҳзаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ расидем, яъне ба қавли Мавлоно пухта шудем.
Арзишмандтарин неъмати даврони истиқлолият ин буд, ки дар тӯли ин солҳо Тоҷикистоне, ки дар алангаи оташи ҷанги шаҳрвандии таҳмили сӯхта, чун мурғи Ҳумо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаммоҳои душворро паси сар намуда, ба бунёдкорӣ оғоз намудем. Таваҷҷӯҳпазиртарин нукта ин аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон давраи пурихтилоф ва низоъҳои иҷтимоиро паси сар намуда, дар ҷомеа ғояи беназир – Ваҳдати миллӣ ва сулҳу ризоиятро тадбиқ намуд. Ба ибораи дигар дар раванди сулҳу ваҳдати тоҷикон дар аввал хом будем, соддаву зудбовар будем, баъд дар алангаи оташи ҷанги шаҳрвандии таҳмили сӯхтем, вале сарбаландии аз он баромада, тавонистем ватану миллати худро аз нести халос кардем.
Дар ин робита, зикр кардан лозим аст, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон заминаи муҳими оғози ташаккули тафаккури нави сиёсӣ гашт, ки ҷавҳари онро ғояи таҳаммулпазирӣ ташкил дод. Маҳз ҳамин падидаи иҷтимоию маънавӣ ва равонӣ имконият дод, ки қувваҳое, ки дирӯз паси сангар истода, сӯйи якдигар тир мепаронданд, сари як миз нишаста роҳи сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллиро ҷустуҷӯ мекарданд. Муҳаққиқ Саидова С.Н. дар тадқиқоти диссертатсионии худ ҳолати мазкурро лаҳзаи гузариш аз методологияи деструктивизм ба конструктивизми иҷтимоӣ номидааст. Андешаи мазкурро пайгири намуда, таъкид намудан ҷоизаст, ки маҳз ана ҳамин шакли нави тафаккури нави сиёсӣ имконият дод, ки бо роҳи гуфтугӯ ва муколама рушди минбаъдаи миллати тоҷикро дар ҳамбастагию оромї таъмин карда тавонист.
Нодирӣ ва бесобиқагии таҷрибаи сулҳофарини тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кардааст Талошҳои пайгирона ва роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд. Баробари ин, бояд қайд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гуфтушунидҳои бисёрзинагӣ ҳам аъзоёни Ҳукумат ва ҳам роҳбарони мухолифинро бовар кунонида тавонистанд, ки бояд пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шавад, «…вагарна номи мо дар саҳифаҳои таърих ҳамчун роҳбарони ноуҳдабаро ва миллаткуш сабт хоҳад гашт».Ин суханон ва мавқеъгириҳои устуворонаи Роҳбари давлат мазмуну мундариҷаи раванди гуфтушунидро муайян намуд. Аллакай дар вохӯрии аввал доираи он масъалаҳое, ки бояд мавриди қазоват ва ҳалли худро меёфтанд, муайян карда шуданд. Дар ин раванд тарафҳои мутақобила фаҳмиданд, ки ҷанги таҳмилӣ бояд фавран қатъ гардад, чунки ин даргирии бародаркуш миллати тоҷикро метавонад аз байн барад ва ба давлатдории тоҷикон хотима бахшад. Қувваҳое, ки ин ҷангро ба сари миллат таҳмил карданд, маҳз таназзулу нобудии давлатдории тоҷиконро мехостанд. Дар ин росто, таъкид намудан зарур аст, ки чӣ дар ҳайати Ҳукумат ва чӣ мобайни мухолифин кам набуданд онҳое, ки ҳалли муқовимати тоҷиконро бо роҳи мусаллаҳона ҷонибдорӣ менамуданд. Чунин кайфият бештар байни ҷанговарони саҳроӣ ҷой дошт. Аммо хирадмандӣ ва иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат имконият дод, ки ба эътирозҳои атрофиёнаш нигоҳ накарда, ҷасурона сари мақсади худ ҳаракат кунад ва ин саъю кӯшиш барои барқарор намудани ҳокимияти қонунӣ ва сулҳу суботи ҷомеаи тоҷик пойдевори мустаҳкамро таъмин намуд.
