Кафедраи “Молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ”

Кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ яке аз кафедраҳои факултети тиҷорат, фаъолияти гумрук ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ мебошад. Кафедра фаъолияти худро дар асоси қарори Шўрои илмии Донишкада таҳти №3/53 аз 1 сентябри соли 2010 оғоз намуд. Дар солҳои 2010-2013. роҳбари кафедра – к.х.н., дотсент Қобилов Н.К., солҳои 2013-2018 – н.и.и., дотсент Ҷалолвов Н.М ва аз соли 2018 Шарипов З.У иҷро менамояд.

Бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир, кафедра бо мақсади тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, донишҷӯёнро дар ихтисосҳои зерин меомӯзонад:

фаъолияти гумрукӣ – 96010100,

тадқиқоти мол ва экспертизаи мол – 25010900,

иқтисодиёт ва ташкилоти истеҳсолӣ (саноати сабук) – 27010116.

Дар кафедра 17 нафар омӯзгорон, аз ҷумла: 12 нафар омӯзгорони пуртаҷриба ва 5 нафар корманди муштарак вазифа фаъолияти меҳнати мебаранд. Аз онҳо 6 дотсентон, 5 омӯзгорони калон, 6 нафар ассистентон. Қобилов Н.К. – номзади илмҳои химиявӣ, дотсент, аълочии маорифи ҶТ; Исаев Х.И. – омӯзгори калон, донишҷўи хуби Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди шоистаи Иттиҳоди истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии Иттиҳоди истеъмолкунандагон; Атаева Ф.А. – омӯзгори калониаълочии Иттифоқи истеъмолкунандагон.

Кафедра дар ошёнаи якуми бинои  №2-и донишкада ҷойгир шудааст, ки ҷои кории устодони кафедра дар утоқи №125, ҷои кории мудири кафедра дар утоқи №117, ҷои нигаҳдории аёниятҳо дар утоқи №127 ва лабораторияи озмоишгоҳи ташхиси сифати маҳсулотҳои истеъмолӣ дар утоқи 114 мавҷуданд. Ҳаҷми умумии масоҳати онҳо 78,5 м2–ро ташкил медиҳад.

Дар кафедра лаборатория барои экспертиза ва идораи нигаҳдории маводҳои таълимӣ мавҷуд аст.

Кормандони кафедра, дар якҷоягӣ бо фаъолиятҳои таълимӣ, корҳои тадқиқотӣ мегузаронанд.

Ҳадафи асосии фаъолияти илмии кафедра – ин омӯзиши масъалаҳои бехатарии иқтисодӣ, бехатарии иқтисодии берун аз марзи кишвар, рушди фаъолияти асосии гумрукии муосири назоратӣ ҶТ, санҷиши сифати моли истеъмол (воридот), муайян намудани вазифаҳои стандартизатсия ва сифати мол, мушкилоти истифодаи миллӣ ва байналмилалӣ меъёрӣ ва рушди саноати сабук дар ҶТ мебошад.

Солҳои охир, дар кафедра зиёда аз 10 китобҳои дарсӣ, 37 тавсияҳои таълимиву методӣ, беш аз 100 мақолаҳои илмӣ, ки дар раванди таълим истифода мешаванд, нашр гардиданд.