Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул ва комиссияи аттестатсионӣ аз 20 июн то 10 август ва муҳлати гузаронидани суҳбат аз 11 то 25 август таъин карда мешавад.
Довталабон барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва низомномаи мазкур ба комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:
-ариза ба номи ректор (директор)-и муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
-дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асл);
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихоб карда;
– 6 дона сурати андозаи 3 х 4 см;
– маълумотномаи тиббии шакли 038-у;
– шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.
Комиссияи қабул пас аз шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои довталабон бо назардошти мавҷудияти миқдори фарқиятҳо шаклҳои зерини қабулро ба роҳ мемонад (ба истиснои ихтисосҳои тиббӣ);
-бо мавҷудияти на зиёда аз 7 фарқияти фаннӣ (таҳсили сесола);
-бо мавҷудияти зиёда аз 7 фарқияти фаннӣ (таҳсили чорсола).
Довталабон барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар асоси талаботи Қоидаҳои қабули мазкур ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.
Фармоиши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои қабули донишҷўён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ на дертар аз 15 рўз пас аз гузаштани суҳбат дар асоси қарори комиссияи қабул бароварда мешавад.
Довталабоне, ки дар рўзи муайяншуда бесабаб ба озмуни қабул ҳозир нашудаанд, аз суҳбат нагузашта шуда ҳисобида мешаванд.