Мутафаккири Чини қадим Конфутсий вазъи эътидоли ҷомеаро заминаи рушди он номидааст. Модели сулҳовар, ваҳдатгароии Пешвои тоҷикон ҳамин гуна заминаро ба миён овард. Акнун баъди анқариб 33 соли Истиқлоли давлатӣ боэътимод метавон гуфт, ки модели мазкур давлатдории миллии моро аз садамаи сиёсию иҷтимоӣ эмин нигоҳ дошт, Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, халқҳои сокини кишвар ба зиндагии осоишта расиданд, пояҳои асосии иқтисодию иҷтимоӣ устувор гашт, сохтори давлатӣ шакли комили худро гирифт ва роҳи рушди кишвар аз тарафи худи мардум интихоб ва муайян гашт. Агар аз лиҳози илмӣ ба саъю кӯшиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бартараф кардани ҷанги шаҳрвандӣ баҳо диҳем, бо боварии том метавон гуфт, ки он кас дар илми ҷомеашиносӣ ва низоъшиносӣ асосгузори назария ва консепсияи нави рушди ҷомеа тавассути ба даст овардани ваҳдати миллӣ мебошанд, ки онро бе ягон муболиға ҳамчун қолаби нав эътироф кардан ҷоиз аст.
Таҷрибаи таърихи навини тоҷикон собит намуд, ки дар раванди ба даст овардани сулҳу ризояити иҷтимоиву сиёсӣ нақши субъектҳои сиёсӣ меафзояд. Раванди ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи ҷомеа таҳлили амиқи илмиро бо назардошти воқеияти баамаломада, корбаст намудани методологияи ғайрианъанавӣ, ки механизм, технология ва тарзи идоракунии онро дарбар мегирифт, тақозо менамуд. Дар ин раванд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро нафақат чун сарвари аз санъати идоракунии давлат бохабар, балки ҳамчун соҳиби тафаккури сиёсии ғайрианъанавӣ (креативӣ), сиёсатмадори хирадманд, донандаи фарҳанги мурувват ба муросою мадоро овардани ҷомеа нишон дода тавонистанд. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси ватанпарвар, дилсӯзи миллат, ҷасуру далер, соҳиби иродаи қавию хушбинона дошта ва сиёсатмадори дурбин дар саргаҳи раванди сулҳи тоҷикон истода буданд ва андеша оид ба он, ки он кас меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошанд, муболиғ в мадҳи набуда, дар заминаи худ пояҳои амиқи назариявию методологиро дорад.
Дар бораи Ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи ташаккули фарҳанг ва тафаккури нави сиёсии афрод ва қишрҳои гуногуни ҷомеаи кунунии ҷомеаи тоҷик сухан ронда бояд зикр кард, ки мазмуни асосии онро чунин арзишҳо ба мисли худшиносии миллӣ, дарки манфиатҳои миллӣ, ғурур ва ифтихори миллӣ, зиракии сиёсӣ ташкил медиҳад.
Дар ҷомеаҳои дар ҳолати табдилёбӣ (трансформатсия) қарор дошта, бо сабаби устувории дарки суннатии муҳити иҷтимоиву сиёсӣ одамон бо зудӣ аз қолабҳои пешинаи тӯли солиёни дароз ташаккул ёфта халос шуда наметавонанд. Воқеъият чунин аст, ки одамон зарурияти дигаргун намудани фаҳми сиёсии худро дарк намуда, мехоҳанд муносибати сиёсии хешро ба замона мувофиқ гардонанд, аммо ин раванд дар шуур ва маданияти сиёсии ба зиддиятҳои зиёде рӯ ба рӯ мегарданд. Мӯҳтавои ин раванд ба тағйири арзишфаҳмии сиёсии одамон алоқаманд буда, ба имконияту талаботи ҳар як фард, ки фарҳанги умумию касбиаш зери таъсири омилҳои гуногун қарор дошта, вобаста мебошад. Сатҳи нокифояи донишу таҷрибаи арзишфаҳмии баъзе қишрҳои ҷомеа, сабаби номуайянии мавқеи онҳоро дар низоми сиёсӣ, интихоби арзишҳои сиёсӣ, билохира боиси каловишу гароишҳои онҳо сӯи тамоюлҳову равандҳои радикалии динӣ мегардад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки дар раванди бунёди давлати миллӣ дар муносибатҳои сиёсии нав ташаккул ёфта истода, унсурҳои арзишҳои тафаккури сиёсии ҷомеаи қабли мӯҳлати дуру дароз боқӣ мемонанд. Ин ҳолатро К. Маркс чунин арзёбӣ менамояд: “анъанаҳои наслҳои пешин, чун хоби мудҳишовар мардумро ба таври тӯлони дар шиканҷаи хеш нигоҳ медорад.” Аммо аз нигоҳи мо, муаммо дар он нест, ки арзишҳои пешин дар маданияти сиёсии ҷомеаи нав боқӣ мемонад (дар баъзе мавридҳо