Маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва машварат

Маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва машварат яке аз зерсохтҳои сохтори идоракунии Донишкадаи иқтисод ва савдои  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, аз соли 2006 то инҷониб фаъолият дорад.

Фаъолияти маркази бақайдгирӣ ва машварат мувофиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф”, “Дар бораи гузаштан ба низоми кредитии таҳсилоти мактабҳои олии ҶТ”, Низомнома оиди ташкили раванди таълим дар ДИС ДДТТ, ба роҳ монда шудааст. Марказ дар кори худ ба ноиб-директор оид ба корҳои таълимии ДИС ДДТТ тобеъ аст.

Фаъолияти марказ барои ташкили оқилонаи раванди таълим бо истифодаи муносибати махсус дар тадбиқи технологияҳои кредитӣ, таъминот, ташаббускорӣ, нишон додан ва баландбардории самаранокии корҳои ташкилию таълимӣ равона карда шудааст.

Самтҳои асосии фаъолияти марказ аз инҳо иборатанд:

  • идораи самаранокии (босамараи) раванди таълим бо воситаи координатсияи фаъолияти академикӣ ва методӣ;
  • ҷамъоварӣ, коркард, марказонидан ва таҳлили иттилоот оиди ҳайати донишҷӯён нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳо барои қабули қарорҳои оптималӣ (муносиб, беҳтарин) идоракунӣ ва баландбардории сифати хадамоти таълимии ДИС ДДТТ;
  • коркарди Низомномаҳо, қоидаю тартиботҳо, муқарраротҳо, тартиб додани ҳисоботҳо (таҳлили фаврӣ ва аналитикӣ);
  • гузаронидани семинарҳо (ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён);
  • координатсияи ҷадвали дарсӣ (тақвими академикӣ, ҷадвали дарсӣ);
  • ташкили санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ниҳоӣ;
  • коркарди шаклҳои қайди ҳисоботҳо барои ҳамаи сатҳҳо.

Дар самти фаъолияти худ кормандони марказ вазифаҳои асосии зеринро иҷро менамоянд:

– Тартиб додани ҷадвали раванди таълим барои низоми кредитии таҳсилот;

– бақайдгирии донишҷӯёни курси якум (дар се марҳила);

– бақайдгирии фанҳои омӯхташаванда дар соли таҳсили нав;

– тайёр намудани шакли 1 барои фанҳои интихобӣ;

– презентатсияи (муаррифӣ)-и фанҳои интихобӣ;

– тайёр намудани шакли 2 (нақшаи таълимии корӣ)

– тайёр намудани ҷадвали гузаронидани санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ (барои ҳар як нимсолаи таҳсил);

– тайёр намудани варақаҳои имтиҳонҳои ҷамъбастӣ;

– ташкил намудани курсҳои такроромўзии фанҳо ва Триместр (сессияи тобистона) барои донишҷӯёни қарздор;

– ҳисобот дар маҷлиси шўрои илмӣ-методӣ ва шӯрои олимони донишкада.

Автоматикунонии ҷараёни таълим имконият медиҳад, ки устодон ва донишҷӯён доир ба фаъолияти худ, ҷараёни таълим ва натиҷаҳои он тавассути татбиқи технологияи иттилоотӣ маълумоти пурра гиранд ва фаъолияти худро таҳлил намуда оиди натиҷаи он хулосабарорӣ намоянд.

Фаъолияти маркази бақайдгирӣ ва машваратро 5 нафар кормандон пеш мебаранд:
Ҷабборов Абдурашит Абдукамолович мудири марказ, бақайдгирандагони офиси бақайдгирӣ: Сулаймонова Муниса Сатторовна, Ғафурова Биниссо Мамадҷоновна, Раҳимова Наргис Ғайбуллоевна, Бузрукова Нодирахон Насимовна.