Хобгоҳи донишкада дорои шароити хуби зист буда, дар он барои беш аз 70 нафар донишҷӯён шароити барои зиндагӣ кардан муҳайё карда шудааст. Донишҷӯёне, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст барои таҳсил ба донишкада меоянд, бо хобгоҳ таъмин мебошанд. Хобгоҳ 23 ҳуҷра дошта, аз китобхона ва 3 адад компютер иборат аст. Дар хобгоҳ толори дарстайёркунӣ ва истироҳати донишҷӯён мавҷуд аст, ки донишҷӯён ҳамарӯза аз онҳо истифода мебаранд. Инчунин дар хобгоҳ камераи назоратӣ барои бехатарии донишҷӯён насб карда шудааст. Ҳамарӯза мувофиқи ҷадвали навбатдорӣ аз ҳисоби устодон навбатдор барои нигоҳдории тартиботи интизоми дохилӣ, ҷамъиятӣ таъин карда мешавад. Ҳамчунин, дар вақтҳои навбатдорӣ аз ҷониби устодони донишкада дарсҳои кушод дар мавзӯъҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ, арзишҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии донишҷӯён ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ҳар ҳафта мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят ва иқдоми роҳбарияти донишкада мунтазам шанбегиҳо дар ҳудуди гирду атрофи бинои хобгоҳ гузаронида мешаванд.