Мудири кафедра – н.и.и., дотсент Мухитдинова Шоирахон Саидюсуфовна
Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон соли 2010 дар натиҷаи таҷдиди кафедраи назирияи иқтисод ва иқтисодиёти ҷаҳон таъсис дода шуд.
Кафедра мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ, қарзию молиявӣ, бизнеси байналхалқӣ ва фаъолияти иқтисодии бурунмарзии корхонаҳо, омода месозад.
Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон барномаҳои бакалавриатро оид ба тахассуси 1-250103 «Иқтисодиёти ҷаҳон» аз рӯи профилҳои (зертахассусҳои) зерин амалӣ мегардонад:
– 1-25010302 – «Иқтисодиёти савдои хориҷӣ ва тиҷорат»
– 1-25010407 – «Молия ва қарз дар фаъолияти берунаи иқтисодӣ».
Миссияи кафедра аз тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бизнеси байналхалқӣ ва муносибатҳои молиявии байналхалқӣ тавассути коркард ва татбиқи усулҳои инноватсионӣ дар ҷараёни таълим иборат аст.
Таҳсил аз рӯи барномаи бакалавриат дар ду забон – русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Кафедра дар миқёси макотиби олии иқтисодии ҷумҳурӣ – аввалин кафедраест, ки бо забони англисии таҳсил, тайёр намудани мутахассисонро ба роҳ мондааст.
Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра иқтидори баланди илмӣ доранд. Инчунин, бояд қайд намуд, ки дар кафедра омӯзгорон аз кишварҳои ИМА ва Хитой фаъолият мебаранд. Олимону омӯзгорони кафедра мунтазам дар конфронсҳои илмиву амалии дар ҷумҳурӣ ва берун аз он баргузоршаванда фаъолона иштирок менамоянд. Омӯзгорони кафедра дар донишгоҳҳои бонуфузтарини Руссия, ИМА, Олмон, Испания ва Маҷористон такмили ихтисос намудаанд.
Аз ҷониби кафедра бо Донишгоҳи менеҷмент, иқтисодиёт ва пешгӯикунии Қазоқистон, Донишгоҳи Небраска-Линколни ИМА, Донишгоҳи молиявӣ дар назди Ҳукумати Федератсияи Русия, Донишгоҳи политехникии Валенсия, Донишгоҳи Ню-Мексико робитаҳои зичи илмию методӣ ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади таъмини ҷараёни таҳсил бо маълумотҳои таълимию оморӣ, кафедра фаъолона бо сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки рушди Осиё, ҳамкорӣ менамояд.
Кафедра барои ташкили мизҳои мудаввар, семинарҳо, ба роҳ мондани ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва инчунин барои дарёфти ҷои кор мусоидат намудан, бо маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», бонки тиҷоратии «Бонки Эсхата», ташкилоти микродепозитии «Имон интернешнл», ташкилоти микроқарзию депозитии «Арванд» ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ фаъолона ҳамкорӣ менамояд.