Факултаи “Тиҷорат, Фаъолияти Гумрукӣ ва Ҳуқуқ”

Деканномзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҷалолов Н.М.

Факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ фаъолияти таълимӣ-методӣ ва тарбиявии худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии  таълимӣ”, Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Низомнома ва дастурамалҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба роҳ мондааст.

Факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ ҳамчун ҷузъи таркиби Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси фармони №03/53 аз 01 сентябри соли 2010 оғоз намудааст.

Дар  сохтори  таркибии факултет чор кафедра амал мекунад, ки яке аз онҳо кафедраи умумидонишгоҳӣ ба ҳисоб рафта, се кафедраи дигар тахассусӣ ба ҳисоб мераванд.

Кафедраи ҷомеашиносӣ дар таркиби факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ  қарор дошта, роҳбарии онро номзади илмҳои фалсафа, дотсент Турсунов Ф. А. бар ӯҳда дорад.

Кафедраи молшиносӣ дар асоси қарори Шӯрои олимони ДДТТ аз сентябри соли 2010 дар ҳайати факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ таъсис ёфтаст.

Зарурияти таъсисёбии кафедра бо тағирёбии шароити иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳаёти соҳибистиқлолии имрӯзаи он, ки ба тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои фаъолияти гумрукӣ, молшиносӣ ва экспертизаи молҳои истеъмолӣ, иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (саноати сабук) ниёз дорад, вобаста аст. Кафедра фаъолияти худро бо роҳбарии номзади илмҳои иқтисод, дотсент Шарипов З.У. амалӣ менамояд.

Кафедраи менеҷмент бо роҳбарии доктори илмҳои иқтисод, профессор Ғозибеков С. А. фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи  менеҷмент  ва идораи мақомоти маҳаллӣ  равона кардааст.

Кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ ҷузъи сохтори таркибии факултет буда, фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ ва илмии он бо роҳбарии мудири кафедра номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҳусаинова Ш. М. амалӣ гардида истодааст. Кафедра мутахассисонро аз рӯи тахассусҳои маркетинг, тиҷорат, ҳуқуқи иқтисодӣ ва ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ тайёр менамояд.

Ҳайати садорати факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ аз декан, муовин оид ба таълим, корҳои илмӣ ва корҳои тарбия, танзимгар ва котиба-оператор иборат мебошад.

Вазифаи декани факултет ба зиммаи номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷалолов Н. М. вогузошта шудааст.

Масъалаи таълим ба зиммаи муовини декан оид ба таълим муаллими калон Ҷамолиддинов С.Р., фаъолияти илмӣ-тадқиқотии факулта ба зиммаи муовини декан оид ба  корҳои илмӣ Бобоев С.С. номзади илмҳои филологӣ, дотсент вогузошта шуда, масъалаҳои вобаста ба тарбия ва рушди ҷавононро Ҳоҷиев А.С. амалӣ менамояд. Ҳамчунин котиба оператор Расулова М.Р., танзимгар Холназарова М.Б. мебошанд.

Ҳадафи асосии факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ бо ҳадафҳои асосии донишкада дар як сатҳ қарор дошта, он пеш аз ҳама ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кашвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир равона гардидааст.

ЗАМИНАИ МОДДӢ-ТЕХНИКӢ

Амалӣ намудани ҷараёни таълим бидуни пояи хуби моддӣ-техникӣ ғайриимкон аст. Айни замон заминаи моддӣ-техникии факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ ба талаботҳои стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ мебошад.

Ҷараёни таълим дар соли хониши 2017-2018 асосан дар бинои таълимии №2 амалӣ гардид. Барои ташкили раванди таълим дар факултет 25 воҳид синфхонаҳо мавҷуд аст, ки ҷараёни таълимро фаро гирифтааст, аз ҷумла дар ошёнаи якум 4 синфхона ва 1 лаборатрия, дар ошёнаи дуюм 3 синфхона, дар ошёнаи сеюм 16 синфхона ва дар бинои таълимии №3 як толори лексионӣ ташкил карда шудаанд.

Ҳамаи утоқҳои корӣ бо компютер, ноутбук, принтер ва дигар таҷҳизотҳои техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳамагӣ дар факултет ва кафедраҳои сохтории он 25 адад компютери фардӣ, 4 адад ноутбук, 12 адад принтер, 1 адад доскаи электронӣ ва 17 адад проектор мавҷуд аст.