Таърихи дастаи «Enactus»-и ДИСДДТТ !

Ташкилоти байналхалқии ғайритичоратӣ бо номи «Enactus» – яке аз калонтарин ташкилоти ҷаҳон мебошад, ки донишҷӯёни Донишгоҳҳои Олӣ ва Роҳбарони бизнес дар бисёр соҳаҳои иқтисодии миллӣ муттаҳид мешаванд.

Дастаи «Enactus» дар амали лоиҳаҳои самарабахшашон, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии зиндагӣ, муносибат ба тозагӣ ва эҳтиёт намудани атои табииро амалӣ мегардонанд.

Ҳар сол ғолибони озмуни Миллии «Enactus» бо ғолибони Миллии «Enactus» тамоми ҷаҳон дар Озмуни Байналмилалии «ENACTUS WORLD CUP»  вомехӯранд.

Донишкадаи Иқтисод ва Савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Точикистон дар ш. Хуҷанд ба ташкилоти байналмилалии «Enactus»  дар соли 2009 дохил гардид.  Натиҷаи кори донишчуён, дере нагузашта дар назари мусбат нишон дод.

Соли 2010 дар Малайзия, соли 2012 дар Мексика, соли 2014 дар Чин, соли 2016 дар Канада ва соли 2017 дар Британияи Кабир – лоиҳаҳои зиёде назди ҳакамони гуруҳҳои коршиносон ва ҳакамони байналмиллалӣ нишон доданд, ва дар байни 36 мамлакати ҷаҳон, Тоҷикистони азизамонро муаррифӣ намуданд.

Дастаи ENACTUS-и ДИС ДДТТ дар соли 2018:

Сардори дастаи ENACTUS-и ДИС ДДТТ – Абдураҳмонова Дилноза,  курси 3 гуруҳи 250103 англ “Б” (dilnoza1205_2002@mail.ru).

Ҷонишини Сардор – Умаров Саид-Амир, курси 4 гуруҳи 250103 англ.

Координатори лоиҳаҳо – Норов Анушервон, курси 3 гуруҳи 250103 англ ” A” (anushervon170797gmail.com).

IT корманд – Норматов Искандар, курси 3 гуруҳи 250103 англ “А” (Iskandar_9723@mail.ru).

Иштирокчӣ – Маҳмудов Нодирбек, курси 4 гуруҳи 250103 русӣ.

Иштирокчӣ- Ниёзов Мухаммадсодиқ курси 3 гурухи 250103 англ “А”.

Ва бо роҳбарияти  Сӯҳроб Муминӣ, Раҳматуллоева Анисахон ва Ғаниев Сӯҳроб, донишҷуён ба шаҳри Лондони Британияи Кабир сафар карданд.

Барномаи «Enactus», соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар моҳи октябр баргузор мегардад. Дастаи «Enactus»-и Донишкадаи Иқтисод ва Савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон мехоҳад иштирокчии мусобиқаи мазкур гардида, ҳам Тоҷикистон, ҳам Вилояти Суғд ва хам Донишгоҳашонро муаррифи намоянд, ва сазовори ҷои аввал гарданд !