Кафедраи “Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ”

Мудири кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор Комарова Галина Борисовна

Таърихи кафедра

Кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ ҳамчун як кафедраи мустақил соли 2002 таъсис ёфтааст. Мудири кафедра дар вақти таъсисёбӣ н.и.и., дотсент Каримов Г.Ю. буд. Аз соли 2008 мудири кафедра номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор Комарова Г.Б. мебошанд.

Шиори кафедра: тайёр намудани мутахассисони дар соҳаи иқтисодиёт куллан лаёқатманд, малакаи фикронӣ дошта, рақобатпазир ва ба шароити доимо тағйирёбанда мутобиқ, дар самтҳои васеъ гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, татбиқи натиҷаҳои онҳо дар бозори нашрияҳои илмӣ ва ҳамгироии фаъолияти худ дар шабакаҳои тадқиқотӣ.

Вазифаҳои асосии кафедра:

  1. Тайёр намудани мутахассисони баландихтисос бо дониши ҷуқури назариявӣ, дорои қобилият ва малакаҳои зарурӣ барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ.
  2. Ташкили раванди таълим аз фанҳои ба кафедра марбута тибқи талаботҳои муосир ба мундариҷаи маводи таълимӣ ва услуби гузаронидани он.
  3. Истифодаи технологияҳои педагогии муосир, техникаи компютерӣ, шакл ва усулҳои фаъол ва ғайрифаъоли омӯзиш дар раванди таълим.
  4. Таъмини робитаи органикӣ байни фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии кафедра. Ба роҳ мондани вазифаҳои таълимӣ вазифаҳои таълимӣ оид ба ташаккулёбии шахсияти мутахассисони муосир бо воситаи барномаҳои асосии таълимӣ.
  5. Фароҳам овардани шароит барои кори мустақилонаи донишҷӯён, дар донишҷӯён ташаккул додани тафаккури эҷодӣ, лаёқати дар гурӯҳ кор кардан, рушди қобилиятҳои тавзеҳӣ (аналитикӣ), салоҳияти муоширатӣ, таҳаммулпазирӣ, ниёз ба худомӯзӣ.
  6. Ташкили корҳои илмию методии ҳайати профессорону устодони кафедра, ки ба таъминнокии методии фанҳои ба кафедра марбута равона карда шудааст.

Баланд бардоштани тахассуснокӣ ва педагогии ҳайати профессорону устодони кафедра, инчунин кормандони таълимӣ – ёрирасон ва ҳоказо.

Ихтисос ва самтҳои омӯзиш

Кафедра дорои 32 фанҳои таълимӣ мебошад:

  • Иқтисодиёти корхона;
  • Иқтисодиёти савдо;
  • Таҳлили иқтисодӣ;
  • Иқтисодиёти кооператсияи матлубот;
  • Омор;
  • Эконометрика;
  • Асосҳои соҳибкорӣ ва ҳоказо.

Кафедра, ки яке аз кафедраи асосии ДИС ДДТТ ба ҳисоб меравад, мутахассисонро дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи таҳсил аз рӯи ихтисоси 25010700 “иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхона” омода менамояд.

Кори таълимию методии кафедра

Вазифаи асосии кори методии кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ баланд бардоштани сатҳи маҳорати педагогӣ ва тахассуснокии кории ҳайати профессорону устодони кафедра мебошад. Кори методӣ дар асоси нақшаҳои кории кафедра, семинари методии кафедра, нақшаҳои кории инфиродии омӯзгорон, ки барои соли таҳсил тартиб дода шудаанд, гузаронида мешавад. Кори методиро дар кафедра Шӯрои методӣ (роҳбарӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Умаров З.Х., муаллимаи калон Алиева Г.И.) ва комиссияҳои фаннӣ ҳамоҳанг мекунанд.