онҳо барои нигоҳдории тавозуни муносибатҳои сиёсӣ фоидаовар низ ҳастанд), балки мушкили дар он аст, кӣ тавре таҷрибаи ҷомеасозии муосир нишон медиҳад, меъёрҳои арзишҳои пешин бо унсурҳои нави арзишҳои нави сиёсӣ бархӯрда, боиси коҳишёбии он мегардад. Дар ин ҳолат дар назди илмҳои ҷомеашиносӣ вазифаи басо муҳим, тадқиқ ва дарёфти механизми дарки нави равандҳои сиёсии ҷомеа, дарёфти калиди ба ҳам пайвастани гузаштаю ҳозира ва муайян намудани роҳу усули истифодаи онҳо дар раванди гузариш ба муносибатҳои нави сиёсӣ ба миён меоядАгар мо эътироф намоем, ки маданияти сиёсӣ ин зуҳури муносибати фард ё гурӯҳи иҷтимоӣ ба ин ё он раванди сиёсист, пас интихоби ғояи сиёсӣ ба сатҳи дониш ва таҷрибаи фарди алоҳида вобаста аст. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки дар замони муосири мутағайир ҳар як узви ҷомеа дар интихоби арзишҳо, аз ҷумла арзишҳои сиёсӣ, бояд бошуурона амал намояд. Бо назардошти ҳамин ҳолат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсиро дар ҷомеа таҳлил намуда таъкид намудаанд, ки “сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар як шахс ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳад, ватандӯсту ватанпарвар бошад, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор кунад ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиашро эҳтиёт ва ҳифз намояд”. Вобаста ба чунин арзёбӣ бояд тазаккур дод, ки дар шароити ташаккул ва рушди эҳтимолияти равандҳои ҳаёти иҷтимоӣ маданияти сиёсӣ бояд дар ҳамбастагӣ бо ояндабинии илмӣ мавриди омӯзиш қарор ёбад, зеро ҳангоми арзи вуҷуд намудани равандҳои наву мухталифи ҷомеа, куллан тағйир ёфтани низоми нави байналмиллалӣ аз инсон талаб менамояд, ки ӯ ояндаи хешро ба ин ё он раванди сиёсӣ бошуурона бипайвандад. Ҳар як узви ҷомеа бояд дарк намояд, ки мақсади ниҳоии ҳар муборизаи мафкуравӣ ин ноил шудан ба даст кашидан аз ҳуввияти миллии хеш ва қабули мафкураи дигар мебошад. Ин роҳест инсонро ба парастиши ғояи дигар, таърихи дигар ва фарҳанги дигар равона менамояд. Масалан, барои давлатҳои абарқудрат, ки онҳо дар Тоҷикистон манфиатҳои геополитикии худро доранд муҳим нест, ки дар кишвари мо чи гуна низоми сиёсӣ барқарор мешавад, муҳим он аст, ки тоҷикон аз решаҳои таърихии худ, аз анъанаҳои давлатдории миллӣ дур гашта” худии худ”-ро фаромӯш созанд. Ва дар ин роҳ онҳо ягон чизро, аз ҷумла сарфу харҷи моддӣ, маблағгузориро дареғ намедоранд. Мо бар он ақидаем, ки ин зуҳури моҳияти сиёсати худхоҳонаи абарқудратоҳост, ки мехоҳанд бо дасти ҳизбу гурӯҳҳои иртиҷоии мақсадҳои ғаразнок доранд, ҷомеаи моро ноором гардонанд ва ҷараёни худшиносиву худогоҳии миллати моро халалдор гардонанд.
Дар ин росто, бояд тазаккур дод, ки дар замони муосир арзи вуҷуд намудани радикализм ва экстремизми динӣ яке аз зуҳуротҳоест, ки на фақат ба арзишҳои бунёдии ҷомеа “ҷароҳатҳои иҷтимоӣ” мерасонад, балки вай мафкураи сиёсӣ, равон ва ҷаҳонбинии сиёсии одамон, хоса ҷавононро бо падидаҳои барои миллат бегона заҳролуд мегардонад. Мубалиғони гурӯҳҳои радикалӣ қишрҳои осебпазири ҷомеаро ба ҳизбҳо, ҳаракату созмонҳои хислати экстремистӣ дошта ҷалб намуда, ба руҳу равон, шуур ва тафаккури онҳо таъсири манфӣ расонида, билохира онҳоро ба қувваи деструктивие, ки ҳадафашон аз байн бурдани низоми иҷтимоӣ-сиёсии мавҷуда табдил медиҳанд. Дар ин кори хеш онҳо воситаҳои гуногунро, аз он ҷумла риторикаи диниро истифода мебаранд, ки ғояҳои дар ин раванд баён гаштаистода хислати экстремизми динӣ, сиёсӣ ва терроризми байналхалқиро доранд.
Таҳкимбахшидани истиқлолият ва вусъатдодани Ваҳдати миллӣ девори бузурги пешгирии ҷараёнҳои номатлуб ба мисли терроризм, бунёдгароӣ ва ифротгароӣ мебошад.

М. ИНОМҶОНОВА, ассистенти
кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи
иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *