Санаи 8-уми апрели соли 2026 соати 10:00 дар маҷлисгоҳи бинои 4-уми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохўрии донишҷўёни ихтисосҳои 240103-ҳуқуқи иқтисодӣ, 24010104-ҳуқуқи байналхалқии тиҷоратӣ ва 24010302-танзими ҳуқуқии молия ва қарз бо Сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм ва экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ Мушовири адлияи дараҷаи якум Шарифзода Саминҷон Пулод баргузор гардид. Дар вохўрӣ, Сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм ва экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ Мушовири адлияи дараҷаи якум Шарифзода Саминҷон Пулод бо донишҷўён оид ба дар баррасии пешгирии муқовимат бо терроризм ва экстремизм ва шомил нашудани ҷавонон ба ин падидаҳои номатлуб сўҳбат гузаронид. Инчунин муаллими калони кафедра Мамадҷонов Ф.С. вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм фикри худро баён намуда, ҷавононро огоҳ намуд, ки онҳо бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва ба ин падидаҳои номатлуб шомил нашаванд. Дар вохўрӣ инчунин муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф., дотсент Аҳрорӣ Г.У., декани факултети тиҷорат, фаълияти гумрукӣ ва ҳуқуқ н.и.и., дотсент Шарипов З.У., мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ муаллими калон, Ҳусаинова Ш.М., муовини декан оид ба тарбия Шарипов Д.С., ва устодони кафедра ширкат варзиданд.