Ҳайати омӯзгорони кафедра ҳамасола маҷмӯаҳои таълимию методӣ, васоити таълимӣ, практикумҳо (дарсҳои амалӣ), супоришҳо барои кори мустақили донишҷӯён ва албомҳои асбобҳои аёниро ба табъ мерасонанд. Ҳисоботи методии омӯзгорон оид ба истифодаи усулҳои фаъол ва интерактивӣ ҳангоми гузаронидани дарс аз фанҳои иқтисодӣ ҳар моҳ баррасӣ ва шунида мешавад.

Кори илмии кафедра

Фаъолияти илмӣ дар кафедра яке аз роҳҳои асосии рушди нерӯи (иқтидори) кадрии ҳайати профессорону устодони кафедра ва манбаи асосии пурра намудан бо кадрҳои илмӣ – педагогӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамаи устодони кафедра корҳои илмӣ – таҳқиқотиро мебаранд. Натиҷаҳо ҳамасола дар конфронсҳои байналхалқӣ ва байнидонишгоҳӣ барраси гардид, дар маҷаллаҳои илмӣ нашр мегардад.

Кори таълимии кафедра

Дар мадди аввал ҳадафи тарбияи донишҷӯён дар руҳияи мавқеи фаъоли ҳаёти ва урфу одатҳои халқи тоҷик, ҳисси ватандӯстӣ ва қарзи шаҳрванди қарор дорад.

Самтҳои асосии кори таълимӣ намудҳои зерини таълим мебошанд:

– ғоявӣ (идеологӣ);
– меҳнатӣ;
– ахлоқӣ;
– эстетикӣ (зебоӣ);
– ҳуқуқӣ ва ғайраҳо.

Вазифаҳои асосии кори тарбиявӣ:

  1. Ноил шудан ба баланд бардоштани пешрафти донишҷӯён ва сифати дониш, ташаккули муносибати мусби ба ихтисоси интихобкарда.
  2. Таъмини иштироки фаъолона дар меҳнат ва корҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ.
  3. Пеш бурдани корҳои инфиродӣ бо донишҷӯён ва ғайраҳо.

Ҳайати кафедра

 

Комарова Г.Б. н.и.и, профессор

Умаров З.Х. н.и.и., дотсент

Ҳодибоев А, н.и.и., дотсент

Набиева, н.и.и., дотсент

Рахмонхучаев Ф, м. калон

Алиева Г.И., м. калон

Каримова И.И., н.и.и.

Бузурукова С.Ф., м. калон

 Жураве Ж.Б., м. калон

 
Ахмедова З.А., м. Калон

Ҷӯраева Н.А. ассистент

Мирмухамедова М, ассистент

Аминова Ф.М. ассистент Файзиева А.Т. ассистент Гадойбоева Н.Б, ассистент

Аз ҳаёти кафедра

Видеоконфронс оид ба таҳияи барномаҳои таълимии фанҳои таълимии «Статистика», «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит». Иштирокчиён: Йоханна Лахти, Йирки Иннанен ва Ану Линдстрем (Финляндия) ва Комарова Галина Борисовна, Аминов Иномҷон Аминович, Жураев Ж.Б. ва ғайра.

Ташкили мизи мудаввар аз ҷониби кафедра дар мавзӯи: “Вазъият, муаммо ва дурнамои рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо иштироки сардори Раёсати амвол ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар вилояти Суғд Ахмедов Ш. Н, намояндаи нозироти андози вилояти Суғд Шерматов С, Мудири шӯъбаи илм ва инноватсия дотсент Камолов Ф. А; мудири кафедра профессор Комарова Г.Б. ва ғайра.

Суханронии сардори Раёсати амвол ва дастгирии давлатии соҳибкории вилояти Суғд Аҳмадов Ш.Н.

Семинар (видеоконфронс) дар мавзӯи: “Рафтори методӣ оид ба таҳияи барномаҳои таълимӣ аз фанҳои “Иқтисодиёти корхона”, “Бизнес – нақша” ва “Асосҳои соҳибкорӣ” дар якҷоягӣ бо мудири кафедраи иқтисод ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Е.В. Ялунер.

Дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 дар кафедра олимпиадаи донишҷӯён аз фанҳои иқтисодӣ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 25 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд. Аз рӯи натиҷаҳои олимпиада Бобоев В (донишҷӯи курси 4 ихтисоси 25010700р) ҷои аввал, Юлдошева Д (донишҷӯи курси 3 ихтисоси 25010407р) ва ҷои сеюм Ашрапов Ф (донишҷӯи курси 3 ихтисоси 25010407р) сазовор гаштанд.

Дастовардҳои кафедра


Супоридани нишони “Корманди шоистаи кооператсияи матлубот”, ба Аълочии маориф ва илм Комарова Г.Б. аз тарафи раиси вилоят Қоҳир Расулзода
Супоридани медали “90 солагии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Раиси Тоҷикматлубот С.Х.Валиев.
Ходибоев А – бо ордени Нишони Фахрӣ мукофотонида шудааст, ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Набиева А.Я. -бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илм», ифтихорномаҳои Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурии Тотористон мукофотонида шудааст.
Ф.Раҳмонхучаев – бо нишони сарисинагии “Аълочии кооператсияи матлубот”, “Аълочии маориф ва илм” шаҳодатномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Жураев Ж.Б – дорои нишони сарисинагии “Аълочии кооператсияи матлубот”, медал аз “Халқи миннатдори Афғонистон”, медали “Ҷанговар – интернационалист”

Дар айни замон, рисолаҳои номзадии худро дар самти кафедра дифоъ намудаанд ва унвони номзади илмро гирифтаанд: н.и.и. Ишонова У., н.и.и. Ниёзов Ҷ., н.и.и. Ҷӯраева З.А., н.и.и. Азими Азамат, н.и.и. Каримова И.И., н.и.и. Ёқубова Н.Я., н.и.и. Пулотова У, н.и.и. Содиқова Г., н.и.и. Гадойбоева Ш ва дигарон.

Ҳайати омӯзгорони кафедра аз фанҳои зерин китобҳои дарсӣ ва маҷмӯаҳои таълимию методӣ омода кардаанд:

  1. Умаров З.Х., Ҳалимова М. Маданияти мухтасари тавзеҳоти андоз (русӣ, тоҷикӣ). Хуҷанд-2011
  2. Комарова Г.Б., Файзиева А.Т., Джураева Н.А. Иқтисоди корхона. Маҷмӯаи дарсҳои амалӣ барои кори мустақилонаи донишҷӯён. Хуҷанд – 2020с.
  3. Комарова Г.Б., Ахмедова Н.Р., Каримова И.И. Иқтисоди савдо. Дастури таълимӣ. Хуҷанд-2012
  4. Аминов И.А., Комарова Г.Б., Ғафуров Ш.М. Иқтисоди савдо. Комплекси таълимию методологӣ. (бо забони тоҷикӣ). Хуҷанд-2013.
  5. Комарова Г.Б., Ишанова У.У. Назарияи омор. Дастури таълимӣ. Хуҷанд-2017
  6. Ишонова У.У., Ахмедова З.А. маҷмӯаи масъалаҳо оид ба фанни “Омор”. Хуҷанд -2017
  7. Комарова Г.Б., Турсунов А.Х. – Иқтисоди корхона. Комплекси таълимию методӣ. Хуҷанд-2017
  8. Ишанова У.У., Ахмедова З.А., Олимова Ф.А. Омор: Маҷмӯи таълимию методӣ. Қисми 1. Хуҷанд-2018.
  9. Олими Р.Л., Алиева Г.И., Комарова Г.Б., Аминова Ф.М. Таҳлили иқтисодӣ. Дастури таълимӣ. Хуҷанд-2019с
  10. Алиева Г.И., Набиева А.Я., Аминова Ф.М., Шерматова М.А. Таҳлили иқтисодӣ (дарси амалӣ). Хуҷанд – 2020с
  11. Комарова Г.Б., Комарова А.И., Валиев А.Б.-Иқтисоди корхона. Саволҳо, масъалаҳо, тестҳо. Хуҷанд-2020с
  12. Комарова Г.Б., Раҳимова Ю. Иқтисоди савдо. Хуҷанд-2020с.

ва ғайра